Таъини фармондеҳи нави пойгоҳи низомии 201- и Русия дар Тоҷикистон

Хабари хуб 15.11.2018 12:38

Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия тай як фармони ахир худ фармондеҳи ҷадиди пойгоҳи низомии 201-и ин кишвар мустақарр дар Тоҷикистонро таъин кард.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии Ҳавзаи марказии низомии Русия, Владимир Путин шаби гузашта Сергей Горячев ро ба унвони фармондеҳи пойгоҳи низомии 201- и Русия дар Тоҷикистон мансуб кард.

Горячев хатмкардаи Донишгоҳи низомии шаҳри Рязан ва Академияи вазорати дифоъи Русия мебошад.

Вай пеш аз ин дар амалиётҳои Қафқози шимолӣ ширкат карда, гурӯҳи махсуси «Рус»- и нерӯҳои Вазорати умури дохилаи Русияро раҳбарӣ мекардааст.

Маврид ба зикр аст, ки пойгоҳи низомии 201- и Русия мустақарр дар Тоҷикистон аз бузургтарин пойгоҳҳои низомии Кремлин дар хориҷ аз ин кишвар маҳсуб мешавад. 

Ин пойгоҳи низомӣ дар ду шаҳри бузурги Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст. Тибқи шартномаи ба имзо расидаи дар соли  2012 пойгоҳи низомии 201- Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ мемонад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97