Агар муаллим тарки мактаб кунад, интихобот баргузор намегардад

Иҷтимоъ 31.05.2012 09:37

ё оғили холӣ беҳтар  аст…

intiСоли ҷорӣ мисли солҳои пешин дар пойтахт Ҷашни Ғалабаро бо шукӯҳу шаҳомати вижа таҷлил накарданд. Агар солҳои гузашта донишомӯзону муаллимони шаҳри Душанбе, маъмурини сохторҳои давлатӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат майдони ҷашнгоҳро пур мекарданд, мутаассифона имсол танҳо муаллимону толибилмони мактаб ва иддаи ками собиқадорони ҷангу меҳнат ташриф доштанду халос. Ҷашнгоҳ мисли солҳои қаблӣ ба таври бояду шояд музайян нагардида буд, дар чанд ҷое қолин густурда, миқдори гулчанбарҳо ҳам хеле кам ба назар мерасид. Манзур иборат аз чи гуна ҷашн гирифтани Ҷашни Ғалаба нест. Балки мехоҳем сари мавзӯъи дигаре ибрози фикр намоем ва ин ҳам мавқеъи муаллим дар ҷомеъа аст. Медонем, ки муаллим дар тамоми давру замонҳо як нируи ақлонӣ ва тарбиявии ҷомеъа ва ақшори инсонҳо буда, маҳз бо кӯшишу заҳматҳои эшон мо соҳиби хату саводу фазлу камол мегардем. Агар муаллим набуд, дунё торикистонеро мемонд ва ҷаҳолат ҳукмфармо мегардид. Қадру манзалати муаллим хеле болост ва эшон бояд дар ҳар мавриде ва дар ҳар ҷомеъае аз имтиёзҳову дастгириҳое бархурдор бошанд. Мутаассифона, на дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо.

Асри ХХ1 бо юғу испор

Ҳамакнун қарни бистум ҳам гузашт ва ҳазораи севвум оғоз шудааст. Қарни бистум аз пурмоҷаротарин қарнҳои башарӣ буд, инсоният тавонист дар ин давраи тӯлонӣ ҷангҳои ҷаҳонӣ, инқилобҳои пурарзиш, фурӯпошии низомҳои мухталифи зиддибашарӣ, барчида шудани бисоти салтанатӣ дар чанд кишвар, истиқлол ёфтани кишварҳои истеъморзада, пешрафтҳои азими илму фан, кашфи атом, пиёда шудани инсон дар курраи моҳ, компутар ва интернеткунонии ҷомеъаро аз сар гузаронад. Бо ин ҳама тағйиру таҳаввулот аҷиб аст, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон дар асри бисту як ҳамон инсони қабл бо қолабҳои қадимӣ ва бо ҳамон барзагову юғу испор, чағдеги момогӣ, дегдончаи гилини тапакин, каловаресӣ, намадмониву кишти дастии замину ҷамъоварии дастии гандум ва бебарқии доимӣ дар фасли сармои зимистон боқӣ мондааст. Мавқеи муаллим, ки як нируи пешбаранда ва созандаи ҷомеъа маҳсуб меёбад, ҳанӯз ҳам муайян нашудааст ва макотибу синфхонаҳо ҳамчун гузашта ва ба шеваҳои мутадовил боқӣ монда, то ҳанӯз як низоми муайяни омӯзишӣ роҳандозӣ нагардидааст.   

