Чаро ақиб мондаем?

Иҷтимоъ 18.01.2013 10:31

Ин ки Тоҷикистон як кишвари ақибмонда аст, ҷои баҳс нест. Аммо ин ки чаро ақибмонда аст, ҷои баҳс дорад. Бисёр мешавад, ки дар Тоҷикистон сабабҳои ақибмондагиро ба ҷанги шаҳрвандӣ, табартақсими сарзамини мо дар солҳои Инқилоби октябр, бесаводӣ, хурофот, мудирияти нодуруст, маҳалгароӣ, таҳримҳои Узбакистон, вобастагӣ аз Кремл ва дигар омилҳо рабт медиҳанд. "Миллат" ин ҳафта аз чанде аз ҳамватанон дар робита ба сабабҳои ақибмондагии Тоҷикистон суол кард, ки: "Ба назари Шумо кадом омиле бойиси ақибмондагии Тоҷикистон аст?

Dagikhudo DagievДагихудо Дагиев, пажуҳишгари тоҷик, ш. Лондон:

- Аслан ба фикри банда омилҳои зиёдеанд, ки бойиси ақибмондагии Тоҷикистонанд. Гарчанде ки тақсимоти миллӣ ва ҳудудӣ ё ба ибораи дигар табартақсим ҳам асари худро гузошт, вале бояд инро ҳам фаромӯш накард, ки Тоҷикистон ҳамчун як кишвар қабл аз Инқилоби Октябр вуҷуд надошт. Аз ин хотир вақте ки сари ин мавзуъ, яъне масъалаи марбут ба ақибмонии Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ суҳбат мекунем, ин баҳс дар доираи замони ҷадид, яъне баъд аз пошхӯриии шӯравӣ, Эъломияи истиқлол ва махсусан баъд аз Созишномаи сулҳ бояд суҳбат кард. Дар ин раванд як омил ба мисоли Узбакистон ҳаст, ки барои пешрафти Тоҷикистон монеъа эҷод мекунад, аммо омили асосиро банда дар ноуҳдабароии масъулини ниҳодҳои кишвар мебинад. Аввалан мудирити нодуруст, маҳалгароӣ ва дур будани ҳукумати кунунии кишвар аз проблемҳои иқтисодии ҷаҳони ҷадид, махсусан вазирони кишвар, ки хеле нафарони ноуҳдабароянд ва донишу малакаи кофӣ барои аҳдои вазифаро надоранд, ва мушкили асосиро дар сохтори давлатдории кишвар мебинам. Ва ягона роҳи раҳоӣ аз ин бунбасти иқтисодӣ, ислоҳоти сохторӣ аст ва бояд як қисми вазифа ва уҳдадориҳои раиси ҷумҳур ба сарвазири кишвар ҳавола шаванд.

safarovsayfulloСайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ:

Ҳамаи омилҳои номбаршуда таъсири муайяни худро ба давлатсозиву миллатсозӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мо доштанду хоҳанд дошт. Аз тарафи дигар Тоҷикистон он қадар ақибмондае нест, ки Шумо фикр мекунед. Тавонмандиҳои Тоҷикистонро наметавон бо таҳлили рӯякӣ ва андешаҳои оппозитсионӣ чен кард. Рушди Тоҷикистон босуръати баланд ҳам набошад, вале суст нест. Ҳоло мо фақат ба таври назариявӣ медонем, ки баъди таъмини иқтисоди Тоҷикистон бо барқи доимӣ чӣ қадар босуръат тараққӣ хоҳад кард. Ҳоло мо дар марҳилаи заминасозии рушди босуръат қарор дорем. Бояд сохтори иқтисодии худро навсозӣ кунем. Монеъаҳои мавҷударо аз сари рушди иқтисодиёт бардорем, кори бонкҳоро ба талаботи муосир мувофиқ кунем ва ғайра. Умуман мардуми мо интизори чунин як навгониҳо дар иқтисодиёт, соҳаи иҷтимоӣ пеш аз ҳама маорифу тандурустӣ мебошанд. Агар мехоҳед, ки мо пеш биравем ва таъсири ин омилҳоро кам кунем, пас тамоми қувваҳои зеҳниро ба воситаи рӯзномаатон барои ҷустуҷӯйи роҳҳои навгонисозиҳо дар соҳаҳои дар боло номбаршуда равона кунед.

Abdulohi MuhaqiqАбдуллоҳи Муҳаққиқ, исломшинос:

Омили қафомондагӣ, пеш аз ҳама, табартақсими сарзамини Хуросони бузург, бесаводии динӣ ва таассуби мулҳидӣ аст. Маҳрум намудани мардуми тоҷик аз хатти форсӣ, ки бо ҳамин роҳ мардумро аз шинохти таърихи ҳазорсолаи худ маҳрум сохтанд. Узбакистон таҳрим надорад, мо худ барои таҳрим намудан шароит муҳаё мекунем. Набудани иқтисоди пешрафтаи миллӣ, набудани маҳсулоти ватанӣ ба қадри кофӣ, вазирони пири ноуҳдабаро, эҷоди сунъии исломҳаросӣ ва решаёбии салафия дар муҳити динӣ, набудани барномаҳои солими тарбиявӣ-илмӣ дар телевизионҳои тоҷик, ки кораш танҳо рекламаҳои дилхастакунандаи "Бо роҳи сунъӣ ҳомилашавӣ" аст, омилҳои аслии ақибмондагии Тоҷикистон мебошад.

