Исёни модари 84 сола

Иҷтимоъ 03.03.2012 09:31

Isyoni_modari_84_solaБа номи Худованди бахшояндаи меҳрубон

Ҳамдиёрони азиз ман сокини 84 солаи шаҳри Қӯрғонтеппа шояд бори охирин ба унвони тамоми Шумо ҳамватанони азиз, нома менависам. Мақсад аз ин навиштаҳо на аз барои он аст, ки адолатро бароям таъмин намуда, манзилҳои бо ранҷу азоб бунёд намудаамро, ки роҳбарони ҳамонвақтаи ҶСШК "Тоҷиктелеком"-и шаҳри Қӯрғонтеппа аз худ кардаанд, ба ман баргардонанд. Дигар на даъвои манзилҳои аз даст рафтаамро дораму на ягон ғаразе ба онҳое, ки моликияти шахсии маро аз худ кардаанд. Танҳо мехоҳам барои ҳамватанонам, ки дарди маро дарк мекунанд, диламро холӣ кунам. Охир мегӯянд ку, заҳри одамро одам мегирад.

Тоҷикистониёни азиз! Ноадолатие, ки нисбати ман- модари 84 сола раво дидаанд, дасти роҳзану силоҳбадастон набуд, балки нафарони масъули сохтору идораҳои аз номи ҳукумат буданд, ки барои амалӣ намудани рафтору кирдорҳои ношоистаи худ, қонуну дигар арзишҳои давлатиро дастак кардаанд. Яъне як адад на, балки ду манзили истиқоматии маро ба гуфтае "қонун"-ӣ карда, аз худ кардаанд. Агар ҳамаи ин ноадолатиҳо дар замони нооромиҳо рух медод, барои мо мардум оддии меҳнаткаш аламовар набуд. Зеро он замон силоҳбадастон барои аз худ кардани манзилҳои мардум чӣ корҳоеро, ки накарданд. Аммо афсӯс, ғасби манзилҳои ман дар замони осоиштагӣ рух додааст. Ин амалро нисбати ман ягон сокини қаторӣ на, балки собиқ масъули як идораи бонуфузе мисли ҶСШК "Тоҷиктелеком" Ҳасанов Раҳмоналӣ кардааст. Инак баъди 16 соли муборизаҳо барои барқарор кардани адолат ва бозпас гирифтани манзилҳоям, тасмим гирифтаам, ки аз даъвои ин дунёии хеш даст мекашам. Зеро;

Он ҳақиқат, ки аз даҳр таманно дорам,

Ошён дар ҳарами дидаи анқо дорад.

Фарзандонам! (Ман бо ин синну солее, ки дорам, ҳуқуқи маънавӣ дорам, ки тамоми сокинони ин сарзаминро инчунин ном бубарам) албатта кори содда нест, ки як кампири 84 солае мисли ман, аз даъвои ду манзили замини худ даст кашад. Аммо чӣ кунам, ки замин пасту осмон баланд аст. Ин манзилҳоро ману шавҳарам, ки иштирокчии ҶБВ буд, бо ранҷу меҳнати нимасра бунёд карда будем. Ман дар сини 16 солагӣ шавҳар кардаму ҳаёти мустақилонаро аз хайма оғоз карда, баъдан тинро болои тин ҷамъ карда, дар тӯли 50 сол ин манзилҳоро бино карда будем. Ҳанӯз аз самараи меҳнати худ баҳравар нашуда, шавҳарам аз олам даргузашт. Мо тамоми мушкилиҳои зиндагиро паси сар кардем, то ба чунин рӯзҳои осоишта расида, соате ба девори хонаи худ ба роҳат такя намуда, давлати пирӣ ронем. Аммо хонаи мо мисли як хоби нороҳате соҳиби дигар пайдо карду мо тӯли 16 сол мешавад, ки дар ба дари мардум зиндагӣ дорем. Имрӯз, ки соҳиби нави манзилҳои ман соҳиби на як ду манзили истиқоматӣ аст, хонаҳои аз ман ситонидаро ба Ташкилоти бонфузи "Наҷоти кӯдакон" ба иҷора дода, аз ҳисоби манзилҳои ман даромади муфт ба даст меораду ман бошам, пули нафақаамро ба иҷорапулӣ сарф мекунам, то шаб дар берун намонам. Оре, бисёр сангин аст манзили истиқоматиро аз даст дода, боз ҳам аз даъвои худ гузаштан. Вале чӣ кор кунам, ки зури ман ба се ҷавонмарди ҳузарб; Раҳмоналӣ Ҳасанов "соҳибмулк"-и ин хонаҳо, Тоҳир Гулов корчалони ин муноқиша ва Сайдалиев Сироҷиддин судя, ки маҳз бо ҳукми ноодилонаи ӯ ман манзилҳои худро аз даст додам, намерасад.

