Анбори гилини Ховалинг сеюмин мактаби калонтарини Балҷувон

Иҷтимоъ 16.03.2012 11:20

ё Балҷувон ноҳияи сохта, вагарна мактаббачаҳо соҳиб меёфтанд

Maktabi_Khovalingg"Наслҳои нав бояд дар мактабҳои ба таҷҳизоти замонавӣ, аз ҷумла компютер муҷаҳҳазшуда таҳсил намоянд."  Э. Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон президенти ҳама ё…?

Дақиқан сухани дар боло зикрёфтаи Президенти ҷумҳурии демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ хос барои мактабҳои шаҳру марказҳои вилояту ноҳияҳо набуда, балки ба тамоми муасиссаҳои таълимии кишвар равона шудааст. Аз ин рӯ зарур донистем, шароити таълимии яке аз мактабҳои деҳот, мактаби асосии №17-и ноҳияи Балҷувонро ин ҷо бозгӯ кунем. Ҳадаф аз таҳияи ин матлаб ҳаргиз пешниҳоди бастани мактаби мазкур ва дар кӯча мондани 214 донишомӯзи он, ки аз 4 деҳаи гирду атроф барои таҳсил меоянд, нест, балки мехоҳем ба самъи масъулини серкори соҳаи маорифи кишвар бирасонем, ки дар деҳоти дурдасти ҷумҳурӣ мактаб чӣ ҳоле дораду он ҷо ҳам фарзандони ҳамин сарзамин, ки Эмомалӣ Раҳмон президенти онҳо ҳам ҳаст ва дастуру ҳидоятҳои ӯ ба онҳо ҳам марбут аст, ниёз ба ғамхорӣ ва таъмини шароити таҳсилро доранд.  

Мактаби 35 солаи Балҷувон анбори гилини Ховалинг

Мактаби мазкур дар деҳаи Ӯзнохури ҷамоати Дектур воқеъ буда, хонандагони 4 деҳаи гирду атроф; деҳаҳои Ӯзнохури Боло ва Ӯзнохури Поён, Оличадара ва Инакбойро (булъаҷаб номҳое- ба таваҷҷуҳи Кумитаи назорат бар забон) ба таҳсил фаро гирифтааст. Бояд зикр намуд, ки ин мактаб сеюмин мактаби калонтарини ҷамоати Дектури ноҳияи Балҷувон мебошад.

Бо пурбарф ва сарду вазнин омадани зимистони имсола, мактаби  умумии асосии №17-и ноҳияи Балҷувон низ ба 35-умин баҳори умри хеш наздик мешавад. Бинои мактаби мазкур соли 1975-77, аз тарафи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳамчун анбор бо обу гили бобоӣ, бе истифодаи семент сохта шудааст. Аз соли 1978 бинобар набудани имконияти дигар, бинои анбори мазкур ҳамчун бинои мактаби умумии асосӣ ба фаъолият шурӯъ кард ва ҳамон бинои 35 сол пеш сохташуда мактаби умумии асосии №17-и ноҳияи Балҷувон шуда, фарзандони 4 деҳаи гирду атрофро ба таҳсил фаро гирифт. Ин бино чанд маротиб бо обу хоку коҳи бобоӣ таъмир шудааст. Дар мавриди маблағҳои барои таъмир ҷудо шуда, Муродалӣ Олимов, мудири мактаби мазкур гуфт, ки маблағҳое, ки барои таъмири мактаб ҷудо мешаванд, пурра ба дасти мо намерасанд. Ӯ гуфт, ки ба вазъи боду ҳаво дар имсол ва сахт омадани зимистон боис шуд, қисме аз бинои мактаб валангор шавад.

