Вазири ояндаи энергетика аз Данғара, аммо лоиқ

Иҷтимоъ 30.04.2012 08:08

Ё ихтироъкори ояндасоз, аммо…

Vazir_01Ба вазири энергетика ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ

Мӯҳтарам вазир!

Ихтироъкориҳои Алишер Холов- омӯзгори коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румиро, ки бо 25 грамм порхи гугирд ва 1 килллограмм намаки ошӣ чаҳор хонаро 48 соат бо рӯшноӣ таъмин карда метавонад, манзури Шумо мегардонем. Хонед, хулоса бароред!

                                     Ҷавон, аммо кордон

Ӯ бо 25 грамм порхи гугирд ва 1 килограмм намаки истеъмолӣ як манзили чаҳорҳуҷрагиро 48 соат бо рӯшноӣ таъмин мекунад. Намоиши ихтироъкориҳои озмоишгари ҷавон Алишер Холовро бори аввал дар маросими наврӯзии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ тамошо карда, боварам намеомад, ки ҳалли мушкили №1 -и зимистонҳои Тоҷикистон ин қадар кори содда бошад. Дар он чорабинӣ Ситора Шерова, муовини раиси Хатлон ва Руҳулло Ҳакимов, раиси ноҳия аз намоиши дастовардҳои коллеҷи энергетикии ноҳия дидан намуда, аз шароити кору зиндагии омӯзгори ҷавон Алишер Холов пурсон шуда буданд. Баъдан сару садоҳое ба гӯш мерасид, ки ин ихтироъкори ҷавонро барои кору зиндагӣ ба пойтахт мебаранд.

Алишер Холов, ин ҷавони 26 сола имрӯз дар коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ пажӯҳишгар аст. Дар муддати 8 моҳи фаъолияти корӣ дар ин коллеҷи навтаъсис Алишер дар ҷодаи истеҳсоли барқ аз дигар манбаъҳои табиӣ якчанд кашфиётҳое кардааст. Ба хусус истеҳсоли барқ аз намаку порхи гугирд аз тарафи ин ихтироъкори ҷавон дар оянда метавонад дар таъмини хонаводаҳо ва маҳаллаҳои дурдаст бо рӯшноӣ нақши ҳалкунанда бозад.

Истеҳсоли барқ аз намакоб?

Vazir_03Мо дар озмоишгоҳи назди коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба кашфиёти охирини ӯ ниругоҳи хурдакаки озмоишии барқи намакобӣ шинос шудем. Алишер барои истеҳсоли барқ барои чаҳор чароғи тафсон дар ду зарфи полиэтиленӣ намакобу порхи гугирд гирифт. Ноқиле, ки аз зарфи намакоб ба майдончаи магнитӣ меравад, мусбӣ ва аз зарфи порхи гугирд дошта ноқили нул буда, ин ноқилҳо 4,5 Вт нируи барқ мебароранд. Ин миқдор барқро тавассути кондисатору транзисторҳо ба 220 Вт табдил медиҳад. Озмоишгари ҷавон истеҳсолкунандаи барқиро аз ҳисоби қисмҳои эҳтиётӣ -диоду транзистор ва трансформатору платаи телевизиору DVD- ҳои корношоям сохтааст. Ба гуфтаи Алишер, дар ин дукончаи барқӣ ҳар чӣ қадар маҳлули намаки йоддор ва порхи гугирд зиёд истифода шавад, ҳамон миқдор бештар нируи барқ зиёд мешавад. Ҳоло мо ҳамагӣ 25 грамм порхи гугирдро истифода кардаем. Дар сурати миқдори порхро ду баробар зиёд кардан, метавон аз ин дуконча 250 Вт барқ гирифт. Ин танҳо намунаи соддаи натиҷаи ихтироъкорӣ аст,- мегӯяд муҳаққиқи ҷавон. Имкон дорад, ки ба ин монанд истеҳсолкунандаи барқиро дар шакли мукаммал бунёд намоем. Масалан, агар мо зарфҳои махсус барои гирифтани маҳлули порхи гугирд дошта, ба ҷойи 25 грамм порхи гугирд 50 грамм ва ба ҷойи 1 килограмм намак 90 килограмм маҳлули намаки йоддорро истифода намоем, метавонем аз он то 100 манзили истиқоматиро бо рӯшноии барқ таъмин намоем.

