Тақвияти қонунгузориҳо ҷиҳати вокуниши беҳтар ба офатҳои табиӣ

Иҷтимоъ 08.10.2012 15:59

Чаро ин мавзӯъ муҳим аст?

salibi_surkhДар даҳ соли гузашта офатҳои табиӣ ба бештар аз 2,3 миллиард нафар зарар расонидаанд - ин рақам баробар ба сеяки аҳолии сайёра мебошад.

Ҳаҷми умумии ин зарарҳо аз 910 миллиард доллар ҳам убур кардааст. Офатҳои табиӣ имрӯз ба яке аз бузургтарин хатарҳо ба амнияти инсоният ва рушд дар саросари ҷаҳон табдил гаштаанд.

Тағйири иқлим боиси афзоиши шумор ва дараҷаи харобкории офатҳои табиӣ гардидааст. Ин офатҳои табиӣ ба гунае, ки таъсирашон тавсеа меёбад, наметавонанд давлатҳоро бетараф боқӣ бигзоранд. Бештарин зарарро ҳам чӣ дар кишварҳои рушдкарда ва чӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд мардуми фақир ва осебпазир мебинад.

Таҷрибаҳо ҳокиянд, ки қонунгузориҳои хуб ва муассири маҳаллӣ метавонанд афзори муҳим ва бебаҳое барои коҳиш додани осебпазирият аз офатҳо ва таъмини вокуниши муассир ба онҳо бошанд. Қонунгузориҳои заиф, баръакс, ба таъмини амнияти аҳолӣ халал мерасонанд ва эҳёи пас аз офатҳоро мушкил мегардонанд.

Дар даҳ соли ахир, Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) ва ҷамъиятҳои миллии узви он қонунгузориҳои марбут ба вокуниш ба офатҳоро дар саросари ҷаҳон омӯхтанд, хало ва норасоиҳо дар ин гуна қонунгузориҳоро баррасӣ намуда, бо машваратҳо намунаҳои тағйири мусбати ин қонунгузориҳоро таҳия карданд.

Қонунгузориҳо барои коҳиши хатари офатҳо дар сатҳи маҳалла

Чаро дар сатҳи маҳалла?

Зарари офатҳоро бештар мардуми одӣ мебинад ва беҳтарин роҳи кам кардани хатари офатҳо ва оқибатҳои онҳо низ тавассути иқдомҳое дар сатҳи маҳалла мебошад. Вале, пажуҳишҳои ахир нишон додаанд, ки дар ҷаҳон иқдомҳои коҳиши хатари офатҳо дар ин сатҳи муҳим хеле заифанд.

Қонунгузориҳо чӣ таъсире доранд?

Қонунҳои муассир метавонанд:

* Ҷалби маҳаллаҳо ва ҷоме-аи шаҳрвандиро ба иқдомҳои коҳиши хатари офатҳо рушд бидиҳанд;

* Маблағгузории лозима барои коҳиши хатар дар сатҳи маҳаллаҳоро замонат бидиҳанд;

* Омӯзиш ва таълим оид ба коҳиши хатарро замонат бидиҳанд;

* Меъёрҳои воқеъӣ ва иҷропазири истифода аз замин ва сохтмонро дар сатҳи маҳалла таъин намоянд;

* Таҳияи харитаи хатарҳоро дар сатҳи маҳаллаҳо таъмин намоянд.

Чӣ бояд кард?

Ҳукумат бояд қонунгузориҳоияш дар мавриди офатҳоро баҳогузорӣ намояд ва бубинад, ки оё он қонунгузориҳо дар ҳақиқат барои коҳиши хатари офатҳо дар сатҳи маҳаллаҳо мусоидат менамоянд ва ё на?

Монеаҳои танзими қонунӣ барои паноҳгоҳи изтирорӣ ва фаврӣ

Чаро таваҷҷуҳ ба паноҳгоҳ муҳим аст?

Дар натиҷаи офатҳои бузургҳаҷми табиӣ шумораи зиёди одамон ба якборагӣ бе сарпаноҳ мемонанд. Онҳое, ки аз офат наҷот ёфтанду бесарпаноҳ мондаанд, ба паноҳгоҳи амн ниёз доранд, то саломатӣ, амният ва василаҳои моливу ғизоии худро эмин бидоранд.

Аз монеаҳои танзими қо-нунӣ чаро нигаронем?

Мушкилии танзими қонунӣ  аз асоситарин монеаҳое номида мешаванд, ки мутахассисон оид ба паноҳгоҳ ҳангоми ёрирасонӣ ба мардуми зарардида дучор меоянд.

