Муаллими нимгурусна ва маняку вампирҳои мактаби тоҷикӣ

Иҷтимоъ 30.07.2012 07:46

aРамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон зимни нишасте иброз намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ мавридҳои сар задани ҷиноёт аз сӯи кӯдакон ва наврасон дар кишвар афзоиш ёфтааст. Вазир зикр кард, ки дар Тоҷикистон дар ин давра ҳудуди 350 мавриди даст задани кӯдакон ва навҷавонон ба ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки дар нисбат ба соли 2011-ум 22 дар сад афзоиш ёфтааст ва бештари ин ҷиноёт аз ҷониби ҷавонон дар шаҳри Душанбе рух додааст. Иллати сар задани ин ҳама ҷиноёт аз ҷониби наврасон ва ҷавонон дар чист?

Интизори тавлиди Вампиру маняк бошед

Албатта бешак маълум аст, ки сабаби ҳама беназмиҳо ва сар задани ҷиноят аз ҷониби наврасон, ин таълим ва тарбияи нодурусти муаллимон ва саҳлангории онҳо дар макотиби миёна ва дар иртибот набудани волидон бо мактаб мебошад. Ин самари ҳамон фасодест, ки аз чанд сол ба инҷониб дар соҳаи таълиму тарбияти ҷумҳурӣ реша давондаву аз сӯйи матбуоти мустақил интиқод мешаваду нодида гирифта мешуд. Ин натиҷаи мудирияти нодуруст, бархурди ғайриҳирфаӣ ба бахши муҳимми ниҳодҳои давлатист, ба ибораи дигар ин ҳамон хуни ғашшуда дар рагҳои хунгарди бадан аст, ки ғажду гандида шудааст ва аз ҷо ҷои ин ҷисм ҷуш зада берун мешавад.

Дар ин росто шояд бархе бар чунин андешаанд, ки сатҳи пасти маоши муаллимон бойис гашта, ки эшон дуруст ва аз рӯи виҷдон ба таълиму тарбияи наврасон диққат намекунанд? Ин ҳақиқати бебаҳсест ва масъулини вазорати маорифро зарур аст, то дар ин самт чораҳои зарурӣ, фаврӣ ва ҷиддӣ андешанд. Зеро аз "бурут гирифтаву дар риш часпонидан" роҳи ҳалли масъала, ба хусус ин соҳаи муҳимми ҷумҳурӣ нест. "То нон набошад, суруд намешавад", то ҳақмузди муносиб барои омӯзгор таъин нашавад, вазъи соҳа ислоҳ нахоҳад шуд. Ва натиҷаи ин чашмпӯшиҳо ин хоҳад буд ,ки даҳҳо Вампиру Одамкушу Одамхор аз ин соҳа, аз ин "мошини фарсудаву фасодзада" тавлид хоҳад шуд. Интизор дошта бошед, ин муқаддимаи намоиш аст, ки ҳар рӯз дар хиёбонҳои Душанбе шоҳиди хархашаву ҷангу ҷидоли кӯдакону навҷавонон ва ҳатто қатлу ғорат аз сӯйи онҳо мешавем. Ин ҳатман ба навоҳии атроф ва баъдтар ба дигар самту сӯйи кишвар сироят хоҳад кард. Зеро табиат фасодро чунин офарида, ки ба тамоми аъзои бадан ва ё ҷомеъа сироят мекунад. 

Сабади истеъмолии муаллимро пур кунед!

Вазифаи муҳимми вазорати маорифи Тоҷикистон муайян кардани сиёсати таълиму тарбияти давлат аст.

Қабл аз даст ба кор шудани масъулони ин вазорат ба ҳар амали дигар, аз қабили маҳдудсозии омӯзиши хатти ниёкон, таълимоти динӣ дар макотиби Тоҷикистон, кишваре бо иддаъои 97 дар сади мардумаш мусалмон будан, таваҷҷуҳ ба зоҳири донишомӯзон, ҷалби муаллимон ба корҳои берун азмактабӣ, ба хусус маршировка ва интихоботҳо, ба сабади истеъмолӣ ё дастурхони муаллимон биандешад.

Муҳтарам вазири маориф, ин ҳисоби арифметикии сода аст, шояд ҳоҷат надорад, ки барои ин ҳатман биравем, ба шӯъбаи ҳисоббарории донишгоҳе ҳуҷҷат бисупорему барои ҳалли ин мушкил майна об кунем.

Биёед аз сари инсоф ҳисоб кунем, ман не, худи Шумо муаллим будеду беҳтар аз мо медонед, ки муаллим пас аз пош хӯрдани Шӯравӣ дар пойинтарин мақом дар ҷомеаи имрӯзи мо қарор дорад. Зеро маоше, ки як муаллим бар ивази заҳмати сангин мегирад, ҳатто ба танҳоӣ шиками худи муаллимро ба танҳоӣ наметавонад сер кунад. Ҳоло бигузарем, аз озода либос пӯшидану истироҳат кардани муаллими бечора.

