Раисӣ, хидмат кардан ба мардум аст

Иҷтимоъ 18.12.2011 20:22

Ширговад деҳаи зебоманзари ман

VAnji_rurganjДеҳаи Ширговади ноҳияи Ванҷ ба назари банда аз дигар деҳот дида, зеботар аст. Мавқеъи ҷойгиршавии он низ хеле мувофиқ аст. Замини ҳамвор ва табиати зебо низ дорад, хусусан дар тобистон бо ҳамон дарахтони бузурги чормағз зебоии он дучанд ба назар мерасад. Рӯдхонае обаш софу ҳамчун шир сафед аз васати деҳа мегузарад, ки бешак ҳар бинандае мафтуни он хоҳад шуд. Ҳатто дар баҳору тобистон, ки аксари рӯдхонаҳои дигари деҳоти ноҳия хоколуд мешаванд, ин рӯдхона софу беғаш боқӣ мемонад. Васфи ин деҳа ва таъкид рӯйи он на барои он аст, ки он ҷо зода шудааму баробари ҷон дӯсташ медорам, балки ба хотири он аст, ки аз ин ҷо назар ба ҳар куҷое аз Тоҷикистони азиз шинохти амиқтаре дорам. Ва фикр кардам, ки агар ҳар кадоме аз мо ислоҳотро аз худ ва аз хонаи худу деҳи худ шурӯъ кунем, мушкилоти Ватани бузургу азиз камтар мешаваду мардумонаш сарбаланд.

Аз иштибоҳоти Шуравӣ панд нагирифтем

Намедонам чаро, вале дар замони Шуравӣ ҳам, ки «даврони тантанаи адолату ростӣ» васфаш менамуданд, нисбат ба мардуми ин деҳа ноадолатию бепарвоӣ раво буд (Ва шояд ҳам на танҳо ба деҳаи ман). Чунин ба назар мерасид, ки ба ин мардум ҳамчун ба бегонаю ғайр бархӯрд менамуданд. Ва мутаассифона ҳоло ҳам чунин ноадолатиҳоро, ки одатан ҳамон таҳсилкардаҳои замони Шуравӣ раёсати умури маҳалҳоро ба уҳда доранд, идома медиҳанд. Дар ҳамон замони Шуравӣ ҳам кам ба назар мерасид, ононеро, ки раёсати умури мардумро ба уҳда доштанд, барои ноуҳдабароӣ ба ҷавобгарӣ бикашанд. Онҳоро ё аз вазифа мегирифтанд, ё ба вазифаи дигаре мегузаронданд. Ин тарзи бархӯрд ба он оварда мерасонд, ки онҳо дигар масъулият ҳис намекарданд ва ҳамин беморӣ ҳоло ҳам даво наёфтааст. Ва аксар онҳоеро раиси маҳаллаю ҷамоъат ва раҳбари мактабҳо интихоб менамуданд, ки саводи андаке доштанд ва мутаассифона ҳамин тарзи таъину интихоби кадрҳо дар маҳалҳо то ҳанӯз побарҷост ва ин равиши номатлуб идома дорад. Умури раҳбарии деҳоту ҷамоъат ва мактабҳоро бояд ба афроди лоиқ супурд, ки фаҳмиши хуби сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ дошта бошанд. Ҳоло ба назар мерасад, афродеро низ ба умури раҳбарии деҳа интихоб менамоянд, ки на танҳо аз доштани таҳсилоти олӣ маҳруманд, балки ҳатто мактаби миёнаро ба «зӯр» ба итмом расонидаанд. Пас ин гуна афрод чӣ гуна метавонанд ба мушкилоти мардум расидагӣ кунанд? Суоле ин ҷо ба миён меояд, ки ин корро бояд кӣ назорат бубарад? Ба ин ҳама беназмӣ киро бояд гунаҳкор донист? Раиси маҳаллоту ҷамоъатро кӣ интихоб, аниқтараш таъин мекунад? Натиҷаи ин ҳама мушкилот маҳз ҳамин тарзи нодурусти таъинот аст. Чун он замон ва ҳоло ҳам барои бино кардани иншооти маъмурие ё дигар корҳои ниёзи мардум ҳатман аз ҳамон деҳа шахси соҳиби обрӯ ё мансабдоре лозим буд, вагарна дар сурати ғайр на танҳо иншооте намесохтанд, балки сади роҳи пиёдашавии баъзе нақшаву иқдомоти хубе ҳам мешуданд. Як маризии бедавое моро солҳост, ки ранҷ медиҳад, инро дар истилоҳ «непотизм» мегӯянд. Агар чунин намебуд, чаро дар деҳае, ки аз дигар деҳаҳо зеботару мавқеъи ҷойгиршавии он мувофиқтар аст, ҳадди ақал як идораи маъмурие сохта нашуд?! Дар сурате ки дар деҳае, ки рӯ ба рӯйи деҳи мо ҷойгир шудааст ва он қадар замини ҳамворею мавқеъи мувофиқе ҳам надорад, тамоми идораҳои маъмурӣ сохта шудаанд ва ҳоло ҳам сохтмонҳо идома доранд. Агар касе дида бошад, худ қазоват кунад, ки дар қиёс байни ин деҳаҳо қариб тафовут байни шаҳру русто аст. Ин ҳама нишонгари он аст, ки аксар афроди масъул ба мардуми маҳал аз дидгоҳи хешпарастӣ, қавмгароӣ ва маҳал назар менамуданд ва ҳоло ҳам чунин падидаи нохубро давом медиҳанд.

