Пойтахти зебо ва деҳоти Аморати Бухоро

Иҷтимоъ 14.01.2013 09:07

qishloqДар ҳақиқат мо барои худ зиндагӣ намекунем, дар бозигархонаи дунё барои дигарон намоиш медиҳем.                                

 (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)

Вақте ки кас аз кӯчаю тангкучаҳои деҳоти  ҷумҳурӣ гузар карда, хонаҳои пасту гилин, дару деворҳои рангпарида, роҳу гузарҳои пурхандақ, ғарами таппаку дудбораҳои бомҳо, хару аробаҳои боркаши пур аз даҳҳо намуди асбобу воситаҳои обкашӣ, кӯдакони дасту пояшон аз таъсири чангу лой кафидаю хуншор, хонаҳои торику берушноӣ ва мӯйсафедону кампирҳои барҷомондае, ки ба калушҳои даридаю либосҳои фарсудаи дарбеҳшуда мегарданд, андешаҳои ҳар бинандаро ба кӯйи хаёли дигар мекашад.

Парвози хаёл касеро ба ҳамон гӯшаю канорҳои дурдасти даврони Аморати Бухоро мебарад, ки он замон низ мардум чунин зиндагӣ доштанду имрӯз низ ба гузашти 70-соли даврони Шӯравӣ ва 21 соли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳаёти иҷтимоии мардум дар моҷарои будааш равон аст.

Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шуда, моддаи 4-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон инро тасдиқ менамояд. Дуруст ва бисёр хуб аст, ки Душанбе ҳамчун пойтахт аз ҳама ҷиҳат бояд намунаи ибрат бошад.

Солҳои охир чанде аз биноҳои сохти нави замонавӣ ва муассисаю роҳҳои дохили шаҳрӣ ба истифода дода шуданд, ки ба ҳусни шаҳр, ҳусни нав зам намуда, барои ҳар бинанда гуворо мебошад. Боз ҳам ободу зеботар ва гуворою дилрабо гардонидани пойтахти кишвар ва шукуҳу ҷалоли нав ба нав  бахшидан ба он нишони тараққиёт ва пешрафти фарҳангу маданияти хоси миллӣ хоҳад буд.

Дар баробари омодагию ғамхориҳои барои шаҳри Душанбе андешида шуда, барои пешрафту тарақиёт ва ҳаёти фарҳангию  иқтисодӣ ва иҷтимоию хоҷагидории мардуми деҳот инчунин симои зоҳирии роҳу кӯчаҳо, дару девор ва зисту зиндагии мардумони деҳоти дурдасти ҳудуди ҷумҳурӣ  аҳамият ва кӯшишҳои самаранок зарур аст.

Агар Душанбе қалби зебоии миллат бошад, пас барои қалби зебоии дилкаш ҷисми солиму либоси зебо низ зарур аст. Ва қалби зебою озодаро ҷисми бемору либоси ҷанда зебандаю шоиста нест.

Дар маҷмуъ мо ҳамагӣ беш аз 7 миллион нуфус дорем, ки дар муқоиса бо мамлакату миллатҳои дигари ҷаҳон он қадар бисёре нестем, ки аз ҳамдигар безору дур бошем. Он қадар бисёре нестем, ки ислоҳнопазиру идоранашаванда бошем.

Мо дар маҷмуъ метавонем мисли ангуштони солиму тавоноӣ дар ҳолатҳои зарурӣ ба ҳам омада, мушти тавоно ва зарбаофариниро ташкил диҳем. Ва агар на дар ҳоли тадбирҳои нав ҷуста, вазъи мавҷударо ислоҳ накунем, парокандаю пажмурда  ва руҳафтодаю дилмонда аз ҳамдигар ба ҷое нахоҳем расид.

Сарчашмаи дигаре низ маълуму равшан аст, ки асос ва заминаи ҳама гуна пешрафту комёбиҳо дар ҳама ҳолату дар ҳама мамлакатҳои ҷаҳон маблағ буда, сариштаю сарфакорона хароҷот кардани он асоси дастовардҳои дилхоҳи миллӣ хоҳад буд.

 Ин ташхисе аст, ки барои ҳама фаҳмою дақиқ ва роҳу илоҷи табобаташ низ бояд дақиқу таъҷилӣ бошад.

Сарчашмаи дигаре низ маълуму равшан аст, ки бинобар сабаби тангназарию худпарастӣ, бехирадию ҷоҳилӣ  ва дур будан аз ифтихору номуси миллӣ, бархе аз сарварони муассисаю ташкилотҳо, мақомоту вазоратҳо ва хидматчиёни давлатӣ, ҷилави саманди бахту иқбол ва саодати ифтихормандиҳои миллиро ба куҳи пурмоҷарои фасоду коршиканиҳо бурда саргарми ҷустуҷӯи манфияту шуҳрати шахсии худ ва ҳаммаслаконаш мебошад, ки аз ин ҳолат раванди зиндагии мардуми одӣ ба бумбасти доимӣ гирифтор шуда, решаю муғча ва шохаю пояю дарахти номуси миллӣ аз афзоиш бозмонда.

