2012- соле, ки гузашт бо чӣ хотирае дар зеҳни шумо нақш баст?

Иҷтимоъ 31.12.2012 10:10

Nargis QosimovaНаргис Қосимова, раиси созмони ҷамъиятии «Даст ба даст»:

- Соли 2012 соли пурғановате барои мулоқоту ҳамойишҳо ва тарҳҳои муштарак буд. Дар маҷмуъ бисёр соли пурбор буд. Мутмаинам, ки мо ҳамроҳ бо дӯстон ва шарикони худ зиндагиро каме ба сӯи беҳбуд пеш бурдем. Бо вуҷуди таҳдидҳои сайтбандӣ дар остонаи соли нав, умедворам, ки соли 2013 соли умедҳо ва амалҳои нек хоҳад буд.

Saijafar RahimovСайидҷаъфар Раҳимов, соҳибкор

Чунон ки шайх Саъдӣ қайд кардааст:

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.

Соле, ки бештараш гузашт ва дар арафаи анҷомёбист барои ман бисёр бобарор ва бобаракат буд, алҳамдулиллоҳ.

Сохтмони хона қариб, ки ба итмом расид, фарзанди якумам ба омӯзиши илми тибб, ки яке аз илмҳои барои мардум ва ҷомеъа нафъовар аст, муваффақ шуд, масъалаи хониши дигар фарзандонам низ рӯ ба беҳбудӣ овард. Иқтисоди хона ба танзим даромад, нақшаҳои нави фаъолияти соҳибкориро пеш гузоштам. Чун ман аз аввал ба соҳибкорӣ ва корҳои муҳосибӣ майл доштам, дар ин ҷода пешравиҳо низ ба назар мерасад. Дар маҷмуъ соли 2012 бароям соли баде набуд. Хотиротеро аз ҷиҳати беҳбуди иқтисод бароям ба ҷой гузошт.

UmarУмари Давлат, коршинос

Хотирае, ки аз соли 2012 дар ёдҳо нақш баст, ин амалиёти бемантиқи Хоруғ буд, ки хун рехта шуд ва наздик ба 70 нафар куштаву миллионҳо маблағ ба мардум ва буҷа зарари молиявӣ овард.

Дувум хотира, ин имзои тамдиди шартномаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия буд, ки қариб манфиатҳои Тоҷикистон ба назар гирифта нашуданд.

Хотираи нек аз ин соле, ки сипарӣ шуд, ин аз олимпиадаи Лондон барои аввалин бор медал овардани духтари тоҷик Мавзуна Чориева буд ва дуввум ифтитоҳи нақби Шаҳристон.

Sabohat

 

Сабоҳат Худоёрбекова, мусаҳҳеҳи "Минбари халқ"

Аз ҳаёти мо боз як сол сипарӣ шуд - як соли бурду бохт, умеду ноумедӣ, ширинию талхиҳо… Дар ҳаёти ман низ хотираҳо зиёданд, муҳим он ки пайвандон сиҳату саломат, зиндагӣ тинҷ ва дӯстон вафодоранд. Ба кули ҳамватанон соли навро муборак гуфта, барояшон шодмонӣ, сарбаландӣ ва тансиҳатиро хоҳонам. Бигзор ҳаёташон саршори хушбахтӣ ва дилҳояшон лабрези шодию сурур ва орзуҳои нек бошад!

 

SurajСураҷ Назаров, муҳоҷир

Хотироти ман аз соли сипаришуда ин боз ҳамон хотираҳои куҳна, яъне бебарқӣ, бекорӣ ва сарсонию саргардонӣ. Аммо хотироте асосие, ки дар зеҳни ман нақш бастааст, ин амалиёти дар Хоруғшаҳр гузаронидаи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мебошад.Ин амалиёт боиси талафоти ҷонии мардум шуд ва  ҷомеъаи шаҳрвандиро  дар Хоруғшаҳр ва дар  дигар манотиқи Тоҷикистон фаъол кард. Ва мардум каму беш ҳам бошад аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ дифоъ карда тавонистанд.

Iskandar Aliev

 

 

Искандар Алиев, хабарнигор, аз ш. Прага:

Ба фикри ман, сол, соли хеле хубу ором буд. Вале ин ки, оё ягон ҳодисаи мушаххасеро дар ёд дорам, мегӯям, ки не.