Монеаҳои асоситарин кадоманд?

* Норасоӣ дар гувоҳинома-ҳои расмии ҳаққи моликият;

* Муносибати ноодилона миёни моликон ва онҳое, ки ба паноҳгоҳ ниёз доранд (масалан, миёни иҷорадиҳандагон ва иҷорагирандагон);

* Муносибати ноодилона миёни мардон ва занон;

* Набуди равандҳои муассири тахсиси муваққатии замин.

Чӣ бояд кард?

Ҳукумат бояд ин мавзуъро ба назар бигирад ва дар ҳолати рух додани офат барои таъмини сареъ ва одилонаи ниёзмандон бо паноҳгоҳ омода бошад.

Омодагии қонунгузориҳо барои вокуниши байнулмилалӣ ба офатҳо

Чаро таваҷҷуҳ ба вокуниши байнулмилалӣ ба офатҳо муҳим аст?

Офатҳои бузурги ахир, ба мисли зилзилаи соли 2010 дар Ҳаитӣ ва зилзилаву сунамӣ ва буҳрони ниругоҳҳои ҳастаии Ҷопон дар соли 2011 гувоҳи онанд, ки ҳар як кишваре рӯзе ба ёрии байнулмилалӣ ниёзманд мешавад ва он ёрӣ метавонад ҷони инсонҳоро аз марг ва шарафи инсонҳоро аз бадбахтӣ ва бечорагӣ наҷот бидиҳад.

Аз омодагии қонунгузориҳо чаро нигаронем?

Танзими ёрирасонҳои байнулмилалӣ, ки шумораашон торафт зиёд мешавад, барои кишвари зарардида чолиши бузургест. Монеъаҳои нолозим, таъхир ва кашолдиҳии вақт, масрафоти бештар, ҳамчунин, танзими заиф ва ёрии бесифату ночиз аз мушкилиҳои маъмулӣ дар амалиёти ёриҳои байнулмилалӣ мебошанд.

Ба чӣ пешрафте дар ин самт ноил шудаем?

Дар соли 2007 кишварҳое, ки зери Конвенсияи Женева имзо кардаанд, "Роҳнамои танзими ёриҳои байнулмилалӣ дар қонунгузориҳои маҳалли" (Роҳнамои IDRL)-ро қабул карданд. Аз он замон чандин кишварҳо қонунгузориҳои нави мувофиқ ба "Роҳнамо"-ро таҳия кардаанд ва ё дар ҳоли таҳия кардан ҳастанд. "Намунаи қонун" ҳам дар охири соли 2011 барои осон кардани кори ҳукуматҳо таҳия шудааст.

Чӣ бояд кард?

Ҳукумат бояд "Роҳнамо" ва "Намунаи қонун"-и мазкурро бо қонунгузориҳои худ дар мавриди қабули ёриҳои байнулмилалӣ муқоиса бикунад ва қонунгузориҳояшро бо тавсияҳо мувофиқ гардонад.

Қонунгузориҳои вокуниш ба офатҳо ва ФБҶ СС ва ҲА

Дар соли 2001 Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби сурх ва Ҳилоли Аҳмар барномаи "Қонунҳо ва қоидаҳои вокуниши байнулмилалӣ ба офатҳо"(IDRL)-ро роҳандозӣ намуд. Ҳадаф аз ин барнома коҳиши осебпазирии инсоният тавассути пешбурд ва тарғиби омодагии қонунгузориҳо ба офатҳо мебошад. Аз он замон, ФБҶ СС ва ҲА ва ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамроҳ бо шариконаш аз СММ, созмонҳои минтақавӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, коршиносон ва пажуҳишгарон чаҳорчӯбаҳои қонунӣ ва танзимии мудирияти офатҳоро меомӯзанд, ба ҳукуматҳое, ки ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ доранд, мусоидат мекунанд, давраҳои ом-ӯзишӣ баргузор мекунанд ва маълумот оид ба ин самти қонунгузориҳоро паҳн месозанд.

Дар торнамои мо бубинед:

> Омӯзиши онлайн ва дуҷониба (интерактиви)-и IDRL

> Пойгоҳи додаҳо оид ба афзорҳои қонунии байнулмилалӣ ва миллии мудирияти офатҳо

> Намунаи Қонун оид ба идора ва танзими ёриҳои байнулмилалӣ

> Навидҳо ва наворҳо оид ба IDRL

> Намунаҳои баррасии мав-зӯъ аз саросари ҷаҳон

ва ин ҳама бо панҷ забон дар www.ifrc.org/idrl

Абдулфаттоҳ Шафиев

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97