Чашми ғараз нотавонбин аст

Иҷтимоъ 13.08.2012 14:42

maorifЯк зумра, ки сӯзи ҷонашон нест,

Ҷуз мақсади обу нонашон нест.

Бас хушкдимоғу хушкмағзанд,

Ҳарфи таре дар забонашон нест.

Падидаи басо хурсандиовар ва пазирост, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи аҳли ҷомеа ба соҳаи маориф пайваста меафзояд ва мардум ҳар чӣ бештар моҳияту аҳамияти ин соҳаи муҳиму тақдирсозро дарк менамоянд.

Эҳсос мешавад, ки аксари мардум ба кори пуршарафу пурифтихор, вале хеле пурмашаққати таълиму тарбия бо назари тоза менигаранд ва дар ин самт худ низ бори масъулият бар дӯш мегиранд. Ин падидаи муҳиму хушоянд, бешак, замина ба сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад, мусоидати аҳли ҷомеа ба он даъвати Ҷаноби Олист, ки пешрафти соҳаи маорифро кори ҳамагонӣ эълон намудаанд. Сарвари кишварамон пайваста сухан аз афзалият ва муҳимияти соҳаи маориф мегӯянд ва таъкид аз он мекунанд, ки "маориф омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат аст". Басо хушоянд аст, ки аксар сокинони ҷумҳурӣ моҳияти ин ҳама таъкиду даъвати дилсӯзонаро хуб дарк карданд ва мекӯшанд, ки ба қадри тавону имкони худ ба тақвияти соҳа ва таҳкими фаъолияти он ҳиссагузорӣ намоянд. Мо бисёр мехоҳем, ки ин раванд минбаъд боз ҳам густариш ёбад ва соҳаи маориф ҳар чӣ бештар мардумитар гардад, иштироки ҳамагонро дар бар гирад.

Имрӯз соҳаи маорифи Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки ба ҳамкорӣ, дастуру пешниҳод ва мададу дастгирии аҳли ҷомеа ниёзманд аст. Мо ҳама гуна ҳамкориву мулоҳизоти судманду беғаразонаро бо камоли сипосмандӣ мепазирем. Таваҷҷӯҳ ва умедвории мо аз ин лиҳоз ба воситаҳои ахбори умум бештар аст, зеро онҳо муҳимтарин васила ва минбари шоистаи арзу ниёзи мардуманд. Мушоҳидаи он ки солҳои охир таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори умум ба соҳаи маориф, ба мактаб ва ба кори таълиму тарбия ҳамвора меафзояд, ростӣ, бароямон басе гуворост. Имрӯз, хушбахтона, тамоми рӯзномаву ҳафтанома ва маҷаллаҳои кишвар қариб дар ҳар шумораи худ маводе оид ба соҳаи  маориф ба табъ мерасонанд ва ин мавод ҳатман мавриди омӯзишу баррасӣ ва баҳрабардории мо қарор мегиранд. Мо аз тамоми муаллифон ва рӯзноманигороне, ки мулоҳизоти худро бидуни ғаразмандие, бидуни таҳқиру кинаварие ва бо ҳадафҳои нек иброз медоранд, сипосгузорем ва барои ҳамкории доимии судманд бо онҳо омодаем, зеро ба фармудаи бузургон "Дар ҳама кор машварат бояд, Кори бемашварат накӯ н-ояд". Бояд бигӯем, ки мо пас аз мутолиаи бисёр навиштаҳои воқеъбинонаву бунёдманди воситаҳои ахбори умум ва маслиҳату машварати дилсӯзонаи зумрае аз қаламкашони бофаросату ҳушманд ва донандаи воқеии соҳаи маориф ба нақшаҳои фаъолияти хеш тағироту иловаҳо ворид намудаем, онҳоро такмил бахшидем. Дар баробари ин, мутаассифона, баъзан дар нашрияҳои гуногуни мамлакат мақолаҳое оид ба соҳаи маориф ва фаъолияти Вазорати маориф ба табъ мерасанд, ки хеле сатҳию умумиянд, бунёди воқеӣ надоранд ва гузашта аз ин, аз онҳо бӯи ғаразу кина эҳсос мешавад. Чунин мақолаҳо нотавонбинона, каҷназарона, бо ҳадафҳои нопок, бар асоси ранҷишу қасос ва гоҳе бо амру ҳидояти нерӯҳои нотавонбину тафриқаандоз нигошта мешаванд. Аз ҳар ҳарфу ҳиҷои мақолаву навиштаҳои мазкур хуб дарк мешавад, ки муаллиф аслан аз соҳаи маориф, аснод ва дастуру қонунҳои он, аз бурду бохт ва вазъи воқеии соҳа огаҳии кофӣ надорад ва дар ҳавои овозаву гуфтори бебунёд ва дар заминаи омилҳое, ки дар боло гуфтем, қалам ба даст мегирад ва боз ҳам мегӯем, ки бо ғараз қалам ба даст мегирад. Ниёгони хирадмандамон дар чунин мавридҳо таъкид намудаанд:

