Назарсанҷӣ

Шумо аз хидматрасонии кадом ширкати мухобиротӣ қаноатманд мебошед?

МегаФон Тоҷикистон - 14.4%
Вавилон мобайл - 65.4%
Тселл - 14.7%
Билайн - 3.7%
ТК мобайл - 0.6%
Тоҷиктелеком - 1.2%

Хиёнати Хрушев ба Хари калон

Иҷтимоъ 13.08.2017 18:07

Мардум онҳоеро, ки ба амалаке соҳиб мешаванду нисбати дигарон ҳавобаландиву нописандӣ мекунанд, мегӯянд: «Ин одам хари калон шудаасту касеро писанд намекунад, ё кӯтоҳак, хари калон шудааст». Аммо мо дар воқеъ, аз чунин «нафарон» дида хубтару беҳтартар хари калон доштем.

 Як хари калону тавоно ва зебои кабуд доштем. Ин дарозгӣ ш хосияте дошт, ки аз куҷое раҳо ёбад, рост ба хона омада, назди гулмехе, ки доим баста мешуд, меистод ва ҳар кас метавонист, ба он даст расонад, борашро фурорад. Лекин дар дигар ҷо чанд нафар ҳам кӯшиши доштанашро кунанд, бефоида буд, зеро бо ҷуфтакпартоиву боло – боло ҷаҳидан ба ин имконият намедод. Ин хислаташ бароям мушкилӣ буд, зеро ман доимо барои аз лаби ҷӯйҳои дур ба хона алаф овардан ин харро мебурдам ва баъзан ҳангоми алафдаравӣ, ё бор кардани дарзаҳо он раҳо меёфт, дуқдуқу чорхез мегурехт. Дар ин маврид ман фарсаҳо пиёда аз қафои хар давдавон ба хона омада, онро аз назди гулмех гирифта, боз ба назди алаф мебурдам. То ба хона расиданаш гоҳо меистод, вале намемонд, ки ба он наздик шавам, лагад мепартофт, боз мегурехт.

Духтарашро (тойхарашро) ба холаам туҳфа карда будем ва он ҳам чун ду қатраи об ба модараш монанд буд. Барои ҳамин ҳам хари моро хари калону хари холаамро хари майда мегуфтем. Савории бомаҳорату комилҳуқуқи хари майда писари холаам Муҳриддин буд. Дар он замонҳо хайрият, ки барои туҳфаи хар ба назди «нотариус» рафта, «илтимос» намекарданд ва дар роҳҳо «БДХ» низ набуд, ки манъ карда «ҳуҷҷат» бипурсад.

Аз чарху дигар қисмҳои корношоям шудаи «техникаи хоҷагии қишлоқ» аробаи харакӣ ҳам сохта будам. Барои он ки яке аз ваколатҳои «конститутсиониям» дар хонаамон, ин сари вақт ва бо алафи тару тоза таъмин намудани ҳайати шахсии ҳайвоноти хонагиямон, ки дар сояи дарахту хавозаи ток, ё оғил «дами беғам» мезаданд, мо бачаҳоидеҳотӣ«ғуломи ҳалқабаргӯш» и чорпои калону хурди хона будем. Ғулом гуфта, ҳазл намекунам, зеро ин воқеъият буд. Гову гӯсфанд, ё бузу «фарзандони» онҳо дар сояи дарахту ток бо думи худ намегузоштанд, ки пашшае ба ягон ҷояшон нишинад, лекин мофарзандони одам дар зери офтоб, ё даруни заҳбур, оби заку бӯйнок то миён, барояшон алаф даравида меовардем, ки гурусна намонанду бо шиками серу хотири ҷамъ фароғат дошта бошанд. Аслан ин ғамхориву парваришу меҳрубониҳо, чун дигар амалҳои одамон, беғараз набуда, барои шири фарзандони онҳоро ба онҳо надода, аз он дуғу чакка, ҷурғоту қаймоқ, маска ва «дуғобу» қурут гирифта, қурутобу фатирмаска, таҳмолу нону кулчаи равғанию ширмол, ширбиринҷу ширравған, рувичу боз вобаста ба ҳунари кадбонуҳоямон, ҳазору як таъомҳои дигар омода намудану, гузашта аз ин, онҳоро кушта хӯрдан буд. Аз ҷониби чӯпон, аз чанги гург халос кардан барои гӯсфанд чӣ суд аст, ки баъд худаш онро кушта мехӯрад? Ин мавзӯи доманадори дигар аст. Ин ҷо танҳо ҳаминро мегӯям, ки мо, яъне одамони дар киса «роҳхат ба биҳишт дошта», шири модарамонро ба касе намедиҳему худамон мехӯрем, аммо шири модар, яъне ҳаққи ҳалоли гӯсола, барра, бузғола, курраи асп ва уштурбачаро ҳазор навъ таъом карда мехӯрем. Мумкин бо забони ба худашон фаҳмо гӯянд: «на парвариши одам бинаму на дидори ӯ», мисли он ки бобоҳои мо замоне мегуфтанд:«нашири шутур хоҳам, на дидори араб».

