Скинхед душмани тоҷик нест

Иҷтимоъ 29.06.2012 15:08

skenkhМардуми тоҷик аксаран ва одатан дар маънои калимаи скинхед ва симои он як ҷавони руси сартарошидаро мебинад, ки аз модар маҳз барои тоҷик куштан таваллуд шудааст. Ва боз аз андак мутолиаи рӯзномаҳои сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бармеояд, ки зуҳури ин гурӯҳҳои фашистии тоҷиккуш дар хоки Русия пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар охирҳои соли навадум бо зуҳури Владимир Путин ҳамчун чеҳраи нав дар майдони сиёсии Русия рост омад. Яъне скинхедҳоро В. Путин овард, вай онҳоро одамкушию тоҷиккушӣ омӯзонид ва пуштибонии молию ҷонӣ кард. Аммо ҳақиқати ҳол чунин нест. Агар ба ин мавзӯъ аз дохили корзор бо чашми хирад ва таҳлили мантиқӣ нигоҳ кунем, ба осонӣ ва рӯшану возеҳ хоҳем дид, ки скинхедҳо на фашистанд ва на моли ихтироъкардаи Путин ва на дар қасди қатли миллати тоҷик.

Зодгоҳи скинхедҳо Англия аст, на Русия

Агарчи ҳаракати скинхедӣ дар Русия дар охирҳои солҳои навадум пайдо шуд, аммо маҳали асосӣ ва аввалин зуҳури скинхедҳо Русия нест. Ин тавр ҳаракати ғайриоддӣ бо тарзу услубҳои гуногун берун аз Русия чандин солҳо қабл пайдо шуда буд. Ҳаракат ва гурӯҳи скинхедҳо бо ин тарзу услуб ва ном аввалин бор соли 1964 дар Англия ба вуҷуд омад ва бинобар ин, калимаи скинхед низ калимаи англисӣ аст, яъне (skin) скин-пуст ва (head) ҳед-калла, сар (skinhead-каллапӯст). Дар солҳои 1964 як идда ҷавонони англис аз сустию заъифӣ ва занакмиҷозии мардони ҳаммиллати худ сахт нороҳат шуда, мӯйҳои сари худро тарошида, бар зидди ин тоифа мардони пастҳиммат ва занакмиҷоз даст ба кор шуданд. Ба ақидаи ин гурӯҳи ҷавонони сартарошида, сустӣ ва айёшии ҷавонони насли нав ба субот ва устувории давлат ва миллати англис зарари ҷиддӣ дошт ва ояндаи дурахшони миллати бузурги англисро дар маърази хатар гузошта буд. Ҷавонони таҳҷоии англис, хусусан бойбачаҳо, бисёр бепарвою холабеғам гашта буданд ва аз тарафи дигар бар акси ҳол ҷавонони муҳоҷири ҳинду - покистонӣ ва африкоиҳо хеле фаъолу чолок менамуданд. Бинобар ин скинхедҳои англис чунин ҷавонони ба ақидаи худ айёшу бепарворо ҳар ҷои хилват, ки медиданд, лату кӯб карда, дарси адаб медоданд ва ба ин васила мехостанд, ҷавононро аз тақдири ояндаи миллати хеш огоҳ созанд, то ин обрӯву иззат ва мулки беканоре, ки пайи муборизаҳои зиёд ба даст овардаанд, ба ғафлат аз дасташон наравад.

Скинхедҳои исломӣ

Чунин гурӯҳи мухолифони сартарошида, яъне скинхедҳо аз англисҳо ҳам муқаддамтар, зиёда аз ҳазор сол қабл дар таърихи ислом ҳанӯз дар замони хилофати ҳазрати Алӣ низ пайдо шуда буд.

Он замон ҳам як гурӯҳ мусулмонон сарҳои худро тарошида ва ба истилоҳи имрӯза скинхед шуда, тазоҳуроти иҷтимоӣ мекарданд.

