Пойтахтро чӣ гуна дидан мехоҳед?!

Иҷтимоъ 18.02.2012 09:58

DushanbeeОҷонси сохтмон ва меъмории кишвар тасмим гирифтааст, ки толори кохи "Ҷомӣ", бинои телевизиони "Сафина", идораи "Почтаи марказӣ" ва сохтмони "Вазорати кишоварзӣ"-ро дар маркази шаҳри Душанбе вайрон ва ба ҷойи инҳо сохтмони бинои нави хадамоти Почта, вазоратхонаи нави фарҳанг ва биное барои Кумитаи радио ва телевизиюни давлатӣ бунёд хоҳад кард.

Тасмими тахриби чанде аз биноҳои куҳна дар маркази шаҳри Душанбе ба нигарониҳое дар мавриди поксозии осори меъмории даврони Шӯравӣ доман задааст. Назархоҳии мо дар пайи ин бо суоли "Пойтахтро чӣ гуна дидан мехоҳед" анҷом шуд.

Шодӣ Шабдолов, намоянди Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар парлумон:

Ҳар як шаҳр бунёди таърихӣ дорад. Душанбе ҳамчун маркази давлат соли 1924 эътироф шудааст, на ҳазору на сад сол пеш. Пеш дар ин ҷо қишлоқу бозорҳо буданд. Балх, Бухоро, Самарқанд ва ғайра замоне марказ будаанд ва ҳатто Ҳисор замоне маркази Чағониён буд, лекин Душанбе дар таърихи тамаддуни тоҷик ҳеч гоҳ маркази тамаддун набудааст. Солҳои бистум дар ин ҷо иморати чашмрасе набуд. Ин биноҳои сохташуда таърихи Душанбе мебошанд ва касе ҳақ надорад, ки онҳоро гирифта барҳам занаду дар ҷояшон биноҳои понздаҳ, бист ошёна бисозад, ин ҳеч мумкин нест. Биноҳои таърихии мо асосан дар ҷодаи Рӯдакӣ, ки пештар Ленин мегуфтем, қарор доранд. Ин биноҳоро бо супориши Сталин архитекторони Ленинград (Санкт-Петербург) сохтаанд. Шумо бубинед, ки аз майдони роҳи оҳан то донишгоҳи кишоварзӣ ягон иморат бар дигараш монанд нест. Шӯрои олӣ ба як шакл, опера ва балет ба дигар шакл, хулоса то ба охир… Кинотеатри "Ҷомӣ" низ таърих дорад. Мирзо Турсунзода замоне, ки раиси Иттиҳоди нависандагон буд, ба ифтихори ҷашни бузургдошти Ҷомӣ пешниҳод кард, ки биное бисозанд ва бо дастгирии ҳукумати вақт ҳамин кохи Ҷомӣ сохта шуд, ки меҳмонони зиёди дохиливу хориҷӣ ҷашни Ҷомиро дар ҳамин бино қайд карданд. Дар наздаш бояд ҳайкали Ҷомӣ низ сохта мешуд, ки бо сабабҳои номаълуме сохта нашуд ва мо ҳайкали Ҷомиро надорем.

Ман бисёр мутаассирам, ки ҳатто ин бино дар ёди ин руфақо намондааст, ки чӣ иморате буду ба ифтихори кӣ сохта шудааст. Почтаи марказӣ ва ТВ Сафина низ инчунин. Чунин иморатҳо замони шӯравӣ маҳфуз буданд. Албатта ҳама шаҳрҳо аз надоштани ҷойи сохтмон танқисӣ мекашанд. Аммо дар фарҳанги шаҳрдории дунё чунин аст, ки чизҳои таърихии худро нигоҳ медоранд, ҳатто ду ошёна не, як ошёнаҳоро ҳам. Дар Душанбе ҳанӯз ҷойҳои зиёде барои бунёди сохтмон мавҷуд аст. Он ҷоҳоро бояд сохт ва пойтахтро васеъ кард. Билохира, мардум хотироти зиёде доранд аз ин сохтмонҳо. Ҳатто барои ҷаҳонгардон, ки мехоҳанд аз кишвари мо дидан кунанд, намои қадимии шаҳри Душанбе бештар писанд аст.

