Бо 65 ҳазор $ -и Бонки ҷаҳонӣ мактаб сохта нашуд, оё бо пули мардуми камбизоат мешавад?!

Иҷтимоъ 12.12.2011 11:00

MaktabbbЧанде қабл як сокини деҳаи Куктоши ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки нахост дар матлаб аз ӯ ном бубарем, ба идораи нашрияи «Миллат» тамос гирифт ва аз мушкилоти фаровони таълиму таҳсили мактаби деҳаи мазкур гила кард. Ба гуфтаи ин сокини деҳаи Куктош, мактаби № 9-и ҷамоат аз «бом то фарш» мушкил дорад. Ва аз идораи рӯзнома хоҳиш кард, то ин мушкилотро мавриди таҳқиқ қарор бидиҳем.

Бо ҳадафи санҷиши ҳақиқати ин шикоят ва таҳқиқи мушкилоти мавҷуд дар мактаби мазкур хабарнигорони нашрия ба ин деҳа сафар карданд.

Занги аввал

1. 12. 2011, 14-30. Ҳанӯз аз худрави кироя (таксӣ) пиёда нашуда, суҳбат атрофи мушкили мактаб шурӯъ мешавад. Ронанда бо ишора ба майдони варзишӣ мегӯяд, он бояд васеъ карда шавад, зеро он хеле танг аст. «Мо пешниҳод кардем, ки биёед, мо худамон онро васеъ мекунем, то калонсолон дар фурсатҳои баъд аз соати дарсӣ низ битавонанд аз ин ҷо барои бозиҳои варзишӣ истифода кунанд. Қаблан розӣ набуданд, вале ҳоло ки сарвари мактаб ба тозагӣ таъин шудааст, ваъда кард, ки майдонро васеъ мекунад», - гуфт ронанда.

Чун аз дари бинои мактаб ворид мешудем, садои зангӯла (на занге, ки тавассути нируи барқ ба кор андохта мешавад), аз анҷоми соати навбатии дарсии басти дуввум дарак дод.

Сарвари мактаб аз мушкилот мегӯяд

Ғайратшо Ҳусейнов, сарвари мактаби мазкур мегӯяд, аз 2 моҳ инҷониб ин вазифаро ба душ гирифтааст. Ба иттилои вай, дар ин мактаб 622 хонанда, асосан то синфи 9 таҳсил мекунанд. Дарсҳо бо 2 забон; тоҷикӣ ва узбакӣ аст. Дар 13 синфхона 18 синфи тоҷикӣ ва 8 синфи узбакӣ дар 2 баст таҳсил доранд. Аслан мактаб дар ин деҳа дар соли 1938 бунёд шудааст, аммо бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2000-ум 13 синфхонаи нав дар пайи мактаби куҳна сохта шуд.

Инҷост ки як-як мушкили мактабро номбар мекунад: «Ин 13 синфхона аввал ин ки хеле хурд сохта шудаст, дуввум ин ки хеле кам аст. То он ҳад хурд сохта шудаанд, ки фосилаи мизи хонандагон то тахтаи синф ҳамагӣ 1 метр аст. Ин ҳолат ба саломатии кӯдакон зарар мерасонад. Ҳадди ақал фосилаи тахтаи синф то сафи мизҳои пеш бояд 3 метр бошад. Дар баъзе синфхонаҳо хонандагон паҳлӯи чап ва ё паҳлӯи рост ҷониби тахтаи синф нишастаанд, ки метавонад ба каҷ шудани чашми кӯдак боис бишавад. Дар баъзе синфхонаҳо бештар аз 30 хонанда таҳсил мекунад, ки бешак як омӯзгор наметавонад дар мудати 45 дақиқа ба ҳамаи бачаҳо мавзӯъро бифаҳмонад. Аз ин сабаб бисёрии онҳо камсавод мемонанд.

Бо сабаби он ки синфхонаҳои мо кам аст, аз пазироии синфҳои 10 ва 11 оҷизем. Маҷбур шудем, ки онҳоро ба мактабҳои дигар, аз ҷумла ба маркази ноҳия ва ҳамсоядеҳа бифиристем. Муаллимони кимиё, физик, биология ва забони русӣ намерасанд. Ба ҳар қимате бояд чанд синфхонаи иловагӣ бисозем. Таҳкурсии 4 синфхона дар соли 2009 аз тариқи ҳашари мардумӣ рехта шудааст, ки ният дорем, онро ба итмом бирасонем. Вале ин ҳам роҳи ҳали муваққатист. Рӯз аз рӯз шумори сокинони деҳа меафзояд. Бояд як мактаби бузурги дорои ҳадди ақал 20 синфхона бунёд шавад».

