Комиссариат аскар "шикор" мекунад, ду гулдухтари сарбандӣ мехоҳанд аскарӣ бираванд

Иҷтимоъ 21.05.2012 15:52

ё 4 мушкили ҷавонон: бекорӣ, бесаводӣ, хонавайронӣ, харобии маънавиёт

OBLAVA-1Ин чаҳор мушкил; бекорӣ, бесаводӣ, хонавайронӣ, хароб шудани маънавиёт аз ҷиддитарин мушкилиҳои ин насли ояндасози миллат маҳсуб меёбад, ки дар ҳалли он тамоми сохторҳои ҷамъиятӣ бояд корро дигаргуна ба роҳ монанд.

Танҳо як рӯз барои ҷавонон

Ба наздик омадани рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май барномаҳои мавсимии расонаӣ ва иқдомҳои соҳавии идораву сохторҳои кор бо ҷавонон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон аз нав фаъол мешаванд. Аммо боз ҳам мавзӯи иқдомҳо дар самти ҳаёти ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ такрор аз солҳои гузашта аст. Намедонам аз барои чӣ аст, ки гузаронидани шанбегиро дар остонаи рӯзи ҷавонон ба як чорабинии расмии фарҳангӣ- идеологӣ табдил медиҳанд. Ҳарчанде шанбегӣ аз вожаи русии аҳди коммунистӣ "субботник" ба мо мерос мондааст, аммо худи ин амал, яъне тозакунии муҳит як урфе аз аҷдодони мо аст, ки ҳашар унвон мешуд ва қабл аз маросимҳои шодиву мотам анҷом мешавад. Аммо масъала ин аст, ки чаро ҷавонони муосир мисли насли мо худ ташаббускори ин ё он чорабиниҳо ба хусус шанбегӣ нестанд. Тӯли 20 соли охир ҳеч вонахӯрдаем ҳолатеро, ки ягон гурӯҳи ташаббускори ҷавонон бидуни дастур ё иқдоми Кумита ё идораҳои кор бо ҷавонон ягон кори хайреро ба сомон расонида бошанд. Албатта тасмимҳои сохторҳои марбут ба ҷавонон ҳам қобили таҳсин аст, ки лоақал мавсимӣ ҳам ҳаст, ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣ мебароранд. Валекин баргузории шанбегиҳои мавсимию давиданҳои як рӯза дар зиндагии насли ҷавон таъсиргузор нест. Агар ҳаст, дар давоми сол хоҳем шунид, ки гурӯҳи ташаббускоре бе иқдоми масъулини  сохторҳои марбута ба ягон кори хайр даст зананд. Ё саҳаргоҳон дар хиёбонҳои маркази Хатлон бубинем, ки дар қатори якчанд нафар калонсолон ҷавонон ҳам ба варзиш машғул шаванд. Дар воқеъ соли сипаригардида дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе як гурӯҳ ҷавонон ба тозакунии яке аз боғҳои истироҳатие баромада буданд, аммо ташаббускори он иқдом ҳам рӯзноманигорони саршинос буданд. Як мушкили ҷавонони мо ин аст, ки онҳо ташаббускор нестанд.

Бекорӣ ва лашкари ҳангуфти корҷӯ

Лашкари кории ҳангуфте, ки дар Русия дорем, манзараи бекории ҷавононро дар зеҳнҳо рӯшан тасвир менамояд. Коҳиш ёфтани сатҳи истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ, тақсимоти ноодилонаи замин дар баъзе навоҳӣ сатҳи бекориро дар кишвар зиёд кардааст. Гарчанде рӯз ба рӯз сафи муҳоҷирони кории мо ба хориҷи кишвар зиёд шуда, аз як тараф сатҳи зиндагии хонаводаҳое, ки узве аз он дар Русия муҳоҷири корист беҳтар мегардад, аммо дар анҷом аз назари идеологӣ муҳоҷирати меҳнатии мо ба нафъи кишвар нест. Зеро дар баробари ба Русия фиристодани ҷавонон мо баъзан эътимод ва боварии онҳоро ба ояндаи Ватан аз даст медиҳем. Дар баробари ин бештари фарзандони мо бесаводу ноогоҳ ба хориҷа рафта, дар он ҷо барои рақибони идеологии давлат ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро "тӯъма"-и тайёранд.

