Абдуҷаббор Раҳмонов: Мо гуноҳамонро бар дӯш мегирем

Илм ва фановарӣ 12.01.2011 11:07
21q

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон 10 январ зимни нишасти хабариаш ба суъоли рӯзноманигорон, ки аз чӣ қадар маъош гирифтанаш мепурсиданд ва ӯро як шахси сарватманди кишвар донистанд, гуфт, ки музди маъоши моҳонаи вазири маориф 2500 сомонӣ буда, сарвати доштаи ӯ мактаб, маориф ва омӯзгорони тоҷик аст.

«Ҳамаи бонкҳои Тоҷикистонро бигардед, дар кадом бонк, ки ба номи Абдуҷаббор Раҳмонов маблағ пайдо кардед, 0, 1 фоизашро бароям бимонеду боқӣ ҳаққи ҳалолатон, бигиред»,- гуфт вазири маориф.

Абдуҷаббор Раҳмонов аз он ки соли сипаришудаи 2010 чун «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шуда буд бо хушнудӣ ёд оварда изҳор дошт, «он корҳое, ки дар ин сол дар соҳаи пешрафти маориф ва таҳсилот анҷом шуд, дар таърихи соҳаи маорифи кишвар ҳеч соле чунин бобарор ва пур аз дастовардҳо набуд. Бори аввал дар ҷумҳурӣ аз тифли 7 сола то ҷавони 25 солаи тоҷик даст ба омӯзиши технологияи нав зад ва кӯшиши як чизе ихтироъ намуданро кард. Бори аввал дар Тоҷикистон 5 муассисаи нави таълимии муҷаҳҳаз бо тахтаҳои электронӣ, Интернет ва технологияи муъосир бунёд ва ба истифода дода шуд». Дар масъалаи он ки қарор буд рӯзи 3 январ 60 омӯзгори фанни «Алифбои форсӣ» ҷиҳати такмили ихтисос ва донишҳои худ ба Ирон бираванд ва ин кор анҷом нашуд, Абдуҷаббор Раҳмонов зикр намуд, ки бо саҳлангории Сардори раёсати таҳсилоти байнулмилалии   вазорати маориф, ки ҳангоми таҳияи асноду ҳуҷҷатҳо аз ҳукумати Тоҷикистон иҷозатнома нагирифт ва аз ин хотир ҳукумат рафтани омӯзгоронро ба Ирон ба таъхир андохт. «Дар ин ҷо ҷониби Ирон ҷурме надорад, мо гунаҳкор астем ва дар ин масъала гуноҳамонро бар дӯш мегирем»,- гуфт вазири маориф.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97