Наврӯз намоишгоҳи бузурги мардумӣ

Иҷтимоъ 03.04.2012 09:33

Navruz_Qurghon_01Наврӯз ин ҷашни воқеан ҳам бузург барои мо тоҷикон таърихи қадимтар аз ҳама дигар ҷашну маросимҳои миллиамонро дорад. Дар доираи фарҳангшиносони ҷаҳон низ ин андеша ғолиб аст, ки Наврӯз танҳо ва танҳо бо забони порсиҳои соҳибтамаддун тамоми арзишҳои худро бо зеботарин вожа- "Наврӯз" ифода кардааст. Наврӯз, яъне рӯзи нав.

Намоиши санъату ҳунарҳои зебо, инъикоси хуррамию нишот, ба маърази тамошо гузоштани бузургтарин арзишу ормонҳои миллӣ ва тантанаи музаффарияту паҳлавонии фарзандони фарзонаи миллат низ маҳз дар ҷашни асосии сол, наврӯз таҷассум мегардад.

Наврӯз, яъне ибтидои ҳама чиз, пайдоиши оламу офариниши ҳазрати Одам (алайҳисалом), рӯзи  соҳиби давлату тахту тоҷ шудани миллатҳои кабиру  соҳибтамаддуне мисли  Форсу Ориёиҳо, рӯзи ба тахт нишастани Ҷамшед, ибтидои соли наву оғози кишту кори баҳорӣ. Хулоса, наврӯз сароғози ҳама корҳо буда, ба инсоният рӯзи наву  ҳаёти нав мебахшад.

Ин гуфтори мардумӣ  ҳам таърихи қадима дорад, ки; "Наврӯз дар кадом сатҳе ҷашн гирифта шавад, соли нави пешомад ҳамон қадар пурфайзу пурбаракат хоҳад омад". Наварӯзи байнулмилалӣ, ки Тоҷикистон мизбони ин ҷашни бузург аст, бо якчанд хусусиятҳои худ аз  ҷашнҳои наврӯзии солҳои гузашта фарқкунанда буд. Манзури ман маросимҳои наврӯзие мебошад, ки дар он тамоми қишрҳои ҷомеа имкони фаъолона иштирок кардан доштанд. Ҳарчанд дар марказҳои шаҳру вилоятҳо ҷашнҳои наврӯзӣ дар сатҳи баланд доир мегардиданд, аммо маҳдудияти нишастгоҳҳои варзишгоҳҳо ё худ наврӯзгоҳҳои марказӣ як кам хотироти мардумро озурда ҳам мекард. Ин гуна манзараҳоеро, ки мардумони зиёд берун аз дарвозаҳои майдон-наврӯзгоҳҳо монда буданд, мо дар ҷашнҳои марказҳои шаҳру ноҳияҳо мушоҳида мекардем. Албатта пур шудани майдон - мавзеи баргузории ҷашнҳои наврӯзӣ пайки хуше низ аз он дорад, ки сол то сол таваҷҷуҳи мардум ба маросимҳои миллӣ зиёд шуда истодааст. Инҷониб мутмаин аст, ки агар дар оянда нишастгоҳҳои майдонҳои варзишӣ ду баробар зиёд карда шаванд ҳам, боз ҳам дар тантанаҳои наврӯзии оянда барои теъдоди зиёди мардум  нишастгоҳ нахоҳад расид. Зеро бо мурури замон мардум рӯ ба фарҳанг дошта, ҳар сол аз як соли пеш шумораи тамошобинону меҳмонон дар базмгоҳҳо зиёд шудан доранд. Аз ин рӯ дастури сарвари давлат бобати таҷлили ҷашнҳои наврӯзӣ дар сатҳи аз кӯчаю маҳаллаҳо то марказҳои вилояту пойтахт тасмими оқилона аст. Дар Наврӯзи байнулмиллалии имсола, ки мизбон Тоҷикистон буд, дар кадом навоҳие, ки масъулон ҷашнҳои наврӯзиро дар сатҳи кӯчаю деҳаҳо гузаронида тавонистанд, мутмаин бошанд, ки ба мардуми оддӣ як қадам наздик шудаанд. Бе шубҳа ҷашни наврӯз оддитарин омиле барои пайванди муносибатҳо миёни ҳукумати маҳаллӣ ва мардумоне буд,ки дар чанд соли охир аз ҳукуматдорон фосила гирифта буданд. Оре, ин масъала дар деҳоти кишвар як кам мушоҳида мешавад. Ба хусус дар деҳоте, ки ағлаби ҷавонписаронашон дар муҳоҷирати корӣ қарор дошта, бонувонашон хонанишинанд, ҳукуматҳои маҳал дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигии он деҳаҳо мушкилиҳо дорад.