"Облава", ҷавонон ва Ватан

oblava_01Мутаассифона дар кишвари мо як низоми муфиди қабули ҷавонписарон ба мактабҳои олии кишвар вуҷуд надорад. Дар Қазоқистон ҷавонписароне, ки хидмати ҳарбиро адо намудаанд, барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имтиёзҳои махсус доранд. Ин аст, ки насли ҷавони қазоқ барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварашон ҷаҳду талош мекунанд. Аммо дар кишвари мо соле нест, ки дар маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба Қувваҳои мусаллаҳ баҳси "облава" матраҳ нашавад. Агар ба омори давлатӣ назар кунем, ҳамасола теъдоди ҷавонони қобили хидмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Агар аз теъдоди умумии ҷавонписарон лоақал 1% онҳо хоҳиши ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтан пайдо кунанд, бовар дорам, қабули ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам аз тариқи имтиҳони ҷиддӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҳоле барномаҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ба 1%-и ин лашкару ҳангуфт таъсиргузор нест, пас ин баҳои сиёсӣ ба тамоми соҳаҳои кор бо ноболиғон, ҷавонон ва соҳаи маорифу риштаи маънавиёт нест? Шояд як иллати кор дар он аст, ки имрӯз дар вазифаҳои масъули бахшҳои кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияҳо ҳузури ҷавонони кордон камназир аст. Албатта кадри ҷавоне, ки як ҷаҳон ақидаҳои созандаву шавқу нируи кор бо ҳамсолони худро дорад, аз ҳар кадри интихобкардаи мақомоти маҳаллӣ хубтару беҳтар кор мекунад. Инчунин кадрҳоро кӣ бояд пайдо карда ба корзор барорад(?), суоли дигар аст.

Решаи доғи таълиму тарбия ва илму касбомӯзии ҷавонон ҳам дар ҳамин иллати ҷомеа пайванд аст, ки бештари хонаводаҳо ба хотири ба қавле "ҷон"-и фарзандро аз хидмати ҳарбӣ халос кардан, ӯро ба ҳар факултаи пешомадаи донишгоҳҳои олӣ дохил мекунанд. Сабаби бармаҳал ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодани ҷавонписарон ҳам гурезонидани онҳо аз хидмати Ватан аст. Ҳоло маънавиёти баъзе хонаводаҳои мо то ҳадде хароб аст, ки аз хотири ба хидмати харбӣ набурдани фарзандашон ҷавони бе маълумоти касбиро ба Русия фиристода, роҳи зиндагии фарзандро пурра тағйир медиҳанд. Имрӯз вақти таҳлилу муҳокимаи сабабгорони ин иллатҳои ҷамъият нест, балки зарурияте пеш омадааст, ки камбудиҳои зикршуда бартараф карда шаванд. Вагарна мо дар сафарбаркунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, таҳсил дар мактабҳои олӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ камбудиҳои ҷиддие дорем, ки боиси ҳама бадбахтиҳои имрӯзу фардои ҷомеаи мо хоҳад буд.

Ду гулдухтари  сарбандӣ мехоҳанд аскарӣ раванд

Бубинед, дар шабу рӯзе, ки масъулин дар ҷустуҷӯйи ҷавонписарони қобили хидмати ҳарбӣ аст, ду нафар духтарбачаҳои сарбандӣ садо баланд доштанд, ки баъди хатми мактаби миёна ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ хоҳанд рафт. Албатта мо инчунин таҷрибаи қабули духтаронро ба хидмати ҳарбии дусола надорем, аммо ҳамин тасмими духтарон ҷойи андеша карданро дорад. Ин духтарони сарбандӣ натанҳо ду соли ҳаёт, балки тамоми умр хоҳони хидмат дар ниҳодҳои низомию қушунҳои ҳарбӣ мебошанд.

Гулнора Насриддинова орзу дорад, ки дар оянда марзбон шуда, ҳаёти минбаъдаи худро ба муҳофизати Ватан бахшад. - Баъди адои хидмати ҳарбӣ орзуи онро дорам, ки  мактаби олии ҳарбии Ҷумҳурии Қазоқистонро хатм намуда, ба ҳайси афсари ҳарбӣ дар Қушунҳои сарҳадии Ватанамон хидмат намоям мегӯяд ӯ. Муҳофизати марзу бум як вазифаи муқаддас буда, аз марзбони Ватан ҷасорату қаҳрамонӣ металабад. Ман фикр мекунам, барои ҳар нафар насли ҷавон лозим аст, ки лоақал рӯзе, соате марзи ватани худро посбонӣ кунад.

