Маъорифро ислоҳ кунед

Иҷтимоъ 04.04.2012 21:02

ё галстуку шиму костюму сари лучу академики бисёр дониш надод

Дар СССР бо як по мелангидем, ҳоло бо ду по

Vaziri_maorifДар Тоҷикистон замони шӯравӣ ҳам мактабу маъориф аз ҷиҳати илм ва донишандӯзӣ чандон вазъи хубе надошт. То ҷое иттилоъ дорем, аксарияти муаллимони макотибу донишгоҳҳо дониши хубу казоӣ надоштанд, зеро онҳо ҳамагӣ таҳсилкардагони бахшҳои ғоибона ва дигар курсҳои чандмоҳае беш набуданд. Дар мактабҳои миёна ин муаллимони андакхонда ҳатто байни талабаҳои бо фаҳму закӣ ва толибилмони бе фаҳму нодон фарқе намегузоштанд, чунки худ аз камсаводӣ хубро аз бад тамйиз карда наметавонистанд. Аслан табиъати мардуми нодону ҷоҳил ба табиъати мардуми закию бо фаросат рост намехӯрад. Муаллимони муҳтарам ба ҷои зинда доштан ва такмил додани истеъдоди талабаҳои болаёқат, баръакс ба онҳо то ҷое ҳиси бадбинию нафрат низ доштанд ва таваҷҷуҳашон бештар болои афроди лаққӣ ва бе фаҳм, ки ба воситаи суханҳои бе маъно худро фаъол нишон медоданд, буд. Натиҷа ҳама ин шуд, ки бо вуҷуди вазъи хуби молӣ ва аз маъош таъмин будани омӯзгорону мураббиён ба таври лозим олимон ва донишварони варзида ба бор оварда натавониста ва ба натиҷаҳои назаррас ва қобили қабул ноил нагаштем.

Он ки низоми чашмраси тарбия то ҷое ҷоннок буд, ин чизи дигар аст, ин низомро на худи мо, балки аз марказ ҷорӣ карда буданд ва нохоста ҳам бояд ба иҷро мерасид.

Акнун бо вуҷуди дар он замон таъмин будани аҳли маъориф бо маъош ва хуб будани вазъияти молияшон дастовард ва натиҷаи хубе ба даст наовардем, чи расад ба мактабҳои пас аз шӯравӣ, яъне замони истиқлол, ки гирифтори ҳазору як иллатанд.

Мактаби замони истиқлол бо усули фарсуда

Замони ҳукмронии давлати абарқудрати шӯравӣ асосан ҳама тарҳу усули идораи мактаб ва донишгоҳҳо аз марказ, аз ҷониби "бародарони калонӣ" таҳия ва омода мешуданд. Ҷумҳуриҳои сотсиалистии шӯравӣ мустақилона ҳеч тарҳеро омода карда наметавонистанд. Кор то ҷое буд, ки бештари анъанаҳои миллӣ ва эътиқодии мардум ба назар гирифта намешуд ва раҳбарони ин ҷумҳуриҳо барои садоқати хешро нисбат ба халқи "бузург" - рус нишон додан ба омӯзиши забони русӣ ва анъанаҳои ғайри тоҷикӣ тарҷеҳ медоданд ва ҷавононро дар ҳамин руҳия тарбия менамуданд.

Алъон ҳам бештари идораҳои фарҳангӣ ва маъорифу мактаб таҳти идораи ана ҳамин таълимгирифтагони замони шӯравӣ мебошад.

Оё мактаби замони истиқлол бо қиёс ба мактаби замони шӯравӣ, ки гирифтори иллатҳои зиёде буд, пешравӣ ун тараф истад, баробар буда тавонист? Дар ҳоле ки мебоист мактаби замони истиқлол ҳатман пешравиҳое бояд медошт, вале ҳатто ба қиёси макотиби шӯравӣ маҳсул дода натавонист.

Ягона коре, ки бояд дар замони истиқлол анҷом дода мешуд, ин ислоҳоти сар то сарӣ ва пурраи соҳаи маъориф мебуд. Ислоҳоти дигар соҳот ва сохторҳо маҳз аз дуруст ба роҳ мондани тарҳ ва усулҳои дурусти соҳаи маъориф мебошад, зеро коргарони ҳама ниҳоду сохторҳо таълим ва тарбиятгирандагони мактабу донишгоҳҳо мебошанд.

