"Корвон"-ро сиёҳпӯше оташ зад ё…

Иҷтимоъ 04.10.2012 15:04

korvoni_sukhtaДар як навори видеоӣ дар шабакаи Интернет, ки гуфта мешавад, аз "Корвон" аст, як зан бо либоси сиёҳ гӯшае аз бозорро оташ медиҳад.

Масъулони пахши ин навор иддаъо доранд, ки дар ин навор чӣ гуна оташ гирифтани қисмати яклухтфурӯшии бозори "Корвон" дар Душанбе сабт шудааст. Навори мазкур дар торнамои Топвидео пайдо шуд, ки ба назар мерасад, аз дурбинҳои назоратии бозор гирифта шудааст. Дар бораи воқеъӣ ё сохта будани ин навор мақомот изҳори назаре накардаанд.

Дар ин навори видео, дида мешавад, як зан бо либоси сиёҳ як гӯшае аз бозори яклухтфурӯширо оташ мезанад. Ин навор пас аз даҳ рӯзи оташсӯзии бузургтарин бозори Душанбе пахш шудааст.

Бозпурсии гумонбарҳо дар сӯхтори "Корвон"

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки мақомоти тафтишотӣ аввалин гумонбарони эҳтимолӣ дар сӯхтори бозори "Корвон" - ро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.

Як манбаъ дар мақомоти амниятӣ ба радиои "Озодӣ" гуфтааст, то ба ҳол даҳҳо нафар пурсида шуда, иддае мавриди  таваҷҷуҳи вижаи мақомот қарор гирифтаанд.

Ин манбаъ афзудааст, пас аз он ки навори видеоии ин сӯхтор дар ихтиёри тафтишот қарор гирифт ва он ҷо зане зоҳир шуд, эҳтимол меравад, ин нафар як зан аст, ки даст ба оташ задани гӯшае аз бозор шудааст, ё ҳамсари тоҷирест, ё тоҷирзан ва ё шояд як корманди оддии бозор ва ё ҳам фарде дигар.

Аммо Абдураҳмон Бузмаков, сарвари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба ҳамин радио гуфтааст, тафтиши ҳодиса аз сӯи чандин мақомот идома дорад ва он далелҳое, ки дар ихтиёри тафтишот аст, барои расонаҳо ошкор нахоҳанд шуд. Ва танҳо пас аз ниҳоӣ шудани таҳқиқот мардумро аз натиҷаҳои он огоҳ хоҳанд кард.

Шаҳрдории Душанбе эълон кардааст, ки рӯзи 19 сентябр натиҷаҳои фаъолияти комиссияи тафтишотиро нашр хоҳад кард.

Нуршед Машрабов, молики бозори "Корвон" барои иттилое, ки омилони сӯхторро фош месозад, 150 ҳазор сомонӣ ҷоиза ваъда додааст.

50 дарсади бозори сӯхтагӣ бозсозӣ шудааст

 Молики бозори "Корвон" гуфтааст, ки 50 дар сади корҳои бозсозӣ дар бахши яклухтфурӯшии ин бозор, ки дар сӯхтори 6 сентябр хароб шуд, анҷом шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар бунёди дуконҳои ин бахши бозор ҳудуди 600 нафар аз мутахассисон ва сохтмончиён машғули кор ҳастанд.

Нуршед Машрабов, муассис ва молики аслии бозори "Корвон", рӯзи 18 сентябр ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки аз имрӯз корҳои сохтмонӣ дар ин бозор ба таври шабонарӯзӣ анҷом хоҳад шуд.

Ӯ афзудааст: "Бунёди бозор таҳти назорати масъулони шаҳрдории Душанбе ва кормандони идораи умури оташнишонии шаҳр анҷом мешавад. Мо то имрӯз то соати 12:00-и шаб кор мекардем, аммо аз имрӯз ба таври шабонарӯзӣ кор мекунему дар тӯли камтар аз як моҳ ин қисмати бозор дубора фаъол хоҳад шуд." Ба гуфтаи ин масъули бозор, онҳо барои фаъолияти шабонарӯзии сохтмончиён васоили рушноиро насб кардаанд.

Ба умеди фардо

Бозори "Корвон", ки аз бузургтарин бозорҳои Тоҷикистон аст, ба маҳалли кори ҳазорон нафар табдил шудааст, ки аз ин ҷо ризқи худро пайдо мекунанд. Дар солҳои ахир дар қаламрави ин бозор шаш бор сӯхтор сар зада ва оташсӯзии ахир бузургтарин сӯхтор буд, ки бар асари он ду ҳазор тоҷир ва дукондор зарари сангине дидаанд.

Ин оташсӯзӣ рӯзи 6 сентябр, соати 18:00 рух дод ва то субҳи рӯзи дигар давом кард. Ва ин оташсӯзӣ хашми тоҷирони зиёндидаро ба бор овард, ки анбӯҳи тоҷирон барои додхоҳӣ то ба маркази шаҳри Душанбе раҳсипор шуданд, ки боиси нигаронии шаҳрдорон гардид. Шаҳрдори Душанбе ваъда дод, ки омилони сӯхтор кашф ва товони зарари тоҷирон ситонида ва ба соҳибони он баргардонида хоҳад шуд.  

Акнун масъулони бозори "Корвон" барои тоҷироне, ки дуконҳояшон бар асари оташсӯзӣ аз миён рафт, макони хосеро барои тиҷорат ихтисос додаанд. Бисёре аз тоҷирон, ки баъд аз оташсӯзӣ бедукон монданд, дар ин макон машғули тиҷорат ҳастанд ва он рӯзро интизоранд, ки омилони сӯхтор ба ҷазои аъмолашон бирасанд.
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97