Язгуломро ба ҳошия наронед

Иҷтимоъ 26.04.2012 18:25

ё вазифаи хонагӣ ба масъулони ҳукумат

Yzgulom_02Рӯз аз рӯз ободии диёрро дида, гул-гул мешукуфам. Ҳисоботи ин ҳама дигаргуниҳои куллии тули 20 соли истиқлолро дарҷ намуда, саҳифаҳоро пур кардан намехоҳам. Аммо ба коркарди ҳарчӣ самараноктари замин, ки роҳбарияти кишвар ба он диққати махсус медиҳад, бетараф истода наметавонам. Мегӯянд, ки Тоҷикистон саросар кӯҳ буда, ҳамагӣ 3%-онро замини ҳамвор ташкил медиҳад. Фикр мекунам, ҳамаи 3%-и заминро ҳам то ба имрӯз хуб истифода накардаем.

Ман Алиев Зокир Муродович, зодаи деҳаи Жамаги ҷамоати деҳоти  Язгуломи ноҳияи Ванҷ мебошам. 23 сол мешавад, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам, вале аз зодгоҳ ба куллӣ канда набуда, рафту омад дорам. Чун заминҳои бекорхобидаи аз замони муҳоҷиркунӣ, яъне аз соли 1954 то ин дамро мебинам, бисёр ба андеша меуфтам, хаёлан ба чӣ фикрҳое меравам ва гумон мекунам, баъзе аз ин хулосаҳои ман ба фоидаи халқу кишвари азизамон Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ салоҳ донистам, онро бо хонандаи азизи нашрияи "Миллат" дар миён бигузорам. Чун медонам, ки шумо ҳам аз ҷумлаи ватанхоҳону дӯстдорони ин марзу бум ҳастед.

Солҳои охир ман аз заминҳои бекорхобида порчаеро гирифта, барои истифодаи пураи он кӯшиши зиёд намудам. Дар ин муддат тамоми ҷойҳои замини бекорхобидаро, ки муддати 58-сол кишт нашуда буд, аз назар гузаронида, дар ҳайрат афтодам. Аз рӯи нақли мӯйсафедон, ба ҳисоби пешакӣ тахминан 500 гектар замини корамшуда ва 26-28 ҳазор гектар чарогоҳҳои бекорхобида мавҷуд аст. Хоҳишмандоне ҳам ҳастанд, ки мехоҳанд, ин заминҳоро гирифта, ба боғу токпарварӣ ва картошкапарварӣ машғул шаванд. Аммо барои он каме ёрии ҳукумат ва ё ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ лозим аст. Ҳади ақал 30-40 км роҳи мошингард сохта, ба истифода додан зарур меояд. Чун масъалаи роҳ ҳал шавад, ҳар як бошандаи водии Язгулом, ки тахминан 800-900 хоҷагиро ташкил медиҳанд, метавонанд ҳатто бе обод кардани заминҳои чарогоҳӣ ҳар кадом соҳиби 1-гектар замин шаванд.

Метавон дар 25-28 ҳазор гектар замини чарогоҳҳои деҳаҳои болоӣ чорподориро ба роҳ монд. Бояд қайд намуд, ки деҳаҳои бо номи Юздом, яъне аз деҳаи Хехик то деҳаи Жамаг роҳи мошингард доранд. Боз ба ҷуз ин деҳот 21-деҳаи дигар ҷамъулҷамъ бо номи Баҳрздом, яъне Язгуломи боло, ки ин деҳаҳо Зайч, Даштак, Жафаг, Басид, Вичуг, Путрӯзи боло, Давиҷангал, Буғуз, Будабн, Убағн, Яйс, Хуҷванд, Висдашт, Чаддашт, Деғдашт, Баржаддашт, Арнавад, Барнавад, Навн, Рағзов, Мзордара мебошад, роҳи мошингард надоранд. Бовар дорам, масъалаи роҳи мошингард агар ҳал шавад, муддати 5-6 сол хароҷоти он бароварда шуда, нархи маҳсулоти кишоварзии хушлаззати ватанӣ ниҳоят арзонтар мешавад. Ба хусус; чормағз, навъҳои тут, себ, зардолӯ, шафтолӯ, олую гелос ва ноки язгуломӣ зиннатбахши бозорҳои пойтахтамон мегардад.

Масъалаи дигари ниҳоят ҳалталаб, ки маро ором намегузорад, аз байн рафтани ҷангалҳо мебошад. Аз солҳои 90-ум то имрӯз аз сабаби таъмин накардани аҳолӣ бо ангишт ҷангалҳо ба нестӣ расидан доранд. Масъулони  вазорати хоҷагии ҷангал бояд ба ин масъалаи хеле муҳим ва сарнавиштсоз диққат диҳанд. Агар ин ҳол давом кардан гирад, табиат моро намебахшад ва ҳатман подоши харобкориҳоямонро медиҳад. Ин масъала дар водии Язгулом бояд масъалаи аввалиндараҷа бошад.

Яке аз роҳҳои пешгирии ба нестӣ нарасонидани ҷангалҳо, ин ба таври лозимӣ таъмин кардани сокинони водӣ бо барқ мебошад. Қувваи барқи ҷойдошта, то ба ҳаддест, ки ҳатто дар баъзе маҳаллаҳои деҳот ҷаҳоннамо ё телевизион дида намешавад. Дар бораи бо ин қувва истифода намудани обҷӯшонакҳои барқӣ ҳоҷати гап ҳам нест. Лоақал аҳолӣ бо барқ таъмин мебуд, то ин дараҷа ҷангалҳо ба нестӣ намерасиданд. Аз ин сабаб таъмини сокинон бо барқ ва сӯзишворӣ бояд дар ҷои аввал қарор гирад. Дар сурати амалӣ намудани ин эҳтиёҷот ба андешаи ин ҷониб пас аз як даҳсола дар ин минтақа дарахту хору зирк ва дигар дарахтони бесамар ҳам намемонад.

Дар баробари ин масъалаҳо бояд барои 800-900 хоҷагии ин водӣ дар яке аз деҳаҳои марказӣ толори варзишӣ бунёд намуд. Ин ҳам яке аз талаботи давру замон буда, бояд аз мадди назари ҳукумат дур намонад. Охир ҳеч гоҳ ҷавонон аз ин ҷо ба маркази ноҳияи Ванҷ рафта, ба варзиш машғул намешаванд-ку? Ё чунин масъалаҳои дилгармкунанда фақат барои сокинони минтақаҳои "худӣ" буда, дигарҳо аз дил берунанд? Варзишгарони язгуломӣ хоса дар гуштӣ то солҳои 90-умдар сафи пеши ғолибони озмунҳо қарор доштанд. Қариб дар ҳар варзиш ному насаби онҳо зиннатбахши рӯзномаҳои ноҳиявию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ буд. Ин албатта ба насли наврас қувваю дармон мебахшад ва рӯҳияи хоҳишмандонро баланд мебардошт. Ҳоло чун толорҳои варзишӣ нест, ҷавонон то андозае аз шавқу завқи дар дил доштаашон маҳруманд.

Гумон мекунам, ба ин масъала ҳам дахл намудан, яке аз вазифаҳои дигари ҳукумат бояд бошад. Ба фикри ман, назари мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ба тамоми манотиқи кишвар оид ба ободонию созандагӣ (бояд) яксон бошад.

Зокир Алиев,сокини шаҳри Душанбе

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97