Ҳангоми ворид шудан ба одитарин идораю муасисаҳои сатҳи ноҳиявию ҷумҳуриявӣ  ва ҳатто хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ маълум мегардад, ки маблағҳои зиёди ба ибораи мардум "ба нӯги сузан ҷамъоварда"-и меҳнаткашон, ки ба сони қатра-қатра зам шуда, буҷаи кишварро ғанӣ мекунад, қурбони ҳавою ҳавасҳои сарварону роҳбарон гардидаанд.

Агар харидории мошинҳои хидматии тамғаҳои қимматноку серхароҷоти сиёҳшиша ва рақамҳои фармоиширо як сӯ гузорем, мисли осорхонаҳо ҳама, баҳри девору дар, роҳраву утоқҳо он қадар ҷиҳозонида шудааст, ки дар замони худ  сарвари муаззами давлати абарқудрати (СССР) ИҶШС, И.В. Сталин (дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945"-утоқи кори худ ва бинои (штаби) ситоди генералиро бо чунин маблағу бо чунин нигораҳо ороиш надода буд.

Ҳар мансабдору вазифадоре бо баҳонаи як расми сардори давлат даҳҳо ва садҳо расму тасвирҳои худ, аҳли оила, падару бобо ва ҳамкорону наздикони худро дар чорчӯбаҳои махсуси зарҳалин зери шишаҳои қимматбаҳо рӯи порчаҳои матоъҳои дилрабои нархи гарон дошта, ба намоиш гузоштаанд, ки гӯё онҳо ба корнамоию қаҳрамониҳояшон сайёраи наверо бо ҳазорон ганҷинаҳои бе мислу монанд кашф намуда, ба ихтиёру истифодаи давлату миллат пешкаш карда бошанд.  Номгӯи чунин лавҳаю гӯшаҳои "таърихӣ" хеле зиёд буда, агар маблағи хароҷотҳои чунин гӯшаю "осорхонаҳо", "наврӯзӣ"-ю ҷашнҳои дигарро дар суратҳисоби махсус зери назорати комиссияи босалоҳият ба "Хазинаи рушди деҳот" ҷамъоварӣ кунем, он гоҳ дар ягон гӯшаю канори мамлакат нишоне аз он деҳоту одамони даврони Аморати Бухороро боқӣ нахоҳад монд.

Дар замони мавҷудияти худ давлати пуриқтидори СССР барои беҳбудии рӯзгори мардумаш чораҳои зиёдеро роҳандозӣ карда буду боз дар ҷустани чораю роҳҳои дигари беҳбудии рӯзгори шоистаи мардум буд. Агар чанде баъзан муваффақ нашуда бошад ҳам, ба ҳар ҳол дар кӯшиш ва андешаи барҳам додани фарқи байни шаҳру деҳот буд. Ҳарчанд ки як шиор буду вобаста ба он корҳои зиёди дигареро анҷом додан лозим буд, якчанд нишона равшан буду он нияту ормонҳоро тасдиқ мекарданд.

Яке аз нишонаҳое, ки адолату ғамхориҳои он замонро собит месохт ин буд:

- Омӯзгор ва дигар табақаҳое, ки дар манотиқи баландкуҳ ва ё ниҳоят гарми ҳудуди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекарданд, ба маоши асосияшон боз 15-20% маоши иловагии ҳавасмандӣ дода мешуд.

- Ҳамаи табақаҳои меҳнаткашони деҳот ва истифодаи нируи барқ маҳрум набуда, ба таври доимӣ аз манобеъи энержӣ бархурдор буданд.

- Роҳҳои байни шаҳр ва деҳоти мамлакат ҳамеша таъмир ва бозсозӣ шуда, бо автобусҳои мусофиркаш таъмин карда мешуд.

Агарчанде, ки хидматрасонии алоқа ба мисли имрӯза хуб набуда, бо вуҷуди ҳамаи душвориҳо ҳамеша кӯшиш ба харҷ дода мешуд, ки ба деҳаҳои дурдастарин ҳам симчӯбу хатҳои алоқа васл карда шавад.

- Хидматрасонии тиббӣ ба занону кӯдакони маъюбу беморон ва пирону танҳомондагон садҳо маротиба аз имрӯз дида хубтар ва ройгон буд.

- Дар дурдасттарин нуқтаи аҳолинишин бунёди клубу китобхонаҳо ҳаммому сартарошхонаҳо  бунёд шуда буд.

- Толори варзишию майдончаҳои футбол пешкаши мардум буду одамони сину сол ва ба касбу корҳои гуногун фориғ аз вақти кор дар он ҷойҳо ба шуғли дӯстдоштаашон машғул мешуданд.

