Ҳақиқате аз равзанаи манзили ман

Иҷтимоъ 08.03.2012 11:21

Он дар дурбини телевизионҳои Тоҷикистон намеғунҷад

KucharubbХишир - хишири хираи ҷорубзании роҳруб дар дили шаб ба гӯшам расид. Дар аввал эътибор надодам. Чун сахт ба мутолиаи достони диловариҳои занон андармон будам. "Занони Амрико барои талаби рӯзи кории 8-соата ба майдон баромаданд. Занони шӯравӣ…", хишир - хишири ҷорубзанӣ наздиктар мешавад. Гӯиё ба саргармии мутолиаам халал мерасонад. "… 23 феврал, ки баъди тағйири тақвим ба 8 - уми март баробар шуд, ба раҳпаймоӣ баромаданд. Минбаъд Ҳукумати Шӯроҳо ин рӯзро ҳамчун рӯзи занҳо шинохт. Дар Туркманистон бошад, баъд аз истиқлол ба даст овардани ин кишвар, Туркманбошӣ - Сафармурод Ниёзов 8-уми мартро ҳамчун рӯзи занҳо барҳам дода, мардуми ин кишварро маҷбур карда буд, ки ба ҷои он 20 мартро, ки рӯзи таваллуди модари Ниёзов буд, ҷашн бигиранд." Ин бор хишир - хишир ба зери равзанаи ҳуҷраи хоби ман расида буд. Хонаи мо, ки дар яке аз бисёрошёнаҳои яке аз кӯчаҳои "протоколии" пойтахт воқеъ аст, гоҳ - гоҳе ҷорубзании роҳрубҳо дар нимашабон ба гӯшам мерасад, аммо на ҳар шаб. Чун худам на ҳар шабе тоби то нимашаб бедор буданро дорам. Вале ҳар бор, ки то соати 3 ё 4-и субҳ намехуспам, ҳатман садои ҷорубзаниро мешунавам; дар тобистону тирамоҳ, зимистону инак дар баҳор ҳам…

қабл аз он ки ба назди равзана биравам, ба соати деворӣ менигарам; аз 3-и субҳ 26 дақиқа гузаштааст. Таърихи рӯз: 8-уми марти соли 2010. Аз равзанаи ошёнаи дуввум ба кӯча менигарам. Тақрибан 20 метр дуртар аз ҳуҷраи ман зане бо ҷоруби аз қомати худаш болотар кӯчаи моро мерубад. Дар рӯшноии ниматорики лампаҳои каммасрафи симчуби кӯча (шояд кӯчаи мо аз шумули кӯчаҳои ангуштшумори пойтахт бошад, ки лампаҳои рӯшани "лениниаш" ба лампаҳои гарону хираи "чинӣ" иваз шуд -дар соли 2010 албатта), танҳо қомати хамзадаашро бо хилъати зарди бараш мебинам, вале чеҳрааш бо сабаби хирагии нури лампаи каммасраф дида намешавад. Ба ин хотир натавонистам тахмин кунам, ки чанд сол дорад. Шояд сангинии бори ҷоруб ӯро ҳанӯз дар сини ҷавонӣ қоматхамида кард?! Ё воқеан зани солманде буд…

Баъди назораи 7 - 8 сонияи ин манзара ба якборагӣ гӯшҳоям ғуруб гирифт, ба чашмҳоям дигар чизе аз ин манзара наменамуд, танҳо садои "зиндабоши" дишабаи телевизион ҳамроҳ бо тасвири "таъмини шароити мусоиди зист" барои модарон ба чашму гӯшам меомад. Нахуст марди хушандом дар васфи модараш шеъре қироат кард. Кафзании бардавом. Инак як ҷавонзани адраспӯш дар қуттии телевизорамон пайдо мешавад. Бо лаҳни ширину дилфиреб ба гуфтан мепардозад: "Дар ҳақиқат мардҳо барои мо шароити хубе фароҳам овардаанд. Ин гуна шароите, ки дар кишвари мо муҳайё кардаанд, дигар дар ягон ҷои дунё нест. Мо занҳо бояд аз ин ифтихор кунем ва шукргузор бошем. Моро чун гавҳараки чашм нигоҳ мекунанд…"

Як лаҳза ба худ меоям. Роҳруб аз назди равзанаи ман каме гузаштааст. Фикре ба сарам омад: биравам ва аз вай бипурсам, ки оё намоиши дишабаро дидааст ва дар мавриди гуфтаҳои он бонуи адраспуш чи назар дорад, аммо сардии ҳавову торикии фазо ба истиҳола бурдам ва билохира даст аз ин фикр шустам. Дубора намоиши телевизионӣ пеши назарам меояд. Ин бор як хонуми аврупоипӯш дар қуттии телевизор пайдо мешавад. "Занҳои мо узви комилҳуқуқи ҷомеа ҳастанд. Дар сарнавишти худу фарзандонашон нақши бориз доранд. Дар мансабҳои калони давлатӣ фаъолият мекунанд. Сол ба сол сафи занҳои таҳсилдида меафзояд. Ин худ гувоҳи он аст, ки мақоми занҳо дар ҷомеа; дар сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ, фарҳанг, тиб ва умуман дар ҳамаи шохаҳо устувор мегардад." Пайи ҳам чанд таърифу тавсифи дигарро мешунавам, ки он гоҳ ба думболи тардид дар воқеияти онҳо набудам, вале ҳамакнун дарк кардам, ки воқеият дар беруни қуттии телевизор мондааст, ана дар ин кӯчаи мо… 

Ин бор ба худ омадам, ки аллакай садои хишир - хишири ҷоруби роҳруб дигар шунида намешуд. Шояд вай алъон ба паскӯча гашта бошад, охир кӯчаҳои дигар низ ӯро интизоранд. Шукр замона орому тинҷӣ занҳо дар ҳар гоҳи шабу рӯз, ки хостанд ба кори худ мепардозанд…

Ёқуби Саид, 8 марти соли 2010 

P.S. Чун дар остонаи Рӯзи модар қарор дорем, хостам чизе дар ин мавзуъ бинвисам, аз бойгониам, ин маводро пайдо кардам, ки барои худ навишта будам ва ҷое нашр нашуда буд. Вазъ ҳамон гуна ки буд, дар ду сол, балки ду даҳа пеш (шояд бадтар шуда бошад ҳам) боқист. Аз ин рӯ салоҳ донистам, инро барои чоп пешкаш кунам. Ҳанӯз ҳам зани тоҷик роҳрӯб аст. Туфи носу туфи офтобпарасти моро мерӯбаду мерӯбад. Мо ҳамоно ҳеч ҷойгоҳе барояш қоил нестем ва ахлотпораҳоро рӯйи роҳу роҳрав мепартоему Ӯ мерӯбаду мерубад... Рӯфтани Ӯ ҳеч тамом намешавад, ду соли пеш, на имсол ва бад - ин минвол на ду соли пас.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97