Маънавиёт

Сатҳи таълим дар мактабҳои олии кишвар ба ҳадде коҳиш ёфтааст, ки ҳамакнун хабари он натанҳо дар гуфтори мардум, балки аз ҳисоботҳои Созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҳам ба чашм мерасад. Чуноне ки дар гузориши охири СММ омадааст: "Сатҳи дониши ҷавонон ва афзоиши бекорӣ дар кишвар тадриҷан равандҳои рушди башариро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мекунад". Албатта созмонҳои байналмилалӣ мавқеи худро бобати вазъи воқеии кишварҳо бо оҳанги нарм баён мекунанд, аммо ин як ҷумла барои баҳодиҳии воқеияти ҷавонони Тоҷикистон ҳарфи баланд аст. Гарчанде Созмонҳои хориҷӣ аз коҳиш ёфтани сатҳи дониши ҷавонон ва афзоиши бекорӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ доранд, аммо дар маҳаллаҳо тасмими ҷиддие бобати баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва рушди тафаккури зеҳнии ҷавонон коре гирифта намешавад. Дар шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолияти бахшҳои кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳии Сарбанду Ёвону Румӣ ва маркази вилоят, ки идораи Раёсати кор бо ҷавонони вилоят воқеъ аст, мусбат арзёбӣ мегардад. Ин баҳогузорӣ аз натиҷаи пурсишҳои оммавии ҷавонон ва қишрҳои гуногуни шаҳру навоҳии минтақа бардошта шудааст. Аммо дар бештари навоҳии вилоят соҳаҳои кор бо ноболиғону ҷавонон, занон ва оила як кам аз рисолати дар назди худ дошта, дар канор мондаанд, ки таъсири он бо тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷавонон эҳсос мешавад

Аз ҳам пошхӯрии оилаҳои ҷавон

Сабабҳои афзоиши никоҳи номуваффақ ва ё бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон ҳам реша дар ҳамон иллатҳои зикршуда дорад. Аммо оризаҳои ин "беморӣ" аз дигар "иллат"-ҳои ҷавонон таъсири бадтар ба ҷомеаи мо доранд. Агар як сабаби аз ҳам пошхӯрии оилаҳо муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, сабаби дигар бесаводии насли ҷавон, коҳиш ёфтани маънавиёти ҷавонон ва ҳатто насли калонсоли ҷомеа мебошад. Чандест, ки иддае аз ҷавонони худогоҳ барои ҳалли масоили марбут ба ҷавонон ба хусус ҷудошавии оилаҳо ҷомеаро ба муколама даъват доранд. Дуруст аст, ки роҳи асосии пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо баргузории маҳфилу вохӯриҳо бо иштироки ҳарчӣ бештари ҷавонону волидайни онҳо мебошад. Мо дар пешгирӣ аз ВИЧ СПИД, нашъамандӣ, фасод ва дигар падидаҳои номатлуб таҷрибаи гузаронидани ҳамоишҳоро дорему дар масъалаҳои пешгирӣ аз хатароти пошидани оилаҳо ва сарнавишти ҷавононро не. Шояд аз он рӯ, ки ин масъала Созмонҳои байналмилалиро камтар нигарон мекунаду барои баргузории он грант ҷудо намекунанд?! Пас мо бояд худ дар фикри сарнавиштамон бошем. НЕ?!

Оё ҷавонон ҳарфе барои гуфтан доранд?!

Чанде пеш дар як барномаи телевизионӣ ҷавондухтаре иброз дошт, ки насли калонсолро мебояд, ки пеш аз матраҳ намудани масоили марбут ба ҷавонон нахуст ба сухани ҷавонон гӯш бидиҳанд, ки онон чӣ мегӯянд. Хуб, инҷо муҳокимаи мавзӯҳои баҳсталаби марбут ба ҳаёти ҷавононро нотамом мегузорем, то  ҳарфи ҷавононро бишнавем. Шояд ҷавонон дар ёд дошта бошанд, ки замоне ҳафтаномаи "Миллат" барои онҳо минбар дода буду аммо аз холӣ мондани майдони баҳс баъдан он саҳифаи ҷавонон дигар рӯнамоӣ накард. Аммо мутмаинем, ки агар ҷавонон барои ҳалли масоили асосии хеш ба муколамаву маҳфилҳои матбуотӣ омода бошанд, минбар пайдо хоҳанд кард. Шумо чӣ мегӯед?