- Дар дурдасттарин нуқтаи аҳолинишин мағозаю нуқтаҳои савдо ва дигар намуди хидматрасониҳои маишӣ роиҷ буду рафту кору хидматрасониҳо  зери назорату тафтишот бо низоми муайян амал мекарданд.

- Имрӯз мардумони деҳот аз ҳамаи он намуди хидматрасониҳо маҳрум буда, дар ҳолати рӯҳафтодагию дилмондагӣ рӯзгори сангинро аз сар мегузаронанд.

Демократия баҳона шуду таҷдиди сохторҳои ҷамъиятӣ асос гардид, то бозори савдои ҳарисону худхоҳани  ғаразпеша гарм шавад, ҳамаи биною иншоотҳои варзишию маданӣ, нуқтаҳои савдою хидматрасонии тиббӣ, майдону боғҳо, роҳу биноҳо, клубу китобхонаҳо ва мактабу анборҳоро аз худ намуданд. Чунин иншооту биноҳои барои ҳаёти мардум заруриро аз худ намуда, ҷойи он ки ҳолати корияшонро беҳтар намуда, ба мардум манфиати бештаре расонанд, ҳамаи онҳоро ба ҳолати нестӣ расониданд, ки мардуми деҳот дар ниҳояти кор аз ҳамаи чиз маҳрум гардидаю аз ҳукумату давлат этиқодашон гашта, дар ҳоли зор чӣ кор карданашонро намедонанд.

Бинобар набудани ҷойи кор маоши хуб барои таъмини аъзои оила аксарияти сокинони деҳот ҳамчун мусофирони мардикор ба хориҷа сафар намуда, аз тарбияи фарзандони дар ҳолати камбизоатӣ мондаашон дур мешаванд.

Табиист, ки аксарияти беморону маюбон ва мардони камбизоату занони дар деҳот бекор монда ба корҳои каммаошу ноарзанда машғул мешаванд, ки ин ҳолати тангдастӣ  ҳамеша ҷангу ҷидол ва баҳсу хархашаҳои ҳамсоягиро ба бор оварда, мисли захму ҷароҳатҳои ниҳонии зери пӯст дар ҷисми миллат реша  давонда, ба муҳити ахлоқу маънавиёти кӯдакон фазои носолимро муҳайё  месозанд.

Тавре ки аз мушоҳидаю хулосаҳо бармеояд, аксарияти ҷанҷолу хархашаҳои ҳамсоягии дар деҳот тавлид меёфта, аз заминаи набудани ҷойи кору машғулият оғоз шуда, сабабу баҳонаҳояшон ғайбату туҳмат, рашку ҳасад, бадгумонию хусумат ва "чақ-чақҳои самимонаи дурру дароз" мебошад, ки айни замон "сарват ва мероси"  асосии мардуми деҳот гардидааст.

Аз ин ҷост, ки муҳити маънавию ахлоқӣ ва иҷтимоию маишии сокинони деҳот носолим буда, дар чунин муҳиту чунин оилаҳо тарбия кардану ба воя расидани фарзандон кори осон нест.

Бо назардошти ҳамаи андешаю хулосаҳо баҳри бартараф  кардани ҳамаи камбудию норасоиҳои дар деҳот ҷой дошта ва рушду бақои миллат ҳамаи мақомоти дахлдор, ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои масъули мамлакатро зарур аст, ки бо андешаю тадбир ва тафаккуру ташаббусҳои нав дар соли нав камари ҳиммат баста, ҳамаи дарду доғҳои дар ҳаёти мардуми деҳоти дурдасти саросари ҷумҳурӣ ҷойдоштаро табобат намояд.

Дар моддаи 5-абзатси 3 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Ва дар ягон боб ва моддаи дигари Сарқонун ва дигар қонуну санад ва меъёру дастурҳои мавҷуда ҳуқуқи кӯдакону шаҳрвандони дар деҳот зиндагӣ дошта, маҳдуд кардаю бартарии зисту зиндагӣ  ва шароитҳои сокинони шаҳрҳо махсус қайд гардида бошад.

Давлати демократию ҳу-қуқбунёд барои шаҳрвандони тамоми қаламраваш яксон ғамхорию шароитҳоро фароҳам намуда, байни кам кардани фосилаи тарзи ҳаёт, зисту зиндагӣ, маишату маърифат ва таҳсилу фароғати шаҳриёну деҳотиён бояд талош кунад.

Шояд зарурати таъсиси вазорати рушди деҳот пеш омада бошад, то ба барномарезии рушди деҳот ва амалӣ шудани сиёсати рушди деҳот мусоидат сурат бигирад.

Имомалӣ Табарӣ,

вакили Маҷлиси ҷамъоати деҳоти  Деҳмалики н. Варзоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97