Куштор

Иҷтимоъ 09.01.2012 09:22

KushTORRRRБисёр ғамангез ва риққатбор аст, чун аз марги инсоне мешунавӣ. Аслан дар дунё махлуқе бераҳмтару хунхортар аз одамизод шояд набошад. Зеро ҳар махлуқеро Худованд барои ҳар амале офарида. Ва ҳар офаридае он чи ки дар зиммааш аст, ба иҷро мерасонад. Боз ҳамин инсон аст, ки Худованд онро ба он чи муваззаф кардааст, аз он сарпечӣ мекунад. Чун нек бингарӣ кам иттифоқ меафтад, ки даррандае аз ҷинси худро бидарад.


Дуруст аст қавли бузургон, ки инсонро ҳайвони нотиқ гуфтаанд. Агар боре олами ҳайвонҳоро бо ҷомеъаи инсонҳо қиёс кунем, шояд ҳайвонҳо аз инсонҳо бораҳмтар бошанд. Ин ҳама кушторҳо, ки дар ҷаҳон вуқуъ мепайванданд ва гиряву оҳи кӯдакону модарон ва ҳазор-ҳазор ятиму бадбахту саргардон, маҳз амалу натиҷаи ҳамин махлуқе бо номи инсон аст. Хуб акнун, ки амали куштор корест носавоб. Ҳеҷ  инсони оқиле ин амалро ҷонибдорӣ нахоҳад кард. Аммо аз куштор то куштор фарқест. Чун дар ҷанг, ё дар дигар воқеъот, ё аз беморӣ инсонҳо мемиранд, ин новобаста аз ихтиёри мо сар мезанад, гарчи мушкил аст, вале на ба ин ҳадд ғамбор аст. Вақте ки инсонеро бидуни ҳеҷ далеле мекушанд, чи қадр мушкил аст ёди чунин куштор. Дар чанд шумораи пеш мақолае дар бораи ҷанги мактаббачагон ба табъ расида буд, ки боиси хирагии табъи бархе муаллимону Вазорати маориф гардид. Набояд гуфтори ҳақ табъро хира созад ва барои ҷомеъа хизмати хирсона унвон шавад. Инсони бохирад набояд камбуду нуқсонҳои ҷомеъаро пинҳон дорад, зеро пинҳон доштани камбудиҳо кори дуруст нест ва оқибати чунин худфиребиҳо ва пинҳон кардани камбудиҳо натиҷааш чунин кушторҳост. Чун агар шахсе бемор бошаду бемориашро пинҳон дорад, оё ҳамин кори савоб аст? Албатта не, зеро пинҳон доштани беморӣ сабаби маргаш хоҳад шуд. Ва ба ҷавобгарӣ кашидану паси панҷара равон кардани ҷинояткор ин ҳанӯз салоҳи кор нест, зеро табиист, ки онҳо паси панҷара тарбият нахоҳанд гирифт. Илоҷи воқеъаро қабл аз вуқӯъ бояд ҷуст. Дигар ҳамин беахлоқию бетарбиягӣ аз мараз бадтаранд, зеро агар беморӣ як нафарро кушад, ин бетарбияҳо сабаби бадбахтии чандин инсонҳо хоҳанд шуд. Далели ин гуфтаҳоро метавон бо кушторе, ки дар шаби Соли нав ба вуқӯъ пайваст, тақвият бахшид. Мувофиқи маълумотҳои ба табъ расида, куштор аз тарафи донишҷӯён ва шояд талабагон ва дар маҷмӯъ ҷавонон ба вуқуъ пайвастааст, ки тафсилоти бештареро дар ин мавзӯъ аз органҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд шунид, зеро манзури мо дигар чиз аст. Чандин суоле дар зеҳнҳо пайдо хоҳад гашт. Ин ҷо чанд чиз норӯшану мубҳам аст. Чаро маҳз ҷавонеро, ки дар бар либоси Бобои барфиро дошт ба қатл расониданд? Ва дигар шиор додани ин ҷавонон ва таҳқир намудани мардум ба шиорҳои зидди Соли навӣ агар ҳақиқат дошта бошад, пас инҷо каме тобиши мазҳабӣ доштани масъала ба назар мерасад. Дар ин росто хуб мебуд, ки рӯҳониён аз даст задан ба чунин амал ва дар ин мавридҳо аз баъзе мавъизаҳои беҷо ва зимни барассии мавъизаҳо аз чунин мавзӯъҳои ҳассос худдорӣ мекарданд ва ҳолату вазъияти ҷомеъаро низ ба назар мегирифтанд. Зеро дар масоили эҳсосотӣ бо ҷавонҳо эҳтиёт кардан беҳтар мебуд. Ҷавононро бештар дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва некбин будан ба эътиқодоти дигар адён ва мазоҳиб, эҳтиром қоил будан ба ҷашну маросимҳои дигар қавму миллатҳо бояд тарбия намуд, на дар масоили зиддияти динию мазҳабӣ ва миллатбадбинӣ. Зеро дар ҷаҳон инсонҳо озод зода шудаанд ва ҳар кас ҳақи пайравӣ кардан аз ҳар дину мазҳаберо ва иҷозаи истиқбол намудан аз ҳар идеяю ҷашнеро дорад. Аммо аз он ки ин ҷавонон дар ҳолати сархушию мастӣ Бобои барфиро ба қатл расониданд, дигар суоле пайдо хоҳад шуд, ки оё магар шахсе, ки худро ҳомии дину мазҳаб мегирад, шароб хӯрданро ба худ раво медонад? Оё шароб хӯрдан гуноҳе сангинтар аз ҷашн гирифтани Соли нав нест? Оё куштори одамон ин бадтар аз ҳама чиз нест (ҷашни Соли нав он тараф истад). Магар талабаю донишҷӯи ҳақиқӣ даст ба чунин ваҳшоният мезанад? Набояд ба номус, шахсият ва озодиҳои инсонҳо дахл намуд, зеро дар давлати демократӣ касе ҳақ надорад касеро ба коре маҷбур созад. Ҳар инсон ҳақи худро дорад. Ё аз дине пайравӣ мекунад, ё аз оине, ё кадом идеяро хоҳад ҷашн мегирад - ин аст мафҳуми давлати демократӣ. Муаллимони муҳтарам! Ба ҷойи табъро хира доштан муҳассилинро боистӣ бо мафҳумҳои демократия ва озодӣ тарбия менамудед. Зеро агар  мафҳуми демократия ба шакли дурусташ дарк шавад, касе ҳуқуқи дахолат кардан ба шахсияти дигареро намедошт. Демократия ва озодӣ ин куштори инсон нест, балки ҳар инсон ҳақ дорад, аз ҳар чизе ки дар доираи инсонгарист истиқбол намояд. Инсонҳо қабл аз ҳама бояд дар дораи инсондӯстӣ тарбия шаванд. Дар сурати ғайр ҷавонон на ояндасози мо, балки устухоне дар гулӯ хоҳанд буд.

Ҷамшеди ҚУВВАТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97