Ҷаноби Медведев! Дер мешавад, тоҷиконро ҳар чӣ зудтар биронед!

Иҷтимоъ 21.11.2011 09:20

BarodaramДар пасманзари ҳабси халабонҳои ширкати русӣ дар Тоҷикистон, таҳдиди русҳо ва ихроҷи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия

Шукри Худо, ки бародарам "депорт" шуд

Ба ин хулоса замоне расидам, ки аз ҳиҷрати наздиктарин хешонам ба Русия ҷилавгирӣ кардам.

Бародарам, ки ду соли пеш бар ивази 8 моҳи ранҷ дар Русия ҳамагӣ бо якуним ҳазор доллар ба ватан баргашт, имсол аз кишти нахуд дар заминҳои бекорхобида ду ҳазор доллар даромади соф гирифт.

Ӯ мисли аксари ҷавонони тоҷик ҳеч дар Тоҷикистон кор кардан намехост ва ба гуфтаи модарам; "шукри Худо, ки ӯро "депутатсия" карданд" ва маҳз ба ҳамин сабаб хушбахтона, барои хонаводаи мо дигар натавонист ба Русия сафар кунад. Бовар кунед, модарам, ки аз аҳволи фарзанди ғарибаш ҳамеша нигарон буд, бо шунидани хабаре, ки ӯ панҷ соли дигар ба Русия намеравад, дар ҳақи одамони «депутатсиякардагӣ» дуои хайр мекунад. Дар зеҳни модари ман "депутатсия" кори хайрест, ки дар ҳақи фарзанди ӯ кардаанд ва ҳар вақте, ки хабари овардани мурдаеро аз Русия мешунавад, сари ҷойнамоз ҳангоми дуо карданаш "дар ҳақи соҳибони хайр" ин вожаро такрор мекунад.

Воқеан, "депорт" ё ба гуфтаи модарам "депутатсия" шудани бародарам на танҳо аз нигоҳи модар, балки ҳамаи аҳли хонавода кори хайру савобе буд. Акнун, ӯ дар баҳорон ба Русия намеравад ва ба кишти зироат шуғл варзида, ба буҷаи хонаводаи мо даромади хубе меорад. Боғзори падариро хуб нигоҳ мекунад, чорпо парвариш мекунад ва аз зироаткорӣ ҳосили хуб ба даст меорад. Муҳим аз ҳама дигар касе барои дар ғарибӣ будани ӯ ғам намехӯрад. То ин ҳодиса ӯ корро дар деҳа ба ӯҳда намегирифт ва мехост, ҳарчи зудтар билет гирифта, ба Русия равад.

Манфиати ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати фарзандон

Хонаводаи як наздикам дар ноҳияи Фархор хоҷагии хӯрди деҳқонӣ дорад. Солҳои пеш ё заминҳои ин хоҷагиро истифода намекарданд ва ё аз нарасидани нирӯи корӣ ҳосили хуб ба даст оварда наметавонистанд. Бо машварати банда, соли гузашта аз муҳоҷирати ду писари муҳоҷири мавсимӣ дар ин хонавода ҷилавгирӣ шуд ва заминҳои хоҷагии деҳқонӣ пахта ва помидор кишт шуд. Ба иқрори худи онҳо аз фурӯши пахта се ҳазор доллар ва фурӯши помидор беш аз 5 ҳазор сомонӣ даромад гирифтаанд. Даромаде, ки ягон сол фарзандонаш аз муҳоҷирати меҳнатӣ наоварда буданд. Ҳоло ӯ талош дорад, ки барои ҳамеша аз муҳоҷирати фарзандонаш ҷилавгирӣ кунад.

"Русҳо назди мо корафтода мешаванд"

Boboi_mohidorСоли гузашта дар ҷамоати Зарбдори Кӯлоб бо марде вохӯрдам, ки андешаи "бе Русия ҳам мешавад"-ро тақвият дод. Худойназар Тағоев, сокини ин ҷамоат панҷ сол пеш ҷиддан пеши роҳи фарзандони муҳоҷирашро мегирад. Бобои Худойназар ба фарзандонаш насиҳат мекунад, ки ба назди русҳо наравед ва агар номус доред, меҳнат кунед ва русҳо назди шумо биоянд. Фарзандон ҳарфи падарро гӯш карданд ва панҷ сол пас ин гуфта ба воқеият табдил ёфт. Ҳоло русҳо ҳамчун корафтода ба назди писарони ин мӯйсафед меоянд.

