Зиндагӣ дар Хоруғ ба маҷрои худ бар мегардад?

Иҷтимоъ 31.08.2012 09:56

Sherali_KHayruloevШералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Хоруғ эълон кардааст, ки дар даҳҳаи дуввуми моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Бадахшон боздид хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол Қодири Қосим, раиси вилояти Бадахшон гуфтааст, мақомоти маҳаллиро зарур аст, ки барои баргузори ҷашни истиқлоли миллӣ омодагии ҷиддӣ бигиранд. Хабарнигори "Азия плюс" аз минтақа менависад, ки Қ. Қосим афзудааст, агар дар минтақа субот таъмин шавад, сафари раиси ҷумҳур доир хоҳад шуд.

Дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки баъди имзои созишнома вазъияти шаҳри Хоруғ рӯ ба беҳбуд ниҳода ва баҳонае барои нигаронӣ вуҷуд надорад. Аммо дар ҳар сурат, яке аз аъзои гуруҳи 20 нафарии миёнрав зимни ин мулоқот гуфтааст, ки одӣ шудани вазъият ба ниҳодҳои қудратӣ вобаста аст, аммо ӯ ба ин нируҳо эътимод надорад, "зеро чанд бор аст, ки онҳо қарордодро дар бораи оташбас вайрон карданд".

Ширкатдорони ин ҷамъомад ба ин хулоса расиданд, ки сафари раиси ҷумҳур метавонад нуктаи ниҳоие дар ҳалли буҳрони пешомада дар вилояти Бадахшон шавад.

Рӯзи 23 август миёни мақомоти қудратӣ ва гуруҳи намояндагони Бадахшон созише ба имзо расид, ки бар асоси он бояд нируҳои низомӣ ба тадриҷ ба ҷои хидмати доимии худ бар гардонида шаванд ва инчунин бояд касоне, ки баъди куштани И. Имомназаров ба тазоҳурот даст зада буданд, ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд.

Дар банди дигаре аз ин санад гуфта мешавад, ки агар баъди пароканда шудани тазоҳуротгарон нируҳои низомӣ ба уҳдадории худ амал накунанд ва оташбас халалдор шавад, сокинон ҳақ доранд, ки тавассути телевизони маҳаллӣ мардумро ба тазоҳурот даъват кунанд, ки он эътирози қонунӣ ҳисоб хоҳад шуд. Ба зери ин санадҳо, аз ҷумла шаҳрдори Хоруғ, Иброимбек Ғозибеков имзо гузоштааст, ки ҳаққи додани иҷозаи митингу эътирозҳои осишта низ дар салоҳияти ӯ мебошад.

Дар асоси ҳамин қарордод, ки ситоде барои назорат бар иҷрои созиши ҳосилшуда таъсис шуда буд, ки мусоидат ба таъмини субот ва амният дар шаҳр низ дар ҳамкорӣ бо мақомот яке дигар аз вазифаҳои ҳамин ситод аст. Ҳоло бо мусоидати ин ситод, ихтиёриён аз ҷумлаи ҷавонони маҳаллӣ бар нируҳои милиса дар нигаҳдории тартибот кумак мекунанд.

Тоҷиддин Назришоев, сардори раёсати корҳои дохилаи Бадахшон ба хабарнигорон гуфтааст, ки ҳамарӯза чандин мошин низомиёнро аз маркази Хоруғ ба ҷои хидмати доимияшон интиқол медиҳанд. Ҳамчунин интиқоли сарбозон тавассути чархбол низ идома дорад.

Аммо хабаргузории "Азия плюс" аз қавли манобеъи худ дар Рушон менависад, ки дар тӯли ин ҳама рӯз танҳо се Камаз, ки ҳар кадоме то 30 сарбоз бо худ доштааст, аз ин тариқ убур кардаанд. Вале мақомоти қудратӣ ин хабарро рад мекунанд. Аз сӯи ситоди назорат бар иҷрои шароити созишнома касе ин корвони сарбозонро ҳамроҳӣ намекунад.

Ба гуфтаи сардори РКД Бадахшон ҳудуди 150 нафар аз сарбозони ОМОН то комилан ба эътидол омадани вазъияти вилоят дар ин ҷо хоҳанд монд.

Масъалаи дигаре, ки боиси нигаронии сокинон шудааст, овозаҳо дар бораи ҷамъоварии силоҳ аз маҳаллаҳои шаҳр аст. Сокинон мегӯянд, аз номи сокинони маҳаллаҳо силоҳ супурда мешавад, аммо онҳо дар ҷараёни ин кор қарор надоранд.

Намояндаи маҳаллаи Тир Чиди Хоруғ гуфтааст, ки мо мехоҳем фақат ҳамон марҳала аз раванди супурдани силоҳ қонунӣ ҳисобида шавад, ки дар шоҳидии вакили мо Нозир Навҷувонов сурат гирифта ва дар рӯзи 2 август поён ёфта буд. Имрӯз нируҳои қудратӣ аз ҳар куҷое силоҳ пайдо мекунанд ва гӯё инро бачаҳои мо супурда бошанд. Ин моро нигарон мекунад. Ба ин тартиб моро ҷинояткор маҳсуб месозанд. Аммо мо силоҳ надорем, мо ҳамаи силоҳҳоро супурдем, барои ҳамин талаб мекунем, ки қабули силоҳ аз номи микрорайонҳо бо ширкати ҳимоятгари ҳуқуқии мо сурат бигирад ва баъди он мо мутмаин мешавем, ки дар ҳақиқат ин силоҳ аз сокинони маҳаллаи мо будааст".

Ҳоло раҳбарони ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ ба талошҳои худ дар маҳал барои одӣ сохтани вазъият идома медиҳанд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97