Манучеҳри Ҷамшед, сокини пойтахт:

Қаблан замони мушкилу буҳронҳо буд ва пойтахт ба бозсозӣ ниёз дошт. Душанбеи аз оғӯши нобасомониҳо раҳошуда намои заъфарониву зард дошт. Ҳоло Душанбе рӯ ба сарсабзӣ дорад. Бунёди биноҳои нав рӯз аз рӯз афзоиш меёбад. Аммо хуб мебуд, ки шаҳри куҳан боқӣ мемонду шаҳре дигар рӯ ба сӯйи Кофарниҳон бунёд мешуд. Мо имрӯз бо дастони худ таърихи худро, ки бе ин ҳам пешинаи он аз дасти мо рафтааст, нобуд месозем. Ҳеч зарурати сохтани шаҳри нав дар рӯйи шаҳри куҳан набуд. Бояд қаблан дастандаркорон инро фикр мекарданд. Душанбе оғози таърихи навини тоҷик буд, ки дар тӯли даврони шӯравӣ аз як бозорҷо ба як шаҳри дилрабо табдил шуд.

Воқеан Душанбеи мо шаҳри хурду дилрабое буд. Валангор карданаш ҳайф аст. Танҳо чизе, ки пойтахти моро аз дигар пойтахтҳо ақиб мегузорад, фаъол набудани шабакаи гармидиҳӣ аст. Аз ин рӯ масъулони моро, зарур аст, аз тамоми масрафоти барзиёд ҷилавгирӣ кунанд ва дар пайи фаъол кардани шабакаҳои гармидиҳӣ шаванд. Агар ин шабака фаъол шаваду оби гарм дар шаҳр таъмин бошад, он гоҳ истифодаи барқ низ кам мешавад. Хуб мешавад, ки сохтмони биноҳо ва хонаҳои истиқоматиро бар дӯши корхонаҳои хусусӣ вогузоранд. Ҳукумати шаҳр заминро ҷудо сохта, тарҳҳои беҳтаринро бипазирад ва сохтмони онро бар уҳдаи ҳамин корхонаҳо бигузоранд. Боз ҳам вазъи нақлиёти пойтахтро беҳбуд бахшанд. Ҳоло дар шаҳр танҳо "Старексҳо" фаъолият доранду автобусу тролейбусҳо хеле кам шудаанд. Дар дигар пойтахтҳо 5-6 навъи нақлиёти ҷамъиятӣ ба мардум хидмат мерасонанд.

Ба ҳар сурат иқдоми ахири шаҳрдорӣ дар мавриди ҷалби кадрҳои ҷавону болаёқат қобили таҳсин аст. Аммо хуб аст, ки шаҳри ҷавонтаре бунёд кунанду шаҳри куҳанро аз байн набаранд.

Аҷаб шаҳри дилороӣ…

Ин ҳафта сомонаи нашрияи "Миллат", www.millat.tj пурсиши "Аҷаб шаҳри дилороӣ…"-ро матраҳ кард. Зимнан, пурсида мешуд, ки кадоме аз шаҳрҳои Тоҷикистон дилорост. Аксари райъдиҳандагон ба ҷонибдории Душанбе овоз додаанд. Аммо Хоруғ мақоми дуввумро касб nazarsanjiкарда, аз дигар шаҳрҳо райъи бештар гирифтааст. Ба думболи ин, аз ин ба баъд ҳар ҳафта дар сомонаи www.millat.tj назарсанҷиҳои ҷадид ба роҳ монда хоҳад шуд. Аз хонандагон даъват мекунем, то вориди сомонаи мо шаванд ва мавқеи худро муайян кунанд.

Натиҷаи комили назарсанҷии "Аҷаб шаҳри дилороӣ…" ҳам чунин буд:

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97