"Худоҷон, дигар дар Хуҷамастон борони сел наборад!"

Иҷтимоъ 10.05.2012 20:55

ё деҳоти селзадаро аз лойоба бояд тоза кард

Sel_05Баҳори имсола дар Хуҷамастон, ноҳияи имрӯза ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ сербориш омад. Ба ҳадде сербориш аст, ки мардум мисолашро аз солҳои 1970-ум инҷониб ёд надоранд. Ба хусус се ҳодисаи омадани сел дар ҷамоати деҳоти "Ифтихор"-и ин ноҳия дар даҳҳаи охири моҳи апрел ба хоҷагии халқ зарари зиёд расонидааст. Мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки борону сели шаби 30-юми апрел аз доманакӯҳҳо ба мавзеи аҳолинишин фаромада, ба иқтисодиёти хоҷагии мардуми ҷамоати деҳоти "Ифтихор" беш аз 1,5 миллион сомонӣ зарари моддӣ расонидааст. Деҳоти "Роҳи Ленин" ва "Навкор" дар мавзеъе ҷойгир аст, ки аз ҳудуди он селобаи кӯҳи Хуҷамастон ва якчанд доманакӯҳҳои ноҳия мегузаранд. Дар баробари он ки он шаб аз сангу лойобаи аз кӯҳистон фаромада каналҳои селгузар пур шуда буданд, селоби он шаб аз ҳаҷми бардошти ҷуйҳои селгузар якчанд маротиба калон буд.

sel_04Маҳмад Самадов, муассиси хоҷагии деҳқонии "Холи Самад" нақл мекунад, ки он шаб аз асари боришоти зиёд маҷрои об дар селдараи кӯҳистон дигар шуда, ба тарафи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермаи болои деҳа ҷорӣ мешавад. Агар девору биноҳои бетонии ферма сари роҳ намебуд, аз асари сел даҳҳо манзили истиқоматии мардум хароб мешуд. Хушбахтона, пойдеворҳои хатти барқи байни ниругоҳҳои "Бойғозӣ" ва "Сангтуда-1", ки дар садди селоб воқеъ буданд, зарар надидаанд. Аммо борону сел дар он шаб ба замину ҳавлиҳои 40 хонавода ва10 хоҷагии деҳқонии деҳаҳои "Роҳи Ленин" ва "Навкор"-и ҷамоати деҳоти "Ифтихор" хисороти зиёд овардааст.

Ба гуфтаи Ҷобир Шерматов, сокини деҳаи "Роҳи Ленин" "он шаб соати 00:23 буд, ки сели аз кӯҳсор хамида, ба ҳавлиҳои мо даромад. Азбаски лойоба роҳи баромад ба кӯчаро маҳкам карда буд, ман ҳамсару кӯдаконамро аз роҳи хонаи ҳамсоя ба кӯча баровардам. Мо ҳамроҳи як қисми ҳамсояҳоямон шабро дар назди ферма рӯз кардем. Борон беист меборид. Баъдан соатҳои дуи шаб буд, ки аз болои деҳа селоби навбатӣ хамида, ин дафъа ҳавлию заминҳои назди хонаҳоро хароб кард. Ҳарчанд манзилҳои истиқоматӣ зарари ҷиддӣ надидаанд, аммо ҳавлию ниҳолу зироатҳои заминҳоямон пурра зери лой мондааст. Мо натанҳо ҳосили заминҳоямонро аз даст додаем, балки дар ин заминҳо имсол кишоварзӣ карда наметавонем".

Бобоназар Ҷанобов, сокини деҳаи "Навобод"-ҷамоати "Ифтихор"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ меsel_02гӯяд: "Соле нест, ки сокинони маҳаллаи мо аз асари борону сел зарар набинанд. Аммо ҳисороти моддию молӣ аз селоби имсол хело калон аст. Баландии лойе, ки ба заминҳои кишварзию ҳавлии манзилҳои истиқоматии мо хамида омадааст, аз 40 то70 сантиметрро ташкил медиҳад. Деҳаи мо дар мавзеи хатарноке воқеъ аст, ки бо ҳама корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ баъзан пеши роҳи селро гирифта намешавад. Ба хусус селе, ки шаби 30-уми апрел ба деҳаи мо омад, аз бардошти каналҳои селгузар ду-се маротиба калон буд. Бобоям мегӯяд, ки дар 60 соли умрам инчунин селоби бадҳайбатро бори аввал дидаам.

