Оё агентҳои хориҷии Тоҷикистон ошкор мешаванд?

Иҷтимоъ 14.07.2012 10:25

Грантҳои амрикоӣ ва НПО-ҳои лошахӯр

grantКумитаи умури созмонҳои иҷтимоӣ ва иттиҳодияҳои динии Думаи Русия тарҳи ислоҳоти қонун дар бораи ташкилотҳои ғайри давлатӣ, ё тавре дар Тоҷикистон маъмул аст, НПО -ҳоро ба баррасӣ гирифтааст. Агар ин қонун қабул шавад, ба бовари таҳилгарони русӣ Русия пеш аз ҳама бе ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи инсон хоҳад монд, ки аз мақомот вобаста набошанд.Ҳамчунин бархе созмонҳои хайрия низ аз қабили "Подари жизнь"("Ҳаёт бубахш")-и Чулпан Хаматова таҳти таҳдид қарор гирифтаанд. Ин созмон асосан ба кӯдакони гирифтори бемориҳои душвормтабобат ва маълул кумак ҷамъоварӣ ва ироъа мекунад. 

 

"Подари жизнь" дигар ҳаёт намебахшад?

Қонуни мазкур тақозо мекунад, ки созмонҳои аз хориҷа грантгир дар қайди махсус қарор дода шаванд. Мудири бунёди "Подари жизнь"гуфтааст, ки ин созмон барои кумак ба кӯдакони мариз аз кумакҳои хориҷӣ низ истифода мекунад ва дар сурати қабул шудани қонуни нав таҳти шароити он қарор хоҳад гирифт. Яъне дар феҳрасти агентҳои хориҷӣ қарор хоҳад гирифт. Суоле, ки мудирри ин Бунёд гузоштааст, шояд мантиқитарин суол дар ин баҳс бошад, ки гуфтааст, кӯдаконе, ки тавассути ин бунёд, масалан устухони мағзии онҳо иваз шудааст низ, барои гирифтани кумаки хориҷӣ дар қайди махсус гузошта шуда ва агенти хориҷӣ маҳсуб хоҳанд шуд? 

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сурати қабул шудани ин қонун, ташкилотҳои зиёде, ки бо грантҳои хориҷӣ фаъолият мекарданд ё аз миён хоҳанд рафт ва ё ба фаъолияти пинҳонӣ мегузаранд.

Путин ба сари маблағҳои воридшуда баргашт

Ҳизби "Русияи воҳид" ё "Единая Россия" баъди он чунин тасмим гирифт, ки ба бовари мақомот дар интихоботи гузаштаи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ созмонҳои ғайридавлатӣ ва бархе шахсиятҳо бо дарёфти кумакҳои хориҷӣ талош карданд, авзоъи дохилии Русияро ба чолиш дучор кунанд. Мақомот ва ҳатто худи В.В. Путин дар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бо хитоб ба ин гуна созмонҳо ва шахсиятҳо гуфта буд, ки "мо медонем, ки кӣ пул дарёфт кардааст, чанд пул ва аз куҷо ин пулҳо ворид шудаанд ва мешаванд. Аммо ҳоло бигузор ворид шаванд, чун пул барои мо зарур аст, мо ба он ниёз дорем, баъд ба ин масъала хоҳем расид".

Таҳилгарон мегӯянд, акнун ин ҳамон ваъдаи Путин аст, ки гуфта буд, ҳоло бигузор ворид шаванд, мо ба пул ниёз дорем ва ҳоло фурсати расидагӣ ба масъала фаро расидааст.