Заҳмати миёншикани муаллими мо

Муаллим дар қарни бисту як вазифадор аст дар макотиб ду вазифаи пурмасъулият-таълим ва тарбияи бачаро ба душ бигирад. Ба ибораи дигар мактаб ба кӯдакистони наврасону ҷавонон табдил ёфтааст ва чун волидайн гӯйё вақти изофӣ надоранд, муаллимонро бовар карда бачаҳояшонро барои чанд соате барои нигоҳубин ба онҳо месупоранд. Дар навбати худ муаллим вазифадор аст (новобаста аз хоҳишаш) нигоҳубину таълими бачаро ба душ бигирад. Дар 45 дақиқаи дарс маҷбур аст 35 дақиқаи онро ба тарбияи бача масраф намояд, боқимонда 10 дақиқаи дигарро барои пур кардани дафтари синф ва дигар корҳои дохилисинфӣ ҷудо мекунад. Барилова, муаллим ҳеҷ гоҳе вақти изофӣ надорад, ки худаш ба дарс омодагӣ бигирад. Мусаллам аст, ки дар тӯли 6 соати дарсӣ эшон хаста мешавад ва эҳтиёҷ ба истироҳату тафреҳ дорад. Дар баробари ин ҳама ба ӯ ҳеҷ гоҳе имконият намедиҳанд, ки вақти холигии худро ба истироҳат сарф намояд ва ҳамеша тибқи стандартҳои қаблӣ, ки маъориф чанд даҳсола қабл қабул карда буд, муаллимро хоҳу нохоҳ ба тамоми корҳои ҷамъиятӣ сафарбар менамоянд.

Котибаҳои бебаҳо ва муаллимони беарзиш

Мо имрӯз муаллимро дар ҳама корҳои ҷамъиятӣ, баргузории ҷашнҳо, интихоботҳо ва дигар маъракаҳои сиёсӣ мебинем, ки "фаъолона" иштирок менамояд. Агар муаллим набошад, таҷлили ҷашнвораҳо умуман баргузор намегардад, агар муаллим набошад, дар ягон теотру маъракаҳои ҷашнӣ касе иштрок намекунад, агар муаллим набошад маъракаи интихоботӣ доир намегардад. Дар ҳама кор муаллим вазифадор аст бо шогирдони худ ҳозир шаваду дар сафи пеш қарор гирифта, маъракаро обод намояд. Вале, бо ин ҳама пуркорӣ муаллим дар ҷамъият мавқеъи вижаи худро надорад ва ҳамчун як қишри мазлум маҳсуб меёбад. Вақте мо мегӯем, муаллим мазлум аст, иштибоҳе нахоҳем кард. Шумо боре тасаввур карддаед, ки дар шароити имрӯз муаллим нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеъа дорои сатҳи пасти зиндагӣ аст. Бо ин ки ӯ дорои маълумоти олӣ буда, масъулияти ҷиддиеро дар ҷомеъа ба душ дорад, нисбат ба як котиба, ки ҳамагӣ маълумоташ миёна ва аксаран нопурраи миёна аст, чаҳоруним баробар маъоши кам мегирад. Агар як котибаи бесавод (дар собиқ котибон онҳое буданд, ки саводи мукаммал доштанд ва дафтардори девони шоҳону вазирон маҳсуб меёфтанд) 800 сомонӣ маъош дошта бошад, (истеъдод ва маҳорати "касби"-и ӯро танҳо роҳбараш баҳо дода метавонад) муаллими варзида ва дорои дараҷаи аввал ин маблағро дар як ставкаи корӣ (як ставка иборат аз 18 соат буда ҳаққи кори он 180 сомонӣ аст)  чаҳоруним моҳ ба даст меорад. Инро наметавон ба ҳеҷ ваҷҳе шарҳ дод, зеро низоми ҷомеъаи навин ва соҳибистиқлол ҳамин тавр сохта шудааст. Дар ин маврид суъол додану шарҳ пурсидан ҷоиз нест.