Мегардем ба Хари калон. Он замон на ҳама хар дошт ва онҳое, ки шукр имрӯз бо мошинҳои рангорангу бе риояи ҳама гуна қоидаи ҳаракат онро меронанд, фарзандони ана ҳамон «бехаронанд». Ман доим ронандаҳоро таъкид мекунам:Шумо ронандаи пуртаҷриба ва хуб ҳастед, аммо ҳамин, ки ба роҳ баромадед, ғами он «мерседессаворон» и пештар ҳатто хар савор нашударо низ хӯред, ё ба назар гирифта, мошин ронед.

Бо сабаби на ҳама ҳамсояҳо хар доштан, Хари калону майдаи мо, дар чанд «фронт»и, хоҷагӣ хидмат мекарданд.

Барои мисол: Ҳар сол ҳини ҷамъоварӣ ва захира намудани сӯзишвории бе боҷи гумрукӣ – ғӯзапоя, баъди дар деҳаи худамон «Виён» аз саҳро кашонда «хаф» задани, ба қавли ҳозира, «доляи» ҳаққи оилавиамон, ман бо Мӯҳриддин, ки як сол аз ман калонтар буд, ба Хари калон савор шуда, ба шуъбаи якуми совхози ба номи Куйбишев мерафтем. Дар совхози номбурда деҳаҳоро бо номи ободкардагонашон мемонданд.На ин ки ободгар дигару сипас зиёд ба номи дигар мемонандаш. Онҳоро бо расму усули русҳо, ё украинҳо «боз» мегуфтанд, яъне «Бози Саидтағай», «Бози Бобӣ», «Бози Ҳамдам», «Бози Резмон», «Бози Зинат» ва дигарҳо. Ин «боз» шояд шакли вайроншудаи «база» бошад. Масалан дар «Бози Николай”, ки ободкунандааш марди хуби тоҷик буд. Аммо аз сабаби ҳамсарашНинахола рус будан Николайяш мегуфтанд, апаам худораҳматӣ Шарифмоҳ зиндагӣ мекард. Гарчанде шавҳари худораҳматиашон муаллими бообрӯ буд, аммо онҳо дар қатори «бе нақлиёт» ҳо буданд, яъне хар надоштанд. Барои ҳамин ҳам, ба хотири ба хуб шудани «корҳои нақлиётиашон», мо бо як нақлиёт«Хари калон», вале бо ду ронанда ба он ҷо фиристода мешудем. Мисли он ки барои «досрочний завоз» ба ноҳияҳои Бадахшон, аз сабаби дур будани роҳ, бо ҳар мошин, ду ронанда мерафтанд.

Дар давоми як ҳафта тамоми ғӯзапояи ба онҳо ҷудошударо ҷамъ карда, дарза баста, ба ҳавлиашон кашонда, тал зада, барои дар зимистон аз «бебарқиву бегазӣ» танқисӣ накашанд, тамоми чораҳои заруриро меандешидем. Шукр, касе наметавонист қубури «ғӯзапроводро» бандад, ё аз системаи ягонаи «таппакчинӣ» барояду вазъи ҳамсояашро вазнин кунад.

