1 миллион тоҷики гаравгон ва 1 миллион мушкилоти миллӣ

Иҷтимоъ 06.12.2011 09:54

Kollagi_Muhojironi_kushtashuDAҲадафҳои оянда қурбонӣ металабанд. Ё дар рӯ ба рӯи хатарҳо бо зону мезанем? Мисли манқурту асолатбохтаҳо муттаҳами абарқудратҳо шуда, мунтазир мешавем, ки кай ҳар нафари моро осон сар мебуранду месӯзанду мекушанд. Мисли Салоҳиддин Азизову ҳамакнун ҳамдеҳаи ӯ Бахтиёр Расулов, ки дирӯз хабари шуми сар буриданашу оташ задани ҷасади ӯ ба Тоҷикистон расид. Расонаҳо иттилоъ додаанд, ки дар таърихи 25-уми ноябр боз як ҳамватани мо Зокир Қурбонов низ дар шаҳри Маскав бар асари захми корд ба ҳалокат расид. Хабари қатли Зайнулло Камолов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румиро ҳаминак шунидам, ки баъди 58 рӯзи аз мурдахонаи Челябинск ба мазори муҳоҷирон дафн кардан, ба Тоҷикистон оварданд. Агар аз рӯйхати шаҳидони Ватан, ки ба хотири дарёфти нон дар ғарибиҳо ба шаҳодат расидаанд, "девори шаҳидон" бисозем, тасаввур мекунед, ки ин девор чанд метр баланд мешавад?

Аввал гиребони худ бибӯем…

Бузургони мо овардаанд, ки бартараф кардани ҳамагуна мушкилу балоҳои бар сари ҷамъият омада, роҳи ҳал доранд, агар ҳар узви ҷомеа дар он камбудиҳои худро кашф ва ҳаллу фасл карда тавонад. Дар ҳамин қазияи муҳоҷирон то андозае мо ҳамватанон ҳам сабабгор шудаем, ки боиси муҳоҷир шудани онҳо мешавем. Аз ин ва дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ натанҳо мардуми оддӣ азият мекашанд, балки оқибати он амнияти давлату осоиштагии ҷомеаро ҳам халалдор менамояд. Мо дар кадом вазъият қарор дорем(?), лозим ба ёдоварӣ нест. Дар ҳоли ҳозир фурсат ҳамин қадар аст, ки мо оҷилан дар андешаи решакан кардани иллатҳои дохилӣ ва камбудҳои хеш бошем, ки моро ба ин авҳол овардааст.

Аммо

Ҳифозату амнияти арзишҳои миллию давлатдорӣ ва марзу буми Ватан аз ҳар фарди ин сарзамин қурбониҳои гуногун мехоҳад.

Аз яке қурбонии нафси бад;

Аз дигаре қурбонии мансабу сарватҷамъкунӣ;

Аз саввумӣ қурбонии орзуву ҳавасҳои зиндагӣ;

Аз дигарон қурбонии нони даҳону ҳатто ҷони ҷавон!

Ҳадаф аз ҳамаи ин фидокориҳо наҷоти Ватан ва насли ояндаи миллат аз хатароти пешорӯе мебошад, ки нируҳои беруна болои сари мо таҳмил кардан мехоҳанд. Вақт исбот кард, ки баъзе кишварҳои пешрафта истиқлоли воқеии давлатии моро мисли дарди сар таҳаммул надоранд. Қазияи халабонҳо бори дигар собит сохт, ки рафта-рафта мушкили халқи оддӣ ҳоли ҳукуматдорон ва баръакс, иллату нуқсонҳои дар коргузории онҳо аҳволи мардумро ба танг хоҳад овард. Вақте иддае аз мансабдорон нисбат ба халқи оддӣ камтаваҷҷуҳу ҷамъе аз мардум марказгурез мешаванд, душмани дар берун камин гирифта, аз ин ҳолат муноқиша эҷод мекунанд. Чунин муодила дар мисоли Тоҷикистон низ истисно нест.

