Ҷӯгиҳо тоҷиканд ё ҳинду?

Иҷтимоъ 22.11.2011 09:08

LulibachahoБаъди 10 соли пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ иттифоқи мугад (ҷӯгиҳо) ҳам пароканда шуд. Зеро Мингбошӣ (сарвари ҳазора)-и онҳо ҳам аз дунё гузашту мардум худро ба лӯлию ҷӯгию авлоду сиганҳои бухороӣ ва дигар қавмҳо ҷудо карданд. Аммо асрори лӯлиҳо кашф нашуд.

Лӯлибачаҳо ҳам аз ҳисоби халқ дар Олмону Ландан мехонанд

Ин мардум дар ҷануби Тоҷикистон 100 сол қабл пайдо шуда, дар аввал мисли кӯчманчиҳо аз як ҷой ба ҷойи дигар макони сукунати худро иваз мекарданд. Дар ҷамоати деҳоти "Туғаланг"-и ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон маҳаллаҳои зисти онҳоро қабилаи ҷӯгиҳо ё лӯлиҳо ном мебаранд. Дар шаҳодатномаю шиносномаҳои замони шӯравии ҷӯгиҳо миллати онҳо лӯлӣ, тоҷик-сиган ва ҳатто тоҷику узбак навишта шудааст. Ба гуфтаи Абдураҳим Дӯстов, котиби ҷамоати деҳоти "Туғаланг"-и ноҳияи Ҷ. Румӣ то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ лӯлиҳои сокини ноҳияро тоҷик ба қайд мегирифтанд. Лӯлиҳое, ки аз Кӯлобу ҷумҳурии Узбакистон меомаданд, дар ҳуҷҷатҳои расмиашон миллаташон лӯлӣ навишта шуда буд. Аммо ин мардум даъво доранд, ки онҳоро на ҷӯгию лулӣ, балки мугад ном баранд. Ватани аслии мугадҳо Ҳиндустон буда, онҳо 400-500 сол қабл аз онҷо ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Ғарб муҳоҷир шудаанд. То охири солҳои 1980-ум иддае аз мугадҳои ноҳияи Ҷ. Румӣ машғули ҳунарҳои заргарӣ, табақтарошию сандуқсозӣ буданд. Қисми дигар аз ҳисоби талбандагӣ зиндагии хешро пеш мебурданд.

Аз ҳисоботи солҳои пешин бармеояд, ки дар ҷамоати деҳоти "Туғаланг" беш аз 1620 нафар лӯлӣ сукунат доштаанд. Аммо масъулини ҷамоати мазкур омори дақиқи нуфузи аҳолии лӯлиҳоро ба мо пешкаш карда натавонистанд. Ҳамин рақам мушаххас аст, ки аз 5630 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ 180 хоҷагӣ ба мугадҳо тааллуқ дорад. Фарзандони мугадҳо дар мактабҳои №6 ва №8 ҷамоати мазкур дарс меомӯхтаанд. Аммо Исматулло Давронов, директори мактаби таҳсилоти умумии №6 ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Румӣ иброз медорад, ки аз ҳисоби фарзандони мугадҳо ҳамагӣ ду нафар наврас дар синфҳои ибтидоӣ таҳсил доранду халос. Директори мактаб ошкоро гуфт, ки мо дар ҷалби лӯлиҳо ба мактаб аҳамият намедиҳем, зеро аз норасоии ҷойи нишаст мушкилӣ дорем. Агар лоиҳаи мактаби нав маблағгузорӣ шуда, мо соҳиби синфхонаҳои калон шавем, баъдан барои ҷалби наврасони лӯлӣ кӯшиш хоҳем кард. Раҳматулло Хайраков, муовини директор оид ба тарбияи мактаби №6 мегӯяд, ки дар мактаби мо забонҳои русӣ ва немисӣ таълим дода мешавад, аммо наврасони лӯлӣ дар чорабиниҳо сурудҳои инглисӣ қироат мекунанд. Онҳо фарзандони худро дар хона ба таълими забонҳои инглисӣ ва информатика фаро гирифтаанд. Акнун гуфтаҳои лӯлизани талбандае, ки бо ивази 3 сомонӣ ризо буд, ба ман "интервью" диҳад, ба ёдам омад, ки гуфта буд, фарзандони мо ҳам дар Гермониё ва Ландан таҳсил мекунанд. Вақте пурсидам, ки худ талбандагӣ мекунию фарзандон аз кадом ҳисоб дар хориҷа мехонанд, "ваҳ-ваҳ" хандида гуфт; «талбандагӣ расми мо аст, агар осмон ба замин биафтад ҳам, мо тарки одати аҷдодӣ намекунем. Бачаҳомон аз кадом ҳисоб дар хориҷа мехонанд? Аз ҳисоби халқ… талбандагӣ мекунему бачаҳоро мехононем.»