Фарзанди онҳо Аламшоҳҳанӯз, дар «Мерседес»и тамғаи «Гаҳвора» «сайру гашт» мекард, мо бо бачаи холаам Муҳриддин, аллакай довталабон барои ишғол намудани «маснади талабагӣ », дар синфҳои 3-4 мехондем, яъне коршоям, будем.

Баъди иҷроивазифаи «муҳими сиёсӣ», ҷули харро нағз баста, хӯрҷинро мустаҳкам мекардему пагоҳии барвақт обу алаф медодем, яъне шикамашро сер мекардем, то дар роҳ барои ғизохӯрӣ ба ресторан (полез), кафе (майдони пахта), ё беда даромада, ҳисобӣ карда натавониста,гаравгон наафтад. Баъд онро сар медодем ва хар ба назди гулмехи азизаш «бехато» меомаду мо бошем, ба фурҷа тариқи «груз-таксиҳо», яъне автомобил бармегаштем.Дар бисёр ҳолат мо баъди гаштугузори шаҳри зебову ободтарини дунё Қӯрғонтеппа, хӯрдани чанд «пирошки» ва чанд стакан «семичка», бо мошин, пештар ба хона мерасидем, аммо дертар бошад ҳам Хари калон, ҳамон рӯз ба ҳавлӣ меомад. Барои қазоват мегӯям, ки Хари калон маҳз бо ҳамон «маршрути» ба он тараф рафта, қадаме берун намонда, бармегашт.

Роҳи «маршрут» чунин буд: аз қишлоқи «Виён» то шаҳри Қӯрғонтеппа 11-12 киллометр, кӯчаи шаҳр, ки аз молбозор «яъне аввали шаҳр ба мобайни шаҳр то охири он мегузашт, аммо дар маркази шаҳр, ба тарафи чап тоб хурда аз пули канали «Ҷӯбор» гузашта то мазори русҳо на рафта ба тарафи рост, сипас баъди 2 км ба тарафи рост гашта, аз байни шаҳраки «Нихи» гузашта боз ба тарафи чап гашта, баъди тай намудани боз 3 км ба нуқтаи муайяншуда, «Бози Никола»и шуъбаи якум «Семеновод» и совхози ба номи Куйбишев (он вақт совхоз – техникум набуд) мерасид. Нагуфта намонад, ки аз «Виён» то Қӯрғонтеппа низ роҳ аз байни қишлоқҳои «Ленин», «Қизил-шарқ», «Марксизм» ва «Маданият» мегузашт. Дар бозгашт Хари калон бе ронанда ҳамаи ин «маршрутро» бе хато тай карда, ба гараж ё «харпарк» мерасид, ки на ҳама одамон бе роҳбалад, дар ҳар чорроҳа (перекрестка) аз касе напурсида, бе хато ин аз он гузашта метавонанд.

Ман дар бисёр ҳолат Хари калонро дар назди заводи пахта, ё равғани шаҳри Қӯрғонтеппа медидам, ки бо сари хам, вале боварманд аз шаҳр баромада тарафи роҳи рост, ба суи Колхозобод, яъне «Виён» рафта истодааст.

Боре болои «такси», ки онро груз-такси мегуфтанд, яъне мошини одии боркаш, вале болояш аз тахта ҷои нишаст дошт, мерафтам.Мошин дар миёни қишлоқи «Қизил-шарқ» истода мусофиреро фуровард ва баъди ба роҳ даромадан дидам, ки чанд одам Хари калонро иҳота намуда, қапиданӣ ҳастанд. Ба ташвиш афтода аз ронанда хоҳиши назди онҳо боздоштани мошинро мекардам, ки Хар бо як ҳаллос задан ҳалқаи онҳоро рахна намуда, роҳашро давом дод. Ман нафаси осуда кашида ба деҳа омада, баъди чанде дарозгӯшро дар назди «гулмех» бо «гулдастаи тару тоза» дарзаи ришқа, вале мебахшад, бе сафи «пионерҳо» пешвоз гирифтам.

