Дусад лаънат бар тақлиди кӯркӯрона бод

Иҷтимоъ 05.01.2012 12:25

Ба таваҷҷуҳи вазири муҳтарами маорифи Тоҷикистон

Litccee_turkiЗуҳури литсейҳои ғайритоҷикӣ ва марокизи зиёди омӯзиши забонҳои хориҷӣ боиси баҳсу гуфтугӯҳо дар долонҳои адабӣ ва рушанфикрии тоҷик шудааст. Аз ҷумла, нуфуз пайдо кардани литсейҳои туркӣ ва марказҳои омӯзиши забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, англисӣ ва гаравиши бештар ба забонҳои русӣ, туркӣ аз мавзӯоти ин гуфтугӯҳост.

Суолоте, ки шахси огоҳро водор ба андеша мекунад, ин аст, ки ҳадаф аз зуҳури ин ҳама литсейҳои ғайри тоҷикӣ ва марокизи зиёди омӯзиши забонҳои ғайр чист? Ва оё омӯзиш дар ин макотибу марокиз метавонад сатҳи забондонии моро баланд бардорад? Тайи мудати чанд соли пайдоиши ин муассисот чи қадар мутахассиси забондон тайёр кардем? Ва инҳо ба чӣ кор меоянд? Ва боз чандин суолҳои дигар.
Кор то ба ҷое кашида, ҳатто мардумоне, ки қариб аз илму дониш бехабаранд, кӯр-кӯрона ва тақлидкорона фарзандони хешро ба ин литсею марказҳо барои фаро гирифтан ба таҳсил месупоранд. Ва ҳеҷ андешае дар сар нест, ки оқибати ин ҳама тақлидкориҳои беҷо чи хоҳад буд. Зеро Ҷалолуддини Румӣ мефармояд;
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод.
Ва ин ҳам дар ҳолест, ки атфоли зеҳну мафкураашон ҳанӯз тиҳӣ аз худшиносии миллӣ барои омӯзиш дар ин марокиз супурда мешаванд. Ва баъид нест, ки ҳар андешаеро метавон дар чунин зеҳнҳо ҷой намуд. Моро мебоист нахуст онҳоро ба омӯзиши амиқи забони модарӣ ва талқини худшиносӣ водор мекардем ва пасон ба омӯзиши дигар забону фарҳангҳо. Фаромушт набояд сохт, ки ин марказҳо ва литсею макотиби ғайри тоҷикӣ на танҳо ба наврасони мо забонро меомӯзанд, балки онҳо дар баробари забон, фарҳангу одатҳои хешро низ талқин хоҳанд кард. Ҷаҳон дар ҳолати таҳоҷуми фарҳангҳо қарор дорад ва моро мебояд ин наврасонро ҳар чи бештар ба омӯзиши забон ва фарҳанги миллӣ водор ва ба ин роҳ раҳнамунӣ сохт, варна дар сурати акс на танҳо дар баробари ин таҳоҷум муқовимат карда наметавонем, балки худ барои маҳви забону фарҳанги хеш мусоидат хоҳем кард. Сари ин нуқта андеша бисёр муҳим аст. Аз таърихи начандон дури хеш бояд сабақ гирифт. Он олиму донишмандони мо, ки аксар дар мактабҳои русӣ тарбия гирифтаанд, чи хидмате ба мардум намуданд? Чанд асаре таълиф намудан ва шояд ҳам боарзиш, вале бо забони ғайр ва яқинан ки на барои мардуми мо. Моро гумон ин аст, ки дар сурати бо забони русӣ ё дигар забони ғайритоҷикӣ чоп намудани таълифоти хеш шуҳрат хоҳем касб намуд. Аммо чунин андеша бепоя аст. Зеро он мардум аз мо даҳсолаҳо пешанд ва ба таълифоти мо анқариб эҳтиёҷе надоранд. Моро зарур аст, ки аз таълифоти онҳо истифода намоем. Ва агар онҳо ба навиштаҳои мо зарурат дошта бошанд ва асари боарзише бувад, онҳо худ онро тарҷума хоҳанд кард. Донишмандони азизи мо метавонанд заҳмати зиёд дар ин самт накашанд. Балки барои миллати худ, фарзандони худ асари боарзиш биофаранд.
Дигар андешаи ғалате, ки дар мафкураи он таҳсилкардаҳои макотиби ғайри тоҷикӣ, хусусан мактабҳои русӣ ҷо шудааст, ин аст, ки онҳо моро аз тобеъияти Русия раҳо кардан намехоҳанд ва ҳанӯз гумонашон ҳамин аст, ки мо бе Россия ҳеҷ кореро анҷом дода наметавонем ва ҳанӯз моро дар руҳияи ғуломӣ парвариш кардан доранд. Аммо роҳи мо дар ин самт ба ҳеч куҷо аст. Мутаассифона мо аз ин раванд на танҳо сабақ нагирифтем, балки ин роҳро дорем идома медиҳем. Ин зарбаи муҳлике дар дарозмуддат ба пайкараи забони тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ хоҳад буд.
