Хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ниҳоӣ мешавад

Хабари хуб 16.11.2018 09:30

Доналд Туск раҳбари Иттиҳодияи Аврупо аз раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳодия хост, ки рӯзи 27-уми ноябр соли ҷорӣ барои қабули созиши хурӯҷи Бритониё дар Брюссел гирди ҳам биёянд.

Ӯ рӯзи 15-уми ноябр гуфт, агар ягон иттифоқе рух надиҳад, мо барои ниҳоӣ ва расмӣ кардани созиши хуруҷи Бритониё ҷаласаи Шӯрои Аврупоро баргузор хоҳем кард.

Пеш аз ин баёния Тереза Мей нахуствазири Бритониё ва Мишел Барние музокиракунандаи Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки онҳо сари матни 585-саҳифаии қарордори хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо ба мувофиқа расиданд. Ҷараёни хуруҷ бар асоси санади мазкур сурат мегирад.

Аммо маълум нест, ки порлумони Бритониё аз ин қарордод ҳимоят мекунанд, ё не. Санади мазкур бояд то рӯзи 29-уми марти соли 2019 тасвиб шавад. Яке аз масоили муҳиме, ки сабаби ба дарозо кашидани музокироти ду тараф шуд, боз гузоштани марзи Бритониё бо кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо буд, чун молу ашё ва гузар ба Ирландия аз тариқи қаламрави Бритониё сурат мегирад. 

Мухолифони ин тарҳи созиш мегӯянд, бо ин шакл Бритониё пойбанди муқаррароти Иттиҳодияи Аврупо мемонад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97