Дар муддати як ҳафтаи иҷро намудани супоришҳои стратегии партияву давлат, зери унвони рамзии «Амалиёти ғӯзапоя», аз ҳар гуна муҳофизи иншооти сирри махфии давлатӣ дошта Хари калон зери назорат буд, то раҳо ёфта, ба назди «гулмех» барнагардаду ба ман лозим наояд, ки ба деҳа баргашта, онро баргардонда боз масофаи 16-17 километрро дуқ-дуқкунон, харакӣ аз сар тай накунам.

Имрӯз бисёр мешунавем, ё мехонем, ки маҳбусон аз зиндонҳо мегурезанд, лекин модоме Хари калон аз он ҷо боре нагурехт. “Охрана”-и Хари калони мо барои иҷрои «супориши стратегии давлатӣ» мебахшед, оилавӣ, беҳтар ташкил шуда буд. Агар Хари калон раҳо меёфт, на ин ки мӯҳлати иҷрои супориши «муҳими давлатӣ (важная стратегическая задача)», чанд рӯз қафо мемонд, балки зарари иқтисодӣ низ медидем, яъне 10 тин то шаҳри Қӯрғонтеппа ва аз он ҷо то «Виён» 20 тини дигар роҳкиро сарф мешуд. Ин ҷо дар бораи оворагиву мондагии худ гап намезанам, зеро ҷавонӣ ҳамаро мебардорад.

Баъди се солу 15 рӯз ба Ватани ҷоноҷон, ки имрӯз «гастарбайтермон» мегӯянд, на ин ки фарзандони ҳаромияш «скинхедҳову» баъзе «боақлони» навбаромади бе решаву насабаш, ки ҳатто миллати падарашонро надониста, «юристаш» мегӯянд, балки онҳое, ки дирӯз тамоми дороиямонро аз ҷумла, хонаву ҷой, шаҳрҳо ва вазифаҳои якуми бо ном дуюмамонро ба онҳо дода будем, ё гирифта буданд, аз тарси мабодо, аз таъсири Арақшоҳ бебаҳра шудани худ, дар натиҷаи фаъолияти «мардикор»они ҷавони мо, насламон ин ҷо зиёд нашудан, нисбатамон ҳар гуна дасиса эҷод мекунанд. Ҷои гила нест, бобоҳоямон гуфтаанд ку: «ҷигар ҷигар асту дигар дигар», аммо мои сода бародарашон хондему мехонем.

Аз хидмати аскарӣ ҷавоб шудам. Хидматкардагиҳо медонанд, ки ба аскарҳо ҳар шаш моҳ як ҷуфт шиму «гимнастеркаи» пахтагӣ (хб), -аз либоси бологии зимистона, барои се сол, яъне тамоми хидмат, як ҷуфт шиму «кители» пашми (пш), як бушлат ва як шинели сукногӣ медоданд. Ман, ки бо тараҳҳуми Худо унвони «сержантӣ» доштам, дар давоми хидмат чанд бушлату шинел кӯҳна карда, шинели авваларо напа-нав нигоҳ доштам, то ки ба хона баргашта, онро пора карда барои Хари калон туқум (полон) дӯзонам. Овардам, аммо ҳайҳот, ки на Хари калон буду на гулмехаш. Хари калонро, ду сол қабл бо таъсири давоми қарордоди «Аз Америка мегузарем» и аблаҳу масхарабози сиёсии ҳама давру замонҳо Хрушев, чун ҳама харҳо ба дашти «Калташӯр» бурда сар додаанду гулмехро барои бемамоният ба ҳавлӣ даромадани автомошинаи “Москвич-408”и, акаи Абдурашид, ки колхоз тӯҳфа карда будааст, кандаанд. Бароям муаммо аст, ки чаро баъди ин ҳам, хар ба назди «гулмех» барнагаштааст, ё «демократия» кӯрнамакаш карда буд? Не! Охир, онро доимо аз роҳҳои дуру наздик сар медодем, яъне барояш «демократия» таъмин мекардем, вале дар роҳҳо фирефтаи майдонҳои сабзи пахтаву рушқа, полезҳо нашуда, рост ба хона меомад. Бовариям комил аст, ки Хари калон, агар зинда мебуд, ҳатман ба ҷои обу алафхӯрдааш – гулмех хиёнат накарда, бармегашт. Баъди дар курси тайёрӣ, яъне номзад ба студентӣ, дар рӯзномае хондам, ки дар ҳамон тарафҳо ошпазеро дастгир кардаанд, ки солҳои дуру дароз «харшӯрбо» пӯхта мефурӯхтааст, инро сабаби ба хона барнагаштани Хари калон дониста, дилам сӯхт.