Таърихи таҳкурсии 4 синфхона

Аммо нафаре, ки мехост мо мушкилоти деҳаи онҳоро ба баррасӣ бигирем, мегуфт, ки бо маблағи Бонки ҷаҳонӣ ин мактаб мебоист дар соли 2000-ум 2 ошёна сохта мешуд. Пойдевори он гувоҳ аст, ки тарҳи мактаб 2 ошёна аст. Зеро пойдевор хеле паҳну мустаҳкам рехта шудааст. Вале дар суҳбат бо мо директори мактаб дар ин бора изҳори беиттилоӣ кард ва ҳамчунин гуфт, ки ҳуҷҷату асноди лозимаро дар ихтиёр надорад. Ба ин далел дақиқ кардан душвор аст, ки он бояд чи тавр сохта мешуд. Аммо ба ҳар ҳол ҳанӯз муддати тӯлоние аз амалисозии ин тарҳ нагузаштаву ниёз ба синфхонаҳои иловагӣ пайдо шудааст. Бо машварату маслиҳати зиёде сокинони деҳа розӣ шудаанд, то таҳкурсии 4 синфхонаро дар соли 2009 ба тариқи ҳашар ва бо маблағи худ бирезанд. Сохтмон бо ҳамин ба охир расид, чун маблағи ҷамъоварда нокифоя буд.

Ахиран директори тозатаъини мактаб чанде аз аъзои «Кумитаи падару модарон»-ро ҷамъ оварда, иброз доштааст, ки бунёди синфхонаҳо бо маблағи сокинон дубора ба роҳ монда шавад.  

Директори макаб дар суҳбат бо хабарнигорони мо гуфт, дигар роҳи ҳал надоранд, зеро мактаби онҳо ҳамагӣ 10 сол пеш бунёд шудааст ва бе чуну чаро Вазорати маориф дар солҳои наздик аз нав барои онҳо маблағ ҷудо нахоҳад кард. Аз ин рӯ ягона роҳи ҳал «даст ба ҷайби» сокинон задан аст. Ҳарчанд ҳоло ин пешниҳод ба мардум ироа нашудааст, аммо масъулони мактаб ба Шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ гузориш додаанд, ки «синфхонаҳои иловагии мактаб аз ҳисоби ҳашар бунёд мешавад». Дар ин бора баъдан бармегардем, вале ҳоло он чиро, ки дар ҳуҷраи кории директори мактаб ба мо гуфтанд, ба поин бирасонем.

Директори мактаб мегӯяд, дар маҷмӯъ барои пурра омода кардани 4 синфхона ба 76 ҳазор сомонӣ ниёз буд. Дар соли ҷорӣ бо маблағи 14 ҳазор сомонӣ шифер ва тахта барои ин синфхонаҳо аз ҳисоби «сметаи мактаб» харида шудааст. Ҳамчунин дар назар аст, ки аз ҳисоби «сметаи» соли оянда низ дар ҳудуди ҳамин миқдор маблағ барои сохтмон ҷудо гардад. 48 ҳазор сомонии боқимонда бояд аз сокинони деҳа ҷамъоварӣ шавад. Ғайратшо Ҳусейнов гуфт, ки дар рӯзҳои наздик механизми пулҷамъкунӣ омода мешавад ва зимни як маҷлиси васеъ дар ҳузури ҳамаи сокинони деҳа ироа мегардад.

Раисон ҷонибдори пулҷамъкунӣ?

Раиси шӯрои деҳаи Куктош Абдумуъмин Юсупов дар суҳбат бо «Миллат» иброз дошт, ки дар мактаби мазкур кӯдакони 2 деҳа таълим мегиранд. Деҳаи Куктош ва деҳаи «8-уми Март», ки аввалӣ дорои 300 ва дуввумӣ дорои 120 хоҷагӣ аст. «Мо ният доштем, ки то ҷашни 20- солагии Истиқлол синфхонаҳои иловагиро бунёд кунем. Вале бо сабаби фавти директори қаблӣ натавонистем. Ҳоло ният дорем, ки хона ба хона пул ҷамъ кунем ва аз оғози моҳи марти соли оянда сохтмонро шурӯъ намоем. Ин маъракаи ихтиёрӣ аст, кадоме мехоҳад 200 сомонӣ медиҳад, кадоме мехоҳад 50 сомонӣ. Маҷбурӣ нест. Медонем, ки нафарони камбағал дар ҷамъияти мо хеле зиёданд», - меафзояд А. Юсупов.

Аммо Маҳмадҷонов Муҳсинҷон, раиси Кумитаи падару модарон мегӯяд, бовар надорад, ки бо пули ҷайби мардум биноҳои мактаб ба пуррагӣ сохта мешавад. Ба ҳангоми тазаккури зарурати бунёди синфхонаҳои иловагӣ вай ҳамчунин гуфт: «Намедонам аз куҷо пул дастрас кунем. Инҷо танҳо масъалаи синфхонаҳо нест. Ошхонаву майдони варзишӣ ҳам бояд сохта шавад».  