Дар рӯзҳои таҷлили наврӯзи байнулмиллалӣ бо даъвати як дӯсти азиз, дар маросими наврӯзии сокинони хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаеви ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ иштирок доштем. Аҳолии бештари деҳоти ин хоҷагиро мардумоне ташкил мекунанд, ки ҷавонмардонашон ба муҳоҷирати корию машғули кишоварзӣ ва ҷинси латифаш хонанишинанд. Ин мардум дар гузашта аз води Қаротегин ба Вахшонзамин муҳоҷир шуда омада, то имрӯз урфу анъанаҳои мардумии худро гум накардаанд. Орзу, як сокини деҳаи "Иттифоқ"-и хоҷагии мазкур мегуфт, ки дар 20 соли охир сокинони деҳоти онҳо инчунин базму маросими бошукӯҳро ёд надоранд. Зеро аз баъди ҳаводиси шаҳрвандӣ бештари ҷавонмардони деҳот ба муҳоҷират рафтаву бонувони хонанишин аз назари ҷамъият пинҳонтар шудаанд. Наврӯз барои сокинони ин хоҷагӣ аз он маросимҳои умумихалқие ба ҳисоб мерафт, ки дар он аз тифли кӯчак то пиронсолони деҳа иштироки фаъол доранд. Ин иқдоми масъулини хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев  қадами бузургест барои ҷалби ба хусус бонувони хонанишин ба корҳои ҷамъиятӣ,- мегӯянд фаъолони деҳаи "Иттифоқ". Салоҳиддин Назриев раиси хоҷагии мазкур зимни суханронии хеш дар базми наврӯзӣ иброз дошт, ки бузургии ин ҷашн ҳам дар ҳамин аст, ки Наврӯз ба мардум хуррамию боварӣ мебахшад, нияти нек барои ояндаи дурахшон ва нерӯи созандагӣ барои ободонии Ватан мебахшад. Наврӯз ҷашнест, ки баргузории он хусусияти тарбиявӣ дошта, ҳисси ватандӯстию фарҳангшиносии мардумро баланд менамояд. Зеҳнҳои мардумро бедору ба инсонҳо андешаҳои тоза меорад.

Ба гуфтаи Салоҳиддин Назриев раиси хоҷагии ба номи Сафар Ҷумъаев, маросимҳои наврӯзии сокинони хоҷагӣ, ки он рӯз дар тамоми кӯчаю маҳаллаҳои хоҷагӣ баргузор мегардид, дар ҳамкории Ориёнбонк бо сокинони рустоӣ ташкил карда шудааст. Дар ин рӯз аз ҳисоби кӯмакҳои бонки мазкур тӯйи сунатии 50 нафар тифлони сағиру аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Бонуи рустоие, ки фарзанди бепадараш дар қатори дигар ҳамсолонаш тӯй мешуд, бо изҳори эътимод ба масъулони хоҷагӣ ва "Ориёнбонк" гуфт: "Ҳанӯз моҳе пеш ман чунин боварӣ надоштам, ки тӯйи фарзандони мо-оилаҳои камбизоат ҳам бо чунин шукӯҳу шаҳомат баргузор мегардида бошад. Ман имрӯзи фархундаро танҳо орзу мекардам. Хушбахтона ин Ватан фарзандони хайрхоҳ дорад, ки инак рӯзи моро хурраму орзуҳои модаронаи моро амалӣ менамоянд. Ин ҳам фоли нек аст, ки имрӯз ҳатто бонувон як умр зери сатр дар кунҷи хонаҳо пинҳон буда ҳам, сари мизи тӯёнаи фарзандон нишаста, Наврӯзро дастаҷамъона истиқбол менамоянд. Ана ҳамин гуна базмро базми умумимиллӣ мегӯянд, ки вақте дар он тамоми қишрҳои ҷомеа аз раисону дигар мансабдорон то охирин сокини деҳа, ки фаротар аз паси дарвозаи хонашонро надидаанд, сари як дастархон ҷамъ меоянд. Ман боварӣ дорам, ки ингуна ҷамъомад мардумро ба ҳам иттифоқ намуда, ҳамчунин қадами боэътимодест барои ҷалби бонувони хонанишин ба корҳои ҷамъиятӣ". Иштирокчиёни маросими наврӯзӣ бо боварӣ мегуфтанд, ки агар таваҷҷуҳ ба нерӯи бонувони хонанишин зиёд шавад, онҳо ҳам дар рушду нумуи деҳот, ки як гӯшаи Ватан аст, нақши бузург бозида метавонанд. Дар ин рӯз дар шаш деҳоти хоҷагии "Сафар Ҷумъаев"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ базмҳои наврӯзӣ доир мегардид.

