Эҳсосот, ифрот, Кабирӣ ва Фейсбук

Иҷтимоъ 02.06.2012 09:53

facebook_KabiriАсри 21 - ро аслан ба сабаби рӯи кор омадани шабакаи Интернет, ширкатҳои мобилӣ ва умуман дигар шабакаҳои иҷтимоъии дохили интернет, асри иттилоот ё информатсия меноманд, гарчи пайдоиши дигар васоити техникии нисбат ба асрҳои қаблӣ такмилёфтатар ҳам ба чашм мехӯрад. Шабакаи интернет, ширкатҳои мобилӣ ва дигар шабакаҳои иҷтимоъии дохили интернет бешак барои осон намудани садҳо мушкилот ва ба таври сареъ дастрас намудани иттилоот аз хидмати назаррасе бархӯрдоранд ва маҳз ба хотири ҳамин интернету шабакаҳои дохилаш, ин асрро асри пешрафти иттилоот ва технологияи навин низ меноманд. Дар баробари ин ки ин васоит чи бартариятҳое доранд, ҷои ҳеч шакку тардиде нест, аммо боре ҳам зарур аст, ки сари зарару зиён доштани онҳо низ каме таваққуф карда бошем.

Мардуми Аврупо, ки худ ихтироъкори ин абзоранд, ба хубӣ низ аз истифодаи бо шуъуронаи онҳо мебароянд. Ин шабакаҳои саргармкунанда ва пур аз ахбори гуногуну васоити дилхушкунанда барои ҷомеъаҳои қафомондае чун Тоҷикистон шояд дар баробари фоидаашон зарару зиёни бештарро дар пай доранд. Чунки ҳама чиз дар баробари доштани хубиҳо аз камбуд низ истисно нест. Агар аз ин абзор ба мавқеъ истифода шавад, барои аз бар намудани ахбори зарурӣ, чи аз навгониҳои илмию чи аз тозатарин хабарҳои ҷаҳон, ки барои ҷомеъа заруранд, бисёр амали ба ҷо мебуд.

Ҷавонону мардони тоҷик дар Фейсбук машғул ҳастанд!

Ин ҷо аслан бештар сари мавзуъи истифода аз Шабакаи иҷтимоъии Фейсбук қарор бояд гирифт, зеро замони ахир пайвастани мардум, хусусан ҷавонони тоҷик ба ин шабака дар ҳоли афзоиш аст. Socialbakers , ниҳоде, ки фаъолияти шабакаҳои иҷтимоъиро баррасӣ мекунад, дар таҳқиқи худ гуфтааст, теъдоди корбарони шабакаи иҷтимоъии "Фейсбук" дар Тоҷикистон дар шаш мо?и ахир 12 ?азору 580 нафар афзоиш ёфт. Бештари корбарони шабакаи "Фейсбук" афроди аз 18 то 24-сола буда, намояндагони синну соли аз 25 то 34 дар мақоми дуввум қарор доранд. Аксари корбарони шабакаи "Фейсбук"-ро дар Тоҷикистон мардон ташкил медодаанд. Бар асоси ин пажӯҳиш, 69 дарсади корбарони "Фейсбук" дар Тоҷикистон мардон ва танҳо 31 дарсад бонувон будаанд.

Тибқи ин пажуҳиш, дар се моҳи ахир дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афроди то 24-сола дар шабакаи "Фейсбук" сабти ном кардаанд.

Маҳз ҳамин нукта; бештар пайвастани ҷавонони тоҷик ба ин шабакаи иҷтимоъӣ боиси каме ба андеша фурӯ рафтан аст. Зеро ҷавонон нируи таконбахши ҳар ҷамъияте маҳсуб мешаванд ва рушду пешрафти ҷомеъа аз огоҳии ин табақа аз илму дониш хеле бастагии сахт дорад. Аз ин лиҳоз ниҳоят ҷавононро зарур аст, ки вақти хешро бар ҳадар нагузаронанд.

Фейсбук шабакаи "айлоқ"-у "тайлоқ ва "риш"-у "шалвор"

 Оё пайвастани ҷавонон (хусусан ҷавонони тоҷик) ба ҳамин Шабакаи иҷтимоъии Фейсбук барҳадару беҳуда гузаронидани вақт нест? Ва чаро ҷавонону наврасони мо бештар шавқи пайвастану шомил шудан ба чунин шабакаҳои саргармкунандаро доранд?