Ҳадафи мо зинда нигаҳ доштани обшинаи ибтидоист

Бадбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон таълим ва шеваҳои тадрис билкул тағйир ёфта, аз мафҳуми аслии хеш дур шудааст ва ё ба таълим таваҷҷуҳи камтаре зоҳир мегардад ва ин ҳама якнавохтиву якрангии таълим дар равиши тадрис ва низоми таълимӣ таъсири манфӣ расонида, зеҳнияти бачаро кунд кардааст. Агар жарфтар назар андозем ва ба ин масъала таваҷҷуҳ фармоем, мебинем, ки тадрис ҳам илм асту ҳам ҳунар ва муаллим бояд аз ин ҳар ду бархурдор бошад. Вазифаи муаллим иборат аз он нест, ки ба шогирд танҳо маълумотеро бидиҳад, балки дорои мафҳуми дигаре аз қабили навъҳои таъбирҳову донишҳову боварҳое аст, ки бояд дар зеҳни шогирдон ҷой дода шавад. Вақте муаллим вазифаи худро танҳо дар дарс додан ва баҳо гузоштану аз як синф ба синфи дигар гузаронидани бача мебинад, дар ин сурат ҷомеъа ҳеҷ гоҳе ба муваффақият ноил намегардад ва чунин як шеваи кор моро бештару бештар ҷоҳилтару бесаводтар мегардонад. Оё шумо дар ин авохир шунидаед ва ё дидаед, ки бачаеро бо сабаби кавдану бесавод буданаш дар синфаш мононда бошанд? То имрӯз ҷомеъаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва пеш аз ин ҳам чунин як ҳодисаеро нашнида ва надида буд. Дар синф монондани бача барои ҷомеъаи "мутараққӣ" мисли кишваре чун Тоҷикистон як шармандагӣ аст. Вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи мо ин аст, ки бидуни мавонеъе бачаҳоро соҳиби номаи камол гардонем ва имконият фароҳам биёварем, ки ҳатман таҳсилро дар Донишгоҳҳои олии кишвар бо пардохтани маблағҳои ҳангуфт (имрӯз сармоя нақши муҳиме дорад, ба қавли мардум "така бошаду шир диҳад") фақат ба хотири аз аскарӣ озод шудан идома бидиҳанд. Ҳамасола донишгоҳҳои нав ба нав таъсис ёфта, суфуфи донишҷӯёни мо дар ин донишгоҳҳо зиёд шуда истодааст. Мо бояд дар арсаи ҷаҳонӣ собит созем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон соҳиби маълумоти олиянд, навобаста аз он, ки ҳатто сӯзанеро натавонистаем ихтироъ намоем ва дар як ҷомеъаи қуруни вустоӣ дорем ба сар мебарем. Ҳадафи мо таҷдид ва зинда кардани ойини гузаштагон аст. Агар мо ин ойинҳоро зинда нигоҳ надорем, башарият аз зиндагиву рӯзгори сангини қабилаҳои обшинаҳои ибтидоӣ барои ҳамеша ғофил хоҳад монд.