ё 4 мушкили ҷавонон: бекорӣ, бесаводӣ, хонавайронӣ, харобии маънавиёт

Ин чаҳор мушкил; бекорӣ, бесаводӣ, хонавайронӣ, хароб шудани маънавиёт аз ҷиддитарин мушкилиҳои ин насли ояндасози миллат маҳсуб меёбад, ки дар ҳалли он тамоми сохторҳои ҷамъиятӣ бояд корро дигаргуна ба роҳ монанд.

Танҳо як рӯз барои ҷавонон

Ба наздик омадани рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 23-май барномаҳои мавсимии расонаӣ ва иқдомҳои соҳавии идораву сохторҳои кор бо ҷавонон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон аз нав фаъол мешаванд. Аммо боз ҳам мавзӯи иқдомҳо дар самти ҳаёти ҷавонон ва ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ такрор аз солҳои гузашта аст. Намедонам аз барои чӣ аст, ки гузаронидани шанбегиро дар остонаи рӯзи ҷавонон ба як чорабинии расмии фарҳангӣ- идеологӣ табдил медиҳанд. Ҳарчанде шанбегӣ аз вожаи русии аҳди коммунистӣ "субботник" ба мо мерос мондааст, аммо худи ин амал, яъне тозакунии муҳит як урфе аз аҷдодони мо аст, ки ҳашар унвон мешуд ва қабл аз маросимҳои шодиву мотам анҷом мешавад. Аммо масъала ин аст, ки чаро ҷавонони муосир мисли насли мо худ ташаббускори ин ё он чорабиниҳо ба хусус шанбегӣ нестанд. Тӯли 20 соли охир ҳеч вонахӯрдаем ҳолатеро, ки ягон гурӯҳи ташаббускори ҷавонон бидуни дастур ё иқдоми Кумита ё идораҳои кор бо ҷавонон ягон кори хайреро ба сомон расонида бошанд. Албатта тасмимҳои сохторҳои марбут ба ҷавонон ҳам қобили таҳсин аст, ки лоақал мавсимӣ ҳам ҳаст, ҷавононро ба корҳои ҷамъиятӣ мебароранд. Валекин баргузории шанбегиҳои мавсимию давиданҳои як рӯза дар зиндагии насли ҷавон таъсиргузор нест. Агар ҳаст, дар давоми сол хоҳем шунид, ки гурӯҳи ташаббускоре бе иқдоми масъулини  сохторҳои марбута ба ягон кори хайр даст зананд. Ё саҳаргоҳон дар хиёбонҳои маркази Хатлон бубинем, ки дар қатори якчанд нафар калонсолон ҷавонон ҳам ба варзиш машғул шаванд. Дар воқеъ соли сипаригардида дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе як гурӯҳ ҷавонон ба тозакунии яке аз боғҳои истироҳатие баромада буданд, аммо ташаббускори он иқдом ҳам рӯзноманигорони саршинос буданд. Як мушкили ҷавонони мо ин аст, ки онҳо ташаббускор нестанд.

Бекорӣ ва лашкари ҳангуфти корҷӯ

Лашкари кории ҳангуфте, ки дар Русия дорем, манзараи бекории ҷавононро дар зеҳнҳо рӯшан тасвир менамояд. Коҳиш ёфтани сатҳи истеҳсолот дар корхонаҳои саноатӣ, тақсимоти ноодилонаи замин дар баъзе навоҳӣ сатҳи бекориро дар кишвар зиёд кардааст. Гарчанде рӯз ба рӯз сафи муҳоҷирони кории мо ба хориҷи кишвар зиёд шуда, аз як тараф сатҳи зиндагии хонаводаҳое, ки узве аз он дар Русия муҳоҷири корист беҳтар мегардад, аммо дар анҷом аз назари идеологӣ муҳоҷирати меҳнатии мо ба нафъи кишвар нест. Зеро дар баробари ба Русия фиристодани ҷавонон мо баъзан эътимод ва боварии онҳоро ба ояндаи Ватан аз даст медиҳем. Дар баробари ин бештари фарзандони мо бесаводу ноогоҳ ба хориҷа рафта, дар он ҷо барои рақибони идеологии давлат ва дигар гурӯҳҳои ифротгаро "тӯъма"-и тайёранд.

