Турки ту гирифт шеъри тоҷик

Иҷтимоъ 09.01.2013 08:59

Nomvar KurbonovАдабиёту санъати қадимаи тоҷик аз асотир ва ёдгориҳои таърихӣ, ба монанди "Худойнома", "Ёдгории зарирон", "Дарахти асурик", "Алпомиш" ва "Гурӯғлӣ" маншаъ гирифта, дар замони муосир ба давраи нави ташаккул расидааст, вале ками дар кам аст, он нафароне, ки аз ин дурдона ва ганҷинаи безаволи миллат ифтихор намояд. Имрӯз бисёри хонандагону донишҷӯён дар бораи чеҳраҳои бузурги таъриху маданият, фарҳангу ҳунар, намояндагони ҷараёнҳои илмию фалсафӣ ва вазъи сиёсиву иҷтимоии гузаштаи халқи худ тамоман маълумот надоранд. Ҳамин боис гардидааст, ки халқу қавму қабилаҳое дуртар аз фарҳангу маданият ва тамаддун худро соҳибтамаддун меҳисобанд ва мо бошем ба гуфтаи устод Лоиқ: "Домани куҳ гирфтему думи маркаби хеш…" коре надорем.

Дар ҷаҳони мудерни имрӯза, ки ҳар як халқу миллат дар ҷустуҷӯи тамаддун ва фарҳанги аҷдодии хеш аст, аз ҳар гуна роҳу воситаҳои осон ба даст омада истифода менамояд. Алалхусус халқиятҳои туркнажод, ки адабиёт ва фарҳангашон сирф "нусха-копия"-и тоҷикӣ-форсист, барои соҳиб шудан ба мақоми арзанда тамоми роҳу васоити мухталифро ба сомон мерасонанд.

Дар баробари ин ҳама, боз чеҳраҳои бузурги таърихӣ, нобиғаҳои умумиҷаҳонӣ ва ёдгориҳои безаволи умумибашариро аз худ намуда истодаанд, ки ягонтои инҳо ба он миллатҳои "соҳибтамаддун" заррае алоқамандӣ надоранд. Агар чунин аст, пас барои чӣ дар ҷустуҷӯи чизи набуда "вақти қимат"-и хешро сарф менамоянд?! Ҳол он, ки обояшон ҳанӯз ҳазор сол муқаддам иқрор шуда буданд, ки китобҳои фарҳангии халқҳои тоҷикию араб бениҳоят бисёранд ва мо аввалин китобамонро ба забони модариамон-туркӣ (қазоқӣ) таълиф менамоем. Ин мисраъҳоро аз аввалин ёдгории хаттии мардуми туркзабон (қазоқҳо) - "Кутадғу билиқ", ки дар асри XI аз ҷониби шоир ва донишманди замон Юсуфи Баласуғнӣ таълиф гаридааст, айнан меорем:                                

Арабча, тожикча китоблар уқуш,

Бизинг тилимизга бу юмғи уқуш,

Тарҷума:

Китобҳои арабию тоҷикӣ бисёранд,

Ин аввалин асарест дар забони мо.

Дар мавриди ин гуфтаҳо ҳаминро бояд таъкид намуд, ки ин асар яке азаввалин сарчашмаҳои туркӣ ва мероси адабии хориҷа аст, ки вожаи "тоҷик" - ро дар мафҳуми забони форсӣ - тоҷикӣ истифода кардааст.

Сарчашмаҳои асосии инкишофи адабиёти қазоқ аз фолклор ва мероси хаттии тоҷику форс ва ҳатто аз адабиёту маданияти рус маншаъ мегирад. Баъди ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Марказӣ адабиёти қазоқ қариб пурра зери ашъори суханварони адабиёти рус монд. Сардафтари адабиёти классискии қазоқ Абай Қуқанбоев ҳангоми эҷоди аввалин шеърҳояш аз классикони тоҷик Шамси Табрезӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Бедилу Сайидо бештар истифода мебурд ва онҳоро муаллимони худ медонист. Аз адабиёти рус ва Урупо маншаъ гирифтани адабиёти муосири халқи қазоқ пурра дар осори поягузори адабиёти муосири Қазоқистон Сакен Сайфулин дарҷ гардидааст.      

