Аз ин гӯш ба ин гӯш…

Иҷтимоъ 09.08.2012 08:46

(ё худ боло рафтани нархи маҳсулоти рӯзғор дар моҳи шарифи Рамазон дар бозорҳои кишвар)

bozorho_dar_ramazonФаро расидани Рамазон, моҳи шариф дар миёни ҷомеаи мусулмонӣ дар тамоми дунё бо шодмонӣ истиқбол мешавад, дар Тоҷикистони азизи мо низ. Аммо ин шодмонии мардумро боло бурдани қиммати маводи ғизоӣ аз сӯйи савдогарони мусулмон талх месозад. Ҳамасола боло бурдани нархи маҳсулот дар остонаи ду иди муҳимми мусалмононон (иди Рамазон ва иди Қурбон) ба назар мерасад, ки ин ҳолатро ҳар сол аксар савдогарон бесаброна интизор буда, барои гузаронидани он ҳамчун ҷашни фарҳангие омодагӣ мебинанд. Дар ин "ҷашни бошукӯҳ" аксари эшон барои дар сатҳи олӣ гузаронидани он ба машқҳои омории нархӣ ақли хешро тамрин намуда, омодагӣ мебинанд, ки имсол нархро чӣ қадар бояд бардошт, то ки…

Музди маоши омӯзгор 12 кг гушт

Ҷаҳонгир Темуров - омӯзгори ҷавон дар сӯҳбат ба мо аз боло рафтани нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷумҳурӣ дар моҳи Рамазон изҳори нигаронӣ намуда, қайд намуд: "Аз чӣ аст, ки нархи молу маҳсулот ҳамасола дар моҳи Рамазон боло меравад? Ин дар шароити имрӯза бисёр ҳолати вазнинро ба бор меорад, махсусан барои мо омӯзгорон. Худ қазоват намоед, ки музди маоши миёнаи омӯзгор 350-сомониро ташкил медиҳаду нархи маҳсулот чӣ қадар аст. Боиси дастгирӣ мешуд, агар намояндаи ҳокимиятҳои маҳаллӣ бо савдогарон ҳамсӯҳбат мешуданду сари ин масъалаи нангин чорае меандешиданд".

Нарх дар варақ не, дар калла аст

Шӯҳрат як сокини ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат ба мо аз боло рафтани нархи маҳсулот дар моҳи Рамазон чунин гуфт: "Ҳар сол дар моҳи Рамазон нархи молу маҳсулот боло меравад ва садди роҳи инро ҳеч кас гирифта наметавонад. Дар бозор болои маҳсулот таблуи нарх дигар асту барои харид дигар. Аз як савдогар пурсидам, ки чаро нархи гуштро 23 сомонӣ навиштааст, вале 30 сомонӣ мефурӯшад(?). Гуфт: "Барои он ки меоянд, гаранг мекунанд, ки нархро арзон бикун". Нисбат ба солҳои пешин имсол нарху наво дар бозорҳо бештар боло рафтааст. Солҳои қабл нархи сабзавот боло намерафт, аммо имсол ғайриинтизор якчанд маротиба боло рафт, чаро чунин аст, ин суоли матраҳ аст".

Нархи сабзавотро ҳам гумрук боло бардошт?

Аксари тоҷирон боло рафтани нархи маҳсулотро дар гузаштани назорати қайди гумрукӣ унвон мекунанд, аммо ин гуна посух ҷавоби дуруст шуда наметавонад. Агар чунин аст, пас чаро нархи сабзавот низ боло рафтааст, ҳол он ки сабзавотро дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол мекунанд ва аз қайди ягон хел назорат намегузарад. Сари ин масъала ба деҳқони сабзавоткор Ҷаббор ном як сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ ҳамсӯҳбат шудам, ки чунин мегӯяд: "Сабзавоте, ки савдогарон аз мо омада мехаранд, аз нархи бозор чанд маротиба арзон мегиранд, аммо дар бозор ба нархи гарон мефурӯшанд".

Воизон вазифадоранд ба мусулмонон амри савоб кунанд

Тарк намудани курсии воизӣ аз ҷониби пешвоҳои номдори ислом, ба монанди Ҳоҷӣ Мирзо, Эшони Нуриддин ва дигарон, ки дар ҳама масъалаҳои ҳаёти инсонӣ мавъиза менамуданд, ба боло рафтани нархи молу маҳсулот таъсири манфӣ расонид. Хонандаи азиз! Инони андеша дар даст гиреду лаҳзае  ба фикр фурӯ равед, меоед сари он мақсад, ки дар ҳақиқат сӯҳбатҳои исломӣ аз сӯҳбатҳои ғайриисломӣ дида таъсирноктаранд. Дар ҳаёт ба ҳодисаҳои арақнушӣ, хонавайронӣ, дуздӣ, зино ва дигар амалҳои бад рӯ ба рӯ шудем, ки маҳз мавъизаҳои ин пешвоҳо монеаи роҳи ин амалҳои бад шуда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намудаанд. Модоме онҳоро аз минбар андохтанд, бояд пешвоҳои рӯҳонии имрӯз вазифаи имонии худ бидонанд, ки тоҷирони мусулмонро сари инсоф биоранд ва дар танзими қимматҳо лоақал дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ва ин ду иди муҳимми мусулмонон Рамазону Қурбон таъсир бигузоранд. 