Агар Хари калон ҳадафи кафлеси ҳароми ин «ҳаромзода» шуда бошад, пас Хрушов бо хархӯронаш, яъне одамон ба Хари калон хиёнат карданд, на Хар ба ҷои обу алаф хӯрдааш. Шинели солдатии ман бошад, беистифода намонд. Он солҳои сол рӯи танӯри нонпазиямонро «зеб» медод.

Ин лаҳзаҳо барои он пеши назарам омад, ки солҳои навадуми номуайянии сиёсӣ дар кишвар, онҳое падару устодам ном бурда, намегузоштанд, ки гард ба либосам шинад ё часпад, ҳар суханамро аҳсан мехонданд ва ба қалам дода мегуфтанд, ки инро ақли ман, ё каси дигаре намегирад. Вале имрӯз он гуфтаҳоро “худам гуфтаам”, мегӯянду шарм намедоранд. Ё иддае, солҳои аввали навадуму дуҳазорум, ки дар як хоначаи хурд бо зану бачаҳоям зиндагӣ доштем, гурӯҳ-гурӯҳ омада, мо хешону наздикони шумоем, «моро агар марг ҷудо накунад, дигар чизе ҷудо карда наметавонад» гуфта, шабу рӯз намегузоштанд, ки боре ман низ поямро болои кӯрпача дароз карда, бо аҳли хонаводаам танҳо нишаста, оид ба зиндагиву авлоди боқимондаи парешони чун худам бехонаву дар монда фикр, ё сӯҳбат дошта бошем. Ҳатто ҳамсарамро, ки аз баъзеҳояшон ҷавонтар буд, «модар» мегуфтанд.

Дар замони барои кишвар душвор, аз рӯи зарурат, ҳизбе ташкил шуд ва яке аз он нафарон, махсус иҷозати қабул пурсида наздам даромад ва «дилсӯзона», бо иҷрои ҳазору як нозукиҳои лаганбардорӣ гуфт: «Акаҷонам, албатта, онеро, ки Шумовеликий Достиев медонед, мо намедонем, аммо кори хуб нашуд, охир мову шумо ҳарду коммунисту хатмкардагони Мактаби Олии Партиявӣ ҳастем».

 Дар ҷавоб ба ӯ гуфтам, ки узвияти ҳизбро қабул намо, баъд мефаҳми, ки он ба кадом мақсат таъсис ёфтааст. Ӯ гуфт: “Акаҷон ҳазор бахшиш, ман коммунист будам, ҳастам ва коммунист мемурам.”

Баъди гузаштани мӯҳлати начандон зиёд, аз мансубияташ ба он ҳизб, яъне «кори нохуб», чунон бо карру фарр мегашт, ки замин барояш тангӣ мекард. Акнун вай ҳато саломамро ба зӯр алек мегирифт, гӯё «кори каме пеш нохуб» ҳизби Коммунисти замони Шӯравӣ бошаду ӯ котиби генераливу ман довталаби номзадшавӣ ба узвияти он – «Ҳизби ҷоноҷони имрӯзааш», ё чун ӯ, чанде пеш, мансабталабе.