Чуноне аз мушоҳадаи шабакаҳо ва махсусан шабакаи Фейсбук бар меояд, он ҷо бештар ба баҳсу барасии масоили ҷузъие мепардозанд, ки аслан аз он мавзуъҳо барои мардуму ҷомеъа ҳеч нафъе нест. Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар як ҳолати буҳронӣ, чи аз лиҳози сиёсӣ, чи аз лиҳози фарҳангӣ ва хусусан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ бархурдор аст, машғул шудани ҷавонон ба баҳси масоили беҳуда, саргармкунанда ва аз ҳама бадаш вақти худро барҳадар гузаронидан, на аз рӯи ақлу хирад аст. Дар ин шабака ба чанд гуруҳе бархурдан мумкин аст, ки мавзуъи баҳсашон боз ҳамон забону дину фалсафа. Ин ҳам чанд баҳси беҳудае сари калимаҳои "айлоқ" - у "тайлоқ", дар мавзуъи забон. Дар масоили динӣ ба баҳси чанд мавзуъи ҷузъие монанди "риш"-у "шалвор" пардохта, пасон ба такфири якдигар анҷом додани баҳс. Аз фалсафа аслан чизи муҳимеро аз баҳсашон фаҳмидан намешавад, зеро фалсафа илми мураккаб аст ва бо чунин андешаҳои сабуку сарсарӣ наметавон фикри ҷолибе рӯи сафҳа овард. Фалсафа омӯзиши амиқро мехоҳад.

Киштинишастагонем, эй боди шурта бархез!

Боиси нигаронӣ ва таассуф аст, ки ҳатто ба гуруҳе бархурдан мумкин нест, ки дар масоили фаннию техникӣ баҳсе дошта бошанд. Агар ин аср асри иттилоот ва технология аст, пас оё намешавад, ки ҳадди ақалл гуруҳе созмон дод, ки ба шарҳу эзоҳи истилоҳҳои (термин) техникию фаннӣ сару кор дошта бошад? Ҷавоб ин аст, ки не намешавад, зеро агар чунин гуруҳе ҳам созмон дода шавад, касе аз ҷавонон шояд шомили он нахоҳанд шуд. Чунки масоили техникию фаннӣ фикру андешаи бақувваттарро тақозо доранд ва шояд боиси сардардии онҳо шавад. Баҳс намудан дар мавзуъоти забонию фарҳангӣ бошад ҳамвортару мулоимтар аст ва камтар мағзро такон медиҳад. Гуфти Иқболи Лоҳуриро аз хотир набояд баровард, ки мегӯяд:

Маёро базм дар соҳил, ки он ҷо,

Навои зиндагӣ нармхез аст.

Ба дарё ғалту бо мавҷаш даромез,

Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст.

Дар дарёи пурталотуми  илму техникаи асри ҳозир, фақат бо киштии андешаҳои қавӣ шино бояд намуд, то ба ҷое расида тавонем.

Манъи Фейсбук  дар Амрико

Бино ба гузоришҳо, дар Амрико, 46 дар сади кордиҳандаҳо, дастрасӣ ба Фейсбукро дар ҷойи кор мамнуъ карданд. Манъ намудани кордиҳандаҳо коргаронашонро аз истифодаи Фейсбук, албатта барои таваҷҷуҳи коргаронро бештар сари корашон доштан аст, яъне ба сабаби истифода намудан аз ин шабака шояд дар иҷрои бархе фармудаҳо сустӣ намоянд. Мардумони аз хурдӣ дар низом ва режими муайян ба воя расидаи Амрикоро, ки дар мавқеъӣ кор истифода намудан аз ин шабакаро манъ намудаанд, чи расад ба ҷамъияте ҳамчун Тоҷикистон, ки мардумонаш бе риояи ҳеч низому режиме ба воя расидаанд.

Ҳини кор дар ҷомеъаҳои ақибмонда ва дар режим тарбия нагирифта ҳатман зарур аст, ки на 46 дар сад, бакли 96 дар сади корбарандагонро аз истифодаи чунин шабакаҳо манъ бояд намуд.

Яке аз истифодабарандагони Фейсбук Константин Бондаренко гуфтанд, Фейсбук танҳо абзоре дар дасти инсон аст, мисли он ки теғ дар дасти аксарият як олати оддист, барои баъзеҳо абзори қатл, мисли табар, ки бо он мардум ҳезум мебуранд ва баъзеҳо сар.

Эҳсосот, ифрот, Кабирӣ ва Фейсбук

Ахиран ҳам тибқи гузориши радиёи "Озодӣ", Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ аз вазъгӯиҳо, даъватҳо ва баҳсҳои печидаву тӯлонии оташини исломӣ дар Фейсбук, ки то ҳадде зиёд шудаанд, нигарони намуда, ҷавонони эътиқодмандро ба риъояти эътидол даъват намудааст.