Аз ин гӯш, ба он гӯш…

Дар бораи паст намудани нархи молу маҳсулот дар моҳи Рамазон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ, ҳукумати шаҳри Душанбе ва инчунин раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Сайидмукаррам Абдуқодирзода аз сокинон, бахусус тоҷирону соҳибкорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин моҳи хайр талош намоянд, то нархи молу маҳсулот дар бозорҳо поин равад. Аммо фурушандаҳо хилофи амри мақомоти болоӣ кор мебаранд? "Аз ин гӯш, ба он гӯш, ба он гӯши чапаргӯш" гуфта, гӯё гуфтаҳои мақомотҳои болоиро нашунидаанд.

Зикамоҳ; «хоҳӣ нахоҳӣ мехарӣ!»

Барои исботи гуфтаҳои боло бо Зикамоҳ ном харидоре, ки дар бозори "Саховат"-и шаҳри Кӯлоб ба харид машғул буд, сӯҳбат намудам, ки ӯ мегӯяд: "Дар ин замон инсоф аз байн рафтааст. Дар ҳамаи давлатҳои мусулмонӣ дар моҳи Рамазон ҳама гуна нархи молу маҳсулот арзон мешавад, аммо дар Тоҷикистон баракс боло меравад. Ин чӣ гуна мусулмонӣ бошад, ман ҳайронам".

- Рӯзҳои аввали моҳи Рамазон буд, нисфирӯзӣ хостам аз назди бозори "Сомонӣ" тарбуз гирифта ба хона равам. Дар ҳамон лаҳза танҳо дар як мошин тарбуз монда буду халос. Назди фурушанда рафта нархи тарбузро пурсидам, аз 8 то 20 сомонӣ, ҷавоб дод ӯ. Гуфтаҳои фурушандаро ҳазл гумон намудаму як тарбуз гирифтам, ва хостам панҷ сомонӣ бароварда диҳам, аммо нархи онро 12 сомонӣ гуфт. Аз ӯ пурсидам чаро ин қадар қиммат аст? Бо ғазаб гуфт: "Эй хола, хоҳӣ гир, нахоҳӣ, иди гуляй… - мегӯяд нимшӯхию нимҷиддӣ зимни сӯҳбат Зикамоҳ.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки масъулини ҳокимияти маҳаллии шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои фаҳмондадиҳиро дуруст ба кор намебаранд, то ки ин омили нангинро аз миён бардоранд. Ва ё муҳри хомӯшӣ бар лаб задаанд, ки ҳатто он нархномаҳои овезони қалбакиро гӯё намедида бошанд. Ба боварӣ гуфта метавонам, ки агар комиссияи махсусе аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ташкил намоянду ҳамаи бозорҳои ноҳияҳоро санҷанд, то роҳбарияти ноҳия дар ин моҳ дар бораи поин намудани нархи молу маҳсулот кадом корҳоро ба сомон расонидааст, бовар кунед, ки роҳбарони ноҳияҳо ҳамон нархномаҳои сохтаи рӯякиро исботи гуфтаҳояшон қарор дода, худро дар назди роҳбарият сафед мекунанд. Аммо хонандаи азиз худ доност, ки офтобро ба лаби доман пушонида намешавад.

Мансабдорони "сваркашуда" аз нигоҳи Оқилпур

Шумораи қаблии "МИЛЛАТ"-ро варақ задам, мақолае таҳти унвони "Дастҳо пеши бар: "Хуб шудааст, Ҷаноби олӣ" "-ро, ки Ибодуллоҳи Оқилпур навиштааст, мутолиа намудам. Дар мақола ӯ тамоми фаъолияти кории роҳбарони ба қавли ӯ дар курсӣ "сварка"-шударо фош намуда, таъкид кардааст, ки ҳади ақал ин маротиба гапи президентро бигиред! Ба ростӣ, агар банда айни ҳол дар ягон мансаби давлатӣ ба ҳайси роҳбар фаъолият медоштаму дар корҳоям чунин камбудиҳо мавҷуд мебуд, баъд аз мутолиаи мақолаи эшон тарки мансаб менамудам!

 Аз ин рӯ аз ҳамаи роҳбарони мақомоти гуногуни кишвар, имомхатибони масҷидҳо, сокинони кишвар, тоҷирон ва соҳибкорон хоҳиш дорем, ки ба хотири анҷоми кори хайр дар ин моҳи муборак, ки як амали хубе дар номаи аъмоли эшон низ сабт мешавад, дар поин намудани нархи молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар мусоидат намоянд, то мардум донанд, ки роҳбарони мо аз он утоқҳои барҳавову орододаи худ баромадаанд.

Эраҷи Давлат, махсус барои «Миллат»

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97