Navruz_Qurghon_02Хусусияти дигари маросимҳои наврӯзӣ дар рустои Хатлон ин буд, ки мардум нигораҳои беназири аз аҷдодон ба ёдгорӣ мондаро ба маърази тамошо гузошта буданд. Он рӯз ба ҳар деҳае, ки мерафтем, дар базмгоҳ нигораи нодиреро медидем, ки гувоҳӣ аз таъриху тамаддуни қадим доштаи ин сарзамин медод. Бешубҳа баъзе аз нигораҳое, ки мардум дар хонаҳои худ то имрӯз ҳамчун ашёи рӯзгор онро истифода мебаранд, таърихи садсолаҳо дорад. Дар маросими наврӯзӣ сокинони хоҷагии "Сафар Ҷумъаев"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ якчанд намунаи хӯрокҳои миллиеро ба намоиш гузошта буданд, ки қаблан дар куҷое вонахӯрда будем. Воқеан то имрӯз нафаре дар мавзӯи хӯрокҳои мардумӣ кори илмиеро рӯи даст нагирифтааст, то кашф намояд, ки мардумони қавму миллатҳои гуногуни Тоҷикистон чанд намуд хӯроку хӯришҳои миллии худро таёр карда метавонанд.

Яке аз беҳтарин намоишномаҳои маросимҳои наврӯзии рустои Хатлон ин ба маърази тамошо гузоштани либосҳои миллии наврӯзӣ  буд, ки шаҳодат аз ҳунару санъати волои нақшдӯзони рустоӣ медод. Намоиши либоси чакан дар деҳаи "Иттифоқ"-и хоҷагии ба номи "Сафар  Ҷумъаев" ба симои наврӯзгоҳ ҳусну таровати дигар мебахшид. Ба хусус дар лаҳзаҳое, ки ҳудуди сад нафар ҷавондухтарон ба мӯдҳои гуногунмазмуни сару либоси чакан озими базмгоҳ шуданд, садои карнаю сурнай ва таблу шодии мардум хотираҳоро ба таърихи гузаштаи аҷдодонамон, ки дар замони салтанати Форсу Ориёиҳо соҳиби давлати миллию мудофеи тамаддун ва арзишу ормонҳои миллату сарзамини хеш буданд, мебурд. Воқеан ҳам сокинони хоҷагии ба номи "Сафар Ҷумъаев"-и ноҳияи Ҷ. Румӣ ҳунари бо шукӯҳу шаҳомат баргузор намудани ҷашни Наврӯзро доштаанд. Мо дар наврӯзгоҳи онрӯза шоҳиди якчанд расму маросимҳои хоси ин мардум шудем, ки қаблан онро дар дигар чорабиниҳои наврӯзӣ надида будем. Кадбонуҳои беҳтаринро ҳам дар ҳамин наврӯзгоҳ дидем, ки нонҳои бузурги пухтаашон бинандаро ба ҳайрат меовард. Зеботарин бонувони хатлониро ҳам дар ҳамин базмгоҳ дидем, ки чеҳраҳои сафеди ориёию рухсораҳои табиатан арғувониашон ниёз ба рангубори кимиёӣ надошт. Модарбузурге, ки ба мо иҷозаи аксашро гирифтан надод, гуфт; "Бонувони қаротегинӣ ҳам худро орову торо медиҳанд, аммо аз ороишоти кимиёӣ истифода намебаранд. Мо мардум ҳинову усма ва сурмаву сафедаи қалинро худамон парваришу таёр мекунем. Духтарони мо ба ороиши ҳусн аҳамияти зиёд медиҳанд, аммо дар мардуми мо занон ҳусни худро ба намоиш намегузоранд". Дар бобати сарбандии бонувон калонсолони деҳа андешаҳои гуногун доранд. Иддае мегӯянд, ки яке аз нишонаҳои миллии бонувони тоҷики рустоӣ ҳамин шарму ҳаё ва пӯшиши чеҳра аз мардони бегона аст. Мусоҳиби дигари мо мегуфт, ки бояд як шакли сатри тозаи миллии тоҷики фикр карда бароварда шавад, то бонувони мо сатрҳои хоси туркону дигар миллатҳоро напӯшанд.Чаро дар дигар кишварҳои мусулмонӣ бонувон сатри хоси миллати худро дошта бошанду мо не? Аслан дар кӯҳистон баъзе намудҳои сарбандӣ маъмул аст, аммо намуди замонавии сарбандии тоҷикиро, ки ҷавобгӯйи дину оинҳои миллиамон бошад надорем, мегӯянд, рустоиҳо.