Сармоягузорӣ дар нооромиҳои кишварҳои пасошӯравӣ

Баъди суқути Шӯравӣ, давлати Русия ва ҳамин тавр давлатҳои тозаистиқлолёфтаи ин қаламрав ,аз ҷумла Тоҷикистон бо қабули қонунҳои нав иҷоза доданд, ки созмонҳои ғайри давлатии дохилӣ аз кумакҳои хориҷӣ ба таври фаровон истифода кунанд. Ин кумакҳои хориҷӣ дар бархе маврид дар ибтидои кор беғаразона низ сурат гирифтааст. Аммо акнун ин созмонҳо ба ҳадде зиёд шудааст, ки дигар сари калоба гум шудааст. Ҳоло дар Тоҷикистон низ садҳо чунин созмонҳои грантгир фаъолият мекунанд. Дар аксари маврид вақте ин созмонҳо фармоиши ниҳодҳои хориҷии грантдиҳандаро иҷро мекунанд, ки дар фаҳми ҳадафи супоришдиҳанда иҷрогарони грантгир оҷизанд. Рӯзона садҳо ташкилот ё НПО дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии маълумот ва таҳқиқоти иҷтимоӣ барои хоҷагони хориҷии худ машғуланд. Ҳоло дар Тоҷикистон шояд ноҳия, колхоз, совхоз ва ё ҷамоъаи деҳоте нест, ки ҳадди аққал як НПО дар он ҷо ба фаъолият машғул набошад.

НПО -"презерватив"

Фаъолияти НПО амри муҳим ва шарти ҷомеъаи шаҳрвандист, аммо масъулини ин НПО -ҳо низ дар аксари маврид фақат чӣ тавр пул кор кардан аз ҳисоби грантро медонанд, ба ҳадафи кор, суду зиёни он коре надоранд. Намешавад гуфт, ки ҳамаи НПО чунинанд, аммо ба бовари комил метавон гуфт, ки ҳадафи аксари кулли масъулони НПО-ҳо ба даст овардани грант аст. Фарқе надорад, ки хориҷиҳо чӣ фармоиш медиҳанд. Ҳадди аққал ман НПО-еро намедонам, ки бо пули дохилӣ ва ё бо нируи худ кореро анҷом дода бошад. Кор то ҷое расидааст, ки тоҷик омода нест ба тоҷик истифодаи "презерватива"-ро бе гранти хориҷиҳо биомӯзад. Барои мисол, даҳҳо НПО дар айни ҳол саргарми баргузории тренинг барои омӯзиш додани хонаводаҳои муҳоҷирон ҳастанд, ки чӣ гуна бояд "презерватива"-ро истифода кард.

Грантдеҳу грантхӯрҳои фасодзада

Ҳадаф аз сармоягузории НПО -ҳо мусоидат ба рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ буд. Аммо ҳоло ки чунин нашудааст, хоҷагони хориҷӣ тайиноти ин шабакаи муҳимми таъсисшударо дигар кард ва аз онҳо ба унвони асбоби ҷамъоварии иттилоъ ва дар айни замон паҳнкунандаи фарҳанги хос ва маълумоти мавриди назари худ истифода мекунанд. Ин НПО-ҳо ҳаргиз натавонистанд, дар амри густариши ҷомеъаи шаҳрвандӣ мусоидат кунанд. Баръакс садҳо марду зане, ки қабл аз ин фаъол буданд ва нируи кор доштанд, бо пойдор кардани НПО аз саҳнаи зиндагии иҷтимоӣ ва сиёсӣ канор рафтанд. Ин НПО- ҳо, агар дар ҳар давлате боиси рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ шуда бошанд, аслан дар Тоҷикистон бар зиёни ҷомеаи маданӣ кор кардаанд. Ба сурати сунъӣ ва сохта намешавад ҷомеъаи маданӣ сохт. Мутмаинан, ҳамон ҷомеъаҳои ғарбӣ, ки имрӯз ба ин НПО -ҳои мо грант медиҳанд, худ тавассути ин гуна ташкилотҳо ба пешрафти маданӣ ва озодиҳо даст наёфтаанд. Балки роҳи муборизаро паймудаанд. Шабакаи НПО дар Тоҷикистон фосидтарин бахши ҷомеа низ ҳаст. Ҳам созмонҳои грантгир ҳоло фосид шудаанд, ҳам грантдеҳ. Хоҳ он сафорати Амрико бошад, хоҳ САҲА ва хоҳ ҳар созмони дигар. Масалан, сафири Амрико боре аз худ суол мекунад, ки чаро аксари кормандони маҳаллияш аз як қавми хосанд? Ва ё визаву гринкарти Амрико дар ҳамин ҷо ба савдо гузошта мешавад. Шояд як далели интихоби ғайри тоҷикон эътимоди бештар ба онҳост, ки дурусттар хидматгузори хубтаре ҳастанд. Аммо фасод аслитарин омил аст, ки ҳатто даври амрикоиҳоро гирифтааст. Ҳамин тавр аксари барномаҳои грантӣ низ ба афроди мавриди назари созмонҳои хориҷӣ ва он ҳам дар навбати худ ба касоне, ки тавассути қавмбозӣ муаррифӣ шудаанд, дода мешавад.

