Сабру таҳаммул ва назари ботааммуқ ба оянда мебояд дошт

Иҷтимоъ 17.04.2012 20:22

AmborВазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи танқидии "Анбори гилини Ховалинг-сеюмин  мактаби калонтарини Балҷувон" (ҳафтаномаи "Миллат", №11 (341) аз 14.03.2012), ки ба қалами Боймуҳаммад Табаров тааллуқ дорад, ҳамаҷониба мавриди санҷиш қарор дода, нуктаҳои дар матлаб овардашуда амиқан таҳлил гардиданд.

Барои таҳқиқи мақола корманди минтақавии ҳафтаномаи "Омӯзгор" дар Кӯлоб Аъзамҷон Бобоев ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуд, то ҳақиқати ҳолро дақиқан ба мушоҳида гирифта, иддаои дар матлаби номбурда ҷойдоштаро бознигарӣ намояд. Натиҷаи мушоҳидаву таҳлилҳои мухбири "Омӯзгор" дар ноҳияи Балҷувон аён сохт, ки дарвоқеъ, камбудиву норасоиҳо дар мактаби номбаршуда ҷой доранд. Бинои мактаби мазкур кӯҳнасохт буда, алъон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Вале ба назар бояд гирифт, ки сохтмони бинои мактаби  нав ба нақшаи соли 2013 ворид шуда, дар ин самт кор аз соли оянда оғоз хоҳад гардид.

Бояд зикр кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон пайваста аз вазъи мактабҳо бо хабар аст. Тӯли 16 соли мавҷудияти ноҳия, ба сурати умум 26 мактаби таҳсилоти ибтидоӣ, асосӣ ва миёнаи умумӣ сохтаву ба истифода дода шудааст. Дар робита ба ин масъала раиси ноҳия Фотеҳ Аминов таъкид намуд, ки айни ҳол 6 бинои мактаби таҳсилоти ибтидоӣ бо маблағи ҷудонамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таъмир ва азнавсозӣ карда шуда, сохтмони бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7, мактабҳои таҳсилоти асосии рақамҳои 10 ва 16, мактаби таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Тӯпхона идома ёфта истодааст. Дар ин хусус мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Ҳимматулло Алиев низ ба мо иттилоъ  дод.

Дар худи ҷамоати Дектур тибқи иттилои раиси он Қурбон Шарифхонов тӯли чор соли охир дар ҳудуди ҷамоат як бинои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, чор бинои мактаби таҳсилоти ибтидоӣ таъмиру тармим гардида, муҷаддадан ба истифода дода шудааст. Илова ба ин, бинои мактабҳои ибтидоии рақами 24, 29 ва мактаби таҳсилоти асосии рақами 34 дафъатан аз таъмири асосӣ бароварда шуданд. Дар хусуси бинои кунунии фарсудаву азҳамрехтаи мактаби таҳсилоти рақами 17 ҳаминро гуфтан лозим меояд, ки сохтмони мактаби нав барои фарзандони мардуми деҳот, тавре ки гуфта шуд, соли 2013 ба нақша дароварда шудааст. Бо бунёди бинои нави мактаб масъалаи майдонча ва толори варзишӣ, ки дар боби он дар матлаби ҳафтаномаи "Миллат" сухан рафтааст, ҳалли мусбати худро хоҳад ёфт. Кабинетҳои алоҳидаи фаннӣ низ сохта мешаванд. Дуруст аст, ки дар мактаб муаллимони фанҳои химия, забони англисӣ ва технологияи информатсионӣ намерасанд. Аммо "ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад", -гуфтаанд. Муаллифи мақола бе ҳеҷ далелу арқом зикр мекунад, ки муаллими мактаби номбурда Ҷумъахон Боронов ғайриихтисос буда, аз математика машғулият мегузаронад. Вале, вақте дар мактаб мухбири ҳафтанома бо Ҷ. Боронов вохӯрдаву сӯҳбат орост, ӯ бо ҳайрат афтода иброз дошт, ки факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро соли 2005 хатм намуда, дар мактаби мазкур ҳафт сол боз ба шогирдон (худи Боймуҳаммад Табаров-муаллифи мақола шогирди ин муаллим аст) аз ин фан дарс мегӯяд.

