Кадоме аз макотиби зайл барои талаба дониш медиҳад:

Иҷтимоъ 24.02.2012 09:57

nazarsanji_002Аз 17 то 22 феврал сомонаи нашрияи"Миллат" (www.millat.tj) ин назарсанҷиро анҷом дод. Зимнан, аз соҳибназарон пурсида мешуд, ки кадоме аз навъи дабистонҳои кишвар ба муҳассилин дониши мукаммал медиҳад. Боиси таассуф аст, ки нуктаи назари "ҳеч кадом" дар ин назарсанҷӣ райъи бештар гирифтааст. Аммо як идда соҳибназарон ҳамоно ба навъҳои мухталифи мактабҳои кишвар итминон доштаанд.

Натиҷаи комили назарсанҷии "Кадоме аз макотиби зайл барои талаба дониш медиҳад" чунин буд:

Sadii_MahdiСаъдии Маҳдӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии ДМТ:

Дабиристони бемардина

Мо бисёр вақт мактабҳои Тоҷикистон гуфта, танҳо Душанберо дар назар мегирем. Вале Тоҷикистон танҳо Душанбе нест. Дар ноҳияҳои дурдаст мактаб ниҳоят ба як ҳолати вазнин афтодааст. Ин танҳо як сабаб дорад; кам будани маоши муаллим. Мард бо 400 - 450 сомонӣ кадом тарафи рӯзғорашро гирад? Аз ин рӯ дар мактаб танҳо занон кор мекунанд, ки танҳо бо нируи занон наметавон таълиму тарбияро пеш бурд. Аз занҳои муҳтарам узр мепурсам, вале ин ҳақиқат аст. Ёд дорам, замони Шуравӣ муаллими фанни тайёрии ҳарбии мо Асоев Исо (Худо биёмурзадаш), чунон ҷавонмарди зебо ва хушлибос буданд, ки бо либоси низомӣ ва бо рутбаи ҳарбӣ бо як салобат аз роҳрави мактаб мегузаштанд, бисёр шаҳомат дошт. Либоспӯшияш як тарбия буду сиёсаташ як намуна. Ҳоло чӣ? Муаллими тарбияи ҷисмонӣ дар мактаб зан аст. Ҳар чи зудтар муаллимро ба коргоҳаш баргардондан даркор аст. Солҳои бесарусомонӣ дар бозорҳо растаи муаллимон буд, ҳоло аксари онҳо ба муздурӣ рафтаанд. Дар баъзе мактабҳо муаллими фанҳои асосӣ, математика, компютер, забони англисӣ, русӣ намерасанд. Сабабаш боз ҳамон кам будани маош аст.

Вазири кунунии маориф аз рӯзи ба ДМТ ба ҳайси ректор таъин шудан, нахуст маоши устодони ДМТ-ро боло бурданд, ки мо устодон аз он хело қаноатманд шудем. Ба фикрам, он кас метавонанд, соҳаи маорифи кишварро пеш бурда, устодони ботаҷрибаро ба мактаб баргардонанд. Зеро муаллим ин идеали талаба аст. Маҳз идеал дар мактаб маҳаки асосии кадрҳои ояндаро ташкил медиҳад ва чун ҷавҳар дар мағзи талаба рушдро ба вуҷуд меорад. Агар ин амал анҷом пазирад, ҳама мактабҳо дониш дода метавонанд.

Аз фурсат истифода бурда пешниҳод доштам, ки номи мактаб бо як вожа "дабиристон" иваз карда шавад. "Средняя школа"-ро таҳтуллафз мактаби миёна кардем, баъд онро мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ном ниҳодем. Сипас гурӯҳе иброз доштанд, ки ҳама худ ҷамъ аст ва набояд ҳамагон гуфт. Аз нав онро мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ном гузоштем. Вале мо вожаҳои зебои аслии тоҷикии дабистон (ибтидоӣ) ва дабиристон (средняя школа) доштем, ки онҳоро эҳё бояд кард. Боқӣ, Худо доност.