Сангсорӣ бозии маъруфи кӯдакон аст

Мактаби №6 деҳаи "Коммунист"-имрӯза "Зархез"-ро (ҳоло расман эътироф нашудааст) аз маҳаллаи лӯлиҳо заҳбури обпарто ҷудо мекунад. Як ҷавоне, ки дар лаби заҳбур машғули гӯсфандчаронӣ буд, нақл мекунад, ки баъзан баъди аз мактаб ҷавоб шудан, кӯдакони мо бо лӯлибачаҳо сангкорӣ мекунанд. Ман мепурсам: Сангкорӣ? Яъне чӣ кор мекунанд? Гӯсфандчарон асои подабониашро бардошта, ба сари пул ишора мекунад: "Ҳо, дар ана он мавзеъ кӯдакон ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, якдигарро сангборон мекунанд. Аммо ин зиддият танҳо байни хурдсолон аст. Мо ҳам дар давраи бачагӣ чунин одатҳоро доштем, баъде калонсол шудем, бо дигар қавму миллатҳои сокини "Зархез" дигар низоъ надорем.»

Лӯлиҳо асрори махфӣ доранд?

Бо гӯсфандчарон худоҳофизӣ карда, қад - қади заҳбури обпарто роҳ сӯи маҳаллаи лӯлиҳо гирифтам. Дар сари пул расидан замон аз маҳаллаи лӯлиҳо гуфтугӯйи як гурӯҳ ҷавонписарон ба гӯш мерасид. Онҳо аз дидани шахсони ноошно парешон шуда, ба манзилҳои худ даромаданд. -Ҷавонони шумо ин қадар тарсу шудаанд, ки аз меҳмони нохонда мегурезанд, - мепурсам аз мӯйсафеде, ки Ҳоҷӣ-Хуррам ном доштааст.                                                - Не бачам, ба маҳаллаи мо дигар қавмҳо аҳён-аҳён ба суроғи ягон нафари мо меоянд. Дар миллати мо одат нест, ки дар бораи ягон ҳамсоя ё ҳамдеҳа ба одамони ношинос маълумот диҳем. Инро мардуми мо сахт қабул мекунанд. Аз ин рӯ мардум одами ношиносро дар кӯча, ки дид ба кулбаи худаш медарояд, то аз ӯ ягон чизеро, ки ба оилаи худаш тааллуқ надорад, напурсанд.

Khoji_KhurramҲоҷӣ-Хуррам дар овони 20-солагӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ он замон Колхозобод муҳоҷир шуда омадааст. Ӯ соҳиби 10 фарзанд буда, ҳамаи чаҳор писараш ба Русия мардикорӣ рафтаанд. -Дар ҳуҷҷатҳои давлатӣ миллати мо тоҷик навишта шудааст, - мегӯяд ӯ,- аммо мо дар асл миллати мугад ҳастем. Аз ӯ мепурсам; дуруст аст, ки аҷдодони Шумо ҳиндустонӣ мебошанд? Дар ҷавоб мегӯяд: Ҳиндустон қаламрави пайдоишу ҷойи зисти Ҳазрати Одаму Момо-Ҳаво буда, башарият аз ҳамон макон ба дигар кишварҳо паҳну парешон шудаанд. Вақте аз шароити кору зиндагии ҷавонони мугад пурсон шудам, мӯйсафед тарафи хонааш садо кард; "Нуриддин-балам, биё бо "журналистон" сӯҳбат кун".