"Облава", ҷавонон ва Ватан

Мутаассифона дар кишвари мо як низоми муфиди қабули ҷавонписарон ба мактабҳои олии кишвар вуҷуд надорад. Дар Қазоқистон ҷавонписароне, ки хидмати ҳарбиро адо намудаанд, барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ имтиёзҳои махсус доранд. Ин аст, ки насли ҷавони қазоқ барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварашон ҷаҳду талош мекунанд. Аммо дар кишвари мо соле нест, ки дар маъракаи сафарбаркунии ҷавонон ба Қувваҳои мусаллаҳ баҳси "облава" матраҳ нашавад. Агар ба омори давлатӣ назар кунем, ҳамасола теъдоди ҷавонони қобили хидмати ҳарбӣ дар вилояти Хатлон беш аз 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Агар аз теъдоди умумии ҷавонписарон лоақал 1% онҳо хоҳиши ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафтан пайдо кунанд, бовар дорам, қабули ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳам аз тариқи имтиҳони ҷиддӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҳоле барномаҳои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ба 1%-и ин лашкару ҳангуфт таъсиргузор нест, пас ин баҳои сиёсӣ ба тамоми соҳаҳои кор бо ноболиғон, ҷавонон ва соҳаи маорифу риштаи маънавиёт нест? Шояд як иллати кор дар он аст, ки имрӯз дар вазифаҳои масъули бахшҳои кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияҳо ҳузури ҷавонони кордон камназир аст. Албатта кадри ҷавоне, ки як ҷаҳон ақидаҳои созандаву шавқу нируи кор бо ҳамсолони худро дорад, аз ҳар кадри интихобкардаи мақомоти маҳаллӣ хубтару беҳтар кор мекунад. Инчунин кадрҳоро кӣ бояд пайдо карда ба корзор барорад(?), суоли дигар аст.

Решаи доғи таълиму тарбия ва илму касбомӯзии ҷавонон ҳам дар ҳамин иллати ҷомеа пайванд аст, ки бештари хонаводаҳо ба хотири ба қавле "ҷон"-и фарзандро аз хидмати ҳарбӣ халос кардан, ӯро ба ҳар факултаи пешомадаи донишгоҳҳои олӣ дохил мекунанд. Сабаби бармаҳал ба муҳоҷирати меҳнатӣ фиристодани ҷавонписарон ҳам гурезонидани онҳо аз хидмати Ватан аст. Ҳоло маънавиёти баъзе хонаводаҳои мо то ҳадде хароб аст, ки аз хотири ба хидмати харбӣ набурдани фарзандашон ҷавони бе маълумоти касбиро ба Русия фиристода, роҳи зиндагии фарзандро пурра тағйир медиҳанд. Имрӯз вақти таҳлилу муҳокимаи сабабгорони ин иллатҳои ҷамъият нест, балки зарурияте пеш омадааст, ки камбудиҳои зикршуда бартараф карда шаванд. Вагарна мо дар сафарбаркунии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, таҳсил дар мактабҳои олӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ камбудиҳои ҷиддие дорем, ки боиси ҳама бадбахтиҳои имрӯзу фардои ҷомеаи мо хоҳад буд.

Ду гулдухтари  сарбандӣ мехоҳанд аскарӣ раванд

Бубинед, дар шабу рӯзе, ки масъулин дар ҷустуҷӯйи ҷавонписарони қобили хидмати ҳарбӣ аст, ду нафар духтарбачаҳои сарбандӣ садо баланд доштанд, ки баъди хатми мактаби миёна ихтиёран ба хидмати ҳарбӣ хоҳанд рафт. Албатта мо инчунин таҷрибаи қабули духтаронро ба хидмати ҳарбии дусола надорем, аммо ҳамин тасмими духтарон ҷойи андеша карданро дорад. Ин духтарони сарбандӣ натанҳо ду соли ҳаёт, балки тамоми умр хоҳони хидмат дар ниҳодҳои низомию қушунҳои ҳарбӣ мебошанд.

Гулнора Насриддинова орзу дорад, ки дар оянда марзбон шуда, ҳаёти минбаъдаи худро ба муҳофизати Ватан бахшад. - Баъди адои хидмати ҳарбӣ орзуи онро дорам, ки  мактаби олии ҳарбии Ҷумҳурии Қазоқистонро хатм намуда, ба ҳайси афсари ҳарбӣ дар Қушунҳои сарҳадии Ватанамон хидмат намоям мегӯяд ӯ. Муҳофизати марзу бум як вазифаи муқаддас буда, аз марзбони Ватан ҷасорату қаҳрамонӣ металабад. Ман фикр мекунам, барои ҳар нафар насли ҷавон лозим аст, ки лоақал рӯзе, соате марзи ватани худро посбонӣ кунад.