Дигар ёдгорие, ки миёни мардумони турк (қирғизҳо) маъруфу машҳур аст, ин эпоси халқии "Манас" мебошад, ки нисбат ба дигар достонҳои этикии ин миллат, аз қабили "Таштук", "Кожожаш" ва "Кедейхон" нисбатан калонҳаҷм (дар се қисм зиёда аз як миллион мисраъ) аст. Миёни "Манас"-и қирғизҳо ва "Алпомиш"-у "Гурӯғлӣ"-и тоҷикон  ва шоҳкитоби Ҳакими Тӯсӣ "Шоҳнома" монандиҳои зиёде ба назар мерасанд. Ин аз он дарк медиҳад, ки  "Манас" бофтаи халқҳои қирғиз аз рӯи дид ва ё хонди ин асарҳои безволи тоҷику форс аст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки "Алпомиш" ҳанӯз дар давраи империяи бузурги  Ҳахоманишиҳо таълиф шудаасту "Шоҳнома" - и пайғамбари Тӯсӣ дар санаи 5 - уми сентябри 1994 1000 - сола шуд. Вале, ҷашни 1000 - солагии  "Манас", соли 1995 таҷлил гардид ва ин гувоҳи он аст, таълифи ин асар аз соли 995 оғоз мегардад. Тоҷикон бо тақозои наздикӣ ва гоҳо ҳамтақдирӣ аз вуҷудият ва маъруфияти ин эпос бармаҳал огоҳӣ ёфтанд, ки ҳатто аксарият қирғизҳо он қадар огоҳ набуданд. Хулласи калом ин асар мисли "Кутадғу билиқ" асарест, ки аз қаробат ва хешутабории деринаи миллатҳои тоҷику қирғиз дарак медиҳад.

Дар паҳнои Мовароуннаҳр миллати дигаре аст, ки дар миёни халқияту миллатҳои туркнажод нисбатан ҷавон ва наздик ба 500 сол таърих дорад. Тамаддун, адабиёт, санъат ва маданияти дар тӯли таърих  пайдонамудаи ин халқ низ аз миллати ҳамсоя (бахусус тоҷик)  сарчашма мегирад. Мисол, агар миллати узбак ба он ақоид бошад, ки Амир Темур аввалин асосгузори давлати узбак ва Алишери Навоӣ асосгузори адабиёти классики эшон аст. Пас Темурро дар соли 1336 модари тоҷик - Нигина, ки худ зодаи шаҳри Ҳирот буд, таваллуд намудааст, на модари узбак. Таърих гувоҳ аст, ки дар дарбори Амир Темур танҳо мардуми Ҳирот фаъолият менамуданд, на мардуми кӯчманчии пастхамии Қипчоқ. Алишери ятимро низ, Абулқосим Бобури ҳиротӣ ба воя расонида ва тарбия намудааст, ки худ яке аз одамони фозилу донишманди тоҷикони Ҳирот буд. Дар адабиёт эҷодиёти Навоӣ (Фонӣ) тамоман навгоние надорад, танҳо мисли кӯдаки нав роҳрав, дар пайроҳаҳои суфтанамудаи Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷа Ҳофиз ва Абдураҳмони Ҷомӣ қадам задаасту халос. Чунончӣ, Алишери Навоӣ омӯзиши эҷодиёти классикони адабиёти тоҷик ва пайравӣ ба ононро шарафи олӣ дониста, чунин изҳори ақида кардааст:

Фонӣ, чу шуди ҷуръакаши Ҳофизу Ҷомӣ,

Ҷамшед гадоӣ кунад аз ҷуръаи ҷомат.

Ё дар мавриде ишора менамояд, ки:

Йӯлдаса бу йӯлда Низомий йӯлим,

Қӯлдаса Хусрав била Жомий қӯлим,

Тарҷума:

Роҳ диҳад роҳи Низомӣ маро,

Даст диҳад Хусраву Ҷомӣ маро.

Дар ҷои дигар Навоӣ ба ғазали машҳури Хоҷа Ҳофиз "Воизон, к - ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд" тақлид менамояд, ки:

Воизон то чанд маъни ҷому соғар мекунанд,

Чун димоғи хешро ҳам гаҳ - гаҳе тар мекунанд. 

Миёни халқҳои турк миллати туркман, ки худро аз ин миллатҳои ҳамзабон дар канор мегираду дар корҳояшон дахолат наменамояд, ба гуфтаи устод Турсунзода: "Рӯз чашмашро кӯшояд бетараф…" - ро пешаи худ қарор додааст. Ин халқ дар роҳи ҷустуҷӯи аслу насаби хеш давлати Салҷуқиёнро, ки ба пешрафти илму фарҳанг ва сохтори давлатдорияш олим ва сиёсатшиноси нотакрори тоҷик Низоммулмулк ва мутафаккири номвари ҳама давру замон Умари Хайём асос гузоштаанд, гузаштаи миллии худ медонад. Ва худ қазоват намоед, ки дар пешрафти давлату давлатдории ин сулола низ боз саҳми фарзандони фарзонаи тоҷик пеши назар аст. Асосгузори адабиёти классикии туркман Муҳаммадқулӣ бошад, дастпарвари олим ва мударриси машҳури форсу тоҷик Ниёзи Солеҳ мебошад. Ашъори вай мисли ашъори Навоӣ, сар то по дар атрофи суханони волои Ҳаким Фирдавсӣ, Ҳаким Хайём, Мавлонои Балхӣ ва Саъдии Шерозӣ таълиф шудааст, вале бо мазмуну муҳтавои соддаю равон. Дар ҷое Муҳаммадқулӣ аз байти ватандӯстонаи Фирдавсӣ рӯҳу ҷасорат гирифта бо эҳсос менависад:

