Эй Корвон, оҳиста рон… ки ороми ҷонам меравад!

Иҷтимоъ 20.10.2012 16:43

transportСитораи хунук баромаду мо ҳанӯз ба хотири сӯхта шудани бозор натавонистем, саривақт либоси тирамоҳӣ харидорӣ кунем.

Либосҳои соли гузашта аксар барои бачаҳо тангу кутаҳ шудаву ба қаду қомати онҳо рост намеоянд. Бинобар ин рӯзи якшанберо мунтазир шудаву роҳии бозор шудем. Агарчӣ қарибии зуҳр буд, ки мусофири самти "Корвон" шудем, аммо пайдо кардани нақлиёт кори осоне набуд. Маршрутҳое бо насби рақами 46 дар пешонӣ зуд-зуд рад мешуданд. Ва билохира таксие бо навиштаҷоти "Корвон" омаду мо савори он шудаву озими роҳ шудем. Пас аз истгоҳи фурушгоҳи замоне маъруфи "Зебо" дар гардише ба самти шуруъи бозори "Корвон" бар асари трафик анбуҳи мошинҳо мадори гашт намедоданд, ва ронанда ҳар замон гардан меёзонд, ба маъние то мо пиёда бишавему ӯ ба ақиб баргардад, агарчи хатсайри он ҳанӯз хатм нашуда буд. Мо ҳам ногузир пойин шудему давоми роҳро пиёда тай кардем. Гӯё қиёмат ҳаминҷо қоим шуда бошад. Хараҷу мараҷ, сару садои мошинҳову пиёдагардон, ба қавле саг соҳибашро дарёб намекунад. Касеро парвои ин аҳвол нест. Аз кормандони ҳамеша ҳозири ГАИ, ки дар ҳар ҷойи нолозим ҳозиранд, на пай асту на ҳайдар… Вазъият ҳатто кӯдакони мактабхонро, ки ҳамроҳи волидон ба бозор рафту омад доранд, нигарон кардааст, ки ин чӣ вазъ аст, ки калонсолон онро ба вуҷуд овардаанд ва ин бесару сомонӣ поён надорад.

Бо ҳоли зоре ба бозор раҳ ёфтем. Низоми бозор хеле тағйир карда, акнун роҳравҳои беруни бозор "талкучка"-и замони советиро ба ёд меоварад, роҳравҳо пуропури фурӯшанда, дигар милисаҳои нигаҳбони бозор, ки пеш аз оташ гирифтани бозор бовиқор зарфу моли занҳои фурушандаро бо шатта мезаданду онҳоро пеш мекарданд, дида намешавад. Бозори "озод" дар авҷ аст. Дигар намедонӣ, аз куҷо чиро бояд дастрас бикунӣ, савдогар куҷосту ҷаллобҳои гаронфӯруш куҷо. Тавакалан ҳар чизе лозимӣ пеш меомад, харидорӣ кардем, дами дар мевафӯрушҳо меистоданду бозориҳо аз сари роҳ гуфта, мева харидорӣ мекарданд. Мо ҳам ду кило нок гирифтем, ки паҳлуи нокфурӯш марди солманде анор мефурухт, намунае аз донаҳои сурхи анорро рӯйи навъи анорҳояш гузошта буд. Барои муътақид шудан аз марди анорфурӯш мепурсам, ки чаро ин яке анор аз дигарӣ ширинтару вале арзонтар аст, мегӯяд, ки анори туруш барои гардиши хун фоида дорад, аз ин рӯ он қиматтар аст. Ба ҳарфи ӯ бовар кардаву аз анори "туруш"-и савдогар мехоҳам харидорӣ кунам, аммо аз раъйам мегардам, ки мабодо мушкили нақлиёт пеш наояду бо дастони пурбор савор шудан мушкил шавад. Аммо савдогар мегӯяд, ҳеч мушкиле нест, аз шуруъи бозор нақлиёт пайваста дар гардиш асту савор шуда меравед.

Анорро харидорӣ кардаву ба истгоҳи нақлиёт мерасем. Анбуҳи зиёди мусофирони интизор, маршрутҳои пуродам гарди роҳро ба ҳаво пош дода, чун аспи ҷавмаст аз пеши мо мегузаранду мегузаранд. Ронандагони мусофирбар худсарона пешонии нақлиёти худро бо рақамҳои мавриди назар ва шояд ба андозаи киссаҳои бетаги худ тағйир медиҳанду мусофирони беҳимоят чун ҷамъи пода ба дари нақлиёт наздик мешаванд ва якдигарро тела медиҳанд. Зӯрҳо вориди нақлиёт мешаванду одамони нимҷону каме боақл худро қафо мекашанд. Аммо бо ин ҳол то тамом шудани тамоми бозориёни Корвон мунтазир бояд буд ва танҳо намози шом битавон то хона расид ё на.

Таксие бо пешонии қашқаи 82 пеши мо меистад, анбуҳи мардум сӯяш медаванд, бо шунидани нархи роҳкиро 5 сомонӣ яке пайи ҳам раҳояш мекунанд.

"Старекс"- ҳои бовиқору шоҳи роҳ, ки мардумро дар ҳар нишастгоҳи 3 нафарӣ солҳо боз 4 нафарӣ ба зӯр ҷо кардаанд, қимати роҳкироро барои ҳар нафар ё ниме аз курсии худ 4 сомонӣ то охири хатсайр, 2 сомонӣ то ГАИ ва 3 сомонӣ то микрорайони 82 муқаррар кардаву чун жандарме ба мусофирон суҳбат мекунанд: Ҳаркӣ хост бо ҳамин маблағ бишинад, нахоҳад не!