Ӯ дар як маҳфиле дар қароргоҳи ҲНИТ гуфтааст; "машварати бародарона доштам, ба хоҳарону бародарон, ки дар шабакаҳо ҳастанд, бахусус ба касоне, ки дар мавзуъҳои динӣ менависанд. Хоҳиш мекардам, эҳсосотӣ нашавед, ба эҳсосот ба ҳеч ваҷҳ аз номи дин набояд роҳ дод. Агарчӣ хеле ҳам бо риъояти одоб сухан мекунед, эҳсос мешавад, ки баъзе аз ҷавонони мо аз меъёр берун мераванд".

Воқеан, аз баҳсҳо дар бораи масоили динӣ дар Фейсбук, ҳувайдост, ки мубоҳисон на танҳо эҳсосотӣ, балки ошуфтаву хашмгин мешаванд ва "наъра" мекашанд, ки далели ин аломатҳои бешумори хитоб дар поёни ҷумлаҳои баъзе аз он мардуми муҳтарам аст.

Ҳатто, дар баъзе аз баҳсҳо  Ҷалолиддини Румӣ, ки "Маснавӣ"-и ӯро Қуръон бо забони паҳлавӣ хондаанд ва ё Абдулқодири Бедилро "кофир" гуфтаанд. Муҳиддин Кабирӣ зимни суханронӣ дар як маҳфили  ҳизбаш гуфт, ҳоло 80 дарсади мавзӯъҳои ин шабакаҳо дар Интернет мавзӯи динӣ шудааст. Аз  ҷумла, дар Фейсбук маҳфилҳои махсуси динӣ  ҳаст, ба мисли Анҷумани фалсафа ва  ҳикмати тоҷикистониён, ВАУ ва Ислом, Минбари Ислом, вале айни замон баъзе рӯзҳо мебинед, ки дар маҳфилҳои ғайридинӣ, сели навиштаҳои мазҳабӣ  ҷорӣ мешавад ва мардуми дигар ба истилоҳ ақибнишинӣ мекунанд.

Шояд аз ҳамин сабаб буд, ки Муҳиддин Кабирӣ ба  ҳаводоронаш насиҳат кард, ба ифрот роҳ надиҳанд ва барои афкори дигар  ҳам  ҷо бигузоранд: "Хоҳиш мекунам,  ҷойро, фазоро барои дигар андешаҳо бигузоред.  Ҳамон тавре ки замоне мо аз набудани фазои муносиб барои андешаи динии худ азият мекашидем, иҷоза надиҳед, ки як гурӯҳи дигар, як бародари дигар, як хоҳари дигар, ки андешаи ғайридинӣ дорад, худашро дар ин шабакаи иҷтимоӣ танҳо  ҳис кунад ва боз бигӯяд, ки ин  қисмати иттилоотро  ҳам масоили динӣ ва баҳсҳои динӣ гирифтааст." 

Фейсбукиён ба ҳарфи Кабирӣ гӯш медиҳанд?

Дар воқеъ, кор ахиран то ба  ҳадде расид, ки масъулони маҳфили "Tajiks on Facebook" гуфтанд, аз ин пас ҳар навиштаи мазҳабиро, ки дар маҳфил гузошта мешавад, пок мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, дар ин маҳфил масоили динӣ баҳс шавад. Дар дигар маҳфилҳои Фейсбук шиква мекарданд, ки чаро баъзе ҳо намозхонии худро ба намоиш мегузоранду ба дигарон мечаспанд ва панду насиҳат мекунанд, ки чаро мисли ӯ ба тоату ибодат машғул нест.

Раиси  Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба ин нукта низ ишора кард ва гуфт, чунин рафтор дар шабакаҳои иҷтимоӣ натиҷаи баръакс хоҳад дод: "Шояд баъзеҳо фикр кунанд, ки  ҳарчӣ бештар дар мавзӯи динӣ бинависанд,  ҳарчӣ  қадар хостаҳои динӣ бигзорад,  ҳамон  қадар савобаш бештар аст. Ба хотири савоби бештар мебинед, ки як нафар дар як бегоҳ пайи ҳам 10-15 маводро гузоштааст. Шумо фикр кунед, ки хонандагон хаста мешаванд ва  ҳар чизе, ки зиёд шуд, малоли хотир ва мардумро хаста мекунад ва ин усули даъват нест. Бахусус аз  ҷавонони фейсбукӣ хоҳиш мекардам, ки ин машварати бародаронаи моро ба инобат мегиранд."

Ҳоло ин суол матра ҳ аст, ки баъд аз ин муроҷиату дидани видеои суханронии Муҳиддин Кабирӣ дар Фейсбук, ҳаводоронаш машварати ӯро ба инобат хоҳанд гирифт, ё "гирифтани савоби зиёдтар" дар шабакаҳои иҷтимоиро аз насиҳати пешвои маҳбубу ҳушёрашон бартар хоҳанд донист.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97