Ленин боғи Қурғонтеппаро тарк гуфт, бидуни хунрезиву ашкрезӣ

Иҷтимоъ 14.06.2012 18:06

ё чаро Ленин сафеду Сомонӣ сиёҳ аст?

Ленин ҳамеша зинда аст?

leninБаъди 20 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон пайкараи доҳии пролетариат, пешвои маънавии комунистон Ленин аз маркази маъмурии Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа бардошта шуд. Масъулини боғи фарҳангӣ-истироҳатии шаҳри Қӯрғонтеппа иброз медоранд, ки дар ҷойи пайкараи Ленин ва мавзеи атрофи он бунёди театри замонавӣ дар назар дошта шудааст.

 

Воқеан дар панҷ соли охир мавзӯи нигоҳдорӣ ва ё бардоштани пайкараи Ленин аз боғи фарҳангии маркази маъмурии Хатлон дар матбуоти даврӣ бо гунаҳои мухталиф инъикос шудааст. Гоҳо матлабе бобати чаро то кунун пайкараи Ленин аз муҳимтарин мавзеи фарҳангӣ бардошта нашудааст? Гоҳи дигар бо оҳанги изтиробомезе матлабҳое дар мавзӯҳои «Пайкараи Ленинро бармекананд?» нашр шуда, фикри мардумро атрофи «Ленин бошад ё набошад?»  ва ё «Кандани пайкараи Ленин чӣ оқибате ба бор меоварад?» банду парешон мекард. Шояд баркандани пайкараҳои идеологияи аз байн рафта барои ҳукуматҳои маҳаллӣ мушкилие пеш наорад, аммо минбаъд дар куҷо нигоҳ доштани ин партовҳои сангин масъалаи дарди сар барои ҳукумат мемонад. Намедонам, шояд ҳанӯзам сиёсати партияи коммунистӣ ва эътиқоду тарс аз ҷазои партиявӣ дар дили баъзе дастпарварони сатҳи маҳалли ин мактаби дар гузашта бузург ҷой дошта бошад, ки эшон наметавонанд тасвирҳои сангину қоғазини як инқилобчии 88 сол қабл мурда рафтаро аз ҷойҳои ҷамъиятӣ бардоранд. Вагарна дар кишваре, ки Истиқлоли давлатиаш 21 сола шудаву тамаддуни гузаштагони миллати хешро мояи ифтихору идеологияи пешбаранда меҳисобад, аз муҳити маънавӣ тоза кардани фарҳангу маънавиёти аз байн рафта, бояд масъала набошад.    То вақте Бурӣ Султонов, роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар қайди ҳаёт буд, даъвои ба моликияти ҳизбаш тааллуқ доштани пайкараҳои Ленинро мекард. Аммо дар ҳамин шабу рӯз барои бахши Хатлонии ҲКТ, ки худ дар бинои донишҷӯёни ДЭТ иҷоранишинанд, дар гумон аст, ки даъвои соҳибмолӣ ба пайкараҳои сангини Ленин дошта бошанд. Дар ҳамин ҳол пешниҳоди қаблии мудири шӯъбаи фарҳанги вилояти Хатлон бобати ба осорхона супоридани пайкараҳои идеологҳои аз байнрафта низ қобили қабул нест. Агар аз як ҷиҳат ин бутҳои сангин ҷойи зиёдро гиранд, аз тарафи дигар дар осорхонаҳо ин ҳама пайкараҳои Ленин, ки дар кӯчаю хиёбонҳо боқӣ мондаанд, ҷой намегиранд. Суоли матраҳ ин аст, ки бо пайкараҳои Ленин чӣ бояд кард, онро тахрибу масолеҳашро барои коркард (агар шавад) супурд ё ҷое ҳамчун порае аз таърих нигаҳдоришон кард, ки дар оянда ҷойи тамошои сайёҳон бишавад?