5 сол таҳсил бас аст, вақти бачаҳоро нагиред

Пас чи кор бояд кард, ки тадрис муфиду ҳадафманд ва муаллиму шогирд ба ҳам таъсиргузор бошанд? Қабл аз ҳама низоми таълимӣ бояд фаъолияти муназзаму мураттаб ва ҷиҳати муассирият ҳадафи мушаххасеро доро буда, аз пеш тарҳрезӣ гардад. Нуктаи муҳим дар таълим ин бошад, ки муаллим мушаххас кунад, ки ба шогирд чиро тадрис намояд ва дар ин асос ва мӯҳтавои омӯзиш фаъолияти минбаъдаи бачаро муайян намояд. Дар ҷараёни таълим вақте муаллим мебинад, ки бача қобилияти илмандӯзӣ надорад, беҳтар аст аз чунин шогирдон зудтар халос шавад. Яке аз роҳҳои асосӣ дар ин кор он аст, ки шогирдонеро, ки минбаъд қобилияти дарсхонӣ надоранд, (ба хотири он ки ба дигар шогирдон халал нарасонанд) пас аз хатми синфи панҷум аз идомаи таҳсил дар мактаб маҳрум намоянд. Гузашта аз ин пас аз хатми синфи чаҳорум самту фаъолияти шогирдон муайян карда шавад ва бештар ба илмҳои дақиқ таваҷҷӯҳ гардад. Ба хотири тақвияти зеҳнияти бача дар тамоми макотиби ибтидоӣ ва миёна омӯзиши бозиҳои шоҳмот расман тадрис гардад ва аз фанҳои таълими меҳнат, суруд, омодагии ҳарбӣ, ошпазӣ, дӯзандагӣ ва амсоли онҳо сарфи назар карда шавад (ин ҳама меваҳои як давраи карахтеанд, ки ба ҷуз зиён чизи дигареро ба бор намеорад) ва ин корро Вазорати маъориф расман ба Ҳукумати Ҷумҳурӣ пешниҳод намояд. Ҳамчунин теъдоди Донишгоҳҳои олӣ дар ҷумҳурӣ бамаротиб кам карда шавад ва маблағҳое, ки донишҷӯён ҳамасола барои таҳсил ба донишгоҳҳо месупоранд, дар куҷо ва бо кадом мақсад масраф шудани онҳо мушаххас ва маълум гардад, ба ибораи дигар шаффофияти харҷи ин маблағҳо рушан карда шавад ва ин вазифаи Агентии мубориза бо фасоди ҷумҳурӣ аст, ки раванди маблағсупорӣ ва масрафи онҳоро таҳти назорат қарор дода, контрол намояд. Банда ба ин боварам, ки "Аз гови шохзан дида, оғили холӣ беҳтар  аст". Бигзор шогирдони камсавод ва умуман камқобилият барои пур кардани суфуфи синфи коргару деҳқон омода шаванд. Дар оянда мо бояд даштҳову чӯлистонҳои садсолаҳо бекорхобидаро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем ва шарт нест, ки чиниҳову мазангҳоро аз Чину кишварҳои Африқоӣ даъват намоем, зеро худи мо аз онҳо ҳеҷ бартарие надорем.

Чун кишварҳои мутараққӣ низоми таълим ва сохторҳои он бояд ба таври ҷиддӣ тағйир ёбад. Мактабҳои миёна ба ду қисм, пулакӣ ва бепул тақсим карда шаванд. Волидайне, ки мехоҳанд фарзандонашон соҳиби маълумот гарданд, бигзор бо пардохти маблағи муайян бачаҳои худро дар мактабҳои махсус дар назди муаллимони воқеан донишманд омӯзонанд. Дар ин ҷо муаллим ҳам бояд ба таври ҷиддӣ интихоб карда шавад ва савияву сатҳи донишаш ҷавобгӯйи талабот бошад. Онҳое, ки ин имкониятро надоранд, дар мактабҳои умумӣ таҳсил бигиранд ва пас аз хатми синфи панҷум дар коллеҷҳои ҳирфаӣ шогирд шуда, касберо аз худ намоянд, муҳим нест ҳама дорои маълумоти "олӣ" бошанд. Мутмаъинам, танҳо дар ин сурат бачаҳои камистеъдод мавқеи худро дар ҷамъият пайдо мекунанд ва онҳое, ки қобилияту истеъдоди омӯзишӣ доранд, бо аз бар кардани донишҳову маҳоратҳо ояндасози ҷомеъа мегарданд. Шарт нест, ки дар як дег шӯру ширин бо ҳам омезиш биёбад.