Mehri SobiriynМеҳр Собириён, иқтисодшинос:

- Сабаби асосии ақибмондагии Тоҷикистон ин мудирияти нодуруст аст. Воқеан омилҳои дигар; табартақсим, ҷанги шаҳрвандӣ, бесаводӣ, хурофот, таҳримҳои Узбакистон ва таҳдидҳои Русия ҷой доранд. Аммо ҳамаи ин мушкилотро дар давоми ин 20 соли гузашта бо як мудирияти дуруст ҳал кардан мумкин буд. Албатта барои ҳал кардани мушкилоти табартақсим, иродаи мардуми берун аз марзи миллии худ афтода зарур аст ва бе онҳо аз дасти мо чизе намеояд. Аммо чуноне ки ҷанги шаҳрвандӣ аз роҳи хираду ҳамдигарфаҳмӣ бартараф шуд, дигар мушкилотро ҳам имконияти бартараф кардан доштем, ба шарте ки як мудирияти дурустареро ба роҳ мемонданд. Дар кишвари мо назорати ҷамъиятӣ тамоман вуҷуд надорад. Мардум қонуншиканиҳои соҳибмансабони сатҳи гуногунро мебинад, вале бетарафиро ихтиёр мекунад. Ин бетарафӣ, ки аз бесаводии сиёсии аксарияти мардум сарчашма мегирад, сабаби пойдории мудирияти нодуруст гаштааст.

Ба роҳ мондани мудирияти дуруст вобастагӣ дорад ба сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва иродаи мардум. Бадбахтона аз сабаби нодуруст будани мудирият, системаи маориф хароб аст ва сатҳи дониш боло намеравад. Сатҳи дониш, ки паст шуд, ҷавонон рӯ меоранд ба хурофоту равияҳои тундрави динӣ. Дар натиҷа ҷаҳонбинӣ танг шуда, иродаи сиёсӣ кам мешавад ва мардум дигар ҳақи ҳалолу қонунии худро, ки зиндагии шойиста аст, талаб намекунад. Дар ин ҳолат ба роҳ мондан, пойдорӣ ва рушди як мудирияти дуруст ва пешбаранда қариб, ки номумкин аст.

Хулоса, омили ақибмонии кишвари мо мудирияти нодуруст аст ва дуруст ба роҳ мондани он ба баланд шудани донишу ҷаҳонбинии аксарияти мардум вобаста аст. Лекин аз сабаби хароб будани системаи маориф, баланд бардоштани донишу ҷаҳонбинӣ мушкил шудааст ва мо ҳоло дар бумбаст қарор дорем.

Firdavs NiyziФирдавс Ниёзӣ, устод ДМТ, номзади илмҳои филология:

-Ба назари ман, омили аслии ақибмондагии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама бесаводӣ ва баъдан хурофот мебошад. Аз кадом хотир? Аз он хотир, ки баъди Истиқлол фазои холии ҷомеаи моро хурофот фаро гирифт ва то имрӯз идома дорад. Хурофот бисёр падидаи бад аст, ки решааш дар бесаводӣ мебошад.

 

 

 

 

Abubakri FayzaliАбӯбакри Файзалӣ, журналисти муҳоҷир, ш. Маскав:

Аслан соири кишварҳои олам, ки мувоҷеҳи ҷангҳои дохилӣ мегарданд, ҳамчунин таҷовуз болояшон аз берун сурат мегирад ё таҳримҳоеро болояшон роҳандозӣ мекунанд, ва ё дучори офати табиӣ мегарданд, дар муҳлати кӯтоҳтарин дар сурати роҳандозии мудирияти дуруст ва хостагирии мутахассисони варзида худро аз ин ҳама вартаи шикастҳо берун мекашанд. Барои ин мисолҳои зиёде ҳастанд, аммо овардани ин ҳамаро ҷоиз намедонам. 

Аммо ба муҳлати 20 сол аст, ки мо танҳо 1 мушкил- таъминоти энергетикиро рафъ карда наметавонем. 

Мудирияти  дуруст метавонист, ки он ҳама ҷароҳатҳои хунбори табартақсими замини аҷдодӣ, таҳримҳои кишвари ҳамсояи Узбакистон, шикастанҳову рехтанҳои ҷанги дохилиро ба осонӣ ба ҳам биёрад ва ҳатто дарди маҳалгароиро низ ба тадриҷ даво кунад. Ва аммо афсӯс, ки мо ана ҳамин мудирияти дурустро надорем.

Ва ана ҳамин мудирияти нодуруст боиси аслии ақибмонии Тоҷикистон аст.

Tolib SanginТолиби Сангин, журналисти озод:

-Маҳалгароӣ ва мудирияти нодуруст асли ақибмондагии Тоҷикистон аст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97