Дар замони ҷанг ишқ ҳам аз сарҳад гузашт

Нуриддин Ярақулов дар остонаи иди Қурбон аз Русия баргаштааст. Дар бобати аз мактаб дар канор мондани наврасони лӯлӣ ӯ мегӯяд; "Ман танҳо дар бораи оилаи худамон мегӯям, ҳамаи ҷиянҳоям дар мактаби №6 таҳсил мекунанд. Аммо ҳаминро медонам, ки духтарони қадраси деҳа аз баъди ҷанги шаҳрвандӣ инҷониб дар мактаб таҳсил надоранд. Баъзе ҳамдеҳагони ман, ки замони шӯравӣ таҳсил мекарданд, соҳиби ихтисосҳои муҳандису ҳуқуқшиносӣ ҳастанд, аммо солҳои охир мушоҳида мекунам, ҷавонони мо аз таҳсил дар мактабҳои олӣ дар канор мондаанд".

Нуриддин бо ҳамсолони тоҷику узбак робитаи дӯстӣ дорад. Лӯлиҳо бо дигар миллатҳо ҳам оила барпо кардаанд. Фироридухтаре, ки волидайнашро гум карда буд, сари худро аз барфу борон дар кулбаи ҷӯгиҳо панаҳ кард. Ё ҷавонмарди сағерамондаи деҳотие, ки ба ҷузъ саҳрои пахта ва хонаҳои бебарқ дигар ҷойи рафт надошт, ба лӯлидухтар ошиқ шуду оила барпо кард. Умуман мушкилоти солҳои 90-ум зиёде аз ҷавонон сарҳади "стереотип"-ҳоро ҳам убур карданд.

Мавқеи зан дар оилаи "авлод"-ҳо

NuriddinnnБа гуфтаи Нуриддин дигар байни тоҷику узбак ва лӯлиҳои деҳаи "Зархез" урфу одатҳои фарқкунанда кам мондааст. "Моро "авлод" гуфта ном мебаранд. Ин як қиссаи хос аст. Дар кадом замоне як лӯлӣ даъвои пешвоии қабилае карда, гуфта будааст, ки авлод авлоди ман аст. Ҳамин тавр дар қатори лӯлию ҷӯгӣ ба мо лақаби "авлод" ҳам додаанд"- мегӯяд ӯ.

Занон дар оилаи "авлод"-ҳо мавқеъҳои гуногун доранд. Дар баъзе оилаҳо зан танҳо ҳуқуқи таваллуд кардану ба талбандагӣ машғул шудан дорад. Аммо дар оилаи ҷавони Нуриддин зан ҷойгоҳи хоса дорад. - Роҳбарии хонаро баъди марги падарам ҳамсарам ба ӯҳда дорад, - мегӯяд мусоҳиби ман ва меафзояд; -зеро ман пайваста дар Русия буда, ба ҳалли масъалаҳои оилавӣ намерасам. Ҳамсарам ҳаммиллати худам, хатм- кардаи донишгоҳи миллӣ аст. Дар кору бори хона ман аз ӯ маслиҳат гирифта, инчунин харроҷоти маблағи буҷети оиларо ҳам ба ӯ бовар мекунам. Охир ҳамсарам тамоми масъалаҳои оиларо аз ман хубтар медонад. Ман танҳо даромад меорам, боқӣ масъалаҳои оила маро ба ташвиш намеоварад. Зеро дар хона ҳамсари кордону оқил дорам. Дар оилаи мо бонувон ба талбандагӣ намераванд. Мисол, ҳамсояҳо, баъзе ҳамсарони хешу пайвандони ман талбандагӣ мекунанд, аммо модару зану дигар узви оилаи мо не.

Аз гуфтугӯй бо ҷӯгиҳои кӯчаи "Зархез" маълум мешавад, ки иддае аз онҳо аз рӯи одат ба талбандагӣ мебароянд. Қисми дигар аз рӯи зарурият. "Авлод"-ҳо мегӯянд, ки ин талбандагию дигар амалҳои онҳо дар назари дигар миллатҳо зишт менамояд, аммо барои онҳо ба урфу одат табдил ёфтааст.

