Гесӯи тоҷик арзиш дораду ҷони ӯ не! Чаро?

Иҷтимоъ 03.12.2011 09:37

Дурӯғи зимистонӣ ва холабеғамии масъулон

roh_01Каме пештар омадани зимистони имсола бори дигар собит сохт, ки ҳама шиорзаниҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ аз "омодагиҳо ба давраи нави зимистонгузаронӣ" дурӯғе беш нестанд. Дурӯғи ин масъулинро шаҳрвандоне, ки дар роҳҳои кишвар зимни боридани барфи аввалину боронгариҳои рӯзҳои ахир кашидаанд, исбот мекунанд. Дурӯғе, ки арзиши ҷони ҳазорон нафарро дар пай дошт ва ё дошта метавонад.

Яке аз онҳое, ки ҳукуматҳои маҳаллиро метавонам дурӯғгӯй ва ноуҳдабарову холабеғам биномам, ман ҳастам, ки ин азоби дурӯғи онҳоро дар ҷони худ эҳсос кардам.

Тибқи иттилои расида тариқи расонаҳо мардум дар ағбаи Анзоб чанд дафъа беш аз 8 - 9 соат дар муҳосираи барфу яху тарма монданд, ки ба зудӣ мушкил аз тарафи кормандони роҳи ин минтақа бартараф шуд. Аммо дар баъзе аз манотиқи роҳҳои мошингарди кишвар аз камназарӣ ва ё беаҳамиятии кормандони ҳукуматҳои маҳаллии роҳ ва масъулини ҳолатҳои изтирорӣ ва дигар кормандони он мардум ночор дар чандин рӯз роҳбанд мондаву азобҳое кашидаанд. Банда, ки худ шоҳиди бевоситаи ин роҳбандиҳо дар масири шоҳроҳи Хоруғ- Душанбе дар таърихи 17- 20 ноябр будам ва чанде аз дидаҳоямро хостам рӯи коғаз бирезам.

Гулдара боз Девдара шуд, хабар надоред

roh_04Нахустин хабаре, ки рӯзи 17 ноябр дар маркази ноҳияи Ванҷ шунидем, ин буд, ки бар асари расидани санг мошини ГАЗ -53, ки дар болояш 12 нафар барои овардани ҳезум мерафтанд, чапа шуда, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Дар натиҷа 11 нафар тавонистанд, ки аз дарё бадар оянд ва як ҷавони бистсола то ҳанӯз бе ному нишон аст. Каме фаротар дар баромадгоҳи ноҳияи Ванҷ боз мошини "Сурф"- ро дидем, ки чапа шуда буд. Мусофири ин мошин, ки худро Хуршед муаррифӣ кард, гуфт, соатҳои 3- 4 -и шаб буд, ки балони мошини моро санг бурид ва дигар аз шаб то ҳоло дар сари роҳем ва ин ҷо телефонҳо кор намекунанд, ки касеро ҳам хабар бидиҳем, маҷбур шабро ларзида ин ҷо рӯз кардем. Ягон корманди роҳ ё масъуле дар роҳ нест, ки аз ҳоли мо хабар бигирад. Танҳо касе, ки аз ҳоли мо хабар мегираду нону об медиҳад, ҳамин ронандаҳоянд.

roh_05Дар зери борони сел ва роҳи пурсанг то ба охирин деҳаи ноҳияи Дарвоз-Зиғар расидем, вале дар ҳеч ҷой кадом масъули роҳро вонахӯрдем. Танҳо дар як мавзеъ роҳсозони иронӣ машғули кор буданду халос… Роҳҳо хароб гаштаву сангу куҳпораҳо чандин ҷойро хароб карда буд, ки дар баъзе ҷойҳо мошинҳои калон ба зӯр мегузаштанд. Дар Девдарае, ки имрӯз номи Гулдараро гирифтааст, селоба ҷорӣ буду куҳпорае уфтода ва як ними роҳро банд карда… Бо маслиҳати ронанда, ки Искандар ном дошт, шабро дар деҳаи Яхчисори Дарвоз, дар меҳмонхонаи Бобои Ҷамол рӯз кардем. Дар назди ин меҳмонхона мошини ҷипи тамғаи "Муссо" истода буд ва писари раҳматии бобои Ҷамол гуфт, ки ин аз як ронандаи ванҷӣ аст ва бар асари афтиши кӯҳпора бар болои муҳаррикаш тамоман аз кор баромадааст. "Худо дӯст дошту фақат мошинро расид, вагарна ун бечора ҳамроҳи зану фарзандонаш буд. Хайрият, ки дар болои кабин наафтод, вагарна ҳамаашон ҳалок мешуданд",- иброз дошт ӯ.

roh_02Санговҳо ва селобҳои мавзеъи Кишту Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод мушкилиест, ки 10 сол боз ҳал намешавад.