Бинобар маълумотҳои Абдувалӣ Назаров, сардори хоҷагии оби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ борону сели рӯзҳои охири моҳи апрел танҳо ба иншоотҳои хоҷагии оби вилоят 549 ҳазор сомонӣ ҳисорот овардааст. Селу боришот баъзе ҷуйҳои обпарто ва масоҳати 3 километр ҷуйи Чап ва 5 километри канали Хоҷа-Қалъаи Болоро, ки тавассути пойгоҳҳои обӣ хоҷагиҳо ва аҳолиро ба об таъмин менамуданд, хароб намудааст. Имрӯз барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ се адад техникаи калони заҳбуру ҷӯйбортозакунӣ кор карда истодааст. Сокинони деҳоти зарардида мегӯянд, ки нахуст иншоотҳои обрасон аз сангу лойоба пур шуда, баъдан лойоба ба роҳу замину ҳавлиҳои мардум зада даромадааст.

sel_01Имрӯз бо ташаббуси фаъолони деҳоти аз офати табиӣ зарардида корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар болооби деҳа оғоз гардидааст. Маҳмад Самадов, муассиси хоҷагии деҳқонии "Холи Самад" иброз медорад, ки навобаста ба талафоти моддию молии хоҷагӣ имрӯз мо барои барқарорсозии ҷӯйи селгузар ва мустаҳкам намудани соҳилҳои болооби деҳа саҳми худро гузошта истодаем. Имрӯз дар корҳои барқарорсозӣ аз офати табиӣ Идораҳои хоҷагии оби вилояту ноҳия, баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳли ҷамоати деҳот саҳми худро гузошта истодаанд. Агар мо сари вақт корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба анҷом нарасонем, дар сурати боз омадани борони сел метавонад ба манзилҳои истиқоматии мардум ва дигар иншооти хоҷагии халқ хисороти калон расонад.

Воқеан ҳам ҳоли табоҳе доранд сокинони аз асари селҳои пай дар пай зарардидаи деҳаҳои "Роҳи Ленин" ва "Навобод"-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Мардуми аз офати табиӣ зарардида мегӯянд, ки аз кумаку дастгирии раиси ноҳия, ки дар он шабу рӯзҳои мудҳиши омадани сел ҳамроҳи онҳо буд, сипосгузоранд. Бо дастури роҳбарияти ноҳия сокинони мавзеи офати табиӣ бо як миқдор хӯроку ғизои зарурӣ таъмин шуда истодаанд. Аммо ҳолати имрӯзаи ду деҳаи аз офати табиӣ зарардида тақозо менамояд, ки барои расонидани ёрии башардӯстона ба зарардидагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бояд тамоми сокинони вилоят таваҷҷуҳ намоянд. Барои он ҳамватанони мо, ки ҳавлию заминҳои кишварзиашон зери лой мондааст, ин тобистон зsel_03индагии вазнине дар пеш аст. Зеро имсол дигар дар бештари заминҳои ҳосилхези зери обулой монда, зироатҳои кишоварзӣ кишт карда намешавад. имрӯз ҳатто кӯдакон дар ҳавлии хонаҳояшон ҷойи бозикунӣ намеёбанд. Аммо барои тоза кардани ҳавлию заминҳои аз лойу сангҳои селоварда пур бояд гурӯҳҳои ташаббускор барои кумаки ин мардум фиристода шавад.

Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати ба сарашон омадаро ҳукми тақдир ҳисобида, ба оянда назари нек доранд. Ба хусус кӯдакон умед ба ояндаи нек доранд. Духтараки тақрибан 10-11 солае, ки аз ифшои номаш шарм дошт, зимни бозгашт аз мактаб дуо мекард: "Худоҷон, дигар борони сел наборад, ки қариб буд аз мактабхонӣ мемондем". Калонсолон бо ҳасрат мегӯянд, ки ҳамин 15-20 рӯз пеш ин деҳа сабзу хуррам буд, акнун дар ҳавлиҳои мо ба ҷузъ сангу лойу харобӣ дигар чизе нест.

Ҷамолиддини Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97