Сокинон: «Агар маҷбур кунанд…»

Аз баски, тавре дар боло ишора шуд, ҳоло ин хабар ба таври расмӣ ба мардум расонида нашудааст, мо нахостем назари сокинони деҳаи Куктошро дар ин маврид бифаҳмем ва «пеш аз пода чанг» биандозем. Аммо вақте аз деҳа ба самти маркази ноҳия мерафтем, боз ҳам дохили худрави кироя, шоҳиди он шудем, ки мардум аллакай дар ин маврид огаҳӣ доранд. Ронандаи худрав мегуфт, бо ин шуғлаш ғизои зану фарзандонашро бо каму кост таҳия мекунад. «Аслан маблағи зиёдатӣ надорам, ки дар сохтмони синфхонаҳо бидиҳам, вале агар маҷбур созанд, шояд аз ягонҷо қарз кунам», - афзуд ронанда. Як зани дигар, ки дохили худрав буд, ба суҳбат ҳамроҳ шуд ва изҳор дошт, ки агар ҳамаи ҳамсояҳояш маблағро бипардозанд, ӯ ҳам маҷбур аст, ки як миқдор маблағ пардозад. «Ҳоло бо шавҳарам, ки дар Русия аст, маслиҳат кардем. Шавҳарам гуфт, пули зиёдатӣ надорад», - изҳор дошт ӯ.

Шӯъбаи маориф: Дар ноҳияи мо мактабҳои аз ин ҳам бадтар ҳаст

Барои дақиқ кардани арқому овозаҳои зикр шуда ва ҳам барои фаҳмидани он ки чаро мактаби № 9- и деҳаи Куктош бояд аз ҷайби сокинон сохта шавад, ба Шӯъбаи маорифи ноҳия сар задем.

Шамсулло Абдуллоев, сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, танҳо мактаби №9-и ноҳия нест, ки ин ҳама мушкилотро дорад. Вай афзуд: «Дар қаламрави ноҳия мактабҳое фаъолият мекунанд, ки дар ҳоли хеле хароб қарор доранд. Дар баъзе мактабҳо мактаббачаҳо дар роҳрав таҳсил мекунанд. Дар бисёр мактабҳои ноҳия норасоии синфхонаҳову мизу курсиҳо дида мешавад».

Ба гуфтаи вай, ин мушкилот бо сабаби афзоиш ёфтани шумораи аҳолии ноҳияи Рӯдакӣ дар солҳои наздик боз ҳам дучанд мегардад. «Зеро, мегӯяд Ш. Абдуллоев,- куҳу даштҳои ноҳия ҳама хона шудааст». Вай мегӯяд, аз ҳар васила кор мегиранд, то қадре ин мушкилиҳоро кам намоянд. Дар ин замина истифода аз маблағи сокинон истисно нест. Ба гуфтаи вай, аз мактаби №9 гузориш шудааст, ки бунёди 4 синфхонаи иловагӣ аз тариқи ҳашар ва бо кумаки молии сокинон бунёд мегардад.

Директор: «Синфхонаҳо бояд сохта шавад»

Ба гуфтаи директори мактаби рақами № 9 синфхонаҳои иловагӣ бояд то оғози соли таҳсили 2012-2013, яъне то моҳи сентябри соли 2012 сохта шаванд. Аз Вазорати маориф супориш шудааст, ки барои гузаштан ба низоми таҳсили 12 сола дар соли нави таҳсил кӯдакони 6 сола ба мактаб ҷалб гарданд. «Агар ин синфхонаҳо бунёд нашаванд ё аз баҳри ҷалби кӯдакони 6 сола мегузарем ва ё маҷбур мешавем, ки як қисми хонандагони синфҳои болоиро барои идомаи таҳсил ба дигар мактабҳо бифиристем. Бе ин ҳам хонандагони синфҳои 10-11 дар мактабҳои ҳамсоя таҳсил доранд», - меафзояд раҳбари мактаб.

Занги охир

Мушкилоти фаровон дар яке аз бузургтарин ва наздиктарин ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ; ноҳияи Рӯдакӣ суолоти бешумореро халқ мекунад.

Вазорати маориф қасд дорад, низоми таҳсили 12 соларо ҷорӣ бисозад, аммо мактабҳои атрофи пойтахт ҳанӯз хонандагони то синфи 9-ро наметавонанд бо мизу курсиву синфхонаву омӯзгор таъмин намоянд. Ҳоло аз дурдасттарин деҳи камаҳолии кишвар бигзарем. Дар ҳоле ки хонандагон барои идомаи таҳсил дар синфҳои 10 – 11 маҷбуранд масофаҳои тӯлониро тай кунанд, Вазорат чӣ мушкилотро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст? Магар фароҳамсозии ҷойи нишаст барои хонандагон, ҷалби устодон аз тамоми фанҳои барномаи дарсӣ ва китобҳои дарсӣ вазифаи №1 барои ин вазоратхона нест?