Дар мактаби мазкур 214 донишомӯз таҳсил мекунад, ки аз ин шумора 100 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Айни ҳол бинои мактаби мазкур дар як вазъияти бисёр бад қарор дошта, ба гуфти директори мактаб Муродалӣ Олимов "дар ҳолати садамавӣ" ба қайд гирифта шудааст. Дар замистону баҳор аз таъсири барфу борон синфхонаҳо мечаканд. Аз сабаби он, ки на касе аз масъулини сатҳи ноҳиявӣ ва на касе аз масъулини сатҳи болоӣ, ба 214 хонандаи ин мактаб, ки фарзандони чаҳор деҳаи зикр гардида мебошанд, ғамхорӣ зоҳир намекунад, хонандагон ва маъмурияти мактаб ноилоҷ аз ҳамин бинои садамавӣ то ҳол истифода мекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд сол пеш шумораи хонандаҳо дар ин мактаб аз имсола дида бештар ба назар мерасид, зеро мардум умед доштанд, ки замоне мешаваду дар ҷои ин бинои фарсуда, бинои наву замонавӣ қомат меафрозаду сифати таълиму тарбия хубтар мешавад ва таҳсил дар мактаб то синфи 11 мегардад, аммо ин умеди мардум дар хаёл монд. Акнун мардум кӯшиш бар он доранд, ки фарзандонашонро ба интернатҳо ва ба хонаи хешу таборашон бифиристанд, то онҳо ҳам соҳиби дониш ва ҳам соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаби миёна гарданд. Талош барои идомаи таҳсили писарон як навъест, аммо барои духтарони ин деҳот, ки аксаран деҳқонзодаанд, ҳеч талоше барои идомаи таҳсил сурат намегирад.

Беназоратӣ аз вазъи анбор-мактаб

Mактаби умумии асосии №17-и ноҳияи Балҷувон аз китобхона, хонаи муаллимон, 1 маҷлисгоҳ, 7 синфхона ва як майдончаи волейбол иборат аст. Бояд тазаккур дод, ки дар ин мактаб умуман синфхонаҳои фаннӣ вуҷуд надоранд. Мактаби мазкур дорои 214 донишомӯз мебошад, ки аз ин шумора 100 нафарро духтарон ташкил медиҳанд. Хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд. Ба онҳо 16 муаллим аз фанҳои гуногун дарс мегӯянд, ки аз ин миқдор 8 нафар дорои маълумоти олӣ мебошанд. Тибқи барномаи "компютеркунонии мактабҳои умумии асосӣ ва миёна" ба мактаби мазкур 4 адад компютер ва 2 адад принтер, аз ҷониби мудири маорифи ноҳияи Балҷувон тақдим шудааст, лекин касе дар кадом вазъи корӣ будани онҳоро гуфта наметавонад, зеро дар мактаб мутахассиси фанни информатика намерасад. Синфхонаи компютерӣ айни ҳол дар таъмир буда, аз сабаби набудани маблағ нотамом мондааст. Бояд гуфт, ки дар ин мактаб то ҳол донишомӯзон аз наздик бо компютер шинос нашудаанд. Дар мактаб асосан мутахассисони фанҳои физика, кимиё, забони русӣ, забони англисӣ ва информатика намерасанд, аммо соатҳои аксари фанҳоро муаллимони ғайриихтисос пеш мебаранд. "Фанҳои забони англисӣ ва информатика умуман дарс дода намешаванд", -қайд намуд Сафаралӣ Исмоилов ҷойнишини директор оид ба таълим.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шахсони масъули ноҳия шароит ва раванди таълиму тарбия дар мактаби мазкурро назорат намекунанд. Ба гуфти хонандаҳои мактаб аз оғози таҳсил то таътили зимистона, ҳеч нафаре аз масъулини ноҳия ва болотар аз он ҳамчун комиссияи назоратӣ, ба ин мактаб ташриф наовардааст. Дар ҳоле ки дар шаҳри Душанбе дар яке аз гимназияҳои маъруфе, ки солона даҳҳо мутахассис тайёр мекунад, шоҳид будем, ки бемавриду ба маврид "комиссия" "меҳмон" мешуд. Ҳадафи ин комиссияборон чӣ аст, рафъи камбудиҳо ё кадом манфиате дигар?! Агар ин комиссияҳо воқеан барои рушди соҳаи маориф кор мекунанд, марҳамат ба макотиби дурафтодаи кишвар биёянд! Аммо танҳо барои рафъи мушкилот, на барои мушкилофаринӣ.

