Дарахтон рост мемиранд…

Иҷтимоъ 27.03.2012 09:33

ё ҳамроҳ бо ҳазорҳо ниҳол, ҳазорҳо маблағ зери хок мешавад

Darakhti_buridaЧанд соли ахир бо ташаббус ва ибтикори раиси ҷумҳур дар пойтахт ва умуман дигар гӯшаю канорҳои кишвар маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ идома дорад. Ва албатта бисёр кори наҷиб ва қобили қабул аст. Ниҳол шинондан ва сабзонидан аз амалҳои писандидаи аҷдоду гузаштагони мо маҳсуб мешавад. Дар дини ислом низ ин амал ниҳоят кори савоб буда, шомили садақаи ҷория мебошад. Фақат чанд амаланд дар ислом, ки ба садақаи ҷория дохил мешаванд ва пас аз марг низ савобаш ба соҳиби он мерасад. Маҳз ҳамин ниҳол шинондан дорои чунин аҷр аст.

Замони шуравӣ Душанбе, пойтахти кишвар аз дигар марказҳои собиқ шуравӣ бо дарахтони баланду сарсабзаш фарқ мекард. Ҳар касе агар диққат карда бошад, ҳоло ҳам дар тобистон ин зебоӣ дучанд ба назар мехӯрад.

Ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ дар кишвари офтобие чун Тоҷикистон ниҳоят зарур ва ба ҷост. Зеро муддати 6 - 7 моҳ ва аксари ҳудуди кишварро рӯзҳои офтобӣ ва гармои тоқатфарсо фаро мегирад. Аз ин рӯ, рӯ овардани мардум ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзазоркунӣ бо ташаббуси раиси ҷумҳур аз ҷумлаи андак корҳои савобест, ки дар кишвари мо иқдом мешавад.

Вале чанд нуқтае дар ин амал боиси нигаронӣ аст. Акнун масъалаи он ки ниҳол шинондан чи аҷру савобе доштааст, дар боло зикр шуд, навобаста аз он ки ниҳол бесамар ё босамар аст, зеро ниҳоли бесамар низ барои аз офтоби сӯзон паноҳ бурдан ва баровардани дигар ниёзҳо лозим аст.

Суоле, ки бояд посухи худро ёбад, ин аст, ки то куҷо тарзи дурусти корро роҳандозӣ намудаем? Ва оё бо чунин шева ва усули кор бо як чунин иқдоми нек даст хоҳем ёфт? Ва аҷру савоберо, ки зикр намудем, ҳосил хоҳем кард?

Ҳар кореро, ки инсонҳо анҷом медиҳанд, ба хотири самар ҳосил намудан аст. Ҳар қадар кӯшишу меҳнат ва саъю талош карда шавад, вале дар ниҳояти кор чизе ба даст оварда нашавад, фақат ҳамин ки беҳуда заҳмат кашида, вакт ва маблағро ба бод додаем.

Вақтҳои ахир тавассути радио ва телевизион бисёр шунида ва дида мешавад, ҳатто аз дурдастарин навоҳии кишвар, ки бо ташаббуси раиси ноҳия чанд ҳазор ниҳолҳои сояафкан ва босамар шинонда шуд. Дар гузоришҳо ибораи "бо ташаббуси раиси ноҳия ва дигар сохторҳо" махсусан қайд карда мешавад, ки гӯё ниҳолҳоро бо пули раиси ноҳия харида бошанд ва бо арақи ҷабини ӯ шинонида бошанд. Ин гузоришҳо айни ҳамон гузоришҳое, ки замони шуравӣ дастандаркорон ба марказ оиди иҷрои пахта медоданд, мебошад.

Ҳазорҳо - ҳазор бех ниҳол мувофиқи гузоришҳо ҳар сол гӯё, ки шинонда мешаванд. Фикр мекунам, ки ҳар бех ниҳол ҳам қимату арзиш дорад ва бар замми ин вақти шинондан меҳнату ранҷ ва вақти одамон сарф мешавад. Муҳим маълумот додан дар бораи ҳазор, ё даҳ ҳазор ниҳол шинондан, ё зикр намудани ташаббуси раиси ноҳия нест, зеро ҳар кас медонад, ки раиси ноҳия мисли ҳамон дарахти шинондашуда ҳини ниҳолшинонӣ аксар вақт аз ҷояш намеҷунбад, балки муҳимтар аз маълумотҳои дурӯғу барзиёд, парваришу сабзонидани минбаъдаи дарахт мебошад. Мисли он ки ҳар касе аз табақаи занҳо, навобаста аз кадом миллат ва қавм, ё доною нодон, ё соҳибмаълумот будан ё набудан, метавонад тифл таваллуд намояд, вале қисме андаке аз занҳо аз уҳдаи парвариш ва тарбияи тифл мебароянд. Ва муҳим тарбия ва парвариши солими тифл мебошад. Ниҳол шинонданро ҳар кас метавонад, вале муҳимтар аз шинондан сабзонидан ва парвариши он мебошад.