Ҳисоботҳои бардурӯғ сабаби шикасти Шуравӣ

Хуб акнун, ки Шуравии абарқудрат барҳам хӯрду замона дигар шуд, моро мебояд, ки андешаҳоро низ дигар кунем. Огоҳ бояд буд, ин асре нест, ки бо он афкори шахшудаю мағзҳои сабук ҳамқадамаш бошем. Ин аср асри андешаю тафаккур аст. Асрест, ки ба суръати ниҳоят тез пешрафт дорад ва ниҳоят андешаҳои жарфтар, дониши васеъ ва замонавӣ ва диди тоза моро мебояд. Бо он гузоришҳои бардурӯғи мисли замони Шуравӣ, ки раисони ноҳияю колхозҳо медоданд, дигар намешавад мардумро гӯл зад. Ҳар чизро бояд аз назари воқеъӣ баҳогузорӣ кард. Мутаассифона мо на танҳо дигар нашудем, балки ин беморӣ дар мо бештар шиддат гирифта ва решаи дардаш амиқтар гаштааст.

Бепарвофалакии масъулон сарҳоро бе соя кардааст

Нуктае дигар, ки зикраш зарур аст, нишондани дарахт ва парвариши боғҳост. Касе дар куҳистон зиндагӣ карда бошад, ин нуқтаро хубтар дарк мекунад, бахусус аҳамияти ҷангалзорҳоро. Имрӯз қариб, ки дигар дар деҳаи мо ҷангалзор вуҷуд надорад. Аз бепарвоии масъулин об тамоми ин ҷангалзорҳоро шуста бурд. Тамоми корҳои мардуми деҳот сар аз пухтани ғизову нон ва гузарондани зимистонҳои ниҳоят сард, ки қариб шаш моҳро дар ин мавзеҳо дар бар мегирад, ҳама ба василаи ҳамин ҳезум аст, инро ҳама медонанд. Чун ин ҷо барқу газ мавҷуд нест. Ва билохира мардум маҷбур мешаванд, ки дарахтони мевадиҳандаро ҳамчун сӯзишворӣ истифода намоянд. Ин на танҳо ба иқтисоди мардум таъсири ниҳоят манфӣ мерасонад, ки аслан зиндагии мардуми деҳот аз ҳисоби меваи ҳамин дарахтон аст, балки он ба муҳити зист таъсири манфӣ дорад. Аз ин лиҳоз масъулинро мебоист сари ин нуктаи муҳим боре андеша мекарданд. Ин ҷо дарёчае мавҷуд аст, ки барои сохтани ниругоҳи хурди обӣ ниҳоят мувофиқ аст. Чаро масъулини ноҳияву вилоят раво надиданд, ки ниругоҳи обии хурде дар ин деҳа сохта шавад? Дар ҳоле ки як ниругоҳ дар дарёи хоколуде, ки дар тирамоҳу зимистон қариб, ки обаш хушк мешавад, бунёд шудааст. Агар ин ниругоҳ дар рӯди деҳаи мо сохта мешуд, шояд чанд рустои дигар низ соҳиби нируи барқ мегардид.

«Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ»

Тобистони имсол гармтар омад. Дарёи Ванҷоб, ки аз васати деҳаҳо мегузарад, ба сабаби зиёдии об маҷрояшро дигар карда, чанде заминҳои мардум, ҷангал ва маконеро, ки ҷавонони деҳа бегоҳирӯзӣ ба варзиш машғул мешуданд, шуста бурд. Ва ниҳоят роҳи мошингардро низ об зер намуд. Барои ҳар фарди соҳибақл маълум аст, ки ҳаёти мардуми деҳотро бе зироату чорподорӣ тасаввур карда намешавад. Ин табиист, ки зироаткориро дар замин анҷом медиҳанд. Мардум маҳз барои замин деҳотро ихтиёр намудаанд. Зиндагӣ дар деҳот бидуни замин ҳеҷ имкон ва маънӣ надорад. Ин ҳам дар сурате, ки ҷомеъаи ҷаҳониро буҳрони амиқи озуқаворӣ фаро гирифтааст ва сафи бекорӣ ниҳоят афзудааст, моро зарур аст, ки ҳар як порча заминро самаранок истифода намоем. Ба замми он хисороте, ки обхезӣ ба мардум оварду аз замин маҳрумашон сохт, масъулин илоҷи кушодани роҳи мошингардро боз ба василаи чанд порча замини киште, ки буд, диданд. Шояд дигар илоҷе набуд, вале акнун бояд аз ҳоли ҳозир андешаи тобистони ояндаро намуд. Варна эҳтимол аст, ки аз ин заминҳо ва роҳи мошингард низ маҳрум шавем. Ҳама медонанд, ки обхезию заминҷунбию дигар офатҳо ҳодисаи табиат, хости Худо ҳастанд. Аз мо дида ҳодисаҳои табиии даҳшатборе дар мамолики дигари ҷаҳон низ рӯй медиҳад, вале дар он ҷо як чизро оқибатҳои бартарафсозии ҳодисаҳои табиат мегӯянд. Тобистон албатта имкони бастани роҳи маҷрои об набуд. Вале тирамоҳ омаду маҷрои об паст шуд, бояд аз ин имкон, ки ҳамагӣ ду моҳ аст, истифода менамудем ва дар пайи сохтани садд мешудем, чунки дар зимистони ноҳия ҳама медонанд, ки коре карда намешавад. Шояд баҳонае, ки пайдо шавад, ин бошад, ки маблағ нест. Чанд сол қабл об низ ба деҳае, ки дар рӯ ба рӯйи деҳи мо воқеъ аст, чунин хисорот ворид намуд, аз куҷое маблағ пайдо шуд ва садди обро бастанд. Аз чӣ бошад, ки боз барои пайдо намудани маблағ ва сохтани садд дар деҳаи Ширговад дубора мушкил пеш меояд? Сабаби зери об мондани ин заминҳо аз ноогаҳӣ ва бе масъулиятона сохтани маҳз ҳамин садде шуд, ки чанд сол пеш дар деҳи рӯ ба рӯйи мо сохтаанд. Ин гуна саддҳоро бояд афроди дорои маълумоти хуби муҳандисӣ дошта тарҳрезӣ менамуданд. Онҳо бояд вақти сохтани садд оқибатҳои онро ба назар мегирифтанд. Чун инсони оқил кореро агар анҷом доданӣ шавад, оқибати онро низ андеша менамояд. Зеро ин бори якум нест, чанд сол пеш онҳо низ чунин садде сохтанд, ки сабаби зери об мондани чандин гектар ҷангалзор шуда буд.Тақозо мешавад, онҳое, ки тарҳи чунин саддҳоро бемасъулиятона роҳандозӣ намудаанд, бозпурсӣ шаванд.

Раисӣ, хидмат кардан ба мардум аст!

Масъулин ва ба хусус раиси ноҳия бояд бидонанд, ки раиси ҷумҳур онҳоро барои он барои мардум раҳбар таъин намудааст, то пайваста аз ҳоли мардум бохабар бошанд ва дар роҳи ҳалли мушкилоти халқ чораҳо биандешанд. Вазифаи ҳама масуълин бароварда кардани хостаҳои мардум аст, варна дар сурати ғайр дигар барои кадом рисолате раёсати мардумро ба уҳда гирифтаанд?      

Ҷамшеди Қувват

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97