Шароит барои дарси варзиш нест, куҷо расад ба информатика

maktab_KhovalingДар мактаби номбурда ба ҷуз як майдончаи волейбол ва чанд баллони (чархи мошин) зери хок карда шуда, ки бо ташаббуси муаллими Тарбияи ҷисмонии мактаб Абдуҷалол Алабердиев ва хонандагони мактаб ташкил шудааст, дигар ҳеч гуна шароити мусоид барои гузаронидани дарсҳои Тарбияи ҷисмонӣ вуҷуд надорад. Хонандагон иброз доштанд, ки ҳангоми гузаронидани дарсҳои Тарбияи ҷисмонӣ  мо ба толори варзишӣ, майдончаи футбол, теннис, баскетбол ва ғайра эҳтиёҷ дорем. Муаллим Алабердиев низ иброз дошт, ки толори варзишӣ ва дигар лавозимоти дар боло номбаршуда намерасанд. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон ба рушди варзиш тайи соҳои ахир ҳамеша таъкид мекунад ва то ҷое варзиш рӯ ба инкишоф дорад. Вале мактаби мазкур аз ин маъракаҳо хело дур мондааст.

Дар орзуи квотаи президентӣ…

Наргисаи Неъматулло, хонандаи синфи 9-уми мактаби асосии №17-и ноҳияи Балҷувон аст. Ӯ бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунад ва орзуҳои зиёдеро дар сар дорад. Аммо аз амалӣ нагардидани орзуи ягонааш, ки бисёр мехост, тибқи квотаи президентӣ донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон гардад, ғамгин аст. Наргиса умед дошт, ки то синфи 9-ро хатм намудани ӯ, мактаби мазкур то синфи 11 мешаваду ӯ сазовори квотаи президентӣ мегардад. Наргиса ҳамеша бо ин умед мезист. Зеро аз он вақте ки ӯ ба синфи якум рафт, овозаҳои бардуруғ  оиди аз нав сохтани бинои мактаб ва ба мактаби миёнаи умумӣ табдил шудани он вуҷуд дошт. Инак 9 сол сипарӣ мешавад, аммо аз амалӣ шудани ин овозаҳо на пай асту на ҳайдар.

Акнун Наргиса маҷбур аст, ки барои гирифтани шаҳодатномаи хатми мактаби миёна таҳсилашро дар ягон мактаби дигар идома бидиҳад. Ҳоло ӯ дар банди он андеша афтодааст, ки дар куҷо таҳсилашро давом бидиҳаду соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаб гардад ва чӣ гуна ба Донишгоҳи орзуҳояш дохил шавад. Оё волидон барои ба хонаи хешу табор  рафтан ва дар он ҷо идома додани таҳсил ба ӯ иҷоза медиҳанд ё не?! Зеро ӯ як деҳқонзода аст ва дар шароити имрӯз барои хонаводааш сахт аст, ки шароити таҳсилро барояш дур аз хона ва баъдан дар донишгоҳ фароҳам намоянд.

Аслан писарон ба интернатҳо ва хонаҳои хешу таборашон рафта, дар синфҳои 10-11 таҳсил мекунанд. Яъне фарзандони аксар деҳаҳо ҳаёти донишҷӯиву саргардониро ду сол қабл оғоз мекунанд. Аммо барои духтарон даст ёфтан ба ин ҳам, мушкил ва ҳатто номумкин аст.

Зеро даҳҳо Наргис дар мактаби мазкур ҳар сол умеду орзуи таҳсилро ҳамроҳи худ хонабанд мекунанд. 

Шароити сахту талоши дастёбӣ ба илм

Ба чунин шароити сахт нигоҳ накарда, дастпарварони мактаби мазкур аз толибилмони дигар макотиби ноҳия камӣ надошта, балки бартарият доранд. Далели ин гуфтаҳо, дар озмуни ноҳиявӣ сазовори ҷои аввал гардидани хонандаи синфи 9-и мактаб Комил Гунгов, аз фанни математика мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар мактаби мазкур мутахассиси фанни мазкур набуда, муаллими мактаб Боронов Ҷумахон фанни математикаро бо вуҷуди ғайриихтисос будан, ба хонандагон дарс мегӯяд ва Комил Гунгов низ дастпарвари ӯ мебошад. Сафаралӣ Исмоилов, ҷойнишини мудири мактаби мазкур гуфт, ки сарфу харҷи хонандагоне, ки дар озмунҳои ноҳиявӣ иштирок мекунанд, аз ҳисоби волидонашон сурат мегирад.

Боймуҳаммад Табаров

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97