Ёд дорам, вақте дастдарозони вақт Раҳмоналӣ Ҳасанов, ки чеҳраи асосии худро баъдтар кушод, ошкоро гуфта буд, ки ба куҷое даъво мекунед, кардан гиред. Он вақт ман гумон доштам, ӯ ин ҳама суханҳои таҳдидбори худро барои тарс додани ман мегӯяд. Аммо мутаассифона суханҳои ӯ дуруст баромада истодааст. Ягон нафаре шурӯъ аз мақомотҳои дахлдори маҳаллӣ то тамоми сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон натавонистанд, ки адолатро байни мо таъмин намоянд. Ва масъули ҶСШК "Тоҷиктелеком" ғолиби дунявӣ баромада, на як, балки ду манзили истиқоматии маро аз худ намуд.

Дар ин муддати дар хонаҳои хешону манзилҳои иҷора ба сар бурдан, на як бору ду бор ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардам, аммо бенатиҷа, ҳатто аз тариқи почтаҳои электронӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ номаҳо навиштам. Аммо Шумо ғолибони ноҳақи ин баҳси манзил, ки суханатон дар ҳама ҷой асар доштааст, тавонистаед, ки нидои маро дар гулӯям буғӣ кунед. Яъне даъвои маро дар ҳеч куҷо ба инобат намегиранд. Ҳарчанд боварии комил дорам, ки номаҳои ман ба дасти сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки кафили боэътимоди ҳуқуқҳои мо аст, нарасидааст. Вагарна Президент ҳақро ба ҳақдор мерасонид. Ман ба ин боварӣ доштам. Акнун, ки аз тариқи қонунӣ даъвои ман дар дохили кишвар ба инобат гирифта нашуд, намехоҳам, ки ба Созмонҳои байнулмиллалии ҳуқуқи башар муроҷиат намоям. Зеро бо ин роҳ обрӯи Тоҷикистони азизам дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ коста мешавад. Аммо ҳаволаи Шумо "ғолибон"-ро, ки хонаҳои маро муфт аз худ кардаед, ба Худо месупорам. Зеро Парвардигори Ҳақ, ки Қозии ҳақиқатнигор низ Ӯ буда, ибтидову интиҳои мо дар дасти ӯст, дар мавриди баҳси бандагии мо ҳукми одилона хоҳад баровард. Алъон мавқеи шахсии худро нисбати ҳукми судя Сироҷиддин Сайдалиев чунин баён дорам, ки маҳз иштибоҳи қонунӣ аз ҷониби ӯ содир шудааст. Ин судя 3 моҳу 10 рӯз пеш аз баровардани ҳукми судӣ ба унвонии ҶСШК "Тоҷиктелеком" номае навишта буд, ки гӯё манзилҳои ман баҳсӣ нестанд. Ва Раҳмоналӣ Ҳасанов, раиси ҳамонвақтаи ҶСШК "Тоҷиктелеком" ҳам мунтазири ҳукми суд нашуда, манзилҳои моро ройгон ба номи худаш хусусӣ кард. Ӯ чӣ хидмати бузурге назди соҳаи алоқаи Тоҷикистон карда буд, ки аз ҳисоби ин идора манзилҳои моро, ки дар он соҳаи алоқаи вилоят иҷоранишини муваққатӣ буданд, ройгон хусусӣ карда гирад? Дар ин парванда ҳолатҳои зиёди ғайриқонунӣ мушоҳида мешавад. Аммо тамоми сохторҳои қонунӣ, ки ман 16 сол боз ба онҳо муроҷиат мекунам, ин ҳама ҳуқуқу қонунпоймолкуниро нодида мегиранд. Акнун ки бо аз роҳи қонунӣ ҳал шудани ин баҳс бовар надорам, ҳаволаи Шуморо ба оятҳои зерини;

7. Ва осмонро барафрошт ва тарозуро бигузошт,

8. то он ки дар тарозу аз ҳад таҷовуз накунед.