Бино ба омори расмӣ дар як соли пеш, ҳаҷми музди миёнаи меҳнат 472 сомониро ташкил медод. Хонандаи азиз худ қазоват намо, оё бо чунин маъош муаллими бечора метавонад насли навраси солим ва қобили қабули ҷомеъаро тарбия созад? Ин миқдор пул ҳатто барои роҳпулии якмоҳа ва хӯрокии нисфирӯзии муаллим қариб, ки кифоят намекунад, пас бо кадом далелу асос волидайни талаба ва вазорати маъориф аз муаллим тарбияи дурусти хонандаро тақозо кунанд? Артиши бузурги муаллимони нимсеру нимпӯшидаи мо наметавонанд насли солим тарбият кунад. Ба ин ҳақиқат аз сари виҷдон эътироф кунед. Вақте дар вазорат, ба хусус вазири муҳтарами маориф мушкили муаллими оддиро дар дурдасттарин нуқоти ҷумҳурӣ дарк кард ва барои ҳалли он камари ҳиммат бубаст, он вақт аст, ки мушкили маориф ва пасонтар мушкили ҷомеъаи мо ҳал хоҳад шуд. Дар акси сурат, ин ҳама талошҳо барои беҳбуд бахшидан ба вазъи маориф амали беҳуда ва саргармкунандае хоҳад буд. Биноҳои боҳашамату хушсохти замонавӣ, китобҳои пурҷилои дар Чин ба табъ расида ҳам наметавонад мушкили маорифи Тоҷикистонро ҳал кунад. Танҳо ва танҳо мудирияти дуруст ва роҳбурдҳои воқеъӣ метавонад, маориф ва миллатро наҷот бидиҳад.

Маориф пули зиёд дорад, масрафоти нодуруст

gurusnaТаҳсил дар гимназияву литсейҳои кишвари ҷоноҷонамон рӯз аз рӯз ба нархи ҷаҳонӣ мутобиқ мешавад, агар иштибоҳ накунам, ҳақки пардохт ба ҳисоби миёна 500 доллари амрикоист. Мактабҳои пулакӣ, ки рӯз аз рӯз бештар мешаванд, молиёт пардохт мекунанд. Қариб дар кишвари мо таҳсили бепул ва табобати бепул фаромӯш шудаву ба достону афсонаҳо табдил шудааст. Аммо мардум молиёт пардохт мекунанд, то соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф ва тандурустӣ маблағгузорӣ шаванд. 

Дар макотиби олии Тоҷикистон низ мусобиқоти боло бурдани ҳаққи таҳсил аз зиндагии воқеъии мардум ба фарсахҳо фосила дорад. Хеле гарон аст. Боре ҳисобу китоб намудан лозим аст, ки ин ҳама пуле, ки аз ҷониби донишҷӯён ҳангоми таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳо пардохт мешаванд, ба куҷо ва ба кадом мақсад сарф мешаванд? Дар кишварҳои демократӣ ҳамаи ин ҳисоботҳо дар маърази омм гузошта мешаванд ва мардум бар шаффофияти сарфи ин маблағҳо ба шубҳа наменигаранд.

Тоҷикистони азизи мо чандон кишвари бузург нест. Ҳеч чиз пушти парда ниҳон намемонад. Як бор пиёда дар маҳаллаҳои пур аз қасру кушки пойтахт қадам бизанед ва суроғ бигиред, ки кадоме тааллуқ ба муаллими мактаб дораду кадоме аз "хусурбачаи" ягон вазиреву ректори донишгоҳе аст. 

Ин ҷо танҳо дар бораи он маблағҳое гуфтем, ки ба таври қонунӣ болои донишҷӯён бор намудаанд ва ҳама сола ба буҷаи донишгоҳҳо дохил мешаванд, вале ба замми ин аз роҳҳои ғайриқонунӣ ҳазорҳо маблағ ҳамасола аз довталабон барои дохил шудан ситонда мешавад ва маҳз ба ҷайби ҳамин муаллимони донишгоҳҳо дохил мешаванд. Виллаву дачаи гаронбаҳои онҳо мероси бозмонда аз Шӯравӣ нест, ҳеч кадом ҳам ашрофзодаҳои бадарғашуда аз ҷаври низоми коммунистии вақт нестанд, ки бо пошидани СССР ба ватан бо сармояи худ баргашта бошанд. Инҳо ҳамин муаллимони донишгоҳ ва донишкадаҳои назарногири мо ҳастанд.

Таъкиди ин нуқта барои он аст, ки масъулини вазорати маорифро зарур аст, ки тавозуни пулсупориро муайян сохта, маблағи ҳангуфте, ки донишҷӯён дар донишкадаҳои олӣ месупоранд, аз ин ҳисоб маоши муаллимони мактабҳои миёнаро то ҷое баланд бояд кард. Фаромӯш набояд сохт, ки таълиму тарбияи дурустро маҳз дар наврасӣ ва ҳини таҳсил дар макотиби миёна бояд гирифт. Вақте ки муддати ёздаҳ сол наврасон беназорату бетарбия гузошта мешаванд, зеро муаллим дар фикри пур кардани шиками гуруснаи худу фарзандонаш аст.  Ва пас оё мешавад, ки муддати панҷ соли таҳсил дар донишгоҳ ӯро ба салоҳ овард. Чунончи шайх Саъдӣ мефармояд;

Ҳар кӣ дар хӯрдияш адаб накунанд,

Дар бузургӣ фалоҳ аз ӯ бархост.