 Мутаассифона, ин қабил «палидон» чанд нафараке буданду баъди ба болотар роҳ ёфтан, аниқтараш «часпидан», ё ба гуфти худашон «часпондан» одамро ҳамчун нардбон истифода карда гум шуданд. Хушбахтона, аксари мардум, навобаста аз кадом кунҷи диёр, босипосу боэҳтирому якрӯву якка Худо мондаанд.

Имрӯз ноодамии онҳоро дида, самимияти Хари калон пеши назарам омад. Аҷиб, дар зиндагӣ ҳайвони якрӯяву инсони чандрӯя, аниқтараш берӯйро во хурдан мумкин будааст, ба қавле чӣ қадаре дӯстонамро шинохтам, ҳамон қадар сагамро дӯсттар доштам.

Инчунин дар он рӯзҳо он қадар зиндагии хуб ҳам надоштам ва гоҳо 10-20 то 40 нафар «хешони навёфтаам» ҳар рӯз бо зану бачаҳояшон ба муддати 2-3 рӯз ё ҳафтае дар хонаи мо, «қӯш» партофтан, душвориямон мекард, зеро баъди рӯзгори 20 соларо аз даст додан, зиндагиро аз сифр сар карда будем. Пас, Харро Хари калон нагуфта, ин одамчаҳоро калон гӯям? Дар қиёс ба ин тоифа, агар илоҷ медоштам, на ин, ки Хари калон, балки ҳамаи ҳарфҳои онро ба ҳарфи калон ва дар ҳама ҷо менавиштам. Агар чи худи хар, калон гуфтан аст. Дар тақвияти он «Харгӯш», «Харчанг» ё «Харсангро, яъне гӯшкалон, чангкалон, санги калонро мисол овардан басанда аст.

Аз эҳтимол дур нест, ки барои ҳамин ҳам мардум баъзеи ҳаммислони худ, яъне мо роҳбаронро калон ё бузург мегӯянд, «калонашро» фаҳмидем, «бузургаш» мумкин ба хотири се ҳарфи аввалааш бошад.

Солҳои “боақлӣ”, ду ронандаи таҷрибаноку боодоб доштам, ҳангоми сафар, ба якеаш Сафарҷон оҳистатар, ба дигараш Сергей “по бистрее опаздиваем” мегуфтам. Аммо ҳарду бо риояи тамоми қоидаҳои ҳаракат, моҳирона мошин меронданд, вале мутаассифона аз баракати ҷанг ронандагони зиёди навруид, ин қоидаҳоро на медонистанду на риоя мекарданд, ин рафтори онҳо ронандаҳои касбии маро асабонӣ мекард. Барои ором кардани онҳо мегуфтам: “Асабӣ нашавед, онҳое, ки “мерседес”ро “харона” ҳай мекунанд, таҷрибаи харсаворӣ надоранд, яъне то ҷанг ҳафт пушташон хар надоштанд.” Ман барои худам муҳофизу ронанда интихоб намекардам, навобаста аз кадом минтақа будан, касеро, ки мефиристоданд бо ҳамон кор мекардам. Ронандае додандам, ки зиёда аз як сол якҷоя бо муҳофизу ёваронам, бо ҳам кор кардем, яъне ҳама, он хӯроке, ки дар хона, барои худаму фарзандонам ҳамсарам мепӯхт, мехурдем. Албатта он шоҳона набуд, вале барои ҳамаамон якхела шикамсерӣ буд. Як пагоҳӣ мудири гаражи Шӯрои олӣ, акаи Нарзулло наздам даромада, муаллим ронандаатон – фалонимамад наомад, мошинаро худам ҳай карда омадам. Ба ӯ гуфтам: “Бо ҳамин мошин рафта аз аҳволаш бохабар шавед, вазъиятро медонед, ки ноором ва агар зарур шавад, мақомотро муваззаф мекунем”. Аммо ҳамаро ба по хезондему наёфтем. Ҳама ғамгину афсус мехурдем, бахусус онҳое, ки дар он солҳои мудҳиш, бо ӯ ҳамроҳ сари як дастархон нон мехурданду шабу рӯз бо ҳам ёру бародар буданд. Баъди чанде ӯ аз Маскав, ба муҳофизонам Саидаҳмаду Ҷамшед занг зада гуфтааст: “Ҳоло ҳам зиндаед? Бачаҳои ҳамшаҳриям гуфтанд, ки корро бас бикун, зеро мо супориш гирифтаем, ки мошини Достиевро тарконем.”