Чун ғараз омад, ҳунар пӯшида шуд,

Сад ҳиҷоб аз дил ба рӯи дида шуд.

Ин гуна ба ном мақолаҳоеро, ки дур аз воқеиятанд, "бало ба пасаш" гуфт, вале афсӯс, ки мақолаҳое чунин гоҳо мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, воқеиятро ба паси пардаи сиёҳи худ мекашанд ва то ҷое дар байни аҳли ҷомеа танаффур нисбат ба соҳаи маориф пайдо менамоянд. Вақтҳои охир, мутаассифона, теъдоди мақолаҳои бебунёду иғвогарона ва хеле сатҳӣ бахшида, ба соҳаи маориф ва фаъолияти Вазорати маориф рӯ ба афзоиш дорад. Ба назари мо, мақолаи "Муаллими нимгурусна ва маняку вампирҳои мактаби тоҷикӣ", ки дар шумораи №30, аз 25.07.2012-и ҳафтаномаи "Миллат" ба табъ расид, низ аз зумраи ҳамин гуна мақолаҳост. Он асосан иборат аст аз суханҳои "далел"-ҳои сатҳиву умумӣ ва беасосу ҳангоматалабона. Худ номи мақола таҳқири омӯзгор ва нодидагирии воқеияти соҳаи таълиму тарбия мебошад. Имрӯз ҳаргиз омӯзгорони арҷманди мо нимгурусна нестанд, эҳтиёҷманд ҳам. Онҳо баробар, балки бештар аз чандин гурӯҳи кормандон дар кишвар маош мегиранд ва аз имтиёзҳои муайян (дар истифодаи обу барқ, дастрасӣ ба замини наздиҳавлигӣ, замин барои истиқомат, гирифтани қарз ва ташкили хоҷагидорӣ…) бархурдоранд. Дар баробари ин, чунон ки ҳамагон огоҳанд, маоши муаллимон давра ба давра афзуда мешавад ва аз оғози соли нави таҳсил (сентябр) боз ҳам хоҳад афзуд (ба андозаи 60%). Илова бар ин, ҳоло дар бисёр таълимгоҳҳо аз ҳисоби маблағҳои иловагӣ ва ҳисоби махсус омӯзгорон маоши муайян мегиранд. Шукр, то имрӯз омӯзгоре аз нимгурусна буданаш ба мақомоте, аз ҷумла, ба Вазорати маориф шикоят накардааст. Кори таълиму тарбия низ дар кишвар хеле тақвият ёфтааст ва иртиботе ба "маняку вампирварӣ" надорад. Ростӣ, ки чунин ифода ("маняку вампирҳои мактаби тоҷикӣ") худ таҳқир аст нисбат ба фаъолияти мактабҳо ва омӯзгорони тоҷик ва дар ин маврид мо гумон мекунем, ки қаламкаш худ надонистааст, ки аз даҳонаш (яъне, аз қаламаш) чӣ мебарояд. Ҳоло аҳли таълиму тарбияи ҷумҳуриямон то ба арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳо расидаанду ҳазорҳо шогирдони мо дар бонуфузтарин озмунҳои байналмилалӣ пирӯзмандона ширкат меварзанд ва дар мактабҳои олии бонуфузи хориҷӣ идомаи таҳсил менамоянд, ки ин ҳамаро нодида гирифтан аз рӯи инсоф набувад. Агар воқеъбинона бингарем, дар ҳамагӣ 10-15 соли охир дар мамлакатамон дар соҳаи маориф он қадар корҳое сомон бахшида шудаанд, ки аз андозаи корҳо дар давоми 40-50 соли даврони шӯравӣ бештаранд. Иддае аз меҳмонони ҷумҳуриамон аз мушоҳидаи шароити таҳсил, таҷҳизоти муосир ва биноҳои ҳозиразамон дар бисёр минтақаҳои дурдасти мамлакат, ҳатто, ба ҳайрат афтоданд. Муаллифи мақолаи мазкур Ҷамшеди Қувват суханро ба ҳарфи иғроқ мерасонад, ки "ҳар рӯз дар хиёбонҳои Душанбе шоҳиди ҷангу хархашаву ҷангу ҷидоли кӯдакону навҷавонон ва ҳатто, қатлу ғорат аз сӯйи онҳо мешавем".