Панҷ сол пеш сокинони ҷамоат ба ҳоли ин мӯйсафед механдиданд, ки дар шӯразори соҳили дарёи Кӯлоб чӣ меҷӯяд. Яқинан дар заминҳои ба шӯразор бадал шудаи ин дарё чизе кишт намешавад. Садсолаҳо ин заминҳо бекор хобидаанд. Аммо мӯйсафед андешаи дигар дошт. Дар панҷ гектари замини назди соҳил ҳавзҳои бузург бунёд ва ба моҳипарварӣ шурӯъ кард. Ҳоло тамоми Кӯлобро бо моҳӣ таъмин мекунад ва фарзандони собиқи муҳоҷираш беҳтарин зиндагӣ аз ҳисоби фурӯши моҳӣ доранд. Низомиёни пойгоҳи Русия дар Кӯлоб ба таъбири мӯйсафед ҳоло назди ӯ корафтодаанд ва рӯзҳои истироҳат бо пардохти маблағ аз ҳавзҳои ӯ моҳидорӣ мекунанд.

Саидҷаъфар дигар орзуи муҳоҷир шудан надорад

Ду соли пеш, ибрози андешаи Саидҷаъфар, ҳоҳарзодаам, ки дар синфи 8-уми маткаби миёна мехонд, маро дар ҳайрат гузошт. Ӯ ба модараш мегуфт, ки бояд ҳар чӣ зудтар мактабро хатм кунад. Садояшро мешунидам, ки мегуфт, "оча аз синфи нӯҳ бас кунам намешавад"?! Ҳадаф аз зудтар хатм кардани мактаб барои ба Донишгоҳе дохил шудану мутахассис шудан на, балки ҳарчи зудтар ба муҳоҷират ба Русия рафтан буд. Яке аз наздиконам аз Русия баргашта, мошини сабукрав харидааст ва орзуи соҳиби мошин шудан Саидҷаъфарро ба Русия рафтан таҳрик медод. Муҳоҷири собиқ бо мошинаш ҳамагӣ мусофиркашонӣ мекард ва бо азобе рӯзи хонаводаашро мегузаронд. Бо мисолҳои зиёд андешаи муҳоҷири оянда шуданро дар қалби Саидҷаъфар шикастем ва ҳоло ӯ бо баҳои хубу аъло дар синфи 10-ум таҳсил мекунад.

Аммо ҳоло садҳо ҳамсоли Саидҷаъфар дар сар чунин ҳавову ҳавас мепарваранд.

Муҳоҷират андешаи созандаи миллатро шикаст

mohidoriБад ин тартиб давоми чанд соли муҳоҷирати дастаҷамъии тоҷикон ба Русия шояд мо садҳо истеъдоду нобиғаро куштем. Шояд имрӯз нафаре, ки олими оянда мешуд, дар Русия бо таҳқир кӯчарӯбӣ мекунад. Чаро? Шояд бигӯед, ки вазъи зиндагиву дигару дигар омилҳо, ки садҳо бор тариқи матбуот садо дода буданд, моро муҳоҷир кардааст. Шояд, аммо мо метавонистем, ки муҳоҷир нашавем, ҳади ақал дастаҷамъӣ. Иштибоҳи бузурги мо ин буд, ки аз кӯдаки гаҳвора то пирро ба мисли Саидҷаъфар дар рӯҳияи муҳоҷир шудан тарбия кардем ва мекунем. Ҳоло он ки ба мисли бобои Худойназар мешуд, ки аз муҳоҷир шудани фарзандонамон ҷилавгирӣ кунем ва ҳам ба манфиати худу ҷомеа бидуни таҳқиру тавҳин дар Тоҷикистон зиндагӣ кунем.

Муҳоҷират ба Русия буд, ки дигар андешаи созандаву бунёдкориро дар қалби тоҷик шикастааст ва имрӯз ҳама бар он андешаанд, ки бо муҳоҷират мешавад зиндагиро пеш бурд.

На танҳо 300, балки ҳама тоҷиконро аз Русия пеш кунед!

Ягон чизи муҳим кашф накардаам, агар гӯям, ки инсон танҳо дар ҳолати зӯромад, қодир ба бозёфте мешавад. Модарро ором кардани кӯдак мушкил шуд ва барои ором кардани тифл гаҳвора кашф кард. Қосидфиристиву мактубфиристӣ инсонро мушкил омад, ки почтаву навтарин технологияи мукотибаро кашф кард. Яъне, ҳама бунёдкориву навоварӣ замоне ба вуҷуд меояд, ки инсон сахт ба он эҳтиёҷ дорад. Муҳоҷират ба Русия ана ҳамин гуна андешаи моро аз мо гирифт. Тоҷик чун бепул монд, дигар ягон фикре намекунад, ба ҷуз ин ки аз куҷое пули билет қарз гирифта, ба Русия равад. Дар тасаввури тоҷик бидуни Русия гӯиё зиндагӣ нест. Намехоҳад, дар ватан андеша кунад, меҳнат кунад, чун ӯро гӯиё роҳи "осонтаре" нишон додаанд, ки дигар ҳама мушкили муҳоҷиратро таҳаммул мекунад. Ин аст, ки чун хабари пеш кардани муҳоҷиронро мешунаванд, сахт дар шигфт мемонанд.

