Имейл – ин сайт (торнигор) нест

Илм ва фановарӣ 02.11.2011 08:26

Abdulfattoh_0101abdulfattoh@..., ки гоҳ-гоҳе дар сафҳаҳои "Миллат" аз худ дарак медод, инак ба ҷамъи мо пайваст ва мехоҳад нопуррагиҳоро дар нашрияи мо пурра созад, то куҷо муваффақ хоҳад шуд, вақт довари ҳақгӯст, мо танҳо дуо мекунем, ки дар нимароҳ беиқбол нашавад ва навоварияш дар ин боғ самар оварад. Боқӣ қазоват аз туст, хонандаи бас азизи мо!

Ҳм, сад сол боз чизе нанавиштаам. Танбал шудаам. Ва акнун боз маҷбурам доранд, ки чизе бинависам. Сад сол боз маҷбурам доранд. Ҳар рӯз имейлам менависанд!

Имейл? (E-mail) Ана, мавзӯъ низ ёфт шуд! Дар бораи имейл менависам! Дар бораи яке аз василаҳои интернет, ки дигар он қадар рақибе дорад, ки мегӯӣ, аз умраш кам соле боқӣ мондааст. Почтаи электронӣ, пайғомовари интернетӣ, кароче, имейл, ки онро қаблан и-мейл менавиштанд.

anime_smiles2: Дидед, чӣ хел смайлики зебо? Табассум мекунад. Медонед, чӣ гуна менависедаш (ё мекашедаш, намедонам кадоме аз феълҳоро истифода барам)? Рақами шаш ва рақами сифрро ҳамроҳ бо шифт зер бикунед ва лабонатон дар олами маҷозӣ моил ба табассум хоҳанд шуд. Ина, боз як бори дигар - : anime_smiles2.

Танҳо нагӯед, ки дар замоне, ки оламро Фейсбуку Твиттеру Скайп зер кардааст, имейл чӣ аҷобате дорад. Дар ин замон бале, вале дар ин макон на. Ҳанӯзам афроде ҳастанд, ки имейл надоранд ва онро аз торнамо (веб-сайт) ҳеч фарқе намегузоранд ва ин афрод на танҳо чӯпонҳоянд, ки дар даштҳо рамаҳоро мечаронанд, балки дар баъзе аз идораҳои давлатӣ низ кор мекунанд. Нақли Носирҷон ёдам меояд, ки аз ёвари кадом раҳбаре дар вилояти Хатлон хоҳиш кардааст, ки нишонии торнамои ниҳодашро (яъне, сайти арганизатсияашро) бидиҳад ва дар посух фалонӣ @mail.ru-ро гирифтааст. Куҷо ба Хатлон биравем, ки дӯсту ҳамкасби гиромии мо Толибшоҳ дар чанд соли пеш низ вақте барояш имейл кушуданд, аз ҳама шодкома мегирифт, ки "соҳиби сайт шудум".anime_smiles2

Имейл аз ду вожаи инглисӣ - electronic mail гирифта шудааст, ки яке маънои почтаро дораду дигаре электрониро ва дар забони тоҷикӣ, ки ҳар ибораву вожаро аз русӣ "дословно перевод" мекунанд, почтаи электронияш гуфтаанд. Айнан, мисли почтаи маъмулист; - яке ба дигаре мактуб менависад. Айнан, мисли почтаи маъмулист; - эҳтимол дорад, ки ба мухотаб нарасад. Айнан, мисли почтаи маъмулист; - замонати саддарсади сирриятро надорад. Вале, дар муқоиса бо почтаи маъмулӣ суръати на камтар аз суръати рӯшноиро дорад. Дар бораи суръат албатта каме муболиға кардам, аммо агар даруни нома садҳо акс бошад ҳам, ҳатман, ки баробар бо "бифирист"-и Шумо, дар он сӯи уқёнус қабулаш мекунанд. Боз, вожаҳои почтаи маъмулиро низ дорост - аз кӣ, ба кӣ, мактуб, лифофа, замима, ирсол, қабул, ғайра, ҳоказо, лол (дар бораи лол дар навиштаҳои баъдӣ) :anime_smiles2

Аз бартариятҳои дигари имейл он аст, ки нишонии дурударозеро кор надорад. Масалан, то ки ба ман нома нависед (агар ҷавондухтараки зебо бошед :anime_smiles2), кофист, ки ин нишониро бидонед; abdulfattoh@ ва давомаш. Воқеан, ин нахустин имейли банда ва то ҳанӯзам серистеъмолтарин имейли камина аст. Ҳамин сол даҳсола шуд. Қабл аз он ҳам, чизаке дар созмоне бо номи КАДА доштам, ки барои ба ягона шиноси имейлдорам - як бонуи мисрӣ мактуб навиштан чанд соат навбат меистодам. Баъдан, ин имейлро бароям Судобабону боз кард, чун худам наметавонистам. Ин баъдтарҳо буд, ки барномаҳову василаҳои махсусе месохтам, то калидвожа (парол)-и имейлҳои дӯстдухтаронамро бишканам: anime_smiles2 вале аввалин имейламро на худам боз карда будам.