Оре, ин ҳадди олии ғаразмандиву сатҳигӯии як тан қаламкаши ноогоҳ аз воқеият, ё худ таҳқиргари воқеият аст. Мо намегӯем, ки чунин ихтилофот байни шогирдони мактабҳо ба назар намерасанд. Худ қазоват кунед, дар як оилае, ки ҳамагӣ аз 5-6 нафар (ба ҳисоби миёна) иборат аст, ҳар гоҳ ихтилофе, тазоде, ҳамдигарнофаҳмие ба амал меояд, чӣ расад ба ҳайати беш аз 2,5 миллионаи шогирдони мактабҳо. Аслан, ихтилофҳо байни хонандагон дар давраи шӯравӣ бештар аз он буданд, ки имрӯз ба вуқӯъ мепайванданд, вале сиёсати он замон чунин буд, ки чунин ҳаводис пӯшида нигоҳ дошта мешуданд. Имрӯз ҳама ошкорост ва аз ин рӯ, ноогоҳон гумон бар он доранд, ки ин "падида"-и замони наву натиҷаи фаъолияти костаи соҳаи маориф "мошини фарсудаву фасодзада" хондани соҳаи маориф низ боз як ноогоҳӣ аз сиёсати Президенти мамлакат дар соҳаи маориф, аз раванди муваффақонаи ислоҳоти соҳа, аз комёбиҳои устодону шогирдони таълимгоҳҳои кишвар мебошад…

Вобаста ба мақолаи "Муаллими нимгурусна…" ва чандин мақолаҳои ҳамгуни он метавон ҳарфу сухани зиёде гуфту далелҳои фаровон овард, вале мо аз ҷавоби бардавом худдорӣ карда, танҳо чунин таъкид менамоем: бигзор, ҳар муаллифе, ки оид ба соҳаи маориф ва оид ба фаъолияти Вазорати маориф навиштанӣ мешавад, нахуст, ба ҳадди ақал бо ҳисоботи Вазорати маориф оид ба фаъолияти он ва вазъи соҳа дар нимсолаи авали соли равон ошно гардад (матни пуррааш дар ҳафтаномаи "Омӯзгор", №29, аз 20.08.2012 чоп шудааст). Дар ин ҳисобот бурду бохти соҳа ба тариқи муфассал ва ошкоро тавзеҳ ёфтааст…