Скинхедҳои русӣ

skinСкинхедҳо дар Русия ба шакли гурӯҳҳои муназзам дар охирҳои соли навадум ба вуҷуд омаданд. Бо номи англисӣ, нишонҳои фашистии гитлерӣ-немисӣ ва рӯҳу равони русӣ. Онҳоро дар кӯчаву хиёбон, бозору марказҳои савдо ва ҷумла ҷойҳои ҷамъиятӣ ба осонӣ метавон дид. Сари тарошида, мӯзаҳои бандакдори подоши ғафс ва чеҳраи ниҳоят ҷиддию гирифта, аломати аслии онҳо аст, ки ба як назар шинохта мешаванд. Илова бар ин, онҳо боз бар бадан ва либосҳои худ ҳаргуна расму аломатҳои ба худ хос,  мисли адади 14 ва ё 88, аломати фашистии гитлерӣ (свастика), ҳарфҳои кӯтоҳшудаи WP= white power (қувваи сафед) ва ғайра расму татуировка мекашанд. Мувофиқи маълумотҳои ғайрирасмӣ, дар шаҳри Маскав ва ноҳияҳои гирду атрофи он  ҳудуди 35000 скинхед фаъолият мекунанд, ки ин рақам ба теъдоди артиши Тоҷикистон баробар аст. Агарчӣ дар байни скинхедҳои рус мактаббаччагон, ҷавондухтарон ва мардони миёнасол низ ҳастанд, аммо аксари онҳо ҷавонони аз 18 то 35 солаанд ва бештар мухлисони дастаҳои футбол ва аз намояндагони табақаи миёнаи мардуманд.

Скинхед ихтироъи Путин нест

Русия бо вуҷуди бузургтарин ва аз нигоҳи дороиҳои табиӣ бойтарин давлати дунё будан ва ба иловаи ҳамаи тавоноии низомӣ, мушкилиҳои  хеле зиёд дорад. Мушкилиҳо ҳам сиёсианд ва ҳам иҷтимоӣ, ҳам дохилӣ ва хам хориҷӣ ва ба ояндаи неки Русия ҳамчун давлат ва миллати рус таҳдидҳои бунёдӣ мекунанд. Ин мушкилиҳоро метавон ба; 1) таҳдид ва хатари муҳоҷирон ба амнияти Русия, 2) таҳдиди камшавии аҳолии таҳҷоии  миллати рус (депопулятсия) ва 3) таҳдиди ошкорои давлатҳои абарқудрати дунё тақсимбандӣ кард. Маҳз ин мушкилиҳо сабаб шуданд, ки гурӯҳе аз ҷавонони ватанхоҳи рус аз миёни мардум сар бароварда, барои наҷоти Русия ва ояндаи босаодати миллати хеш даст ба кор шаванд, ҳукуматдорони Русия пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва маҳдудиятҳову маҳрумиятҳои молии замони он то солҳои 2000-ум ва омадани Владимир Путин аслан аз муваффақиятҳои пулдуздию нафтдуздӣ ҳама саргаранг буданд ва таъсири таҳдидҳои нави замони навро эҳсос намекарданд ва Кремл барои миллиардерҳои ғайрирус ҷои "буҷулбозӣ" гардида буд.

Таҳдиди муҳоҷирон

Режими коммунистӣ дар ниқоби Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба тараққиёти босуръати давлатҳои капиталистии дунё қудрат ва мадори муқовимат надошт, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ тамоми гӯшаю канори давлатҳои аъзои собиқи онро маҳкам аз пой гирифта буд. Сурфаи миллати рус мисли замини бепаҳнояш паҳну густурда буд ва дар натиҷа аз тамоми ҷумҳуриҳои бародарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ "бародарон" ҳама бо ҳам рӯ ба Русия оварданд. Тамоми шаҳру деҳоти Русия аз тоҷик, узбак, қирғиз, арманӣ, гурҷӣ, озарбойҷонӣ, укроин, белорусу молдован, қазоқ ва ҳатто афғону яҳудию ветнамӣ пур гашт.