Қонуни пурсарусадои беаҳамият

Мавзӯъи доғе, ки имрӯз ҷомеъаи моро ба ташвишу таҳлука овардааст, тарбияи хонандагон аст. Мо аз тариқи расонаҳои хабарӣ мехонему мебинем, ки ин ба як мавзӯъи доғу нанговаре расида (дар ин бора "Миллат" чандин маротиба бонги хатар зада буд, мутаассифона масъулин ҳанӯз ҳам дар гӯши фил хобанд ва аслан дар ин бора тадбире намеандешанд), ки боиси нороҳатии ҷомеъа гардидааст. Ба хотири ҳалли масъала як сол қабл қонун "Дар бораи масъулияти падару модар" қабул гардид, вале ин қонун мисли дигар қонунҳо дар сафҳаи таърих барои ҳамеша ҷой гирифт. То имрӯз ниҳоде мушаххасан аз паи иҷрои он нашуд, ки нашуд. Ҳарчанд қонун нопухтагиҳои зиёд дорад, (дар ин бора мардум аз тариқи расонаҳои озод фикру андешаҳои худро иброз дошта буданд, мутаассифона яке аз онҳо қабул нагардид) боз ҳам пас аз қабули он дар дили ҳар шаҳрванде бӯйи умеде пайдо шуд ва орзуи ҳама қишрҳои ҷомеъа бар ин буд, ки шояд аз ин ба баъд падару модар дар тарбияи фарзанди худ масъулият эҳсос менамоянд ва ҷомеъаи моро, ки забонаш ба фаҳшу носазогӯйӣ ва таҳқири якдигар табдил ёфтааст, аз ин марази мӯҳлик наҷот меёбад ва мо дубора бо забон ширини гузаштагонамон чун Рӯдакии бузургвор сеҳру латофати забони тоҷикиро ба оламиён муаррифӣ менамоем. Афсӯс!!!

Вазифаи муаллим бояд таълим бошад, на тарбия

Бинобар ин, беҳтару муассиртар аст, агар тарбияро аз души муаллим бардоранд ва бигӯянд, ки вазифаи муаллим минбаъд танҳо таълим додан асту халос. Агар муаллим танҳо ба таълим бипардозад, мусаллам аст, ки фаъолияти ӯ минбаъд маънодор мегардад. Возеҳ аст, муаллим вақте дуруст таълим дода метавонад, ки 45 дақиқаи соати дарсиро танҳо ба таълиму тадрис масраф намояд. Вақте бача нисбат ба дарс бетаваҷҷуҳӣ зоҳир менамояд ва ин корро чанд маротиба такрор мекунад, муаллим фавран ӯро аз синф ихроҷ карда, аз идома додани тадриси ин беадаб даст кашад. Ба хотири он ки бача минбаъд ба донишандӯзӣ шавқ пайдо намояд, волидайн вазифадор гарданд, ки барои солимии фарзандонашон ба равоншиносон муроҷиат намоянд ва ба хотири ин кор онҳоро кироя намуда, маблағ сарф намоянд ва ҷомеъаро аз инсонҳои ноқис пок созанд. Чаро вазифаи волидайну равоншиносонро бояд муаллим дар ивази 180 сомонӣ анҷом бидиҳад?  Гузашта аз ин волидайн ҳафтае ду-се маротиба бо муаллимон сӯҳбат намоянд ва фаъолияти фарзанди худро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон, падару модар дар хона доимо бо фарзандони худ дар мавзӯъи одобу муошират сӯҳбат намоянд ва нагзоранд, ки  аз забони фарзандони онҳо  чун аждари афсонавӣ алангаи фаҳшу таҳқиру ҳақорат берун резад. Мо шоҳидем, ки имрӯз забони ҷомеъа фаҳш гардида, ҳатто дар пеши волидайн фарзандон носазо мегӯянд, вале бо камоли таассуф падару модар ин ҳама фаҳшу фаҳшониятро нодида мегиранд. Агар дар кишварҳои ғарбӣ ба касе фаҳш гуфта шавад, (хоҳ хурд аст, хоҳ бузург) ҳатман он шахс ба муҷозот кашида мешавад ва кам иттифоқ меуфтад, мардум якдигарро таҳқиру носазо гӯянд.

Хонед, хонед, боз ҳам хонед!!!

Роҳи дигари солимсозии тафаккури бача дар бештар китоб хондани онҳост. Мутаассифона, на танҳо бача, балки аксари волидайн дар умри худ як сафҳа рӯзнома ва ё китоберо нахондаанд, куҷо расад ба бача. Аксари волидайн ҳатто намедонанд, ки фарзандони онҳо дар мактаб аз чӣ фане таълим мегиранд ва сатҳу савияи дониши онҳо ба кадом андоза аст. Дар тафаккури аксари волидайн як фикр аст; "фалонӣ хонд чӣ шуд, ки ту мешавӣ?" Ин худ куштани завқу зеҳнияти бача аст ва мо доимо ба ин боварем, ки танҳо онҳое соҳибвазифа мешаванд, ки соҳибу пуштибонҳо доранд. Боре ҳам фикр намекунем, ки системаи асаби сари як чинӣ ва ё ҷопониву русу амрикоӣ бартару рушдёфтатар аз системаи асаби мо нест.