Соҳаи маориф, ки асосан иртиботманд ба таълиму тарбия аст ва масъулияти имрӯзу фардои кишвар ба дӯш дорад, басо бавусъат ва пурташвиш аст ва мо ҳаргиз даъвои онро надорем, ки соҳа орӣ аз норасоиҳо бошад. Ҳастанд як силсила норасоиҳое, ки мо баҳри бартарафсозии онҳо ҷидду ҷаҳд дорем, вале аслан ин кор талошу ҳамдастии ҳамагонро тақозо дорад. Аз ҷумла, аҳли қалам низ дар ин самт бояд ҳиссагузор бошанд, аммо на бо навиштаҳои умумию бедалел ва таҳқиромезу пурғараз ва баъзан фармоишӣ. Балки боасос ва беғаразона. Аз мушоҳидаҳо ва аз мутолиаву баррасии қисми зиёди мақолаҳои ба соҳаи маориф бахшидашуда мо ба хулосае расидем, ки имрӯз дар кишвар ангуштшуморанд рӯзноманигороне, ки аз соҳаи маориф, асноди марбут ба он ва аз вазъи таълиму тарбияву қонунмандиҳои он огоҳии муайян ва кофӣ дошта бошанд. Аксаран, ҳатто, одитарин мафҳумҳои соҳа, маъмултарин асноди марбут ба таълиму тарбияро намедонанд, омиёна, сарсарӣ, дар такя ба овозаҳо сухан мегӯянд ва ба ҳадди ақал, барои асосмандкунии навиштаҳояшон ба идораҳои дахлдор занг намезананд, аз маданияти гуфтор ва одоби навиштор низ начандон бархурдоранд. Ва ин ҳама, ба назари мо, таъкид бар он мекунад, ки ҳамакнун замоне фаро расида, ки журналистони соҳавӣ, аз ҷумла, дар соҳаи маориф ба камол расонида шаванд.

Соҳаи маориф афзалиятноку муқаддас аст ва дар бораи он сарсарию ғаразмандонаву ноогоҳона сухан гуфтан нашояд. Дар меҳвари ин соҳа омӯзгор-маҳбубтарин шахси ҳар давру замон қарор дорад. Мафҳуми омӯзгор бо мафҳумҳои маориф, мактаб ва илму дониш тавъам аст. Ҳаққи устод аз падар беш донистаанд, ки ин мартабаи бағоят бузург аст. Ҳамаи мо парвардаи мактабу омӯзгорем ва набояд бо онҳо носипосиву қадрношиносӣ бикунем, ё худ, ҳарфи носазо бигӯем:

Ҳурмати илму устоду китоб,

Лозими ин роҳ аст аз ҳама боб.

Пой аз ҳурмат он кас, ки кашид.

Андар ин роҳ ба ҳеҷ ҷой нарасид.

Алқисса, посдори "нону намак" (илму донишу заҳмати омӯзгору дабистон) бояд буд ва дар мавзӯи маориф "сухан санҷида бояд гуфт".

Раҳимов Фарҳод, Муовини аввали Вазири маориф


Гирди номи падар чӣ мегардӣ

 

JaMshedI_quvvat____Муҳтарам Раҳимов Фарҳод -мувоини аввали Вазири маорифи Тоҷикистон, банда наметавонам ҳеч ғаразе дошта бошам, чун омӯзгор ҳам нестам, вазиршаву муовини вазир ҳам шудан намехоҳам.

Ҳарчӣ гуфтам, бо такя ба омори манобеъи расмии давлати Тоҷикистон гуфтам, ва на ҳамаро гуфтам, балки аз сад якеро гуфтаам.

Бисёр хуб шуд, ки ин посух аз номи шумо, нафаре, ки солҳо боз дар  курсии муовинати раёсати маорифи Тоҷикистон такя задааст, ба мо расид. Зеро шумо бояд беҳтар аз вазири кунунӣ дар бораи камбудҳо ва "пешрафт"-ҳои соҳаи маориф иттилоъ дошта бошед. Чун бевосита дар пешрафту ақибрафти ин соҳа бо сабаби дар дарозмуддат ба курсии мансаб такя заданатон шумо нақши калидӣ метавонед дошта бошед.

Аммо зебанда нест, ки мисли бачаҳои хурдсол пушти шонаҳои президенти кишвар панаҳ бубаред. Ҳоло ҳатто бачаҳо хеле зирактар шудаанд, инро хонда, эътиқодашон коста хоҳад шуд, ки муовини муаллими аввали Тоҷикистон барои гурез аз масъулият номи президентро дар ҳар сатр ба забон меоварад ва аз мавзуъ мегурезад. 