Кашфиёти дигари  Алишер Холов ин аз ҳисоби "батарей"-ҳои оддӣ таъмин намудани якчанд чароғ бо рӯшноӣ мебошад. Ба гуфтаи ӯ бо истифода аз се адад батарейкаҳои оддӣ метавон барои рӯшноӣ намудани 5 адад чароғ барқ истеҳсол кард. "Мо дар марҳилаи нахустини кашфи истеҳсоли барқ аз манбаҳои иловагии табиӣ қарор дорем ва ин ихтироъкориҳои мо оғози асри тараққиёти илми барқ аст",- мегӯяд мусоҳиби мо.

Алишери шефтаи касбу ҳунари хеш навобаста ба мушкилу норасоии таҷҳизоти барқӣ, синфхонаи таҷрибавии коллеҷро ободу бунёд дорад. Аслан дар сурати набудани нируи барқ  гӯшаҳои таҷрибавии озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои таҷрибавӣ кор намекунанд. Аммо ихтироъкори коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ният дорад, ки синфхонаи таҷрибавии барқиро аз ҳисоби барқи истеҳсолкардаи худ фаъол намояд. Ӯ мегӯяд: "Мо тасмим гирифтаем, ки дар ояндаи наздик синфхонаи барқии таҷрибавиро аз ҳисоби ниругоҳи барқии намакобӣ бо рӯшноӣ ва барқи доимӣ таъмин намоем. Алишер Холов нақшаҳои зиёди ихтироъкорӣ дар соҳаи барқ, радио- телевизион ва илми физикаву кимиё дорад. Аммо мушкили иҷтимоӣ гоҳҳо монеи рушду инкишофи ин ҷавони боистеъдод мешавад.

Ин ихтироъкори умедбахш ҳанӯз дар сину соле, ки барои илмомӯзию такмили ихтисос ба дастгирӣ ниёз дошт, аз соябони сари хеш - падараш маҳрум мешавад.

"Мушкили иҷтимоӣ моро ихтироъкор кард"

Vazir_02- Ман маълумоти олӣ надорам, аммо илму ҳунарро аз падарам омӯхтаам, ки дар рушду инкишофи донишу малакаи ман нақши бузург доштанд. Баъди марги падар таъминоти хонаводаамон - модару 4 нафар хоҳарону бародарони бесарпаноҳам бар дӯши ман афтод. Дар баробари дарёфти қутти лоямут ҳамзамон якчанд омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникиро хатм намудаам. Норасоии манзили зист сабаб шуду ман аз ноҳияи Данғара барои кор ба Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба кор омадам. Зеро дар ин коллеҷ омӯзгоронро ба манзили зист таъмин мекунад.

Аз шиносоии вазъи зиндагии Алишер маълумамон гардид, ки ӯ дар қатори фаъолияти омӯзгорӣ ва таҳқиқотӣ ба таъмири таҷҳизотҳои барқии сокинони маҳаллаи "Чапаев"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ машғул аст. - Аз ин ҳисоб каме маблағ даромад менамоям. Охир 135 сомонӣ музди маош ҳатто барои чойу нону шакар ҳам кифоят намекунад, -мегӯяд ӯ ва меафзояд:- Манзили истиқоматӣ, шавқу рағбати донишҷӯёни коллеҷ дар омӯзиши ин касби муҳими рӯзгор ва кумаку дастгирии сарвари коллеҷ устод Гулмаҳмад Салимов маро водор кардааст, ки навобаста ба мушкилоти зиндагӣ тарки касбу кори хеш накунам.

Ба хотири ноумед нашудани ӯ аз зиндагӣ мехоҳам умед бубахшамаш; "Он рӯз дур нест, ки аз Вазоратҳои дахлдор ба суроғат омада, шояд аз тариқи квота, ки онро сазовор ҳастӣ, ба ягон донишгоҳ дохилат мекунанд". Аммо ӯ мегӯяд, ки барои таҳсил дар мактаби олӣ зарурат надорад. Зеро ончӣ барои кору ихтироъкорӣ муҳим аст, ҳанӯз дар синни наврасӣ аз бар намудааст. "Агар каме маошамро баланд бардоранд, ки шароити зиндагиам беҳтар шавад, кифоят аст. Аммо барои рушди соҳаи барқ бояд озмоишгоҳҳои муосир дошта бошем. Барои ман шароит муҳайё бошад, як идеяҳое дорам, ки ҳоло дар ақли кам инсонҳо меғунҷад. Моро мебояд натанҳо кишвари тавлидкунандаи барқ, балки дар илми барқшиносӣ пешгом ҳам бошем".