Муаллимони тоҷик ҳама "вегетариан"

Бо ин ҳама мушкилоте, ки муаллими мактаб дорад ва маоши камтаринро ба даст меорад, чунин ба назар мерасад, ки вазорату шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарияти мактаб ҳамеша мекӯшанд, ки эшон ҳеҷ гоҳе вақти изофӣ ва дамгирӣ надошта бошанд. Муаллимро баҳудаю беҳуда ба кори "ҷамъиятӣ" андармон мекунанд, эшон ба ҳар кору амалаш бо густохӣ посух мегирад, ба ибораи дигар "муаллим сари мӯйе қарор дорад" ва ҳамеша имкони канда шудани ин мӯй эҳсос мегардад.

Дӯсти дерини донишгоҳиямон аз ноҳияи Панҷ 25 соли ҳайёташро ба пешаи омӯзгорӣ сарф кард ва анқариби  панҷ сол ба тиҷорат машғул аст ва ҳар гоҳ ёди рӯзҳои муаллимияш мекунад, мегӯяд:

-Ҳайфи умри ҷавониам, ки ин муддат беҳуда гузашт, дар зиндагиям роҳате надидам, ба ҷуз таҳқир дидану густохӣ шунидан ва дар тарсу ҳарос кор кардан. Муаллим дар ҷомеъаи мо ҳамон ғуломест, ки садои ӯро касе намешунавад, рӯзгори сангину кулфатборашро намебинанд, меҳнаташро қадр намекунанд. Пас ӯ чи гуна метавонад дар зиндагӣ дилгарм бошад ва пешаи муаллимиро, ки басо пурифтихору муқаддас аст, дӯст бидорад? Вой бар ҳоли ин миллат, ки бо чашмони пӯшида роҳ сӯи чоҳ пеш гирифтааст ва дорад дар он фурӯ меравад…

Бо иддае аз муаллимон дӯстӣ дорам ва бешак онҳоро аз ҳар қишре дида эҳтиром менамоям. Ҳарчанд муаллим дар ҷомеъаи мо дорои иззу ҷоҳу мақому манзалат нест, вале барои банда ин мафҳуме надорад, аксари дӯстонамро маҳз муаллимон ташкил медиҳанд ва дар ҳар маъракаву хурсандӣ бо онҳо якҷоя ҳастем. Банда хуб аз зиндагии онҳо огоҳӣ дорам, ҳатто медонам, ки дар тӯли як моҳ чанд маротиба муаллим ғизои гӯштдор мехӯрад. Гоҳҳо шӯхӣ ҳам мекунем, ки вегетариан (шахсе, ки гиёҳхӯр аст ва аслан аз ғизоҳои гӯштӣ ва равғанӣ истеъмол наменамояд) будан инсонро аз чанд мушкилот наҷот медиҳад ва саломатиро ҳам нигоҳ медорад. Вақте гоҳҳо дӯстони муаллимамро ба рестуроне ва ё ошхонае барои ғизохӯрӣ даъват менамоям, сари миз шӯхӣ ҳам мекунанд, ки баъзан инсон аз гиёҳхӯрӣ бояд барои чанд соате даст бикашад ва аз ғизоҳои гӯштӣ организмашро тақвият бидиҳад…