Ба ваҷҳи набудани шароиту имкониятҳои зарурӣ хонандагони мактаби рақами 17 пас аз хатми синфи 9 таҳсили худро дар мактаб-интернатҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии дигар шаҳру ноҳияҳо давом медиҳанд. Ҳамин андешаро сарвари таълимгоҳ Муродалӣ Олимов низ тақвият бахшида иброз дошт, ки тӯли ду соли охир 34 нафар хатмкардаи мактаби номбурда дар мактаб-интернатҳои ноҳияи Балҷувон, ҷамоати Сари Хосор, деҳаи Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, мактаб-интернати Кангурти ноҳияи Темурмалик хониши худро идома дода истодаанд.

Аз ҷараёни сӯҳбат маълум шуд, ки бо бунёди бинои мактаби замонавӣ ин мушкилӣ ва минбаъд бе ҳеҷ гуна сарсонии хонандагон масъалаи аз рӯи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил шудани шогирдони ин таълимгоҳ ҳам ҳалли худро хоҳад ёфт. Аз ин нигоҳ, фикри муаллифи мақола дар бораи он ки Наргиса барин духтарон "ҳар сол умеду орзуи таҳсилро ҳамроҳи худ хонабанд мекунанд", замина надошта, толибилмони мактаб дар оянда дар ними роҳ нахоҳанд монд. Дар бораи синфхонаҳои компютерӣ, ки Б.Табаров аз хусуси он бонги изтироб задааст, ҳаминро бояд хотиррасон кард, ки таъмири утоқҳои мазкур босифат идома ёфтаву дар арафаи анҷомёбист. Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ваъда доданд, ки мактаб бо теъдоди зиёди компютерҳо таъмин карда хоҳад шуд.

Муаллиф иддао кардааст, ки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шахсони масъули шӯъбаи маориф, идораи ҷамоати деҳоти Дектур аз вазъи мактаб огаҳӣ дошта бошанд ҳам, боре аз ҳоли муаллимону мактабиён хабар намегиранд.

Ин далелҳо низ ҳавоию рӯякиянд ва асос надоранд. Чуноне аз сӯҳбат ва вохӯриҳо бо роҳбарони мактаб, муаллимону хонандагон аён гардид, шахсони муваззафи бахши маориф, аз ҷумла собиқ муовини раиси ноҳия Маърифат Зоҳирова, роҳбари кабинети методии шӯъбаи маориф Р.Абдуалимов, комиссари ҳарбии ноҳия Фаттоҳ Одинаев, мушовири шӯъбаи маориф Абдувалӣ Раҳмонов ва кормандони ҷамоати деҳоти Дектур якчанд маротиба дар мактаби номбурда бо ҳайати омӯзгорон ва мактабиён вохӯриҳо гузаронда, ба вазъи таълиму тарбия аз наздик шинос шудаанд. Фарогирии духтарон ба мактаб, ки яке аз паҳлӯҳои мушкили кор дар музофоту кӯҳистон маҳсуб меёбад, хеле хуб роҳандозӣ гардидааст.

Дар интиҳои матлаб, аз рӯи мушоҳидаву таҳлилҳо метавон натиҷагирӣ кард, ки кулли афкору андешаҳои муаллифи мақола бо бунёди мактаби ҷадиди бо ҳама гуна таҷҳизот муҷаҳҳаз амалӣ хоҳанд шуд. Танҳо сабру таҳаммул ва назари ботааммуқ ба оянда мебояд дошт. Боз таъкид кардан мебояд, ки ҳалли масоили нозук ва мушкилу печидаи соҳаи маориф кори якрӯза ё дурӯза набуда, балки амали тадриҷиест.

Котиботи матбуотии Вазорати маориф

P.S. Чун ин посухро дарёфт кардем, аз муаллифи мақола дар ин бора пурсидем. Муаллиф чопи мақолаи худро саривақтӣ медонад ва умед дорад, ки он натиҷаи хуб медиҳад. Ба ақидаи вай агар ин мавзуъ пайгирӣ намешуд, шояд ки масъалаи бунёди мактаб боз ҳам ба таъхир меафтод.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97