Saidibrohimi_NazarСайдиброҳими Назар, мушовири раисиҲНИТ:

Дар маҷмӯъ агар бигирем, дар литсею гимназияҳо шароити таълим беҳтар аст. Ҷойи баҳс нест, модоме ки муаллим шароиту имкони беҳтар дорад ва маоши хуб мегирад, хонандаро хубтар тарбия мекунад. Аммо банда ҷонибдори тақвияти мактаҳои ҳамагонӣ мебошам. Зеро на ҳама мардуми мо метавонанд рафта дар ин мактабҳо таҳсил бикунанд. Шояд ҳамагӣ 5 ё 10 дарсади хонандагон дар литсею гимназияҳо таҳсил мекунанд ва дигар тамоми атфоли мо аз надоштани шароит аз ин ҷо дуранд. Назари ман ин аст, ки давлат бояд сари мактабҳои ҳамагонӣ диққати бештар диҳад, маъоши муаллимонро болотар бардораду дигар таблиғотҳои популистиро бас кунему воқеъбин бошем. Маоши муаллим воқеан ба талабот ҷавобгӯ нест, шароити мактабҳо ҳамчунин. Баъзе мегӯянд, ки буҷа надорем, аммо агар аз баъзе масрафҳои беҳуда даст бикашему онро дар ин роҳ сарф кунем, беҳтар аст. Агар ободии кишварамонро мехоҳем, бештар бояд сари мактабҳои ҳамагонӣ диққат бидиҳем, ки аксари фарзандони мо дар чунин мактабҳо таҳсил мекунанд. Ба хусус, қишри нодор ва мардуми деҳот. Аслан диққат кунед, мардуми нобиға аз хонаводаҳои миёнаҳолу нодор мебароянд. Ками дар кам аст, ки ягон хонаводаи сарватманд писараш бо он шароитҳое, ки дорад, муваффақ шавад.

Чизи дигаре, ки мавриди зикр аст, ин фосила гирифтани мактабҳо аз арзишҳои динӣ аст. Замони Шуравӣ ҳамин гуна як идеологияи зидидинӣ буд, ки мактабҳо аз дин фосила мегирифтанд. Аммо дар ҳамон замон як гуруҳ бачаҳо рафта таълими динӣ мегирифтанд, ки ҳатто муаллимон низ медонистанд. Зоҳиран як мухолифатҳое мекарданд, аммо мардум, ки фитратан мусалмон буданд, баъзан кумаку роҳнамоие ҳам мекарданд. Банда низ аз муҳассилини чунин мактабҳо будам ва ҳангоме мудири мактаб аз ин хабар ёфт, маро даъват карду танҳо ҳамин қадар гуфт, ки эҳтиёт шавед, ки ба даст наафтед. Имрӯз, ки дар кишвари озоди демократӣ, дунявӣ зиндагӣ дорем, чи мушкилие дорем, ки дар мактабҳо фарзандонамонро таълимоти динӣ надиҳем? Ростӣ суолест, ки то ҳанӯз ҷавобашро наёфтаам. Дар тамоми ҷаҳон хонандагон аз тарбияи динӣ дар мактабҳо бархудоранд. Ҳатто Русия, Амрико ва дигар кишварҳо. Шарт нест, ки давлати динӣ бошаду баъд дониши динӣ биомӯзанд. Ба фикри ман ҳар фард ҳақ дорад таълимоти динӣ бигирад. Чаро мо инро дар мактабу донишгоҳҳо роҳандозӣ накунем?! Ин аст, ки бархе аз онҳо рафта дар ин ё он гӯшае, маълум нест, ки чи таълиме мегиранд. Зеро ҷомеъа ба дин сахт ниёз дорад ва онро аз зеҳни мардум баровадан имкон надорад. Дар сурати бо роҳи дуруст таълим надодан ва ноогоҳӣ аз дин ҷавонони моро дигар фирқаву гурӯҳҳо хуб истифода мекунанд ё мисли замони Шуравӣ рафта, дар дигар ҷой таълим мегиранд. Пас чаро мо инро ба низом надарорем, бо як равиши хубу услуби беҳтар роҳандозӣ накунем? Дин васеъ аст ва ҳатто агар ҷиҳати ахлоқии онро дар тарбияи кӯдак истифода кунем, он ҳатто дар омӯхтани илмҳои дунявӣ хело ҳам кумак мекунад. Имрӯз яке аз мушкилиҳои ҷомеъаи мо ахлоқи пасти ҷавонон аст. Вақте мо талаботи маънавии онҳоро қонеъ кардем, онҳо ба дигар ҷой сар намезананд ва бача масъулиятшинос мешавад. Зеро яке аз воҷиботи динӣ ин доштани масъулият дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёт аст. Ин аст, ки хуб мебуд дар қатори дигар фанҳо, барои пурра кардани одоби ҷавонони кишвар дарс ва омӯзиши динӣ низ ба роҳ монда мешуд, то насли комиле ба воя мерасид, ки кишварамонро обод мекард.