Дуруст аст, ки шумо бо сиёсати вазири қаблӣ содиқ ҳастед, зеро яке аз пиёдасозони он сиёсат шахси шумо низ ҳаст ва ин ки ба шумо фаҳмонида шавад, ки сиёсати ғалатеро пеш гирифтаед, як амали беҳуда аст. Зеро шумо аллакай дар тарҳрезӣ ва пиёдасозии ин сиёсат камари ҳиммат барбастаед.

Ин сиёсати ғалат на танҳо дар дарозмуддат, балки дар кутоҳмуддат аз худ дарак дод, ки иштибоҳ ва бебунёд аст. Барои ин майна об кардан лозим нест.

Як нуқта бандаро бештар ба фикр кардан водор намуд. Муҳтарам муовини вазир дар навиштаи хеш зикр мекунад; "Аз ҷумла, аҳли қалам низ дар ин самт бояд ҳиссагузор бошанд, аммо на бо навиштаҳои умумию бедалел ва таҳқиромезу пурғараз ва баъзан фармоишӣ. Балки боасос ва беғаразона". Файласуфе фармудаанд, ки агар инсон худ бад бошад, гумон мекунад, ки дигарон низ баданд. Аслан банда муаллифи ин сутур, аз касе дар боби ин навишта фармоиш ё дастуре нагирифтаам. Дигар ин ки ман касеро таҳқир накардаам ва ба кадом омӯзгоре ғаразу кинае надорам. Зеро ман хатмнамудаи мактаби шӯравиям ва худоро шукр ба андозае дониш доштам, ки ба мадади ҳеч омӯзгоре муҳтоҷ набудам ва алъон ҳам нестам. Магар ин ҳама бесаводию бефарҳангию беназмиву фасодкорӣ дар соҳаи маориф далели ноуҳдабароии масъулини соҳа нест? Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия боз ҳам соҳаи маорифро фасодзада хонд, магар ин ҳам далел нест? Ин айбу шарм аст, ки соҳае, ки ба таълиму тарбия машғул аст, олудаи фасод бошад ва он ҳам нисбат ба дигар сохторҳо фасодзадатар.

Пӯзиш мехоҳам муҳтарам муовини вазир, ин фокуси ба таври фармоиш навиштани матлабҳо хоси шумост. Шумо ки ба ин кор, яъне ба таври фармоишӣ навиштани матлабҳо сару кор доред, гумон мекунед, ки дигарон низ чунинанд. Ҷалолуддини Румӣ дар "Маснавии маънавӣ" як ҳикояе доранд;

"Буд баққоле вайро тӯтие,

Хушнавое сабзу гӯё тӯтие.

Бар дукон будӣ нигаҳбони дукон,

Нуқта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.

Хулоса иттифоқе уфтоду тӯтӣ шишаи равғанро резонд:

Аз сӯи хона биёмад хоҷааш,

Бар дукон биншаст фориғ хоҷааш.

Дид пур равған дукону ҷома чарб,

Бар сараш зад гашт тӯтӣ калу зарб.

Рӯзе шахси кале аз назди дукони баққол мегузашт, тӯтӣ ба сухан даромаду гуфт;

К-аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ,

Ту магар аз шиша равған рехтӣ.

Аз қиёсаш ханда омад халқро,

К-ӯ чу худ пиндошт соҳибдалқро.

Муовини вазири маориф менигорад; "Дар баробари ин, мутаассифона, баъзан дар нашрияҳои гуногуни мамлакат мақолаҳое оид ба соҳаи маориф ва фаъолияти Вазорати маориф ба табъ мерасанд, ки хеле сатҳию умумиянд, бунёди воқеӣ надоранд ва гузашта аз ин, аз онҳо бӯи ғаразу кина эҳсос мешавад. Чунин мақолаҳо нотавонбинона, каҷназарона, бо ҳадафҳои нопок, бар асоси ранҷишу қасос ва гоҳе бо амру ҳидояти нерӯҳои нотавонбину тафриқаандоз нигошта мешаванд". Суханони муҳтарам муаллим ба суханони парвандае, ки прокурор барои як гунаҳкор боз мекунад, бисёр шабоҳат дорад. Чунин ибораҳои  "ҳадафҳои нопок", "тафриқаандоз", "бӯи ғаразу кина" - ро мешавад магар барои ҷавоби солим гуфтан дар матлабе истифода кард?