Сағераро нон ба лабаш норасида, даҳонаш хун шуд

Аз сӯҳбат бо Алишер Холов маълумамон шуд, ки аз оризаи бемории зардпарвин азият мекашад. Акнун дигар тааҷҷуб аз он надоштем, ки чаро вақти ба озмоишгоҳ ворид шуданамон  қаҳрамони матлаби мо сар болои оринҷи дастонаш, дар болои мизи корӣ мехобид.

- Вақте бемори зардпарвин шудам, бинобар мушкили молӣ натавонистам сари вақт табобат гирам, - нақл мекунад ӯ. "Ба наздикӣ саломатиам якбора вазнин шуду маро аз озмоишгоҳ ба беморхона бурданд. Тамоми хароҷоти беморхона ва табобати моҳонаи маро директори коллеҷ Гулмаҳмад Салимов ба уҳда гирифтанд, ки аз эшон як умр миннатдорам. Аз баски мӯҳлати табобати зардпарвинро каме гузаронидаам, оризаҳояш баъзан аҳволамро вазнин мекунад".

Он рӯз Алишер як чеҳраи маҳзун дошт. Ҳарчанд кӯшиш мекард, ҳолати худро аз мо пинҳон дорад, аммо симои хаставу оҳанги гуфтораш гувоҳӣ аз шиддат гирифтани дарде дар баданаш медод. Вақти сӯҳбат як нафар аз ҳамкоронаш нақл кард, ки субҳи ҳамин рӯз аз даҳонаш хун рафта буд. Ӯ бояд ба табобати ҷиддӣ фаро гирифта шавад, аммо барои ин имкони молӣ надорад. Инчунин кадрҳои ҷавону боистеъдод бояд аз кумаку дастгириҳои ҳамаҷониба бархурдор бошанд.

Ба Фонди рушди Тоҷикистон ниёз дорем?

Бешубҳа агар инчунин ҷавонони ихтироъкор дар хориҷа пайдо шаванд, онҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ медоранд. Аммо Алишер навобаста ба истеъдоду ихтироъкориҳои барои ояндаи кишвар муфидаш ҳанӯз дар ҷомеаи мо муаррифӣ нашудааст. Боз ҳам инчунин ҳолатҳои иҷтимоӣ моро ба андеша водор менамояд, ки ба хотири ҳифзи истеъдодҳои нодир ягон созмон ва ё фондеро ба монанди "Ҷамъияти иршод барои дастгирии наслҳои ояндасози Тоҷикистон" таъсис диҳем. Ва ҳар орзуманди пешрафту тараққиёти Ватан ба суратҳисоби ин ҷамъият ё фонд саҳми хостаи худро гузорад. То ба монанди Алишер Холов ихтироъкорони ҷавон, ки шояд корҳои илмиашон дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон нақши бузург мебозад, аз чунин имтиёзҳое бархурдор бошанд. Зеро шахсан боварии комил дорам, ки бо андаке дастгириҳои молию иҷтимоӣ ба хусус озмоишгари ҷавон Алишер Холов дар олами илми барқшиносӣ ва физикаву кимиё кашфиётҳои бузургеро ба сомон расонида, дар пешрафту тараққиёти ин миллату сарзамини ранҷбар нақши бузург хоҳад бозид.

Воқеан, ихтироъкори ҷавон бинобар мушкили иҷтимоӣ имкони таҳсил дар мактабҳои олиро надошт, вале маълумоти олӣ надорад, аммо дар олами физикаву кимиё кашфиётҳое дорад, ки баъзе номзадҳои илму дигар унвонҷӯёни соҳаи физикаву кимиёро ба ҳайрат овардааст. Дӯстону ҳамкорон ӯро дар ғайбаш вазири рӯшноӣ ном мебаранд. Чаро не? Агар мисли Алишер барин ҷавонони боистедод дастгирӣ ёфта, лоақал дар мактабҳои олӣ курсҳои ғоибонаро хатм намоянд ҳам, бовар дорам, дар олами физикаву кимиё кашфиётҳои беназире ба анҷом расонида, илми барқшиносии тоҷикро дар байни оламиён муаррифӣ хоҳанд кард. Аммо кай Алишер Холов ин ҷавони боақлу донишу назарногири данғарагӣ, ки дар озмоишгоҳи барқии коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ машғули ихтироъкорӣ аст, "тақдирҷунбон" меёбад? -суол аст. Суол ба вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар, ки шояд чунин ҷавонон ва кадрҳои ояндабахшро ҷустуҷӯй дошта бошанд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97