Имрӯз

Сабабгори асосии вобастагии мо аз кишварҳои абарқудрати дунё ҳамин масъалаи муҳоҷирон аст, ки онро ҳамчун нуқтаи заъфи мо бар муқобиламон дастак мекунанд. Акнун оддат шудааст, ки ҳар лаҳзае русҳо "пустинро чаппа пӯшанд", хатари депортатсияи муҳоҷирон моро таҳдид мекунад. То ба кай ба хотири ин мушкил мо пеши "шарикони стратегӣ" сар хам мекунем?! Тоҷикистон бояд дар андешаи рафъи ҳамин заъфи худ бошад. Вагарна мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба хотири муҳоҷирони кориамон тамоми шартҳои носолими қудратҳоро, ки теша бар пояи арзишҳои миллию давлатдории мо мезананд, қабул фармоем. Имрӯз фишори ғоибона ба ҳукми суди Конститутсионии мо эҳсос шуд, шояд пагоҳ нисбатамон амалеро раво хоҳанд дид, ки мухолифи сарқонуни кишварамон бошад. Ё вобастагии мо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ба он ҳам оварда мерасонад, ки дар оянда натанҳо қушунҳои ҳарбии худро дар кишвари мо ройгон нигоҳ медоранд, эҳтимол барои он аз буҷети давлатии мо маблағ ҳам талаб намоянд. Ман мутмаинам. Албатта ҳалли масоили муҳоҷирон бидуни Русия кори саҳл нест ва ҳатто то ҷое имконнопазир менамояд. Аммо наҷоти кишвар аз ин вобастагиҳо ҳамин як роҳ дорад, ҷобаҷогузории 1 миллион нафар нируи корие, ки дар сурати бозиҳои ояндаи сиёсӣ эҳтимоли баргардониданашон ба Ватан вуҷуд дорад. Пешгирӣ аз хатароти бекории оммавӣ дар Тоҷикистон дар якчанд соли оянда роҳи ҳал дорад ва бояд ҷомеаи мо дар андешаи он бошад. Вагарна мо як умр мутеъ мемонем. Мо дигар наметавонем, ки вобастаи як кишваре бошем, ки моро ба ҷузъ як ҷазираи мустамликаи худ набинад.

Воқеан дар ояндаи наздик Тоҷикистони моро як имтиҳони сангин интизор аст. Мо бояд ба рағми кишварҳои мухолиф пружаҳои стратегиамонро амалӣ намоем. Ё худ бехатарии амнияти давлатро мустақилона нигоҳ дорем. Аммо бо ин ҳол мо ҳадафҳои пешгирифтаамонро амалӣ карда наметавонем.

Барои пешрафти воқеӣ ва наҷот аз мустамликаи равонию молӣ мо ба як табаддулоти ҷадид ниёз дорем. Таҳаввулоти маданӣ-сиёсӣ, ки он тамоми нируҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷомеаи маданиро ба ҳам муттаҳид созад. Ин тактикаи сиёсӣ барои мо ошност, ки яккатозиҳои ҳизбу ҳаракатҳо ва парешонии ҷомеаи шаҳрвандии як кишвар оқибат ба як воситаи эҷоди муноқишаҳо бар зидди худи онҳо истифода бурда хоҳад шуд.

Хатари оппозитсияи нав ва зарурат ба тағйироти кадрӣ

Аз ин рӯ ҳукумати вақт барои муттаҳид сохтани нируҳои сиёии кишвар бояд барои ишғоли вазифаҳои калидӣ намояндагони тамоми аҳзоби сиёсиро ҷалб намояд. Ҳарчанд ҳизби ҳоким ғолиби интихоботи охири парлумонию ҳуқуқи соҳиб шудани тамоми вазифаҳои роҳбарикунандаро ҳам дошта бошад. Охир мо дар муқоиса ба хатароти хориҷӣ дигар ҳизби оппозитсионие надорем, ки ҳузури онҳо дар ҳукумат барои ҲХДТ ягон хатари бузургтар эҷод кунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қартаи нируҳои мухолифи ҳукумати мо муҳоҷирон ва мушкилоти иҷтимоии сокинони қатории кишвар аст. Аммо мушкилоти дохилии мо дар муҳити яккатозӣ ҳалли худро намеёбанд. Вақт инро исбот кард.

