Ҳаққи Шакурӣ бар гардани мо чист?

Иҷтимоъ 11.10.2012 15:19

Muhiddini_MehdiМуҳиддини Меҳдӣ,вакили Маҷлиси намояндагони Афғонистон

(Дайни Шакурӣ, бар мудаъиёни ҳувияти Хуросон)

Хабари даргузашти донишманди гаронмоя, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бисёр таъсировар буд. Шакуриро чандин бор мулоқот намуда будам.

Дар соли 1997, Ӯ ба китоби ман, зери номи "Заминаҳои рушди забони форсии дарӣ то асри Сомонӣ" муқаддимаи олимона навишт.

Эътиқоди он замони маро, ки тассавур мекардам, забони бохтарӣ "модари забони дарӣ" аст, ба оҳистагӣ интиқод кард ва гӯшзад намуд, ки забони бохтарӣ, яке аз гӯйишҳои забони бузургтаре буда, ки қабл аз ривоҷи гӯйиши дарӣ, дар Хуросон, дар дарборҳои Кушонӣ  ва Ҳайтолӣ роиҷ будааст.

Ҳарчанд барои муаррифии Шакурӣ танҳо муқаддимае, ки Ӯ ба китоби "Намунаи адабиёти тоҷик" асари Садриддини Айнӣ навишта кофӣ аст, аммо аз Шакурӣ даҳҳо асари арзанда дар даст аст.

Шакурӣ дар он муқаддима, таърихи Варорудон (Мовароуннаҳр)-ро аз асри Сомонӣ то истилои Русияи Шуравӣ ба сурати муъҷаз ба риштаи таҳрир дароварда, далоили Айниро барои нигориши китоб, ки ҳамоно ҷавоб ба инкори мавҷуди таърихии забони форсӣ дар Варорудон аст, ба зебоии тамом баён карда, чандон ки хонандаи аҳли Афғонистонро дар таваҳҳуме андозад, ки нашавад Шакурӣ аз таърихи Хуросони Шарқӣ сухан мегӯяд ва аз ситаме, ки ба забон ва фарҳанги форсӣ дар ин хита раво дошта шуда.

Ҳақиқат ин аст, ки тайи қуруни 19-ум ва 20-ум, истеъмори Русия тазорӣ ва Бритониёи инглисӣ ва бозмондагони онҳо, дар муқобили забон ва фарҳанги форсӣ, дар ду бахши Хуросон руҳияи мушобеҳеро дар пеш гирифтанд.

Шакурӣ дар китоби "Хуросон аст инҷо" эҳсосоти ғолиб дар Тоҷикистон пас аз истиқлолро, ки бисёр маҳалигарост, интиқод мекунад ва барои аввалин бор "ҳувияти хуросонӣ"-ро барои сокинони Хуросони таърихӣ матраҳ ва пешниҳод мекунад.

Ӯ аз ин лиҳоз ҳақи бузургӣ бар гардани касоне дорад, ки дояи "хуросонӣ" буданро дар баробар ҳувиятҳои қавмӣ унвон мекунанд.

Ҳувиятҳои қавмӣ, сокинони Хуросонро ба ҷони ҳам андохта ва ифтихороти муштаракро, ки аз он ҳама ақвом ва мутаалиқ ба тамаддуни исломӣ буда, порча- порча карда аст.

Ин чизе аст, ки Шакурӣ ба хубӣ ба он пардохта ва таҳти ливои "ҳувияти хуросонӣ" ақвоми сокин дар сарзамини паҳноваре миёни Сирдарё то марзҳои Сиистон ва Вазиристонро соҳиби ҳувияти воҳид донистааст.

Шаҳкори Шакурӣ рисолаи Ӯ бо номи "Садриддини Айнӣ" аст.

Шакурӣ ин китобро ба хати форсӣ (ба қавли тоҷикон хати ниёгон ва ба қавли Осиёи Миёнагиҳо хати мусулмонӣ) нигошта аст.

Хеле аз осори Шакурӣ ба хати форсӣ аст. Ин китоб, Айниро ба унвони пешвои наҳзати миллӣ нишон медиҳад, ки асри торики хонадони Манғитияро пушти сар мегузорад ва тоҷикони Осиёи Миёнаро вориди асри Саветӣ (Шуравӣ) месозад.

Ин ҳаракат дар осори Айнӣ расм гардида ва дар забони шеър ва насри Ӯ ба ваҷҳи аҳсан тасвир шудааст.

Айнӣ намояндаи шеър ва насри ҳамин давра аст, чунон ки Шакурӣ худ намояндаи интиқолӣ аз асри Саветӣ ба асри истиқлоли сиёсӣ ва адабии тоҷикони Осиёи Миёна аст.

Ҷой дорад, ки ин буъди кори Шакурӣ мавзӯи нигориши асаре аз гунаи китоби "Садриддини Айнӣ" -и Ӯ бошад.

Фуқадони Шакурӣ дар ҷомеаи илмӣ ва адабии ҷаҳони форсигӯ, махсус ва ҷойи Ӯ барои солиёни дароз холӣ хоҳад буд; магар ин, ки он замини пурборе, ки хоки Хуросон дорад ва он истеъдод ва боландагӣ, ки забони форсирост, ин камбудро ҷуброн намояд ва ба зуди  фарзанди барӯманд бо қалами тавоно вориди майдон созад.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97