Дар ибтидо ҳама ором буд. Соҳибхонаҳо муаддабона поси эҳтироми "меҳмонҳо "-ро мекарданд. Танҳо пас аз 5-6 сол маълум шуд, ки меҳмонҳо рафтанӣ нестанд ва мардуми таҳҷоӣ дар такопӯ афтоданд. Бисёре аз меҳмонони муҳоҷиру мардикор, кай омадани худро хеле пеш фаромӯш карда буданд. Тамоми бозорҳои Маскав дар контроли ғайри русҳо, хусусан дар дасти яҳудиҳо ва озарбойҷонию арманиҳо буд. Аз ин рӯ хатари вуҷуди бародарони муҳоҷир баръало эхсос шуд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ барои мардуми оддии рус асосан нороҳатии равонӣ ва иқтисодӣ доштанд ва барои бедордилон нороҳатии сиёсӣ. Ин табиати хар як инсон аст, ки мехоҳад дар фазои амн ва оромиш зиндагӣ кунад. Мардум мехоҳад, ки кӯдакон, духтарони тоза ба балоғат расидаи онҳо ва пиронсолон тавонанд дар гирду атрофи хонаи худ озоду осуда сайру гашт кунанд. Вуҷуди мардуми бегона бо фарҳангу хуну рангу рагу пӯсти дигар оромӣ ва осудагиро аз дили мардуми рус бурд. Муҳити зиндагӣ тамоман дигаргун шуд. Саҳар, ки аз хоб мехезанд, аз кӯчарӯбу ронандаи таксию автобус, сигорфурӯшҳои сари роҳ то бозору марказҳои савдо ҳама мардуми ба фарҳанги онҳо бегона. Ба ҳамаи ин иктифо накарда, боз ҳар рӯз муҳоҷирон бештару бештар мегаштанд. Муҳоҷирони каме ҷойи по пайдо карда, боз бародару хоҳарзодаю ҳамсинфу ҳамсояҳои босаводу бесавод ва боҳунару беҳунари худро даъват мекарданд. Вокзалҳои роҳи оҳан ҳар рӯз ҳазорҳо муҳоҷир қабул мекарданд ва мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Русия, имрӯзҳо шумори муҳоҷирони корӣ ба 16-17 миллион расидааст, ки ба ин миқдор Русия аз нигоҳи қабули муҳоҷирон дар дунё ҷои аввалро ишғол мекунад. Русия дар зоти худ давлати бисёрмиллат аст ва ҳанӯз мушкили байни миллатҳои худро ҳал накардааст ва селоби муҳоҷирони миллатҳои гуногун фазои бе ин ҳам тираро боз тиратар мегардонад.

Нороҳатии дигаре, ки мардуми таҳҷоии рус аз вуҷуди муҳоҷирон эҳсос мекунанд, маншаи иқтисодӣ дорад. Муҳоҷирон бо шумори беҳад зиёди худ фазои бозори корро барои мардуми таҳҷоӣ танг карданд. Русия бо вуҷуди пешравиҳои назарраси иқтисодӣ, то соли 2000-ум мушкилиҳои ҳалталаби иқтисодии бисёр дошт.

Нуқтаи дигаре, ки тухми нафрат ва низоъро дар синаи мардуми таҳҷоии рус кошт ва яке аз омилҳои боризи пайдоиши скинхедҳо гардид, ин ихтилофи муҳоҷирони меҳнатӣ бо мардуми таҳҷоӣ мебошад. Бар иловаи сарватҳои бешумори табиӣ, замини пурфайзу бекарон, шуҷоат ва заковат, Худованд зебогиро низ аз миллати рус дареғ надоштааст. Духтарҳои рус ба зебоӣ, хубӣ, дилрабоӣ ва хонадорӣ дар рӯи олам машҳуру беназиранд ва тибқи омор, ҳанӯз аз солҳои навадум теъдоди духтарон дар Русия ҳамеша аз писарон бештар будааст. Мувофиқи таблиғи пешазинтихоботии В. Жириновский - раиси ҳизби либерал- демократии Русия, танҳо соли гузашта дар ин кишвар духтарон 18 миллион аз писарон бештар будаанд.

Агарчӣ дар байни муҳоҷирон занҳо ва пиронсолон низ вуҷуд доранд, аммо қисмати зиёди муҳоҷирони Осиёи  Миёнаро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин тоифа бо нируи ҷавонӣ ва хуни гарми худ пайваста дар хоки Русия мушкилӣ эҷод мекунанд. Ба занҳо "чашм ало" мекунанд, айёшӣ менамоянд, ошиқ мешаванд, зан мегиранд ва баъзеҳо фарзанддор мешаванд. Фарзандонашонро "Ҷамшуд" ва "Равшан" ном мегузоранд ва билохира бақои босаодати ояндаи миллати русро дар маърази хатар мегузоранд.

Камшавии аҳолии таҳҷо

Камшавии аҳолии таҳҷоии миллати рус пурсарусадотарин масъала ва мушкилии давлати Русияи ҳозиразамон гаштааст. Ҳанӯз аз замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ то ба имрӯз, аҳолии Русия ҳар сол бо тадриҷ кам мешавад. Соли 1990 аҳолии Русия 146 миллион нафар буд, аммо ин рақам баъд аз бист сол ба 141 миллион коҳиш ёфт.