Рӯ ба мардум оваред!

Ин ки дар ду соли охир ҳукумат бо "ташаббус"-и кадрҳои ноуҳдабарои худ эътимоди мардумро каме аз даст додааст, сирри давлатӣ нест. Мисоле, ки мисли офтоб пинҳон доштанаш имкон надорад, ин ноуҳдабароии баъзе ҳокимони шаҳру навоҳӣ аз уҳдаи соддатарин супориши Ҳукумат бобати тақсимоти одилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ буд. Ин мавзӯро дар матлабе дигар ба тафсил шарҳ хоҳем дод.

Дар бобати муносибат бо мардум ҳамин нуктаро ёдрас кардан ҷоиз аст, ки бештари мансабдорон дар навоҳӣ бовар доранд, ки хомӯшии мардуму ҳамин гуна муҳити карахтию худкомагии онҳо ба дарозо идома мекунад. Аммо мардум аз ҷиҳати сиёсӣ андаке бедор шуда, дигар он лӯъбатаконе нестанд, ки танҳо раъйи онҳо аз интихобот то интихобот лозим шаваду дигар тамоми солҳо ҳаволаи тақдир бошанд. Албатта мардуми тоҷик алайҳи ноадолатиҳои замон эътирози хоси худро доранд. Ин эътироз, ки дар шакли сукуту канораҷӯӣ ё нисбат ба масъалаҳои давлатдорӣ гӯшро ба карӣ андохтани мардуми оддӣ аст, барои ҳокимияти иҷроия хатар дорад. Зеро дар мисоли кишварҳои ғарб эътирозҳои мардум хусусияти воқифгардонии ҳукумат аз вазъи ба амал омада унвон мешавад. Ва баъди ҳар эътирози мардумӣ ҳам оташи ғазаби мардум ором мешавад ва ҳам ба коргузории ҳукумат каме таъсир мерасонад. Аммо ин сукути мардуми мо бар алайҳи баъзе мардумгурезиҳои ҳокимиятҳои маҳаллӣ ба хайр нест.

Қурбонии кадрӣ

Агар ҳизби ҳоким дар масоили тағйироти кадрӣ дар музофот аз дигар меъёрҳои касбӣ кор нагирад, нуфузи сиёсии худро дар ояндаи наздик аз даст медиҳад. Хулоса дар бораи сиёсати кадрӣ ҳамин аст, ки бояд ба таври интихоботӣ баргузида шаванд ва ё лоақал ба 15-20% вазифаҳои роҳбарикунандаи аз сатҳи вазорат то ҷамоатҳои деҳот намояндагони дигар нируҳои сиёсии ҷомеа низ пешбарӣ шаванд. Барои ҳукумати вақт андаке қурбонии кадрӣ як омили асосии мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ мебошад. Зеро бар муқобили онки мо "Роғун"-ро сохтанӣ ҳастем, абарқудратҳо аз тамоми воситаҳои дохилии мо истифода мебаранд, то вазъи сиёсиро дар дохили кишвар халадор намоянд. Шояд аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба найрангҳои онҳо дода нашаванд, аммо аз парешонии ҳизбҳои сиёсӣ ва дар канор мондани онҳо аз ҳаллу муҳокимаи масъалаҳои давлатдорӣ суботи ҷомеа таъмин намешавад.