Ман андешидам: “Майлаш, дар ин бора, ба мақомоти амният, ки ҷои корат аст, хабар надодӣ, аммо паноҳи Достиев ба Худо, чаро он ҷавонмардоне, ки якҷо нону намак мехурдиву аз рӯи чанд мӯйи сафеди сари калат акаат мегуфтанд, хабар накардӣ, то ки онҳо низ илоҷашонро ёбанд, ё “гурезанд”.

Дар солҳои барои ҳамагон вазнину ноором, аксарияти кулли қавм занони номвар ва аҳли қалам, навобаста ба ҳолати зиндагии серташвишу мавқеъ дар ҷомеа, доимо бо ғурури мардона ва сари баланд гашта, ба касе аз ҳолу зиндагияшон шикоят намекарданд. Мутаассифона буданд 1 – 1,5 нафар, бо ном мардони “аҳли назар”, ки ба ҳуҷраи кории соҳибмансабе, ҳар рӯз ё рӯз дар миён, чун ба ҷои кори худ даромада, дарҳол бо нолишу талбандагӣ, ашк ҳам мерехтанд. Баъди шунидани шикваи чунин “мардон” , бархе аз роҳбари сода, ки дар умри худ ин гунаҳоро авалин бор медид, ҳатто кӯшиши либосҳои худро кашида ба онҳо додан мекард. Зеро он замон, мо роҳбарон ҳам, бе хонаю ҷой будему аҳлу байтамон гурезаву дар ба дари хешу таборамон дар вилояти Кӯлоб. Мутаассифона бо ном мардҳоеро дидем, ки дар кори талбандагӣба ҳар гуна ҷугизанҳо дарси гадоӣ медоданд. Ҳоло эшон, бе ягон ибо дар маъракаҳо, аз онҳое, ки дирӯз пеши пояшон афтида ашк рехта гадоӣ мекард боло гузашта, ба касе гап намедиҳанду панду андарз менависанд. Ё, яке аз қумандонҳои номдор охири соли 1992 наздам даромада, бо тарзи гуфтори худаш пурсид: “Раис, як ҷияни фарзандонатро дар Ленинобод нигоҳубин мекардагӣ наздам омад ва аз номи шумо хоҳиш кард, ки фалон вазифаро диҳамаш”. Баъди гирифтани номи”ҷиянам”, ман хеш буданашро тасдиқ кардаму изои муъмин ҳаром гуфта, нагуфтам, ки хонаводаи ман дар Калинободу Кӯлоб мезияд, на дар Ленинобод. Баъди чанд рӯзе “ҷиянам” омада бо хурсандӣ гуфт: “Раис, қумандон даъват карда фалон вазифаро маҷбуран ба гарданам бор кард”. Аз номи ман истифода кардану баъд ин тавр гуфтанашро пай бурда, коҳишомез гуфтам, ки “нохуб кардӣ, ҳоло, барои андак чиз одамро мекушанд”.

 Баъди ба ёд овардани он лаҳзаҳо Хари калонро, ба некӣ ёд накарда мешавад?

Хушбахтона, имрӯз мо, ба асли худ баргашта истодаем, яъне ба тамоми “сарват”ҳои миллии, то давраи дар ҳайати кишвари “тоталитарӣ” доштаамон, ки ночиз буданд, акнун қадр пайдо карда арҷгузорӣ мешавад, аз ҷумла воситаҳои нақлиётии бобогӣ – харҳо низ. Аммо афсус, ки Хари Калони мо бо тамоми хислатҳои олиҷанобаш, зиёда аз чор даҳсола боз, дар рӯйхати бе ному нишон гумгаштагон аст.

Абдулмаҷид Достиев

 

 

 

©2008 - 2017 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97