Барзу ифтихори миллат аст

Иҷтимоъ 08.11.2012 16:24

барои ҳифзи ин ифтихор ҳамёрӣ  мебояд!

barzuБани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

                                                     (Саъдӣ)

Ҳодисаи ногувори пешомада барои ҳунарманди миллӣ Барзу Абдураззоқ боиси озурдахотирии  ҳамаи ононе гардид, ки дар ин "даври қамар" бо вуҷуди тамоми мушкилоту гирифториҳо ҳанӯз ҳам нисбат ба арзишҳои  миллӣ ва ҳунарӣ бовар ва эҳтиром доранд. Ҳодисаи ронандагӣ ва дардҳову саргардониҳои пас аз они ин ҳунарманд дар давроне, ки Миллат ва Меҳани азизи мо аз камбуди  шахсиятҳои миллӣ ва ҳунарӣ ранҷ мебарад, озори хотирҳо ва виҷдонҳои бедорро бештару бештар мекунад...

Эй кош, чунин ҳодисаҳо такрор нашаванд ва ба дардҳову  костиҳои ҷомеаи бефарёдраси мо наафзоянд...

Эй кош, он худрави шумҳаракат ба Барзу бархурд намекард... ва аз он муҳимтар эй кош, агар қисмат ҳам, ки ин гуна буда, ба нозуктарин узви ин инсони аз нигоҳи   ҳунар ва андешаи миллӣ дӯстдоштанӣ осебе  намерасид... эй кошу садҳо коши дигар!

Инак Барзуи Абдураззоқ - ин ҳунарвари зодаи сулолаи ҳунар чанд гоҳест, ки наметавонад дунёи пур аз эъҷозу ҳунарро ба роҳатӣ мушоҳида ва илҳому андешаҳои    зебову ҷаззоби худро табдил ба осори ҳунарӣ ва миллӣ кунад. Барзу то пеш аз он ҳодисаи ногувор ҳар дафъа ба Маскав мерафт то аз Театри Калон ва ҳунаркадаҳои дигар дидан намояд ва осори ноби бузургони Русияву ҷаҳонро ба наззора биншинад. Ӯ сафар мекард ва бо кулбори пур аз бардоштҳо ва нақшаҳои муъҷази ҳунарӣ ба Ватан бармегашт, то битавонад аз роҳи ҳунар масоил ва мушкилотро бозгӯ кунад ва ба маънавияти ҷомеъаи дучори фақри фарҳангӣ биафзояд ва дардҳои иҷтимоӣ ва маънавиро дармон намояд.

Ӯ акнун боз ҳам сафар кардааст, аммо на барои  ҳунарафзоӣ ва чораҷӯӣ ҷиҳати дармони дардҳои ҳамзабонону ҳамзамонон, балки ба манзури дармони дарди  дидагони дардманди хеш роҳии диёри ғайр гардидааст. Эҷодкоре, ки бо андому чеҳраи рустамонаву ориёии хеш дар муътабартарин толорҳои ҳунарии Душанбеву Теҳрон ва Маскаву Порис хунари асилро ба намоиш мегузошт, акнун ҳамроҳи ҳамсари вафодораш саргардони хиёбонҳои сарду полисии Маскав (таъбири нависандаи шодравон Муҳаммадраҳими Сайдар) аст...

Бале, ин ҳамон Барзуе аст, ки борҳову борҳо ҳунари театрии тоҷикро дар шаҳрҳои бузурги дунё намояндагӣ кардааст, ба хотири ҳунари волояш дӯстдорони эъҷозу зебоӣ каф кӯфтаанд, аз тариқи ӯ Тоҷикистонро шинохтаанд  ва ба ин диёри куҳанбунёд ишқ варзидаанд. Ин ҳамон ҷавонмарде аст, ки соли гузашта дар марҳалаи ихроҷи дастҷамъонаи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия, қатори шумори андаке аз рушанфикрон ва дилсӯзони миллат ба дифоъ аз ин муҳоҷирони мазлум садо баланд кард ва раҳбарии ин маъракаи саривақтиро бар уҳда гирифт. Ва ҳам ӯст, ки дар канори эҷоду ҳунар дар саҳнаи театр ҳамвора дар  маҳфилҳову расонаҳо дам аз риъояи ҳуқуқҳои инсонӣ, адолати иҷтимоӣ ва бозёбии ҳуввияти миллӣ мезанад ва ба ҳамин далел ҳам гоҳо мавриди бемеҳриҳо қарор гирифтааст.

Эълом шудааст, ки барои табобати Барзуи Абдураззоқ  ниёз ба маблағи фаровон аст ва хушбахтона Вазорати фарҳанг ҳам барои рафъи ин масъала аз тариқи сафорати Русия даст ба кор гардидааст. Бо ин ҳол ҳанӯз маълум нест, ки ин иқдом натиҷабахш хоҳад буд ё хайр...

Ба ҳар ҳол ончи рушан аст, Барзу барои эҳёи рушаноии комили чашмонаш эҳтиёҷ ба ҳамёриҳои давлат ва мардумони саховатпешаи диёр дорад. Ин дар ҳолест, ки   ҳунарманди волоҳиммат ва баор ҳанӯз аз касе чизе нахостааст ва ҳатто ронандаи хатокорро ҳам бахшидааст!!!

Бо ин васф ин ҳамдиёри баруманди мо тани танҳо ва фақат  ба умеди Худо ба набарди тақдир рафтааст, то балки кушоише ба бор ояд. Мо ҳам умед аз он шифодиҳандаи аслӣ дорем то рушании муносиби дидагони Барзуи азизро ҳарчӣ зудтар баргардонад ва ҳаминҷо ҳам барои бақои ҷони хабарнигори мариз -  Искандари Фирӯз ва садҳо Барзуву Искандари дардманди дигар низ дуо мекунем.

Ва нуктаи охир... шояд... на...на...қатъан дар ин аёме, ки давлатдорӣ ва ҳунару ҳуввияти миллии тоҷикон аз ҳар тараф мавриди таҳдиду фишор қарор дорад, беш аз онки Барзу Абдураззоқ ба мо ҳаммиллатон ниёзманд аст, мо ниёзманди вуҷуди ӯву ӯ баринҳо ҳастем!

Пас биёед бо дуо, бо қалам, бо паём ва агар ҳам имконе ҳаст, бо пули андаке ба ёрии ин ҳунарманде биштобем, ки ҳанӯз ҳунараш ба шукуфоии комил нарасида ва яқинан дар сурати саломатии комил ва эҷоди шароити матлуби корӣ ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дорад ва барои сарбуландии миллату мейҳани азиз хидмат хоҳад кард. Барзу ифтихори миллат аст,барои ҳифзи ин ифтихор ҳамёрӣ мебояд!

Ҳанӯз ки дер нашуда ҳамёри ин эҷодгари ранҷдида бошем то баъд афсуси фурсатҳои аз даст рафтае амсоли қазияҳои бемории  шахсиятҳое чун Устод Тоҳири Абдуҷабборро  нахӯрем.

Некварз Ҳошими Холзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97