Беарзиштарин муаллими дунё муаллими мост

Боиси таассуф аст, ки  маоши муаллими мактабҳои мо нисбат ба тамоми кишварҳои дунё, ҳатто собиқ ҷамоҳири Осиёи Миёна бамаротиб камтар аст. Агар даромади солонаи як муаллими кишвари Люксембург 87000 (моҳе 7250) доллари амрикоӣ бошад, даромади муаллими мактаби миёнаи Тоҷикистони соҳибистиқлол барои 24 соати кории ҳафта (қариб якуним ставкаи корӣ) дар як сол 990 (моҳе 82,5) доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва мусаллам аст, ки бо ин маблағ муаллим ба ҳеҷ ваҷҳе наметавонад ғизои гӯштӣ бихӯрад, ба тамошои теотру синамо биравад ва ё баъзан яхмоси болаззатеро нӯши ҷон кунад. Тибқи маълумотҳое, ки дар даст дорем, дар мактабҳои ҳамагонӣ хонандагон моҳе аз 15 то 40 сомонӣ дар як моҳ барои таҳсил маблағ пардохт менамоянд, ки ин маблағи ҳангуфтеро ташкил медиҳад. Агар маоши муаллим аз рӯи маблағҳои пардохтшудаи хонандагон муайян гардад, дар он сурат имкон дорад сатҳи зиндагӣ ва маъишати муаллим беҳтар гардад. Ба ҳар ҳол бояд дастандаркорону масъулини маориф оид ба маблағҳое, ки толибилмон моҳона пардохт менамоянд, тавассути расонаҳо мавод нашр намоянд ва дар ин замина аз шаффофияти фаъолияти худ дарак диҳанд.

Роҳи дигари баланд бардоштани маоши муаллим сарфи назар намудани ҳамагуна маъракаҳои сермасрафи сатҳи ҷумҳуриявидошта мебошад. Мо имрӯз зарурат надорем, ки ҳар шаш моҳ баъд конкурсҳои сермасрафу чорабиниҳои аз манфиъат холибударо баргузор намоем. Беҳтар мебуд маблағҳое, ки дар ин роҳ масраф мегарданд, барои беҳбуди соҳаи маориф ва баланд бардоштани маоши муаллим харҷ карда шаванд. Дар шароити рӯз даромади моҳонаи муаллим вобаста ба нарху навои тағйирёбандаи бозор набояд камтар аз 500 доллари амрикоӣ бошад, зеро муаллим ба ҷуз маош даромади дигаре надорад ва нарх дар бозорҳо ба суръати кайҳонӣ дорад боло меравад, ки ин барои муаллим камаршикан аст.

Маоши муаллимон дар дунё чанд аст?

Дар ин ҷо зарур медонем ҷадвалеро барои маълумот пешниҳод намоем, ки маош ва даромади муаллимон дар гӯшаву канори дунё дар соли 2010 чи гуна буд ва имрӯз анқариби як баробар ин маошҳо вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ боло бардошта шудаанд.

Ва муҳим ин аст, ки дар кишварҳои зикргардида дар ҳар синфе на беш аз 12-15 донишомӯз таҳсил карда, мактаб ҳамагӣ дар ду баст кор мекунад. Аммо дар синфхонаҳои мо теъдоди донишомӯзон беш аз 30 нафарро ташкил медиҳанд ва ин худ гувоҳи он аст, ки муаллим агар абармард (супермен) ҳам бошад, наметавонад ба бача дарси дуруст бидиҳад ва ё вазифаи хонагиро аз ӯ бипурсад. Ва дар ин бора Вазорати маорифи кишвар боре ҳам фикр накардааст ва вонамуд ҳам мекунад, ки гӯйё ин падидаро намедонад. Агар мақсад таълими дурусти бача бошад, пас бояд чорае андешид ва камбудро фавран ислоҳ намуд. Дар акси сурат таълиму мактаб бо ном вуҷуд дошта метавонад ва бо чунин як шева оё метавон барои ояндаи миллату ватан кадри созандаву эҷодкоре тарбия намуд? Ба гумонам, барои кишвари тоза истиқлол бадастовардаи мо на кадр лозим асту на мактабу на таълим. Ин ҳама мактабсозиву бо ном компутаркунонӣ хокпошие беш нест ба чашми мардум. Чунин вонамуд мекунем, ки гӯйё мо ҳамрадифи ҷомеъаи ҷаҳонӣ қадам мезанем ва барои ба саодат расидан мактабҳои худро фаъол ва бо таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз мегардонем. (Як сол муқаддам Раисиҷумҳур дар деҳаи Заркамари ноҳияи Файзобод мактаби замонавиеро бо тамоми лавозимоту таҷҳизоташ ифтитоҳ намуда буд ва тибқи маълумотҳо дар он шабу рӯз ҳатто роҳбарияти мактаб таъйин нашуда буд. Хушбахтона, имрӯз мактаби мазкур дорои 726 хонанда буда, шояд бачаҳо компутару технологияи иттилоотиро аз бар кардаанд).