9. Ва (Вазнро) ба инсоф рост санҷед ва дар тарозу нуқсон накунед.

Сураи "ар-Раҳмон" аз "Қуръон"-и Карим мекунам. То фардо рӯзи қиёмат дар даргоҳи Парвардигор ба ин кирдору рафтори худ ҷавоб гӯед. Алъон, ки фурсате дар даст доред, тафсири равшантари ин оятҳо ва оқибати ҳаққи мардумхӯриро аз муфтии кишвар муҳтарам Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсон шавед. Зеро Ҳазрати муфтӣ, ки олими дин ҳам ҳаст, дар ин маврид гуфтаниҳои дилнишине дорад.

Баъдан, ки ёдрас кардани қавли муъминони фаромӯшхотир лозим аст, ваъдахилофии шумо Раҳмоналӣ Ҳасановро бори дигар ба хотиратон меорам. Оё шумо дар вақташ нагуфта будед, ки модарҷон, ман аввал розигӣ ва дуои шуморо гирифта, баъдан ин ду манзилро ба номи худам хусусӣ мекунам. Аммо эй он ки Худованд ҷинси туро мард офарид, ваъдаи кардаатро, ки Офаридагор шоҳид буд, фаромӯш кардӣ, ё ваъдахилофӣ?        Ва ё дар тӯли ҳамин 16 соли муборизаҳои мо боре виҷдонат туро озурда насохт, ки боре бо ман рӯ ба рӯ шуда, инсони муъмин будани худро исбот кунӣ? Охир ман як кампири 84 сола шаҷараи шуморо ба авлоди пайғомбари Ислом нисбат дода, шуморо ҳамчун эшонзода мешинохтам.

Оё боре андеша намекунӣ, ки ду манзили истиқоматии маро бо найранг гирифта, оқибати корат дар рӯзи қиёмат чӣ мешавад? Зеро дар он рӯз меъёрҳо дигар буда, бо ин роҳе, ки хонаҳои маро гирифтаӣ, чӣ ҷавоб хоҳӣ гуфт? Мӯҳтарам эшонзода - Раҳмоналӣ Ҳасанов боре андеша бикун, ки агар розигию дуои маро дар зиндагиам нагирифтӣ, ҳолат фардо рӯзи қиёмат чӣ мешавад. Гарчанде инсонҳо пеш аз марги худ тамоми гуноҳҳои атрофиёнро мебахшанд, аммо ман дар вопасин номаам эълон медорам, ки ман нисбати шумо дар рӯзи қиёмат даъво хоҳам кард.

Имрӯз, ки дасти норасо дорам, аз пирию барҷомондагии ман хушҳол машавед. Медонед, ки руҳи баъзе инсонҳои аз дунё армонӣ рафта, якчанд ҳолат дар ин олам сайру овора хоҳанд гашт. Агар надониста бошед, огоҳ бошед, ки зури ҷисмам ба шумо нарасад, агар он рӯзи баъди марг имкон дошта бошад, ба суроғатон хоҳам омад. Мунтазир бошед!

P.S. Ҳамдиёрони арҷманд, узри маро бипазиред, ки дар арафаи ҷашни модарон ба ҷойи сухан аз хуррамию таманноҳо назди Шумо қисса аз ноадолатиҳои замон доштам. Банда, ки умрам ба ҷойе расидааст, истифода аз ҳамин фурсати муносиб, ки иди мо модарон аст, хостам, аламҳои дили худро барои Шумо ифшо кунам. Шояд ин номаи ман модари 84 соларо нафаре аз Шумо ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мерасонад. Бовар дорам, агар ин номаи ман ба дасти сарвари давлат бирасад, лоақал аз ду хона якеашро ба ман бармегардонанд. Бо дуои модарона ва орзуи оромию осудагии сарзамину ҳамватанони азизам, ба Шумо хушбахтиҳо хоҳонам!

Бо эҳтиром Гулистон Бобоева, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97