Сифати пайкараҳо

Ба қавли муҷассамасозон пайкараҳои хатлонии Ленин аз масолеҳи санги биринҷӣ сохта шуда, дар тӯли 60-70 сол аз асари борону гармии офтоб сифати аслии худро заррае гум накардаанд. Ба истиснои ҳамин пайкараи чанд рӯз пеш аз боғи истироҳатӣ-фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа бардошта шуда, дигар пайкараҳои дар шаҳру деҳоти Хатлон мавҷуд буда, ҳатто рангашон ҳам тағйир наёфтааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайкараи Ленини қӯрғонтеппагиро якчанд маротиба таъмир намуда буданд. Боре порасангу аз қолаби пешонию баъдан як патти бинии Ленин ба замин афтода буд. Аммо ҳар замон маъмурони боғи фарҳангии шаҳри Қӯрғонтеппа узвҳои «иллатманд»-и Ленинро таъмиру тармим менамуданд. Умуман  коммунистони дар гузашта сари қудрат пайкараҳои пешвои маънавии худро аз ҳисоби заҳмати пахтакорон бо истифода аз сангҳои хушсифат сохтаанд. Мутаассифона сифати пайкараву нимпайкараҳои даврони соҳибистиқлолӣ сохташударо ба пайкараҳои ленинии 60-70 сол қабл баробар карда намешавад. Танҳо дар 10 соли охир дар маркази Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа зарурияти азнавсозии пайкараҳои ба тозагӣ қоматафрохтаи Бобоҷон Ғафуров ва Абуабдулло Рӯдакӣ пайдо  шуда буд. Ба ин монанд суолҳоро, ки; «Чаро ранги пайкараҳои ба тозагӣ сохтаи бузургони миллати тоҷик сиёҳу Ленини кӯҳна сафед аст?» аз зиёд сокинони одии Хатлон шунидаем.

Чаро Ленин сафеду Сомонӣ сиёҳ аст?

Дар мисоли ноҳияи Бохтар пайкараи Исмоили Сомонӣ, ки ҳанӯз чанд сол пеш дар майдони марказии ин ноҳия гузошта шудааст, ба ҳадде сиёҳ менамояд, ки гӯё масолеҳи дар он истифодашуда аз асари офтоби сӯзон сӯхта бошад. Дар ҳамин кӯчаи марказии ноҳияи Бохтар дар масофаи 100-150 метр дуртар аз майдони маказии ноҳия пайкараи сафеди В.И Ленин ҳам побарҷост, аммо сурати сангини Ленин ҳамон навъе, ки 50 сол қабл сафед буд, сафед мондааст. Чаро Ленин сафеду Сомони сиёҳ аст(?), эроди шахсии муаллиф нест, балки суолест, ки байни мардум халқ шудааст. Шояд сифати масолеҳи дар пайкараи Исмоили Сомонӣ истифодашуда баландтар бошад, аммо ранги номутобиқи он ҷойи мулоҳиза аст.

Аммо мавзӯи баҳс ранги пайкараҳои идеологҳои ду режими давлатдорӣ нест, балки дар як вақт дар зеҳни мардум бор кардани ду ақидаи ба ҳам мухолифи сиёсӣ мебошад. Мунавваршоҳ Маҳмадшоев, ронандаи мусофирбаре, ки моро аз ноҳияи Вахш ба маркази вилояти Хатлон меовард, мегӯяд: «Ман рӯзе чандин маротиба аз роҳи марказии ноҳияи Бохтар мегузарам, вақте чашмам ба ҳайкали Сомонӣ меафтад аз соҳибистиқлолии кишварам ифтихор мекунам, аммо вақте поинтар пайкараи Ленинро мебинам, фикру хаёламро даврони шӯравӣ банд мекунад. Ба фикри ман нигоҳдории пайкараҳои Ленин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз лиҳози идеологӣ дуруст нест».

Ирода ё хоҳиш?

Мутаассифона дастгоҳу воситаҳои идеологӣ то кунун сиёсату идеологияи давлатдориеро, ки аз суқуташ ду даҳсола гузаштааст, аз фазои маънавии ҷомеаи мо тоза накардаанд. Тоҷикистоне, ки дар остонаи 21-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дошта, давлату миллат аз тамаддуни Ориёию таърихи давлатдории ниёгонаш мисли Сомониён ифтихор дорад, иродаи тоза кардани муҳити маънавии ҷамъияти худро аз арзишҳои идеологияи бегона надорад, ё хоҳиш?