Оре, вақт омадааст, ки на журналистони касбӣ барои соҳаи маориф, балки мутахассисони касбӣ барои соҳаи маориф тайёр намоед! Муҳтарам омӯзгор. Ҷаноби муаллим, боз як бори дигар бодиққаттар матлабро мутолиъа намоед. Маҳз ҳамин муаллиме, ки шумо "дилсӯзона" дар борааш мегӯед: "Дар меҳвари ин соҳа омӯзгор-маҳбубтарин шахси ҳар давру замон қарор дорад. Мафҳуми омӯзгор бо мафҳумҳои маориф, мактаб ва илму дониш тавъам аст. Ҳаққи устод аз падар беш донистаанд, ки ин мартабаи бағоят бузург аст", мо низ роҷеъ ба маоши паст ва дигар мушкилоти онҳо сухан намудаем ва аз шумо масъулини маориф ҷиҳати баланд бардоштани маоши муаллим, ки ҳаққаш аз падар беш аст, масъалагузорӣ намудаем. Шояд зарур набошад, ки журналистеро барои таҳқиқ ба осоишгоҳҳои кишвар бифиристем то мушаххас кунад, ки чанд муаллим-падар ва чанд падари соҳибмансабон дар он ҷо бо истироҳат фаро гирифта мешаванд. Муаллим-падари бечора осоишгоҳро чӣ, ки рӯзи таътили бофароғатро бо он маоше, ки дарёфт мекунад, дар гӯшаи хайёл намеорад. Гапро ба дарозо намекашем, оморҳои рӯйи мизи шумо худ аз аҳволи миёнаҳолонаи муаллим дарак мегӯяд. Ин ҷо танҳо садои виҷдон лозим аст, ки иқрор кунад. Шумо муаллими муҳтарам, ба ҷои посух гуфтан ба проблемаҳои гузошташуда, ба шарҳи вожаи муаллим ва амри маъруф гузаштаед. Маънии матлаби навишташуда куҷою посухҳои шумо ба дигар самт. Бо чунин посухҳое, ки ба проблемаи гузоштаи мо тааллуқ надоранд, намешавад масъулиятро аз худ дур сохт. Ҷавоб бояд дар доираи масъалаҳои гузошташуда бошад, на ин ки чанде гузориш додану суханҳои бемаънӣ гуфтан.

Дигар ин ки дастуру қонунҳое, ки дар болои китобу дафтар бошанду сар то сар бесаводию бадахлоқӣ ҳукмфармо бошад, пас огаҳӣ пайдо кардани ман шахсан аз ин дастурҳои шумо лозим нест. Факту рақаму дастур барои ҳар шахси огоҳ, ин рафтори наврасон ва ҷавонон мебошад, ки ҳар сари қадам мо ба онҳо рӯ ба рӯ мешавем ва мақомоти интизомии кишвар аз он бонги изтироб задааст. Далели рӯшан, кушта шудани Парвиз Давлатбеков, яке аз хонандаҳои фаъоли нашрияи "Миллат" аз сӯйи хонандаи яке аз мактабҳои Душанбе, далели дигар кушта шудани як ҷавони ноболиғ аз сӯйи боз ҳам хонандаҳои мактаби пойтахт дар парки нави Душанбест, ки ҳанӯз маросими чилаш шояд баргузор нашудааст. Далелашро ҷанги шаҳрвандӣ мисол задаед, аммо аз хатми ин ҷанг ба иддаъои ҳукумати Тоҷикистон, ки шумо муовини вазираш ҳастед, 15 сол сипарӣ гардид ва ин насл насли даврони сулҳу субот аст, на насли даврони ҷанг, иштибоҳ накунед, муҳтарам Фарҳод Раҳимов! Дигар ба кӣ лозим ин дастуру ҳидоятҳои вазорати маориф. Румӣ мефармояд;

Офтоб омад далели офтоб,

Гар далелат бояд, аз вай рӯ матоб.

      Ҷамшеди Қувват  "Миллат"

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97