Парлумону ҲХДТ паноҳгоҳи "бегуноҳон"

Дар тамоми кишварҳои рӯ ба тараққӣ вақте камбудӣ ва ё иштибоҳи сиёсии вазир, вакил ва ё сардори сатҳи гуногуни ҳукумат ошкор мешавад, "қаҳрамон"-и мавзӯъ ихтиёран симати роҳбариро тарк мекунад, то латма ба нуфузи ҳизб ва ё ҳукумати вақт ворид нашавад. Дар Аврупо ҳатто вазире, ки ягон рафтори ғайриахлоқиаш ошкор мешавад, фавран аз вазифа истеъфо медиҳад. Аммо дар мо баръакс мешавад, ҳар вазиру сиёсатмадоре, ки "мелағжад", ба ҷойи он ки хотири коста нашудани нуфузи ҳизбу ҳукумати вақт ба истеъфо равад, баръакс дар паси парчами ҳизб пинҳон мешавад. Ин масъала яке аз мавзуҳои доғи ҳизби ҳоким ба шумор меравад. Ман дар қариб се панҷсола фаъолияти ҲХДТ боре нашунидаам, ки мансабдоре ва ё аъзои фаъоли ягон иштибоҳи ҷиддӣ содир кардааш, ба хотири нарехтани обрӯйи ҳизб аз он ихтиёран хориҷ шуда бошад. Баръакс мисолҳои зиёде дар ёд мондаанд, ки чӣ гуна баъзе хатокорони ҳизбӣ бо истифода аз ваколати депутатии худ ҳатто монеи кушодани парвандаи ҷиноятӣ нисбати худ шудаанд. Мутаассифона чунин аст, ки баъзе мансабдорон барои ҳизби худ хидмат намекунанд, балки ҳизбу ваколати вакилиро барои муҳофизати худ сипар мекунанд.

Аз Чин ёд бигиред!

Имрӯз дар сатҳи мақомотҳои маҳаллӣ даҳҳо, шояд даҳчанд нафароне дар вазифаҳои роҳбарӣ таъин шудаанд, ки сазовори чунин вазифаҳои хеш нестанд. Аммо онҳоеро, ки акнун дар кори худ таҷрибадор шудаанд, пасон мебояд нафсҳои худро қурбонӣ кунанд. Вақте чиниҳо дар чунин марҳаллаи муҳим қарор доштанд, ингуна таҷрибаҳо дар масъалаи давлатдории онҳо ба кор омад. Баъдан элитаи дар сари қудрат ҳузур доштаи Чин барои ҳифзи обрӯи ҳокимияти давлатӣ таваҷҷуҳи хоса дошт. Ин буд, ки дар тӯли солҳои 2000-2010-ум 10 ҳазор мансабдорони чинӣ бо ҷурми порахӯрӣ дар доираи қонун ба қатл расонида шуда, бештар аз 42 ҳазор кормандону хидматчиёни мақомоти давлатӣ ба муддати аз 10 то 20 сол равонаи зиндон шуданд. Ин теъдод собиқ кадрҳои боэътимод баъди адои муҳлати ҷазо ба минтақаи доғи Чин бадарға мешаванд. Имрӯз барои ҳар шаҳрванди Чин нигоҳ доштани шахсият аз ҳама дигар арзишҳои зиндагӣ боло меистад. Чаро дар мо не?

Кӣ худро барои Ватан қурбонӣ мекунад?

Хулоса, барои муҳофизати амнияти ҷомеа аз хатароти пешомад идеяи миллие лозим меояд, ки дар роҳи амалӣ гардидани он аз шаҳрванди қатории кишвар то раисону вазирон ва дигар табақаҳои "навбаромад"-и ҷомеа, мебояд аз баҳри ягон манфиату ғаразҳои худӣ гузашт кунанд. Ин роҳ қурбонӣ мехоҳад, аз яке қурбонии нафсҳои бади инсонӣ, аз дигаре гузаштан аз баҳри сарвату мансаб ва шояд аз бархе мардуми оддӣ қурбонии нони даҳону ҳатто ҷони ҷавон. Аммо кӣ омодагӣ дорад, ки барои ояндасозии ин миллат чизеро қурбонӣ кунад, суоли матраҳ аст.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97