Дар мавзӯъи камшавии аҳолии Русия аз ҳама манзараи аҷоиб ин аст, ки камшавии аҳолӣ танҳо аз ҳисоби русҳост. Миллатҳои ғайри русе, ки дар ҳудуди хоки Русия даромадаанду боқӣ мондаанд, мисли тоторҳо, бошқирдҳо ва тамоми майдамиллатҳои мусулмону номусулмони минтақаи Қафқоз, ба истиснои бошқирдҳо дар масъалаи шумори аҳолиашон ҳеҷ мушкилии камшавӣ надоранд ва ҳатто баръакс ҳамасола ба тадриҷ ва субот афзоиш меёбанд.

Як тадқиқоти ба тозагӣ анҷомшуда нишон медиҳад, ки тӯли даҳ соли охир аҳолии Чеченистон 15%, Доғистон 12% ва  Ингушу Кабардину Карачаю Черкес 7-8% афзоиш ёфтааст, аммо дар вилояти руснишини Ставропол дар минтақаи Қафқоз, русҳо 2% кам шудаанд. Мутахассисони илми демографӣ сари ҳар оила доштани 2, 4 фарзандро, ё барои ду  оила панҷ фарзандро, барои бақои ҳар як миллат шарт ва зарур медонанд. Ин таҳлил ва омор, ҷой ва мақоми миллати русро дар оянда муайян кардааст ва нишон додааст ва ин мавзӯъро аллакай ҳама медонанд, скинхедҳо низ.

Хоку обу дони Русия барои як миллиард рус басанда аст, аммо онҳо як миллиард ва ҳатто ними он нестанд. Скинхедҳои рус намегузоранд, ки Русия аз ҳисоби миллатҳои ғайр ба як миллиард ва ё ними он бирасад.

Таҳдидҳои хориҷӣ

Русия ҳамчунин омоҷгоҳи  ҳамлаҳои давлатҳои Иттиҳодияи Аврупо, Амрико бо шариконаш гаштааст. Аз ин зовия ба ибораи ҳикматомезе, ки Русия ғайри артиш ва флоти баҳриаш дигар ҳеч дӯсте надорад, метавон ба хубӣ ва мардона тан дод. Замини бениҳоят бузург ва беҳисоби сарватҳои табии Русияро дида, рашку ҳасад дар синаи давлатҳо ва миллатҳои кишваркушо мисли торфҳои ҷангалҳои Подмоскв пӯсида хоб аст.

Вазири пешини умури хориҷии Амрико  М. Олбрайт ошкоро мегӯяд, ки сарватҳои беҳисоби минтақаи Сибир ноодилона танҳо ба Русия тааллуқ дорад. Амрико дар тамоми низоъҳои ҷаҳонӣ мавқеи зидди Русия дорад. Дар Қафқоз аз ҷониби Гурҷистон зидди Русия меҷангад ва дар Полша, яъне назди бинии Русия, барои "дифоъ"-и Аврупо аз ҳуҷуми ногаҳонии Ирон, сипари зидди мушакӣ месозад.

Чин ва Ҷопон бо Русия мушкилии минтақавӣ доранд. Ба баргардонидани қисмате аз ҷазираҳои Курил аз ҷониби Русия ба Ҷопон, давлати ҳамсоя ҳанӯз пурра қонеъ нашудааст ва агарчи В. Путин "тема закрыта" ҳам гуфта бошад, аммо ҷониби Ҷопон аз панир саҳми бештар мехоҳад ва Чин дар навбати осиёб аст.

Туркия ҳоло дар камин аст. Вай бо истифода аз ҳузур ва нируи миллатҳои турктабораш дар Русия  метавонад, ки дар ояндаи на он қадар дур, қомати ин давлатро бишканад. Ҳудуди иттиҳоди давлатҳои туркнажоди дунё мисли Русияи ҳозира хеле бузург аст.

Скинхедҳо аз ҳамаи ин гуфтаҳои боло хуб бохабаранд. Онҳо мувофики масали тоҷикии "илоҷи воқеъа пеш аз вуқӯъ" амал карданд. Пеш аз он, ки баъд аз 30 сол ва ё 50 сол Русия мисли Афғонистон ва ё Тоҷикистону Узбакистон  гардад, мебоист аз ҳозир андеша кард. Ҳукумат бошад барои риояи "дӯстӣ" ва дипломатия, аз уҳдаи иҷрои ин кор намебаромад.

Бобобек Гадоев, пажуҳишгари тоҷик
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97