«Кумитаи падару модарон» дуруст аст, ки як ниҳоди ёрирасон бояд дар раванди таълиму тарбият бо маориф ҳамкор бошад, аммо ин ки ин «Кумитаи падару модарон» қисмате аъзаме аз харҷи мактабро бипардозад ба чӣ маънист? Магар ҳамаи ин падару модарон аз ҷумлаи қишри дорои кишвар ҳастанд? Онҳо дар кадом корхонаи азими кишвар кор мекунанд, ки тавоноии бунёди мактабро дошта бошанд? Он маблағе, ки ба фонди иҷтимоӣ ҳар моҳ аз сӯйи хеле аз ин падару модарон пардохта мешавад, дар куҷо сарф мешавад? Хуб аст, ки Вазорати маориф миёни фаъолиятҳои худ ва «Кумитаи падару модарон» (беҳтараш «Кумитаи волидайн») фарқ бигузорад ва бештари масъулиятҳоро бар уҳдаи хеш бигирад. Вагарна бо бештар масъул шудани «Кумитаи падару модарон» мумкин аст, фаъолияти Вазорати маориф зери суол қарор бигирад.

Ба ҳар сурат мактабсозӣ (дар қадим масҷидсозӣ- зеро бо сабаби набудани мадраса маҳз мардум аз масҷид савод меомӯхтанд) ба тариқи «ҳашар» аз одоти қадима ва боифтихори мардуми мост, аммо агар он довталабона бошад. Аммо чунин ба назар мерасад, ки агарчӣ мардум хоҳиши бунёдкорӣ дошта бошанд ҳам, дасткутоҳӣ имкон намедиҳад. Аз ин рӯ хуб аст, ки мактабҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ сохта шаванд. Дастдарозӣ ба «ҷайб»-и бе ин ҳам тиҳии мардум нишонаи заъифист, на ифтихор.

Ёқуби Саид, Фирдавси Рустам

P.S. «Ҳашар» аз нигоҳи коршинос:

Ҳоҷи Муҳаммад Умаров

Аз назари таҷрибаи ҷаҳонӣ ва аз назари ин ки мардуми Тоҷикистон камбағал аст (он рақамҳое, ки дар мавриди сатҳи камбизоатии мардум мегӯянд, ба ҳақиқат рост намеояд), ин амалиёт як амалиёти соф сабукфикрона аст ва алайҳи манфиатҳои мардум равона шудааст. Бояд сохтмони мактаб, таъмин бо ҷиҳоз ва дигар масрафоти он аз ҳисоби буҷаи давлат ва аз ҳисоби ёрии байналмилалӣ амалӣ гардад.

Ҳама гап дар он аст, ки қисми аксари мардум рӯйи рост фикрашро намегӯяд. Шаффофияте ҳам вуҷуд надорад ва мардум ҳам намедонад, он пуле ки медиҳад, воқеан барои сохтмони мактаб масраф мешавад ё дигар. Инро ҳам намедонанд, ки вақте чунин корҳои ҷамъиятӣ рӯй медиҳад бояд як гуруҳе аз байни фаъолони ҷамъият ташкил шавад ва онҳо тавонанд, ки тамоми масрафотро таҳти назорат бигиранд. Масалан, то имрӯз дар бораи васолие, ки барои сохтмони ниругоҳи «Роғун» ҷамъоварӣ шуд, ба куҷо рафт, чӣ шуд, ягон шаффофият вуҷуд надорад.

Ҳамон гуруҳе ки мардум хостааст бояд ба мардум иттилои дуруст бидиҳад.

Мактабсозӣ иқдоми шоиста аст, аммо аз ҳисоби мардуми камбағалу бечора зишт аст.

Агар васоити буҷаро ба назар гиранд, бояд авлавият дар тақсими васоили буҷа ба маориф ва ҳифзи саломатии мардум дода шавад. Барои сохтани синфхонаҳо ва барои сохтани клиникаҳо бояд ҳамеша дар буҷа васоил вуҷуд дошта бошад. Агар ин тавр набошад, барои чӣ ҳар сол вазири молия бо як ғурури хеле зиёд мегӯяд, ки буҷаи мо аз хароҷот барзиёд аст?! Ин тавр буҷет лозим нест. Агар ҳамон хароҷотҳои барзиёдро истифода мебурданд, ин мактабҳо ҳамааш сохта мешуд.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97