Нисфирӯзӣ ба ошхонаи Ёғук расидем, ки он ҷо пуропур аз мошину мусофирон буд. Як ронанда гуфт, ки мо аз соати 7- и бегоҳии дирӯз дар ҳамин ҷоем ва интизории тракторро дорем. Тавре хабар доданд, трактор дар маркази ноҳия будаасту барои овардани ӯ рафтаанд. Мо ҳам дар қатори дигар мусофирон дар интизори омадани трактор шабро саҳар кардем. Беш аз сад мошини калони боркаш дар ду тарафи ин сел раҳбанд монда ва ба ҳамаи онҳо дар як ошхона ҷойи хоб набуд. Инчунин дарак ёфтем, ки селоби мавзеъи Хирманҷо ҳам ҳамин ҳолро дорад ва мардуми зиёде дар он ҷо низ интизори тракторанд. Бори аввал буд, ки дар ин ҳолат афтода будам ва аз ронандае суол кардам, ки оё ин ҷо ҳама вақт ҳамин ҳол аст ва ё хайр? Гуфт, ки ҳар сол дар баҳору тирамоҳ ҳамин ҳолро дорем. Порсол дар моҳи апрел 14 рӯз раҳбанд мондем. Як мошини Камаз ва як ҷип дар сел ғарқ шуданд. Инчунин як донишҷӯй низ ин ҷо ҳалок шуд.

roh_03Дар посух ба пурсиши ман, ки оё ягон илоҷ надорад, гуфт, ки то болои ин селоб пул набанданд, ҳамин ҳол давом мекунад. Аксари ронандагон изҳор доштанд, ки омодаанд, то маблағу солярка диҳанду роҳро кушоянд, вале трактор бедарак буд. Мошинҳое, ки мева ва маҳсулоти хӯрданӣ доштанд, дар ташвиш буданд, ки агар ҳамин ҳолат давом кунад, тамоми маҳсулот вайрону талаф хоҳад шуд ва дар пеши соҳибони бор чӣ хоҳанд гуфт…

Масъулони бедарак ва пиразани тадбирҷӯй

Дар ин муддат касе аз масъулини роҳ ва ё дигар мақомоти зидахлро надидем, ки ба суроғи мардум биёяд. Ҳар кас ба ҳар шакле тавонист шабро рӯз кард. Мошинҳои мусофиркаше, ки "передок" доштанд, дигар умедро аз ҳукумат ва масъулин канда ҷони худу мусофиронро ба каф гирифта, яке паси дигаре аз ин сел мегузаштанд. Ду Камаз ва як мошини "Дулан"-и чинӣ низ хостанд аз селоб убур кунанд, вале дар дарё банд монданд. Хуллас, дар давоми ду рӯз мардум гаравгони ин ҳодисаи табиӣ монда буданд ва танҳо ягона такягоҳу умедашон Парвардигор буду дигар халос. Марду зан, тифлу барно пиёда аз ин сел мегузаштанд. Холаи Аслбибӣ, ки бо кумаки писараш аз ин сел мегузашт ва наворгирии бандаро дида, садо дар дод: "Бачам расм бгире ва баред нишон бтие, ин чӣ ҳолай, ма ай Фархор ба дидани додарм умадам. Ина як рӯз шид, ки дар ҳамин сел раҳбандам. Охир ягон илоҷша биёван!"

Ҳамин тавр, баъди ду рӯз ва пайдо кардани тракторист аз маркази Шӯрообод роҳ кушода шуд. Дар зарфи 20 дақиқа. Агар ягон навбатдор мебуд ва ин корро ду рӯз пеш мекард, шояд мушкил камтар мешуд. Пас суоли матраҳ ин аст, чаро дар чунин рӯзҳои боронӣ, ки ҳамасола селхезиҳо мешаванд, навбатдоре дар ин мавзеъот намемонанд?

Гесӯи як зан арзишманду ҷони хазорон нафар не….

Кор ба ҳадде мушкил набуд, ки мардум дар сармои шадид ду рӯз раҳбанд бишаванд, фақат касеро аз масъулин парвои мардум набуд, касе вазифаи бар дӯш доштаашро дуруст иҷро накард ва намекунад. Оё намешавад, ки дар лаҳзаҳои изтирорӣ як нафареро дар минтақаҳои хатарнок ва эҳтимоли сар задани чунин ҳаводиси нохуш масъул ва навбатдор бигузоранд? Мешавад, агар дар фикри халқ ва мардум бошанд.

Баъди азоби сафар ва халосӣ аз он муҳосираи иҷборӣ ба хона расидам, ки телевизиони Русия аз роҳбандии мошинҳои Русия дар сарҳади Гурҷистону Осетияи ҷанубӣ ҳарф мезад ва дидам дар пеши ронандагону мусофирони раҳбанд ошхонаҳои сайёр қатор буд ва аз аҳволи мусофирони 70 мошини боркаш ҳатто Сергей Шойгу, вазири ҳолатҳои изтирории Русия нороҳатӣ мекард, вале вазирони марбута ва масъулони мо он соат шояд хабар надоштанд, ки садҳо мошину мусофирон се рӯз дар мавзеъи Оби ниёви ноҳияи Шӯрообод раҳбанд, хору зор, бепушту паноҳ ва гушнаву бе ҷои хоб буданд.

Телевизионҳои мо на танҳо дар ин бора чизе намоиш надоданд, балки умуман ба ин гуна масоил ками дар кам таваҷҷуҳ мекунанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам ба ҳалли масоили минтақаи таҳти тобеъиятшон чандон диққат намекунанд, ҳатто намояндае ба ҳолпурсии мусофирон наомад. Аммо барои омода кардани дастаи ноҳияашон барои озмунҳое чун "Чакомаи гесӯ" ҳазор такудав мекунанд ва телевизионҳо ҳам онро "мардак барин" намоиш медиҳанд. Ин чӣ мантиқ аст, ки як инсонро гесӯяш арзиш дошта бошаду ҷонаш не? Ба ҳар ҳол вақти он расида, ки кам кам дар ғами ҷони мардум ҳам бошем. Шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷуз ришу гесӯву рӯсарӣ боз ҷон ҳам доранд… А, НЕ?

Аъзамшоҳи Қуқаншоҳ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97