Нахустин бор, имкони боз кардани имейлро бошад, дар соли ҳо кимчанду кимчанд, дақиқтараш 1965 (бино бар маълумоти Википедия, кӣ буданашро низ дар шумораҳои баъдӣ хоҳем гуфт), олимони Донишгоҳи Массачусетс замина гузоштаанд. Олимони Шӯравӣ шояд он замон барои Брежнев (ё Хрушев? - Муҳим нест) навъҳои нави ҷуворӣ меҷустанд. Аммо, албатта, барои ним асри дигар шӯравиён ҷуворӣ хӯрданду омрикоиҳо аз имейл бебаҳра буданд, чун сароғози истифодаи саросарии он бо дастраси омма гардидани интернет дар охири аср буд. Дар соли 1996, рӯзи чаҳоруми июл, солгарди истиқлоли Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, яке аз нахустин хадамотрасони тиҷоратии имейли ройгон - ширкати Ҳотмайл бо талошу ҳиммати як панҷобӣ бо номи Собир Бҳатия дарҳои хидмати худро боз кард. Аз рақибони номвараш як соле баъд, дар рӯзи занон, ҳаштуми март, Яҳу як ширкати камному ҳоло гумноми дигарро хариду ба бозор ворид гардид. Як соли баъдаш МайлРу ҳам дастрасии тоҷикон ба имейлро фарохтар кард. Ва дигару дигар, то вақте, ки Гугл - наҳанги ҷомеаву тиҷорати интернетӣ Ҷимейлро ба майдон даровард.

Ман дар якояки ин хадамот даҳҳо имейлӣ ва дар даҳҳо хадамоти дигари кушодаи интернетиву пӯшидаи корӣ низ имейлҳои дигар боз кардаам. Вале ба ҳамин Майл.Ру содиқ мондам, ки содиқ. Ба мисли ҳазорҳо тоҷики дигар.

Хелеҳо, бисёриҳо, шояд аксарияти имейлдорони тоҷик низ ҳар субҳу шом ба гӯши МайлРу мехонанд - вафодорат ман. Чун бо русӣ буд, фаҳмотар буд, ҳарчанд, хадамоти дигар низ намунаҳои худро бо забонҳои дигар, аз ҷумла русиву порсӣ боз кардаанд ва ҳамин МайлРу низ забонҳои узбакиву қазоқиро низ ба хидмат гузоштааст.

То ки дар бозор ҳар чӣ бештар муштариёнро сӯи дӯкони худ хонанд, ба онҳо шоколаду мармалад ва қанду шириниву қаҳваву кока-колаи бепул ҳам додан гирифтанд :anime_smiles2, яъне, феҳрасти хадамоти худро баробар бо рушди фанновариҳо бештар гардониданд - сафҳаҳои шиносоӣ боз намуданд, ҷустуҷуҳоро роҳ андохтанд, хабарҳову боду ҳаворо ҳам ворид карданд, барномаҳои вижаи гуфтугӯи сареъ (мессенҷер, пайғомовар) ихтироъ карданд, имкони сӯҳбати аудиоиву видеоӣ, ҳатто занг задан ба телефонҳоро низ фароҳам оварданд, ва ахиран ҳамагӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ табдил гардиданд.

Дар бораи шабакаҳои иҷтимоӣ дар шумораҳои оянда нақл мекунем. Дар ин нақл мавзӯъи имейлро идома медиҳем. Гуфтем, ки амн нест. Чун аввалҳо танҳо роҳи ҳифозати имейлҳо доштани калидвожаи вижа барои вуруд буд. Аммо амн, ки албатта, набуд. Чун, ҳатто мани деҳотии камсавод низ метавонистам бо роҳҳое ин калидвожаро соҳиб бигардам ва бишканамаш. Дар ин муддат масъулони ширкатҳои имейлӣ, ки миллионҳо долларро ба ҷайб мезаданд, албатта, даст рӯи даст наменишастанд. Василаи ҳифозатро ба андозае қавӣ кардаанд, ки соддатаринаш ҳам, ба мисли ҳарфи он рубоҳ талоши дидорашро накардан аст, чун дигар кам касе калидвожа дорад - ҳама ба калидибора гузаштаанд, ба калидибораи иборат аз ҳарфҳои хурду бузург ва рақамҳо ва рамзҳо.

То ки сардаргум нашавем, калимаҳои калидибораву калидвожаро тарҷума мекунам; парол. Онеро, ки ҳама "собачка" ё «сагча» (@) меноманд, метавонед "санҷобак" ҳам гӯед, ё "кулчача" ҳам. Ба ҳар ҳол, ҳар дуро низ хӯрда мешавад. Ба инглисӣ онро "эт" мегӯянд, ки ооо, таърихи дуру дароз дорад. Ман онро нақл карда намешинам, балки худатон гугл бикунед ва ё аз Википедия бипурседаш.

Ман бошам хаста шудам, ин ҷо хатмаш мекунем. Агар ин ҳама ҳарзаро нахондед, боке нест, чун мӯҳтавояш ин аст: Имейл - ин сайт (торнигор) нест! Имейл - ин почтаи электронист, ки бо он нома менависанд ва нома мегиранд. Барои ба касе нома навиштан Шумо бояд нишонии имейли ӯро донед. Шумо бидуни ҳеч кумаке метавонед худатон барои худатон саволномаи оддиро пур карда, соҳиби имейл шавед. Абарбозигарони майдони имейл ҳам инҳостанд, ки якеяшро метавонед барои соҳибият ба имейл интихоб намоед: www.mail. ru; www.gmail.com; www.yahoo.com; www.hotmail.com; www.rambler. ru ва дигар. Хадамотрасонҳои тоҷикӣ низ вуҷуд доранд, вале маъруф нестанд. Ман танҳо якеашро медонам; - www.mail.tj

Ва тавсияи охирин - ҳангоми интихоби калидвожа талош кунед, то он танҳо аз соли таваллуди худатон ва ё исми фарзандатон иборат набошад. Кӯшиш кунед, ҳарфҳои хурду бузург ва рақамҳоро истифода намоед.

Бо мо монед, то аз ғаробатҳои олами нав огаҳ бишавед :anime_smiles2.

Бо эҳтиром, abdulfattoh@....

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97