 

MavjudaМавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигор

Агар росташро бигӯям, соли 2012 баъди воқеаҳои дар Бадахшон рух дода хотирае некеро дар зеҳнам нагузошт. Умуман чиз нек аз сол он вақт дар ёди ҳар шахс мемонад, ки он муваффақияти чашмрасе бошад, нафақат барои як шахс, балки барои тамоми ҷомеа. Ҷаҳиши босуръати нархҳо, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии мардум ва ҳазору як мушкилоте, ки имрӯз гиребонгири мардуми тоҷик аст.

Албатта ин сол барои ман хотирмон буд, ба он хотир ки духтарам донишгоҳро берун аз кишвар бо муваффақият хатм карда омад, аммо аз ин ман хурсанд нашудам, чунки боз ҳам дарк кардам, ки барои Тоҷикистон мутахассис лозим нест. Ва ҷавононе, ки бидуни кадом воситае дар хориҷ таҳсил карда бармегарданд, боз ҳам бекор мемонанд. Масалан, ман фаҳмидам, ки ҷавоне, ки МГУ- ро хатм кардааст, дар бозор коло мефурӯшад. Умуман, агар сохтмони Роғунро дар ин сол босуръат идома мебахшиданд, шояд сол на фақат барои ман, балки барои тамоми мардуми тоҷик хотирмон мешуд.

Sohibyri TolibСоҳибёри Толиб, сармуҳаррири нашрияи "Тоҷикони Россия"

Соли рафта истодаро дар Маскав паси сар кардам ва метавонам аз рӯйдодҳое ҳарф занам, ки ин ҷо шоҳид будам. Бештари мавзуҳои ба тоҷикон рабтдошта, ки расонаҳои русиро пур мекарданд, асабхаробкунанда буданд. Агар аз ҳар даҳ мавзуъ, яктоӣ ба ёд оварем, оғози сол қазияи боздошти халабонҳои рус аз хотири русҳо нарафта буд ва ҳамватанони мо солро бо таҳаммул намудани кинаварзиҳо пешвоз гирифтанд. Ва изҳороти Жириновский оиди он ки гӯё "солҳои 90-ум дар Тоҷикистон маҳз русҳоро қатл мекарданд", пайдоиши гуруҳҳои нави мухолиф ва изҳоротҳояшон, боздошти онҳо ва сӯиқасд ба ҷонашон, куштори Аҳтамшоҳи ҷавон ва марги даҳҳо тоҷикистониён дар Русия, бастани фейсбук ва сомонаҳои дигар аз ҷониби БСЗ ва даҳҳо хабарҳои дигар тоҷиконро дар Русия ангуштанамо кард. Аз ҳама нангинаш, скинхеди рус Тесакро ба Тоҷикистон бурданд, бар ивази меҳмондорӣ, ӯ гузаштаву имрӯзи моро масхара кард ва аз хушомадгӯии ҳамватанам ба як қотил, замин намекафид, ки дароям.

Бо вуҷуди ҳамаи ин ба хотири он, ки дар назди Худованд ношукрӣ нашавад, мегӯем, ки соли хубе буд, зеро хабарҳои хуш ҳам дошт. Эшони Нуриддинҷон ва баъд аз он кас муфтии Тоҷикистон ба Русия сафар карданд, бахшида ба даҳсолагии нашрияи "Тоҷикони Россия" Шабнами Сурайё дар радифи сарояндагони шинохтаи рус дар Маскав ҳунарнамоӣ намуд, дар ҳар гӯшаи Русия даҳҳо маҳфилҳои фарҳангӣ баргузор гашт, ки ташкилкунандагонаш тоҷикон буданд. Инҳо хотироти неканд.

YqubЁқуби Сайид, рӯзноманигор

Соле, ки гузашт албатта бо хотирот ва воқеоти рангин дар ёдҳо боқӣ монд ва ба таърих пайваст. Он хотироте, ки бе восита ба худам рабт доранд, ба назарам, дар самти касбу корам каме пешравиҳо буданд, ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ. Аз он воқеоте, ки дар дохили Тоҷикистон рух доданд, қабл аз ҳама нооромиҳои Хоруғ аст, ки фаромӯшношуданианд. Ин рухдод бори дигар принтсипи иҷтимоӣ будани давлати Тоҷикистонро зери суол қарор дод. Баъдан хотираи дигаре, ки гумон мекунам ҳич зудуда нахоҳад шуд, ин реҳлати устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аст. Инсоне ки бо он ҳама бузургӣ як зиндагии содда дошт, бо ҳамон соддагӣ моро падруд гуфт. Аммо дар маҷмуъ агар ин ду ва чанде дигар аз ин даст ҳодисоти манфиро сарфи назар кунем, соли 2012 нисбатан пурфайз буд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97