Бадбахтӣ дар он аст, ки аз қолаби усули таълиму тарбияи маъорифи замони шӯравӣ берун нашудаем. Ҳанӯз хӯи тобеъият аз вуҷудамон зудуда нагаштааст ва таҳиягарони барномаҳои таълим то ҳол гумон мекунанд, ки аз он тарзу усули беҳтари таълиме вуҷуд надорад. Огаҳе ба ҷо фармудааст;

Мурғе, ки хабар надорад оби зулол,

Минқор ба оби шӯр дорад,ҳама сол.

Қонуни бемасъулиятӣ

Мактабҳои замони истиқлол монанди макотиби замони шӯравӣ то ҳол ба наврасону ҷавонон хислатҳои тобеъиятро меомӯзанд. Машғул сохтани мафкураи ҷавонон ба афкори ғуломона ва тобеъ будан таъсири бади худро хоҳад дошт. Бисёр мешавад аз забони онҳое, ки худро пешвоёни илми тоҷик медонанд, ибораҳоеро бад - ин маъно, мо бе Россия ҳеч кор карда наметавонем, забони русӣ ҳатман барои мо зарур аст - ро шунид. Ҳамин забони русӣ ҳам барои халқи мо то он ҷое, ки воҳима мекунанд, чандон зарур нест. Фаромӯш набояд сохт, ки мо тоҷикем ва қабл аз ҳама ва заруртару муҳимтар аз ҳама барои мо забони давлатӣ, забони тоҷикӣ мебошад.

Онҳое, ки лоиҳаи қарорҳо дар бораи масъулияти падару модарон ва манъи рафтани наврасони то 18 сола ба масҷидро ба ҳукумат пешниҳод сохтанд, оё намешавад лоиҳаеро дар бораи садҳо проблемаҳои ҳалношудаи мактабу омӯзишгоҳҳо ва маъориф ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешкаш намоянд? Қонуни масъулияти падару модар чӣ натиҷа дод? Қонун дар бораи манъи наврасон ба рафтани масҷид чи беҳбудие пеш овард? Вақте ки наврасон аз рафтани масҷид ва мадраса манъ карда мешаванд, бояд роҳро барои онҳо сӯи мактаб ҳамвор сохт, агар мақсад аз манъи масҷид ба омӯзиш фаро гирифтани наврасон бошад, вагарна ҳама сӯи фоҳишахонаҳо ва дискотекҳо сарозер хоҳанд шуд ва дар ояндаи начандон дуре самараи ин таълиму тарбияи нодурустро хоҳем чашид ва алъон ҳам дида истодаем.

Шиму костюму тавқу сари луч дониш надод

Коргарони соҳаи маъорифи замони истиқлол бо пайравӣ аз вазирашон ба ҷои ислоҳот дар тарзи тарбия ва омӯзиши наврасон ислоҳотро аз панҷара гирифтани атрофи донишгоҳҳо ва ҷавононро ба пӯшидани шиму костюм ва овехтании ҳатмии галстук ва дур кардани сарпӯши духтарон шуруъ намуданд. Вазири собиқи маъориф Абдуҷаббор Раҳмонов шахсан дар пиёдасозии ин "ислоҳоти муҳими соҳаи маъориф" кӯшиши зиёде ба харҷ дод. Шояд Вазири ба тозагӣ интихобшуда низ ҳам аз эҳтимол дур нест, ки мисли вазири пешин давомдиҳанда ва такмилдиҳандаи ин "ислоҳот" бошад. Шахсан ман беш аз ин ислоҳоти дигареро дар ин соҳа ёд надорам. Ҳанӯз маълум нест, ки дастандаркорон чунин тарзи ислоҳотро аз кадом давлати пешрафта гирифта бошанд? Агар аз пӯшидани шиму костюм, овехтани галстук ва сарулучӣ кас соҳиби дониш шавад, пас бояд тавсия намуд, ки дар рахти хоб низ бо куртаи сафед, галстук ва сарилуч хобид.