Охир чаро? Ин чӣ фарҳанг аст? Кӣ ҳомии ин мусофирони бечора мебошад? Ҳар киро аспи худу дави худ, то кай бояд ҳукумат бикунад? Магар мардуми ин шаҳр қобили эҳтиром ва иззат нестанд? Агар ҳастанд, пас чаро чунин як ҳолате барои солҳо идома дораду он поён намеёбад? Масъулони роҳи ин минтақа ба куҷо менигаранд? Магар ин минтақа нозири роҳ, раиси ноҳия надорад? Агар дорад, пас дар рӯзҳои якшанбе масъулияти ин минтақаро бар уҳдаи кӣ мегузоранд? Кафили амнияту иззати мардум дар рӯзи якшанбе бояд кӣ бошад? Ё дар ин рӯз иззату обрӯву шарафу ҳайсияти шаҳрванд ҳам таътил бояд бошад?

Ба хотири шикастани ташнагӣ давру бари истгоҳро назора мекунам, то обе бихарем. Ҳама ҷо обҳои ҳар гуна мефурушанд, духтарам мегӯяд, муаллима таъкид кард, ки барои гирифтор нашудан ба ҳар маризӣ аз харидану хӯрдани обҳову ғизоҳои сари роҳ худдорӣ бикунед. Ба муаллимаи духтарам аҳсану офарин мефиристаму мегӯям, медонам духтарҷон, ман ҳам думболи обе дар зарфи даҳонбаста мегардам, аммо худо кунад, ки он ҳам зараровару олуда набошад. Фурӯшандае, зарфи оби бидуни газро бо зарфи пластикии пачақшудае дарозам мекунад, ки радаш мекунам, ӯ исрор мекунад; "хай, Кола бигир апа". «Кола» -ашро ҳам намегирам.

Беҳтар медонам, ки то хона таҳаммул бикунем. Агарчӣ аз вазъияти мавҷуд асабониву хастаам, аммо ноилоҷ бояд таҳаммул кард. Ман, ки танҳо нестам, як шаҳр одам гирифтори ин мушкил аст.

Мошини сабукраве бо навиштаҷоти «82» назди мо қарор мекунад: "82» бишинед, 4 сомонӣ!". Наздиктар рафтаму гуфтам, агар «102» биравӣ, бишинем. Бо сарфи 8 сомонӣ барои ду нафар аз "Корвон" то назди зоишгоҳи 3 роҳӣ мешавему тамоми мушкилотро бо мардуми бечораву мусофири ин мавзеъ вомегузорем. Аммо бо рафтан, ки мо рафтем ва аз мукшил ворастем, вале мушкил ҳамон ҷо бозмонд, одамони зиёде низ. Вале ногузир мо ба ин ҷо боз хоҳем гашт, барои харид, чун ҳамин як бозорро дорем, ки ҳама чиз дар он ёфт мешавад, ба ҷуз тартибу низом. 

Хаставу лакот ба хона бармегардем. Бо таассуроте олудаву гандида ба як рӯзи пурмушкили Истироҳат дар хатсайри "Корвон", ГАИ, 82,102". Ин лаҳза мехоҳем аз анорҳои харидаамон аз «Корвон» нӯши ҷон кунему хастагиву ташнагӣ бишканем, анор ба бахти мо хом баромад. Анорфурӯш ба чашми мо хок пошида буд. Ин ҳам исботи беназмии бозори «Корвон» аст, ки ҳар кӣ ҳар чӣ хост мефурӯшад. Дар фикри мардуми харидор касе нест.

Мушкили мо бо пардохти 8 сомонӣ барои расидан то хона ҳал шуд, агар боз анори хом боиси асабоният намешуд. Аммо мушкилоти ин хатсайру "Корвон" рӯз аз рӯз печидатару расвотар мешавад, шояд фурсати он расидааст, ки масъулони ин мавзеъ, аз милисаи роҳ то масъули ҳукумати он ба мушкили ин мардум расидагӣ кунанд ва аз худ дарак бидиҳанд, ки ҳастанд.

Ё беҳтар аст, ҳарчӣ зудтар бозори "Корвон"-ро бубанданд, ҳам мардум аз дарди сар халос мешавад ва ҳам дигар ронандаи ин хатсайр фурсати таҳқир кардани мусофиронро, ки ба ӯ ва хонаводаи ӯ нон медиҳанд, пайдо намекунанд.

Чӣ гуфтед, масъулони муҳтарам?!

А. Мирзо

P.S.  Воқеан рӯзи сешанбе ҳангоме, ки ин мақола навишта шуда буд, писари калонӣ аз мактаб баргашту бо сафедкунии худ ва бо хиҷолат арз дошт, ки «оча, ин пойафзоли «макасин»-и овардагита бин рост рафтам мактабу омадам, клейаш боз шудаст ва ҳар ду паяаш «забон» боз кардаанд. Ин ҳамон «макасин»-и таърифии фурушанда буд, ки мегуфт, боарзиштарин пойафзори варзишӣ ҳамин аст. Ин боз ҳам намунае аз моли бозори «Корвон» аст, ки лоақал барои як ҳафта мавриди истифода нест. Бало ба паси пули сарфшуда, азобҳои бозорравӣ ва даҳҳо мушкили рӯзи якшанбеи «Корвон»-ро намегӯӣ. Ба фикрам, ҳамин далелҳо кифоят мекунад, агар не, даҳҳо далели дигарро ҳам метавон овард, то ба ин дарк бирасем, ки дигар замони бозорҳои асримиёнагӣ гузаштааст, бояд аз онҳо даст кашид ва рӯ ба сӯи бунёди Гипермаркетҳо овард, ҳадди ақал дар пойтахти азизамон Душанбе.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97