Чӯби тарро чунон, ки хоҳӣ печ,

Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.

Русия рӯ ба таълимоти динӣ овард, чаро?

Аз 1- уми сентябри соли 2012 дар ҳама муассисаҳои таълимии Федератсияи Русия таълими фанни нав, "Основы религиозных культур и светской этики" роҳандозӣ мешавад. Омӯзиши ин фанни ҷадид аз синфи чаҳорум оғоз меёбад.

То оғози соли нави хониш, ҳамаи макотиби кишвари Русия боястӣ бо тартиби муайяни интихоб, ки чи миқдор толибилмон кадом курси модулиро хоҳанд омӯхт ва маводҳои омӯзишию омӯзгоронро интихоб намуд, гузаранд.

Ин курси омӯзишӣ якчанд  шохаҳоро дар бар мегирад; 1 - ум маърифати ахлоқи дунявӣ, 2- юм маърифати тамаддуни православӣ, 3 - маърифати тамаддуни динҳои ҷаҳон, 4 - маърифати тамаддуни исломӣ, 5- маърифати тамаддуни буддизм, 6- ум маърифати тамаддуни иудизм.

о меоранд. (http://www.eduhelp.info/page/v-sledujushhem-uchebnom-godu-vo-vseh-shkolah-rf-vvoditsja-novyj-predmet.)

Зикри ин чанд ҷумла ба хотири он аст, ки чанде пеш вазири маориф муҳтарам Нуриддин Саидов 9 - уми июл дар нишасти хабарие дар Душанбе ин нуқтаро зикр намуд, ки мо ҳеч зарурати гузаштан ба алифбои форсиро надорем ва дар хусуси аз нақшаи таълимӣ лағв сохтани фани "Маърифати исломӣ" гузориш дод ва аз ҷумла гуфт;

"Ин онро ифода месозад, ки мактабҳо дар Тоҷикистон муассисаҳои дунявианд. На ислом на ягон дини дигар ё ҷаҳонбинӣ ва идеалогияи дигар ҳеч гоҳ бояд дар макотиби мо дарс дода нашаванд."

Чанде қабл дар мақолаи "Маорифро ислоҳ кунед" чанд ибораеро бадин маъно зикр намуда будам: "Коргарони соҳаи маоърифи замони истиқлол ба пайравӣ аз вазирашон ба ҷои ислоҳот дар тарзи тарбия ва омӯзиши наврасон ислоҳотро аз панҷара гирифтани атрофи донишгоҳҳо ва ҷавононро ба пӯшидани шиму костюм ва овехтани ҳатмии галстук ва дур кардани сарпӯши духтарон шуруъ намуданд. Вазири собиқи маориф Абдуҷаббор Раҳмонов шахсан дар пиёдасозии ин "ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф" кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Вазири нав ҳам аз эҳтимол дур нест, ки мисли вазири пешин давомдиҳанда ва такмилдиҳандаи ин "ислоҳот" бошад.

Алъон ин эҳтимол ба ҳақиқат табдил ёфт. Гузориши ахири вазир ҳокӣ аз ин гуфтаҳост.

Суоле пайдо мешавад, ки оё муассисаҳои таълимии Русия динианд? Ё кормандони маорифи Русия ба маънии вожаи дунявият сарфаҳм намераванд?

Ин дар ҳолест, ки ҷониби маорифи Русия омӯхтани фанеро оиди омӯзиши таърихи динҳо ба роҳ мондааст, аммо маорифчиёни мо, ки ҳама чизро ба таври копӣ аз Русия мегиранд, чаро омӯзиши чунин фанро манъ намуданд?

Фанни ахлоқро ҷорӣ кунед!

Муҳтарам вазири маориф, чаро боре фикру андешаи донишомӯзон ва падару модарони онҳоро намешунавед, ки оё онҳо инро мехоҳанд ё не? Вазири маориф шудан маънои онро надорад, ки ҳама ҳукму фармонеро, ки бихоҳед, содир намоед. Дар мамолики пешрафта ва ҳатто Русия барои ҷорӣ намудани чунин фанҳо фикру андешаҳои толибилмон ва волидони онҳоро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд ва билохира натиҷагирӣ хоҳанд намуд, ки оё онҳо ба таълим додани он розӣ ҳастанд ё хайр?

Аммо амри сарнавишти мо ба чӣ меъёре чен мешавад? Меъёрҳои кадом кишвар ва кадом мардум?

Лоақал фаннеро аз китоби "Бӯстон"- у "Гулистон"- и муаллими ахлоқ Шайх Саъдӣ, ки дар замони Шуравӣ адиби дунявӣ муаррифӣ мешуд, ҷорӣ кунем, чи хилофе ба меъёрҳои дунявияти шумо дорад?! Шояд ин гуна бишавал ҷилавгир шуд, то бачаҳои мо ба ҷони ҳам наафтанд. Чӣ гуфтед, ҷаноби вазир?!

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97