Ахиран барои ба танзим даровардани ҷашну маросимҳо қонуне қабул шуд, пас чаро қонуне дар бораи танзими унвонҳо ва ҷойизаҳо вуҷуд надорад. Дар кишвари хурде мисли Тоҷикистон бояд шумори ҷойиза ва унвонҳо низ танзим карда шаванд, агар не баъди чанд сол дигар касе намемонад, ки соҳиби унвону ҷойиза набошад. Солҳои ахир гирифтани унвонҳои илмӣ мӯд шудааст, мисли либоспӯшӣ. Аз онҳое, ки соҳиби унвонҳои илмӣ ва ҷойизаҳо мешаванд, оё касе намепурсад, ки барои кадом қаҳрамониҳояшон соҳиби чунин унвонҳо гаштаанд? Рисолаҳоеро, ки барои гирифтани унвон таълиф месозанд, бигзор пешкаши мардум бисозанд, то ҷомеъа огоҳ шавад, ки таълифоташон чи арзише дорад. Ба воситаи каси дигар ва қолаби рӯбардор намудани ибораю ҷумлаҳо ҳанӯз ин маънои таълифоти боарзишро надорад. Хусусан замони ҳозир таълифоти бо маънӣ ва пурарзишро тақозо дорад. Инсонҳо бояд солҳо заҳмат бикашанд, то таълифи боарзише карда бошанд. Дигар тал - тал рисола ва китобҳои бе арзишу музахрафоти мисли замони шӯравӣ ба кӣ лозим аст? Лоақал онҳое, ки таълифоти хубтаре доранд, бояд соҳиби унвонҳои баландтари илмӣ шаванд. Вале чунин нест. Чаро устоди марҳум Тоҳири Абдуҷаббор, ки таълифоти боарзише доштанд, соҳиби унвони академикӣ нашуданд? Чаро онҳое, ки дар илми тоҷик заҳмате накашидаанд, мисли вазири собиқи маъориф соҳиби унвони академикӣ шаванду устоди донишманде чун Зафари Мирзоиён академик набошанд?

Фасодкориро ба наврасон соҳаи маъориф таълим медиҳад

Инро набояд нодида гирифт, ки аввалин нишонаҳои фасод (пора додан) аз кӯдакистонҳо шуруъ мешавад. Вақте ки кӯдак субҳ қабл аз ба кӯдакистон рафтан аз волидайн барои мураббияаш пул мепурсад, ин нишонаи аввалини ба воситаи пул тарбия ёфтанро дар зеҳни хурдсол ҷо месозад. Агар вазъияти молии кӯдакистонҳо ба мушкил мувоҷеҳ бошад, пас ин корро метавон бе восита бо волидайни кӯдак ҳаллу фасл намуд, то дар зеҳни наврас таъсири бад нагузошт. Пас аз кӯдакистонҳо ба ҳамин минвол чунин тарзи тарбия дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна давом меёбад. Шайх Саъдӣ муъаллими ахлоқ дар таъсири тарбият чунин мефармояд:

Ҳар кӣ дар хӯрдияш адаб накунӣ,

Дар бузургӣ фалоҳ аз ӯ бархост.

Чӯби тарро чунон хоҳӣ печ,

Нашавад хушк ҷуз ба оташ рост.

То донишгоҳ нарасида, дар зеҳни наврасон дигар ба воситаи пул гирифтан ва харидани донишу илм нақш мебандад. Яъне замони донишҷӯӣ дар донишгоҳу донишкадаҳо муъаллимони муҳтарам хислатҳои манфури фасодкориро дар афкоршон ҷо медиҳанд.

Хулоса сар аз кӯдакистонҳо то мактабу донишгоҳҳо маҳз ҳамин мураббиёну омӯзгорон ба воситаи усулҳои нодурусти таълиму тарбия дар фасодкории наврасону ҷавонон саҳми худро мегузоранд. Ҷойи он ки муъаллимон ва тарбиятгарон бояд дар решакан сохтани чунин хасоили манфур мубориза кунанд, баръакси ҳол мусоидат менамоянд. То замоне, ки фасоду порахорӣ дар соҳаи аз ҳама муҳим ва меҳварии ҷомеъа, соҳаи маъориф вуҷуд дорад, ба ҳеч пешравие умед набояд баст. Ва рӯз то рӯз дар ботлоқи фақру бенавоӣ ва фаҳшу фуҷур фурӯтар хоҳем рафт.

Ҷамшеди Қувват

P.S. Ба мавзуъи маъорифу мактаб бар хоҳем гашт, зеро агар то ислоҳотро аз ин ҷо шуруъ накунем,  зӯр задани мо барои даст ёфтан ба як ҷомеаи ободу пешрафта ва мардумсолор беҳуда хоҳад буд. Мавзуъи баҳси оянда "Мактабҳои туркӣ анкабути ҷо шуда дар мағзи сари бачаи тоҷик" хоҳад буд.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97