Роҳи маҷро баста мешавад

Иҷтимоъ 23.02.2012 12:42

VanjjjjjДар рӯзномаи "Миллат" аз 14 декабри соли 2011 зери унвони "Раисӣ, хидмат кардан ба мардум аст" мақолаи рӯзноманигор Ҷамшеди Қувват ба табъ расида буд.

Муаллиф дар он оиди баъзе масоили муҳимми рӯз ибрози назар намудааст, ки он дар машварати назди раиси ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифт ва ба масъулин оиди бартараф намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳақиқатан дар бахши аввали мақола муаллиф дуруст зикр менамояд, ки дар баъзе деҳаҳо раисони маҳал ба ном вуҷуд доранд. Онҳо қобилияти ташкилотчигӣ надошта, мардумро ба корҳои нек ҳидоят кардан наметавонанд, ки ин боиси нигаронист.

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомотҳои худфаъолиятии ҷамъиятӣ" интихоби раисони маҳал ба зиммаи сокинони худи маҳал вогузор шудааст.

Деҳаи Ширговад ҳақиқатан деҳаи зебоманзарест, ки касро мафтун месозад. Дарёчаи кӯҳӣ, ки қариб дар ҳама фасли сол оби мусаффо дорад, ҳуснафзои ин диёри дилангез аст.

Чанд сол қабл дар деҳа мактаби нав сохта ба истифода дода шуд, ки ҳоло мавриди истифода қарор дорад.

Дар дарёи Ширговад бошад сохтмони нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори 500 кВт/с ба нақша гирифта шудааст, аммо дар фасли зимистон аз сабаби камобӣ фақат имконияти 150-200 кВт/с нерӯи барқро дорад, ки барои амалӣ гаштани нақша, мушкилот фароҳам меорад.

Муҳтарам Ҷамшеди Қувват деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи деҳаи Ширговад ҷойгир аст, Ғуҷоваст ном дорад. Дар даврони шӯравӣ маркази совхоз ва баъдан хоҷагии давлатӣ ҳисоб меёфт. Бинобар ин идораҳои маъмурӣ дар ин деҳа бунёд гардида, то имрӯз фаъолият менамоянд. Шояд аз ҳамин сабаб ин деҳа симои фарқкунанда дорад.

Ҳаводиси табиат новобаста ба майлу хоҳиши инсон рух медиҳанд ва инсон бо ҳама заковати баланд, ҳануз баҳри пешгирии он оҷизӣ мекашад.

Боришоти зиёд, баланд шудани сатҳи об, омадани селу тарма дар кӯҳистон ҳодисаи муқаррарист. Кӯҳистон тобистони гарму зимистони сербарфу қаҳратун дорад, ки пешомади онро касе пешгӯи кардан наметавонад. Тобистони соли 2010 низ чунин буд. Яку якбора бо сабаби тафсиши ҳаво сатҳи оби рӯдхонаи Ванҷоб зиёд гардида, маҷрои худро тағйир дод. Туғёни дарё ба заминҳои деҳаи Ғуҷоваст хатари аз байн бурданро эҷод кард. Тобистони соли 2011 бошад, ин обхезӣ дар деҳаи Ширговад ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷа қисман поёнии ҷангалзор ва роҳи мошингардро пурра хароб намуд.

Дар муддати кӯтоҳ роҳи мошингард барқарор гардид ва мутахассисон муайян намуданд, ки ба деҳа хатари ҷиддӣ надорад. Соли ҷорӣ барои барқарор намудани роҳ ва оббанд 200 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бештари деҳаҳо ва замину ҷангалзорҳоро дар фасли тобистон хатари обхезӣ таҳдид мекунад. Ғайр аз ин зиёда аз 10 дарёчаи кӯҳӣ аз байни деҳаҳо мегузарад, ки онҳо низ дар фасли тобистон хатари ҷиддӣ фароҳам меоваранд. Ба дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ВМБК то имрӯз дар бисёр деҳаҳо оббандҳо сохта шуда, роҳи хатар гирифта шудааст. Дар бисёрии деҳаҳо бо роҳи ҳашар корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шудаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷаҳд менамояд, ки минбаъд барои роҳандозӣ намудани ташкилотҳои деҳотӣ дар ин самт онҳоро бо дастурҳои даркорӣ таъмин намояд.

Мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеъаи дастгоҳи раиси н.Ванҷ   Р. Шехов    

P.S. Воқеан боиси хушҳолист, ки камбудҳои ошкоршуда дар матуботи даврӣ аз ҷониби масъулони ноҳияи Ванҷ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои рафъи онҳо тасмими иқдом ба амал гирифтаанд. Як нукта ҷойи таъкид дорад, ки Раиси ҷумҳур дар ҷаласаи ҷамъбастии солона махсусан дар бобати соҳилмустаҳкамкуниҳо дар ВМБК ба раиси ин вилоят дастурҳои мушаххас дод.

Мавриди қайд аст, ки агар дар ин самт, яъне соҳилбандиҳо дар ноҳияи Ванҷ корҳои бештар ва ҷиддитаре сурат бигиранд ва маҷрои рӯди Ванҷоб ба низом биёяд, ҳазорон гектар замини нави корӣ ва ҷангалзорҳо месабзанд, ки ба нафъи мардум ва кишвар хоҳад буд. Хуб мебуд, ки болои ин корҳо назорати бештар бурда шавад ва маблағҳои ба ин мақсад ҷудошударо бо маврид истифода бубаранд, вагарна дар сурати насохтани садд ба ин деҳа хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97