ФИРДАВСӢ:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

МУҲАММАДҚУЛӢ:

Ҳеҷ аст дусад буздил дар лаҳзаҳои даркорӣ,

Бар хасм зафар ёбад сарбози фидокоре.

Дар минтақаи Қафқоз ду миллати форс - абхазу осетин ва як миллати турк - озар аз қадимулайём паҳлӯи ҳам буданд ва ҳастанд. Дар таъриху тамаддун ва пешрафти илми Озарбойҷон саҳми риёзидон ва ситорашиноси тоҷик Насриддини Тӯсӣ ва  шоири "Хамса" - саро Низомии Ганҷавӣ саҳми арзандае доранд. Дар баробари ин нобиғаҳои тоҷику форс ғазалсарои муштараки халқҳои туркзабон Муҳаммад Фузулӣ ба арсаи илм  омадааст. Вале ӯ дар оилаи марди озаритабори шаҳри Бағдоди Ироқ ба дунё омадааст. Фузулӣ ба мисли дигар ҳамнажодонаш илҳоми шеърнависию ғазалсароиро аз ашъори Ҳофиз, Камол, Ҳоқонӣ ва Ҷомӣ дарёфт намуда, дар жанри ғазал миёни туркзабонҳо баъди Навоӣ мақоми дуввумро соҳиб гардидааст. Ин шоири лирик дар ғазале қайд менамояд, ки бо ҳамин қадар дониши баланд худро дар назди шоирони тоҷику форс шогирди кӯчактарине меҳисобад:

На ман танҳо шудам бонии ин хона к-аз аввал буд,

Асос аз комилони Ҳинду Шервону Хуросонаш.

Се рукни хона буд аз Хусраву Ҳоқонию Ҷомӣ,

Ман аз Бағдод кардам саъй дар такмили арконаш.

Суханварони дигари Озорбойҷон, ҳамчун Фазлӣ, Воқиф, Видодӣ, Охундов, Собир, Маҳмадқулизода ва дигарон баробари ба забони модарии хеш шеър эҷод карданашон, ба забони тоҷикӣ-форсӣ низ кам ё беш асарҳо ба майдон оварданд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки шоирони туркзабон асарҳои суханварони тоҷику форсро суботкорона омӯхтанд ва дар пайравии суханварони тоҷику форс шеъру ғазал, қасидаву рубоӣ ва ғайраро эҷод менамуданд. Ин чунин гуфтан ба маврид аст, ҳатто  наметавонистанд аз "хати кашида"-и мутафаккирони тоҷик берун бароянд.

Ватани аслии мардумони туркзабон, макони аслии пантуркистони гузаштаву муосир ва "гаҳвораи тамаддун"-и турк кишвари Туркия навобаста аз мавқеи дури ҷуғрофӣ, дар байни ҳамтоёни Осиёи Миёна, Қафқоз ва Сибириаш мавқеи калидиро ишғол менамояд. Агар ҳамтоёнаш аз таъриху тамаддун даъвоҳои беасос кунанд, ин кишвар бо филмҳои дуруғинаш ба монанди "Ҳомиён", "Рӯ ба сӯи маърифат", "Меҳвари ҳақиқат", "Хаёлҳои сабз" ва ғайраҳо таблиғи ислом ва пантуркизми солҳои бистуми асри гузаштаро такрор менамояд…

Хонандагони гиромиқадр, андешаҳои банда ба гуфтаи Мавлонои Балхӣ "Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат бигӯ…" шабоҳат доранд ва  худи Шумо қазоват кунед, ки солҳои 20 - уми асри XX ба сари миллати тоҷик чи рӯзҳои сангине омада буданд? Дар роҳи инкишофи ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстии мардумони тоҷикистонӣ як навъ бемеҳрӣ эҳсос мегардад, ки ин боиси боз ҳам зуддтар аз даст рафтани ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангии миллӣ мегардад. Ба ҳамин хотир хостам, ки як навъ ҳисси ватандӯстиро дар дили инсоният бедор намоям. Боқӣ Худо ҳофиз, зеро, ки: "Муроди мо насиҳат буду гуфтем"…

Номвар ҚУРБОНОВ,

устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97