100 шахсияти машҳури тоҷик, кистанд онҳо?

Иҷтимоъ 31.01.2013 11:49

Ахиран дар cафҳаҳои Интернет сад фарди машҳуртарини Тоҷикистон муаррифӣ шудаанд. Маълум нест, ки рӯйхатро кӣ мураттаб сохтааст, аммо талоши шояд аввалин дар ин мавзуъи кунун "актуалӣ" боиси ситоиш ва дастгирист. Фароҳамсозон заҳмати фаровон кашида, ашхоси шоистаи ҳамаи давру замонҳои тоҷик (аниқтараш Тоҷикистон)- ро гирд овардаанд. Офаринашон! Вале ба яқин берун аз ҷумҳуриамон (дар Русия) қарор доранд, ки дар рӯйхат афроди зодаю парвардаи Тоҷикистону феълан муқими  Русия афзалият пайдо кардаанд.

Албатта, оне, ки Артисткаи Халқии СССР Людмила Чурсина, Артисти Халқии Русия Александр Бергман, нависандаи маъруф Владимир Войнович ва дигарон зодаи Тоҷикистонанду дар Русия тавфиқ ёфтаанд, боиси сарфарозии мост. Вале бо ҳама эҳтиром ба ин афроди шинохта эшонро дар радифи арзандатарин чеҳраҳои миллиамон эътироф кардан чандон салоҳ набувад. Бар изофа дар рӯйхат ному насаби чанде аз Қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ ва варзишгарони навраси тоҷик ҳам омадааст, ки ҷумла арзандаанд, аммо интихобашон ноқис менамояд.

Аз ин рӯ, зарур шумурдем, ки рӯйхати сад фарди машҳуртарини тоҷикро  аз замони куҳан то кунун ба хидмат бигзорем. Бешак, ин як пешниҳодест, ки наметавонад воқеъияти мутлақ пиндошта шавад, бигзор аҳли зиё бо андешаю мулоҳизоти тоза онро пурраю комилтар намоянд.

Муҳим он аст, ки чун ҳама қавми мутамаддин миллати куҳанбунёди тоҷик бояд аз миёни ҳазорон-ҳазор ашхоси муътабару арҷмандаш сад нафар арзандатаринҳоро муаррифӣ кунад. Мо дар интихоби афрод масъалаи миллиро дар ҷойи аввал гузоштем, яъне дар рӯйхат нафари ғайритоҷик ворид нашудааст. Дар интихоби афрод ба ҷойгоҳи эшон дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва саҳмашон дар пешбурди ҷабҳаҳои мухталиф, нуфузу эътиборашон миёни миллати тоҷик ва дигар халқҳо ба назар гирифта шуд.

Арбобони давлатию сиёсӣ

shakhsiytho1. Зардушти Испитамон (630-553 то милод), асосгузори дини қадими мардуми  эронинажод, нахустшоири халқҳои эрониасл.

2. Куруши Кабир (вафот соли 530 то милод),  поягузори давлати императории тоҷикон.

3. Исмоили Сомонӣ (848-907), асосгузори давлати миллии тоҷикон.

4. Низомулмулк (1017-1092),  вазири султонҳои Эрон.

5. Балъамӣ Абдуфазл (вафот  соли 940), сиёсатмадори вақт.

6. Нусратулло Махсум (1881-1938), сиёсатмадор.

7. Шириншо Шоҳтемур (1899-1938), сиёсатмадор.

8. Ғафуров Бобоҷон (1908-1977), сиёсатмадор ва донишманд.

9. Эмомалӣ Раҳмон (1952), сиёсатмадор.

(давом дорад)

Мураттибон: Ёрмуҳаммад Сучонӣ, Маҳмадшариф Каримов,

кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97