Navruz_Qurghon_03Ҳисси баланди меҳандӯстӣ ва ифтихори миллиро ҳам дар симои сокини оддии русто дидем. Ин мардумон, ки дар гузашта ранҷи ғурбатро чашидаанд, вожаҳои муқаддаси Тоҷикистон, Ватан ва Миллатро ончунон бо эҳсос талаффуз мекунанд, ки шунавандаро ҳиссиёти муҳаббатофарине фаро мегирад. Воқеан ҳам вақте духтараки чаканпӯши рустоӣ Ватанро Ватанҷон мегуфт, ин сухан гӯӣ аз ҷонаш садо медод. Умуман инъикоси ҳаёту зиндагии мардуми қаротегини Вахшонзамин мавзӯи ба қавле обнорасида аст. Зеро дар 70 соли замони шӯравӣ ва 20 соли соҳибистиқлолии кишвар ҳам мавзӯи расму оинҳо ва маданияти мардумони гуногунмаҳали Тоҷикистон аз мадди назар дур мондааст. Ҳол он ки сокинони ҳар водӣ ё вилоятҳои Тоҷикистон аз якдигар расму оинҳо ва маданияту фарқкунанда доранд. Мебояд, ки расму оинҳои аҷдодӣ сирру асрори маҳаллу водиҳои кишвар бояд мавриди омӯзиш қарор дода шавад.

Хулоса, маросимҳои наврӯзӣ дар рустои Хатлонзамин бори дигар собит месохт, ки арзишмандтарин расму оинҳо ва ёдгориҳои аҷдодонамон дар махзани пурасрори деҳоти дурдасти кишвар ва зеҳну хотираҳои мардумони он ба ёдгор маҳфуз мондааст. Баъзе хазинаҳои бузурги таърихии ниёкон бо номи ёдгориҳои таърихӣ ё худ шаҳрҳои қадимаи аҷдодонамон низ дар зери деҳаҳои имрӯзаи кӯҳистону водии Хатлонзамин маҳфуз аст. Маросимҳои наврӯзӣ бо дастгирии Ориёнбонк дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ гувоҳи ҳоланд, ки ин сарзамину миллатҳои сокини он соҳиби тамаддуни бузурге мебошанд, ки поягузори фарҳангу маданияти оламиён аст. Ва аз равзанаи дидгоҳи мардумӣ  таваҷҷуҳ намудани соҳибкорони ватанӣ ба рушду нумуи фарҳанги миллӣ аз тариқи ташкили инчунин чорабиниҳои фарҳангӣ фоли неки наврӯзӣ арзёбӣ мегардад.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97