Саргарми даъвати мардум ба маъракаҳои ниҳолшинонию "кабудизоркунӣ" гашта, аз кирдор ва рафтори зишти онҳо, яъне дарахтбурию нест кардани ниҳолҳои навруста, масъулини муҳтарам фаромӯш намудаанд. Пайдост, ки барои парвариш ва сарсабз намудани ниҳол ё дарахте чи қадар ранҷу заҳмат сарф мешавад, солҳои зиёде лозим аст, то ниҳоле ба дарахти мавриди истифода қарор бигирад. Иттифоқан рӯзе гузарам ба боғи "Ғалаба" - и пойтахт афтод. Аслан дар ҳудуди шаҳри Душанбе ягона боғест, ки бо анбӯҳи дарахтони зебо ва табъии худ, дар канори шаҳр ва дар баландӣ воқеъ шудан аз дигар боғҳо фарқи куллӣ дорад. Ба ҷойи болидаруҳӣ, баръакс аз тамошои манзараи ҳузангез табъам хира гашт. Зимистони сарду сахт ва бебарқӣ шояд сабаб гашта, ки аз дарахтон фақат танаю бех боқӣ мондаасту халос. Дар ҳоле ки дарахтони сарсабзу бо заҳмат солҳои дароз парваридаро дар лаҳзае несту нобуд месозанд, пас мантиқи маъракаи ниҳолшинонию "кабудизоркунӣ" кучост? Гузаштагонамон гуноҳи буридани дарахти тар ва сабзро ба буридани гардани инсонҳо баробар медонистанд.

Ниҳодҳои марбута ба монанди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод бояд рафти корҳоро назорат бубаранд ва возеҳу равшан бисозанд, то куҷо маълумотҳо дар бораи шинондани ҳазорҳо ҳазор ниҳол дурустанд. Барои мисол, баҳори соли 2011 дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 1000 дарахти сояафкан ба "ташаббуси раиси ноҳия" шинонда шуд ва бо ҳамин бояд кор ба охир нарасад. Баҳори имсол, яъне соли 2012 тавассути ниҳодҳои зидахл санҷиш бояд карда шавад, ки аз 1000 ниҳоли порсол шинондашуда, чанд миқдораш дар ҳоли сабзишанд.

Садҳо ва ҳазорҳо ниҳоле, ки шинонда мешавад, ин ҳазорҳо маблағест, ки зери хок мешавад.

Агентии назорати молиявӣ рафти чунин маъракаҳои муҳимро бояд зери назорати қатъӣ дошта бошад, то дастандаркорони ин иқдоми нек, садҳо ҳазор пули давлатро ба воситаи маълумотҳои бардурӯғашон аз худ насозанд ва то чанд соли минбаъда пурра ба сабзиш шурӯъ намудани дарахтон назорат карда шаванд.

Чунон ки ба мушоҳида мерасад, тайи чанд соли ахири ба ниҳолшинонию сабзазоркунӣ даст задан ва мувофиқи маълумотҳои бо ташаббуси фалон раис чанд ҳазор ниҳол шинонда шуд, ҳанӯз пешравии назаррасе дар ин самт ба назар намерасад. Агар аз он ҳазорҳо ниҳоли бо "ташаббуси раисони ноҳия ва дигар сохторҳо", ақаллан 20 фисади онҳо месабзид Тоҷикистон ранги сабз мегирифт. Аз ин ҷо бар меояд, ки он маълумотҳо шубҳанок ба назар мерасанд.

Дигар чизи муҳим барои тазаккур, интихоби дурусти ниҳол ва воситаҳои сабзазоркунӣ мебошанд. Аз таҷрибаи мутахассин дар ин росто бояд кор гирифт, ки кадом навъи ниҳолҳо ва воситаҳои дигари сабзазоркунӣ хоси табиати Тоҷикистонанд. Обу ҳавои кишвари мо аз дигар кишварҳо, махсусан Русия фарқи зиёде дорад. Бар хилофи Русия, ки дорои ҳавои рутубатноку тар аст, ҳавои Точикистон ниҳоят хушку тафсон мебошад. Вобаста ба иқлими кишвар ниҳол ва дарахтонеро бояд интихоб намуд, ки бештар ба камобию гармӣ тобовар бошанд. Ин амри ниҳоят зарурӣ ва муҳим аст.

Сабз бошед!

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97