Муди ҷӯгиҳо ҷаҳонӣ шуд

Мо ба маҳаллаи лӯлиҳо дарунтар меравем. Дар кӯча кӯдакон машғули бозие, ғалолғула доштанд. Маҳфили лӯлибачаҳо баъзе "Пив-Бар"-ҳои Душанберо мемонад, ки аз арбадаи улфатиҳо касе чизеро фаҳмида наметавонад. Ҷӯгибачае, бо сару рӯи захмин зери дарвозаи хонаашон маъюс менишаст. Асбоби аккосиро тарафи ӯ дошта, иҷозаи аксбардорӣ мепурсам. Ӯ сарашро болои зонувонаш гузошта, ишораи ризоият мекунад. Аз ӯ мепурсам:

- Мӯйи саратро кӯтоҳ намекунӣ, дар захми чашмонат мерасад, зарар дорад. Муаллимонатон барои мӯйи сари дароз чизе намегӯянд?

- Не, ҳозир тоҷикҳо ҳам ҳамин хелӣ мӯйи сар мемонанд. Бобом мега, ин "причоска" хоси лӯлиҳо аст, ки ҳозир дар тамоми дунё "мода" шудааст.

- Туро лату кӯб кардаанд?

- Занбӯр газид.

- Аз неши занбӯр бадан сиёҳ намешавад. Бо ҷӯраҳоят муноқиша кардӣ?

-Хонаи занбӯрҳоро кофтам, бисёрӣ газиданд.

Қутбиддин нақл мекунад, ки дар синфи чаҳорум мехонад, аммо аз гуфтораш маълум аст, ки ба мактабу илму донишандӯзӣ рағбате надорад. Аз "занбӯрбоз" хонаи раиси маҳалларо пурсон шуда, роҳамонро идома додем.

Қонуни танзим ва лӯлиҳо

Дар хонаи раиси маҳалла ба тӯйи арусӣ омодагӣ медиданд. Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Ҷалил Мирзохонов, раиси маҳалла, лӯлиҳо дар маросими хонадоркунии фарзандонашон сарфи зиёд намекунанд. Тарафи домод танҳо барои арус як чанд ҷуфт сару либос меораду халос. Дар лӯлиҳо анъанаи таъминоти арус бо лавозимоти хонаю якчанд той курпа аз байн рафтааст. - Мо ҳофизҳои номдорро намеорем, - мегӯяд қудои раис; - чӣ лозим 2-3 ҳазор доллар сарфи беҳуда кардан. Мо бо 500-600 сомонӣ ҳофизҳои маҳаллиро даъват карда, тӯйро мегузаронем. Дар деҳаи "Зархез" дар 200 оилаи лӯлиҳо беш аз 1000 нафар зисту зиндагонӣ доранд.

Дар «Союз» лӯлӣ ҳам «комсомол» буд

То нооромиҳои солҳои 90 фарзандони лӯлиҳо дар мактаби №6-и деҳа таҳсил мекардаанд. Аз миёни духтарони онҳо ғолибони олимпиадаҳои мактабӣ аз фанни забони русӣ низ будааст. - Дар вақти "Союз", - мегӯяд пешвои маҳалла; - духтари ман аъзои "Комсомол" буд. Баъди солҳои 1990-ум ҳукуматҳои маҳаллӣ ба таълиму тарбия кам аҳамият медиҳанд, аз ҳамин рӯ лӯлиҳо низ тарки мактаб карда, ҳамроҳи волидайни худ касабаи аҷдодӣ-талбандагиро идома медиҳанд. Агар мактабҳо сахтгирӣ кунанд, мардум аз сари нав фарзандонро ба мактаб мефиристанд, аммо агар халқро ба ихтиёри худ монанд, бештарини қавми мо ба таълими фарзандон аҳамият намедиҳанд.

(Идома дорад)

Ҷамолиддин УСМОНИЁН

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97