Восеъ бачаи "угай" аст, ки роҳаш таъмир намешавад?

Иҷтимоъ 03.01.2012 09:51

GuliStoni_VoseБа назар мерасад, ки роҳҳои Восеъ таъмирнашавандаанд. Ба хусус, қитъаи роҳе, ки аз деҳаи Гулистон ба самти Қурбоншаҳид убур мекунад, ҳоли хароб дорад. Ин роҳ, ба қавли масъулин роҳи байналмилалист ва идомаи роҳи Душанбе-Бадахшон аст. Мардум шӯхиомез аз ин қитъаи роҳ ҳикояте мекунанд: "Нобиное аз Душанбе ҳамроҳи мусофирон ба Кӯлоб меояд. Ӯ ҳар замон аз ҳамсафарони худ мепурсад, ки ба куҷо ва кадом мавзеъ расидааст. Аммо ғайриинтизор ин бор худи ӯ мегӯяд, ки ба Восеъ расидем. Ҳамсафарон ба нобиноии ӯ шубҳа мекунанд, ки аз куҷо ин бор худи ӯ фаҳмид, ки дар кӯча Нобино мегӯяд, роҳи ҳамвор омадем. Танҳо ҳамин ҷо мошин ба ноҳамвориҳо бархӯрд ва дарк кардам, ки ин ҷо Восеъ аст."

Сокинони деҳаи Гулистон шоҳиданд, ки бар асари бархӯрдан дар ин чуқуриҳо ё ба қавли онҳо "зиндони роҳҳо" ҳар рӯз ронандаҳо саргардонанд. Ҳар ронандае, ки аз ин роҳ гузашта бошад, хуб медонад, ки агар эҳтиёт накунад, дар ин қитъаи роҳ мумкин аст, ки ба садама дучор шавӣ, зеро роҳ ба ягон талаботи роҳдорӣ мувофиқ нест.

Сайдалӣ Муъминов, ронандаи автомашинаи " Тангем", ки ҳамарӯза аз субҳ то шом аз самти Фархор ба Кӯлоб ва Кӯлоб - Фархор дар хидмати мардум банд аст, ин қитъаи роҳро барои ронандаҳо фиребанда унвон мекунад. Ӯ гуфт: "Аз раҳи рост нафаҳмида меоӣ, якбора ба чуқурӣ мезанӣ ва дигар маълум аст, ки ба мошин чи мешавад. Борҳо дар ин роҳ таҷҳизоти мошинам вайрон шудааст. Аз Фархор то Кӯлоб ҳамин қадар роҳи на танҳо вайрон, балки хатарнок аст. Зиёда аз 10- сол шуд, ки дар самти Кӯлоб, Восеъ, Фархор ба мусофиркашӣ машғулам, дар ин муддат ягон маротиба таъмири пурраи роҳҳои мазкурро надидаам, ба ҷуз он ки мабодо "омад- омад"-и Ҷаноби Олӣ шаваду аз тарси он, ки аз мансаб, сабукдӯш нашавем, кандагиҳои роҳро " поргӣ" мекунанду халос! Наваду нуҳ фоизи фоидаи ба даст овардаи ҳаррӯзаро ба хариди қисмҳои эҳтиётӣ сарф мекунам, ки сабаби ин масрафи беҳударо дар валангор будани роҳҳо мебинам."

Инчунин Маҳсиддин, як сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ, ронандаи автомашинаи Опел (Оpel astra) дар суҳбати сари роҳӣ аз роҳҳои ноҳамвори Восеъ изҳори нигаронӣ намуда, қайд намуд, ки аз сабаби валангор будани роҳҳо дар як сол ду-се маротиба қисмҳои идоракунии ( хадавой) мошинро таъмир мекунад, ки дар ҳар таъмир 300- 350 сомонӣ масраф мешудааст. Ба гуфтаи ӯ, агар роҳҳо таъмир бошанду дар як сол як маротиба мошинро таъмир кунӣ, онгоҳ ба фоидаи кор хоҳад шуд. Ин ронанда бо ҳазл мегӯяд, "шояд роҳсозон бо устоҳои мошинсоз забон як кардаанд, ки дигар роҳҳоро таъмир намекунанд.»

Маълум аст, ки аз буҷаи ҳукумати ноҳия ва ҷумҳурӣ барои бозсозии роҳҳо маблағ ҷудо мешавад. Шояд ин маблағ кам бошад, аммо барои таъмири роҳи асосии ноҳияи Восеъ фикр мекунам, маблағи зиёде лозим намешавад. Аз сӯи дигар ин қадар маблағе, ки аз ронандаҳо аз ҳисоби андоз ҷамъоварӣ мешавад дар куҷо сарф мешавад, номаълум аст.

Ронандаи дигари автомашинаи боркаши "Камаз" Дилшоди Музаффар, ки айни ҳол дар ноҳияи Восеъ ба сар мебарад, аз ин мушкил худро дар канор нагирифта афзуд: "Барои як сол 840 сомонӣ андоз месупорам, вале ҳайронам, ки маблағи ҷамъшуда куҷо мешавад. Аз самти Душанбе то деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ роҳҳо таъмир доранду самти Восеъ, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Фархор то ҳол вайрона боқӣ мондаанд. Чаро масъулини ноҳияҳо сари ин масъала чорае намеандешанд? Аз вайрону валангор ва ноҳамвор будани роҳҳои мошингарди ноҳияи Восеъ аксари ронандаҳо шикоят доранд.

Аз андешаҳои боло хулоса баровардан мумкин аст, ки сари масъалаи зикршуда касе чорае намеандешад. Чаро (?), барои мо ҳам номаълум аст.

Барои рӯшани андохтан ба ин мавзӯъ ҳафтаи гузашта ба Идораи роҳсозии ноҳияи Восеъ роҳ пеш гирифтем. Аммо як нафар посбони ин Идора, ки худро муаррифӣ накард, гуфт, ки раиси ин Идора "повешений рафтай" ва ҳоло дар идора касе нест. Маълум шуд, ки раиси Идораи роҳсозии Восеъ ба мансаби раиси Идораи роҳсозии минтақаи Кӯлоб таъин шудааст. Акнун интизор меравад, ки ё роҳҳои Восеъро мисли дигар роҳҳои ҳамвор обод мекунад, ё осонтараш роҳҳои тамоми минтақаро мисли роҳҳои Восеъ мушкилгузар.

Ба ҳар ҳол умедворем, ки роҳи Восеъ, ки роҳи байналмилалӣ низ дониста мешавад, таъмир мешавад ва шикояту шикваи ронандаҳо аз роҳсозон кам мешавад.

Эраҷ Давлатов, сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97