Озодии баён ғуломи грантҳои САҲА

Ин грантҳо ба ҳадде истиқлоли фикр ва амалро аз тоҷик гирифтааст, ки то аз ташкилоти хориҷӣ грант нагирад, ҳиммат, ҷасорат ва шаҳомати ташкили як ҷаласа додан ва дар мавриди мушкилоти худ ҳарф заданро надорад. Бедортарин қишри ҷомеъа, агар журалистон бошанд, ҳоло чандин сол аст, ки рӯзи ҷашни матбуот ва рӯзи озодии баён ва рӯзҳои дигари ҷашнро барои онҳо созмонҳои хориҷӣ баргузор мекунанд. Агар САҲА ва бунёди Сорос набошад, на рӯзи озодии баён вуҷуд дорад ва на омӯзиш додани журналистон. Дар се соли пеш барои оштӣ додани ду сардабире, ки даргири баҳси тӯлонии лафзӣ шуда буданд, ҳатто як созмони хориҷӣ грант ҷудо карда буд. Барои як нишасти як соатӣ! Масъала дар он нишаст ҳал шуд, вале тоҷи таассуф ин аст, ки тавассути грант, беҳтарин дороии журналистон, ақл, фаросат ва ҳиммати онҳо ҳоло мебинем, ки гирифта шудааст. Агар мисли Русия чунин қонуне дар Тоҷикистон қабул шавад, мутмаинан аксари созмонҳо, НПО-ҳо, маҳфилу мактабҳои хоса журналистӣ аз байн хоҳад рафт, ки ҳеч ҷои афсӯс надорад. Ду рӯзи пеш дар эълоне хондам, ки ташкилоте барои журналистон давраи омӯзишӣ доир карда. Профессоре ҳам омӯзишро доир кард, бадоҳатан суолам аз худам ин буд, ки ин устод чанд 10 сола фурсат дошт дар донишгоҳ ба журналистон чизе наомӯхт, ҳоло чӣ меомӯзад? Инҷо мақсад …. Ҳалол кардани грант аст…  Ҳоло бузургтарин маҳфили грантгирии журналистон, Шӯрои ВАО аст. Инро шартан мешавад, ки Шӯрои лошаҳӯрон ВАО низ унвон кард....

Оғози як зиндагии нав

Аммо суол ин аст, ки ин қонунро мисли дигар қонунҳои Точикистон аз Русия копи мекунанд, нусхабардори хоханд кард ё не?

Агар чунин қонун дар Тоҷикистон рӯбардор шавад, бидуни шак садҳо зани грантгир бекор хоҳад монд. Аммо ҷое барои таассуф надорад. Ин ҷост, ки корзори "презерватив" -тақсимкунӣ поён меёбад, ва зиндагии табиӣ ва инсонӣ бояд шуруъ шавад.

Умари  Давлат, аз ш. Санк Петербург,

махсус барои «Миллат»    

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97