NazrishoooНазришои Давлат, таърихнигор:

Айб дар литсею мактаб нест

Қабл аз посух гуфтан ба ин суол як нуқтаро бояд донист, ки навобаста аз он ки наврасон ва толибилмон дар кадом литсею мактабҳо ба ҳифзи дониш фаро гирифта мешаванд, агар чи низоми таълиму тарбият ҳам таъсири худро дар ин росто дорад, вале ин бештар аз худи наврасон ва толибон вобаста аст. Агар ақлу дарки фаҳмиши мо ҳамин қадар аст, пас ин ҷо на айби литсею мактабҳост, зеро ҷавҳарамон дигар харобу афгор гашта, ки қабули ҳеч таълиму тарбияро надорад ва боз ба такрор мегӯям, ки гарчанде низоми тадрис низ таъсири худро дорад. Ва ин ҷо як ҳикояте аз Шайх Саъдӣ алайҳираҳма ёдам омад, ки мегӯяд: "Яке аз вузароро писаре кавдан буд. Пеши яке аз донишмандон фиристод, то мар инро тарбияте кун, магар ки оқил шавад. Рӯзгоре таъаллум кардаш, муассир набуд.

Пеши падар кас фиристод, ки ин писар оқил намешавад ва маро девона кард;

Чун бувад асли гавҳаре қобил,

Тарбиятро дар ӯ асар бошад.

Ҳеч сайқал накӯ надонад кард,

Оҳанеро, ки бадгуҳар бошад.

Саг ба дарёи ҳафтгона машӯй,

Ки чун тар шуд, палидтар бошад.

Хари Исо гар Макка барандаш,

Чун биёмад ҳанӯз хар бошад.

AbduLazizАбдулазизи Муҳаммадӣ, хатмкардаи гимназияи "Ҳотам ва П.В.":

Омӯзгор маоши хуб гирад, сифати таълим хуб мешавад

Ба назари ман, дар он мактабе, ки омӯзгор маоши хуб дорад, сифати таълим дар он мактаб хеле хуб аст. Ҳоло дар байни мактаббачагон литсейҳои шахсӣ нуфузи бештар доранд ва бисёриҳо орзуи дар ингуна литсейҳо таҳсил карданро доранд. Аз ҷумла литсейи "Ҳотам ва ПВ", литсейҳои туркӣ, "Раҳнамо" ва ғайра. Зеро ин литсейҳо барои ҳаққи таълим пули хуб мегиранд ва омӯзгорони боқувват дар ин маконҳо ба талаба дарс мегӯянд. Мардуми мо барои таълими фарзанди худ, ҳарчи қадар аз дасташон ояд сарф мекунад, то фарзандаш дониши хуб гирад. Масалан, хатмкунандаҳои литсейҳои туркӣ дар баробари дониши мактабӣ, боз забонҳои англисӣ ва туркиро хеле хуб аз худ карданд, ки дар оянда дар кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон ба осонӣ таҳсилашонро давом дода метавонанд. Давлат ва шахсони алоҳида бояд ба ингуна литсейҳо кӯмак кунад, то дар якҷоягӣ дар ҷомеа кадрҳои хубро тарбия намоянд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97