Маоши муаллимон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон

Даромади солони муаллимон (дар соли 2010 ба ҳисоби доллари амрикоӣ)

1.Австралия-41185
2.Австрия-35992
3.Белгия-36080
4.Чехия-19390
5.Дания – 37147

6.Англия-39185
7.Финляндия-35957
8.Фаронса-30129

9.Германия-51939
10.Гретсия - 28049

11.Венгрия-13213
12.Исландия-23904
13.Ирландия-47499
14.Италия-30142
15.Япония – 42719

16.Куриёиҷанубӣ-47802

17.Люксембург-86790
18.Мексика-21301
19.Нидерландия-44099
20.Н.Зеландия-33726
21.Норвегия-32506
22.Польша-14168
23.Португалия-31157
24.Шотландия-42608

25.Испания-41085
26.Шведсия-29751
27.Швейдсария-56701
28.ИМА-38632
29.Эстония-11139
30.Израил - 19676

31.Русия-16389
32.Словения - 28116

Агар муаллим тарки мактаб кунад…интихоботро кӣ мегузаронад?!

Метарсам аз он ки рӯзе чашми муаллим боз мешаваду зиндагиро дарк мекунад ва барои ҳамеша ва ба хотири зиндагии пурсаъодат даст ба мардикорӣ ва ё тиҷорат мезанад. Агар ин кор амалӣ гардад, дигар теотрҳои холиро кӣ пур мекунад, маршировкаҳоро бо кадом қувва мегузаронанд, таҷлили ҷашнвораҳо ва майдонҳои ҷашниро кӣ музаййян мегардонад, интихоботи намояндагони мардумиро дар сатҳи ноҳияву шаҳру ҷумҳурӣ кӣ мегузаронад? Агар мақсади инсон расидан ба саодат бошад, муаллими макотиби тоҷик дар ин наздикиҳо ба чизе умед набандад, зеро масъалаи маориф ва боло бурдани сатҳи маишии муаллим бо чунин як сиёсат корест ҳалношуданӣ. Барои мо хандаовару нанговару нафратовар ин аст, ки гурӯҳе, ки аз кӯчаи илму фарҳанг нагузаштааст ва боре дар умраш сафҳаи китоберо боз нанамудааст, вақте бо муаллим дар суҳбат мешавад ва ё аз эшон пешниҳоде мешунавад, бо ришханд задан мегӯяд:- хай муаллим-да! Ва бадбахтона дар ҷомеъаи соҳибистиқлоли мо ин гурӯҳ инони ҷомеъаро дар даст доранд ва онҳо на танҳо муаллимон, балки тамоми қишрҳои иҷтимоъро "роҳнамоӣ" мекунанд.

Бо ин ҳама, муаллим дар ҷомеъа шахсияти муқаддасу арзанда аст! Муаллим хушбахттарин қишри ҷомеъа ҳаст, ки бадани худро бо меҳнати ҳалолу тоқатфарсои хеш ғизо медиҳад, на мисли тоифае, ки ба қавли Абӯҳомид Муҳаммад Ғаззолӣ барои кирмони гӯр аз нони ҳаром баданашонро ғизо додаву пур аз чарбӯ кардаанд.

                                                                                                                            Ибодуллоҳи Оқилпур
©2008 - 2020 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97