Як тасаввур кунед, ки кӯдаки бехабар аз асолат, фарҳанг ва забони модарии хешро яку якбора муҳити ғайри тоҷикӣ фаро гирад, оқибати чунин забономӯз чи хоҳад шуд? Ва суоли аз ҳама нигаронкунанда ин аст, ки ин забондонҳо бояд чи рисолатеро анҷом диҳанд? Дар ҳоле ки макотибу донишгоҳҳои мо эҳтиёҷ ба тарҷумаи даҳҳо адабиёти иқтисодию техникӣ доранд. Аз тарҷумаи бархе адабиёти иқтисодию техникӣ бармеояд, ки бо вуҷуди зиёд будани марказҳои забономӯзӣ ва хусусан забони русӣ, ки дар мактабҳои махсуси русӣ ва инчунин омӯзиши он дар макотиби мутавассита, вале то ҳол мутахассисе пайдо нашуда (шояд бошаду ангуштшумор), ки ин гуна адабиётро дар сатҳи илмии дуруст тарҷума намуда бошад. Пас ин ҳама дағдағаю моил будан ба ин марокиз аз баҳри чист? Ба хотири донишомӯзӣ ё тарғиби фарҳанги бегона? Иллати ин ҳама тарҷумаҳои ғализу номафҳуму пур аз ғалат аз бетаваҷҷуҳии масъулони мо ба забони миллӣ ва ҷойгоҳ надоштани ин забон дар ин марказҳои забономӯзист. Аввалтар аз ҳама боистӣ ба омӯзиши жарфтари забони модарӣ пардохт, сатҳи фаҳмиши луғавии хешро ғанӣ сохт, ва он гаҳ ба омӯзиши дигар забонҳо ва тарҷума пардохт. Ин нуктаро дар ёд бояд дошт, ки сатҳи забономӯзии мо дар сатҳи забони кӯчагӣ аст. Ин ҷо забономӯзӣ гуфта, на танҳо чанд калимаеро, ки танҳо барои муошират лозиманд, фаро гирифт. Балки забонро дар сатҳи илмӣ бояд омӯхт. Қабл аз ҳама мебояд дар зеҳни наврасон тарзи дурусти омӯзиши ин механизмро фаҳмонд. Онҳоро бояд огоҳ намуд, ки омӯхтани забон ин танҳо иборат аз қориазёди чанд калима нест, ки барои муошарат ва роҳ ёфтан барои кор дар чанд ташкилоти хориҷие ба кор равад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз дуруст надонистани забон аз қафои хориҷиён мисли гунгу кар ва тӯтивор такрор кардани калимот тарҷумонҳои мо моро гӯл мезананд.
Ва мушкили дигар ин аст, ки набояд ҳама зеҳни мардумро ба як сӯ кашид, то ҳама ба самти забономӯзӣ он ҳам ба шакли ғалат роҳ пеш бигиранд. Инро набояд фаромушт сохт, ки танҳо бо як омӯхтани забон мушкилоти мо ҳал нахоҳад шуд. Албатта ҷои ҳеҷ шаке нест, ки донистани забонҳо зарур аст ва хусусан дар чунин асре пур аз таҳаввулоти илмию техникӣ ва ногузир мо бояд забонҳоро омӯзем, аммо ҳарф сари мушкилоти аслӣ меравад. Ҳарф сари тӯдаи бекори зиёди мардум меравад, на сари чанд забондоне, ки дар чанд ташкилоте машғули кор ҳастанд.
Беҳтар мебуд, агар чунин марокизу литсейҳо ба низоми муайян дароварда мешуд ва бештар ба сифати забондонии наврасон диққат карда шавад. Ва аз онҳо масъулияти бештареро талаб бояд намуд. Агар ба ҷои бештари онҳо марказҳо ва литсейҳои омӯзиши технология ва иқтисоди муосир омӯхта мешуд, беҳтар буд. Зеро ҳама мушкилоти мардумро наметавон аз як ҷониб ҳаллу фасл намуд. Бо донистани забони хориҷие худро набояд қаҳрамон талаққӣ кард, зеро аз ин дида корҳои муҳимтаре моро дар пеш аст. Чун аксар мардумони мағзу андешаашон сабук бо донистани як забони хориҷӣ, он ҳам дар ҳоле ки хому хатала аз худ кардааст, худро доно мепиндорем. Далелам ин аст, боре ба ҳамон мардуми хориҷие, ки забонашонро меомӯзед назар афканед ва сатҳи донишу забондонии онҳоро мушоҳада намоед. Ба гуфти Хоҷа Ҳофиз; бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо. Ин дар ҳолест, ки агар сатҳӣ бингарем, забони мо аслан барои онҳо лозим нест, ба ин хотир, ки мо дар ихтирооту технологияи навин ҳеҷ навгоние надорем. Аммо бо вуҷуди ин ҳама онҳо талош мекунанд забони тоҷикиро биомӯзанд. Албатта на ба хотири танҳо тарҷумон шудану соҳиби кори муваққат шудан, балки ба хотири амиқтар омӯхтани шеваи зиндагӣ ва тасаллут ёфтан бар мардуми мо. Чаро мо дар ин самт ба онҳо тақлид намекунем?!
Ба ҳар ҳол ҳанӯзам фурсат дорем, то ба дунё бо чашми ақл бингарем, на кӯркӯрона.

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97