Маънавиёт

Сатҳи таълим дар мактабҳои олии кишвар ба ҳадде коҳиш ёфтааст, ки ҳамакнун хабари он натанҳо дар гуфтори мардум, балки аз ҳисоботҳои Созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ҳам ба чашм мерасад. Чуноне ки дар гузориши охири СММ омадааст: "Сатҳи дониши ҷавонон ва афзоиши бекорӣ дар кишвар тадриҷан равандҳои рушди башариро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мекунад". Албатта созмонҳои байналмилалӣ мавқеи худро бобати вазъи воқеии кишварҳо бо оҳанги нарм баён мекунанд, аммо ин як ҷумла барои баҳодиҳии воқеияти ҷавонони Тоҷикистон ҳарфи баланд аст. Гарчанде Созмонҳои хориҷӣ аз коҳиш ёфтани сатҳи дониши ҷавонон ва афзоиши бекорӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ доранд, аммо дар маҳаллаҳо тасмими ҷиддие бобати баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ ва рушди тафаккури зеҳнии ҷавонон коре гирифта намешавад. Дар шаҳру навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон фаъолияти бахшҳои кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳру навоҳии Сарбанду Ёвону Румӣ ва маркази вилоят, ки идораи Раёсати кор бо ҷавонони вилоят воқеъ аст, мусбат арзёбӣ мегардад. Ин баҳогузорӣ аз натиҷаи пурсишҳои оммавии ҷавонон ва қишрҳои гуногуни шаҳру навоҳии минтақа бардошта шудааст. Аммо дар бештари навоҳии вилоят соҳаҳои кор бо ноболиғону ҷавонон, занон ва оила як кам аз рисолати дар назди худ дошта, дар канор мондаанд, ки таъсири он бо тамоми паҳлуҳои зиндагии ҷавонон эҳсос мешавад

Аз ҳам пошхӯрии оилаҳои ҷавон

Сабабҳои афзоиши никоҳи номуваффақ ва ё бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон ҳам реша дар ҳамон иллатҳои зикршуда дорад. Аммо оризаҳои ин "беморӣ" аз дигар "иллат"-ҳои ҷавонон таъсири бадтар ба ҷомеаи мо доранд. Агар як сабаби аз ҳам пошхӯрии оилаҳо муҳоҷирати меҳнатӣ бошад, сабаби дигар бесаводии насли ҷавон, коҳиш ёфтани маънавиёти ҷавонон ва ҳатто насли калонсоли ҷомеа мебошад. Чандест, ки иддае аз ҷавонони худогоҳ барои ҳалли масоили марбут ба ҷавонон ба хусус ҷудошавии оилаҳо ҷомеаро ба муколама даъват доранд. Дуруст аст, ки роҳи асосии пешгирӣ аз ҷудошавии оилаҳо баргузории маҳфилу вохӯриҳо бо иштироки ҳарчӣ бештари ҷавонону волидайни онҳо мебошад. Мо дар пешгирӣ аз ВИЧ СПИД, нашъамандӣ, фасод ва дигар падидаҳои номатлуб таҷрибаи гузаронидани ҳамоишҳоро дорему дар масъалаҳои пешгирӣ аз хатароти пошидани оилаҳо ва сарнавишти ҷавононро не. Шояд аз он рӯ, ки ин масъала Созмонҳои байналмилалиро камтар нигарон мекунаду барои баргузории он грант ҷудо намекунанд?! Пас мо бояд худ дар фикри сарнавиштамон бошем. НЕ?!

Оё ҷавонон ҳарфе барои гуфтан доранд?!

Чанде пеш дар як барномаи телевизионӣ ҷавондухтаре иброз дошт, ки насли калонсолро мебояд, ки пеш аз матраҳ намудани масоили марбут ба ҷавонон нахуст ба сухани ҷавонон гӯш бидиҳанд, ки онон чӣ мегӯянд. Хуб, инҷо муҳокимаи мавзӯҳои баҳсталаби марбут ба ҳаёти ҷавононро нотамом мегузорем, то  ҳарфи ҷавононро бишнавем. Шояд ҷавонон дар ёд дошта бошанд, ки замоне ҳафтаномаи "Миллат" барои онҳо минбар дода буду аммо аз холӣ мондани майдони баҳс баъдан он саҳифаи ҷавонон дигар рӯнамоӣ накард. Аммо мутмаинем, ки агар ҷавонон барои ҳалли масоили асосии хеш ба муколамаву маҳфилҳои матбуотӣ омода бошанд, минбар пайдо хоҳанд кард. Шумо чӣ мегӯед?

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

 


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97