 Аслан Ленинизм идеологияи бегона танҳо барои кишварҳои аз асорати «СССР» раҳошуда нест, балки ин сиёсат дигар дар гаҳвораи маъмурии худ Кремл низ арзишҳои худро гум кардааст. Аммо дар сатҳи баъзе ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилояти Хатлон пайкараву нимпайкараҳои Ленин то кунун дар кӯчаву хиёбонҳо побарҷост.Тибқи баъзе маълумотҳо то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ дар қаламрави имрӯзаи Хатлон ҳудуди 200 адад пайкараҳои пешвои Коммунистон- Ленин арзи вуҷуд доштанд. Алъон пайкараҳои Ленин танҳо аз марказҳо ба хусус майдонҳои расмии шаҳру навоҳии вилоят бардоштаанду дар ҷамоатҳои деҳот ва баъзе мактабу дигар мавзеҳои фарҳангию фароғатии вилоят симои сангини Ленин дар пеши назари мардум пайдост.

Соли гузашта вақте оид ба вазъи нуқтаҳои фарҳангии ноҳияи Ҷилликӯл гузорише омода мекардем, дар як гӯшаи боғи фарҳангӣ-истироҳатии маркази ноҳия, ки як қисми марзаш барои қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст, манзараи ҷолиберо мушоҳида кардем. Қитъаи замине, ки дар он пайкараи В. И Ленин ҷойгир буд, акнун замини наздиҳавлигии як шаҳрванд аст. Он рӯз мо соҳиби он қитъаи замини наздиҳавлигиро наёфтем, то бипурсем, ки бо ин бути сангини байни ҳавлиаш чӣ кор мекунад? Аммо пиронсоле, ки дар наздикии боғи фарҳангии ноҳия истиқомат дорад, ба ин суол чунин посух дода буд: «Агар ягон коммунисти бовиҷдоне монда бошад, бояд чунин пайкараҳоеро, ки атрофашон партовгоҳ шудааст, қисм-қисм ҷудо карда, дар ягон ҷойи нолозим паноҳ кунад. Аз ин ҳолат дида дигар беэҳтиромӣ нисбати Ленин намешавад. Зеро дар гузашта мавзеи атрофи пайкара ҷойи истироҳати фарҳангии мардум буд, имрӯз бошад партовгоҳ аст.

Ба ҳар ҳол метавон аз мавзеи фарҳангии маркази Хатлон бардоштани муҷассамаи В. И Ленинро ба масъулини шаҳри Қӯрғонтеппа табрик гуфт. Зеро навобаста ба эҳтироми мо нисбати таърихи 70 соли Шӯравӣ дидани пайкараҳои доҳии пролетариати ҷаҳон дар марказҳои фарҳангии мо нолозим аст. ҷомеае, ки даъво ва ҷаҳду талоши миллатсозӣ дорад, бояд дар мадди аввал муҳити маънавии мардуми худро бо арзишҳои худӣ ороста намояд. Ва дар як муҳит ба намоиш гузоштани ду ақидаи сиёсии ба ҳам мухолиф барои зеҳни мардум бори зиёдатӣ аст. Мисоли дар болои кӯча қомат афрохтани пайкараи Сомонию  дар поинтари он ҳайкали Ленину Марксу Энгелс.

Хулас, дар сатҳи ҷамоатҳои деҳоти вилояти Хатлон дар куҷое пайкараи Ленин побарҷо мондааст, он мавзеъ аз мадди назари ҳукуматдорон дур аст. Яъне агар масъулини мақомоти маҳаллӣ дар фикри солимгардонии фазои идеологӣ бошанд, бояд  инчунин муҷассамаҳои ба маънавиёти мо бегонашуда аз пеши назари мардум барчида шавад. Аз ин рӯ масъулини сатҳи маҳалро мебояд, ки дигар мунтазири ягон фармону умед ба гузаштае, ки бозпас надорад, набандем.  «СССР» дигар барқарор намешавад! Зеро он тавре, ки шоире дар замони ҳукмронии коммунистон гуфта буд:

Дило, на оташ, на офтобу на замин

Надорад ин ҳама қудрат, ки халқ бо Ленин…

Акнун, ки халқ бо Ленин нест, ӯ ва сиёсату маънавиёташ бе дастгирии халқ қудрат надорад. Ё, не?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97