Аммо банда ҷонибдори онам, ки на танҳо 300 нафар тоҷик, балки ҳамаи онҳоро аз Русия пеш кунанд. Дар назари аввал ба афроде, ки мафкураи шахшудаи "бе Русия зиндагӣ нест" пеш кардани муҳоҷирон даҳшат аст. Аммо бовар кунед, пас аз ду се соли пеш кардани тамоми муҳоҷирони тоҷик мо дар ватан муваффақ мешавем. Тоҷик созанда мешавад, тоҷик бунёдкор мешавад, замоне, ки андешаи муҳоҷир будану шуданро аз сараш дур кунад. Андешаву тафаккури мо инкишоф меёбад ва ҳар нафаре барои худ роҳе пайдо мекунад. Бояд ҳукумати мо талаб кунад, ки муҳоҷиронро пеш кунанд ва онҳоеро, ки пеш мекунанд, дар фурудгоҳҳо мо бо гулу гулдаста пешвоз бигирем. Занбӯрпарварон хуб медонанд, ки хонаи мавсимии занбӯрони муҳоҷирро чун вайрон кард, дар аввал хеле ошуфтаву парешон мешаванд, вале дар зудтарин фурсат аз хонаи пештара беҳтару хубтар хона пайдо карда месозанд ва асали хуб ҳам ба бор меоранд. Муҳоҷирони мо чунин селаанд, ки ватанро месозанд. Андешае, муҳоҷирон дар Тоҷикистон сад мушкил эҷод мекунанд, бофтаи худи русҳост, ба мо таҳмил мекунанд.

Садҳо ҳектор замин дар Тоҷикистон бе кор хобидаанд ва нирӯи корӣ намерасад.

Як суду сад зиёни муҳоҷират

Муҳоҷират ба Тоҷикистон агар даромади бонкҳоро сарфи назар кунем, ҳеч манфиате наовардааст. Бо дилхоҳ муҳоҷир суҳбат кунед, ки аз бебаракатии пули муҳоҷират дар Русия шикоят мекунад. Аз сӯи дигар муҳоҷират ба Русия ба Тоҷикистон як насли маъюбу касалманд додааст. Марди дар гармои Тоҷикистон якбора ба сардиҳои Русия рафта, аз он сӯ солим барнамегардад. Модарону ҳамсарони онҳо дар Тоҷикистон дар тарсу ларз ба фишори хуну дигар бемориҳо гирифтор шудаанд. Садҳо дузду авбош дар ватан ҷиноят содир карда, ба Русия фирор кардаанд ва имрӯз ҳар нафаре, ки каме ҷиноят кунад, роҳи осонро дар билет гирифтану фирор ба Русия мебинад. Ин андеша ҷинояткориро дар Тоҷикистон афзоиш додааст. Садҳо тифли дигарро андешаи муҳоҷират сағир ва садҳо зани дигарро бе шавҳар кардааст. Бархе аз мардони тоҷикро таъминоти чор панҷ фарзанд каме зӯр меояд, зуд ба Русия фирор мекунад. Дар он ҷо ягон зани руси бефарзандро мегирад ва парвои фарзандонаш дигар надорад. Аммо ман шоҳид шудам, ки ҳеч кадом аз занҳои онҳо ё фарзандони онҳо дар ватан аз гуруснагӣ намурдаанд, балки роҳе ёфта ба худ зиндагӣ мекунанд.

Фурсат фаро расид!

Акнун, дар посухи ҳабси халабонҳои ширкати русӣ дар Қӯрғонтеппа муҳоҷирони моро аз Русия пеш мекунанд. ВАО-и тоҷикзабон барои хурсандии русҳо он чунон "гиряву нола"-ро бардоштаанд, ки гӯши Жириновский аз хурсандӣ "кар" шудааст. Ба андеаши банда, чунин бечоранолӣ заминаи воқеӣ надорад ва ин андешаро, ки муҳоҷирон баргарданд, мо мемирем, русҳо ба манфитаи худ, ба мо таҳмил кардаанд. Чаро мо аз бозгашти бародарони худ ба ватан озурда шавем?

Бигзор, баргарданд ва мо ҳам талаби бозгашти онҳоро кунем. Мо ҳам дигар бе ягон азоби виҷдон пойгоҳи русҳоро ихроҷ мекунем ва шояд аз зулми ду асраи Русия бо ҳамин халос шавем. Дар сурати ихроҷи низомиёни Русия бовар кунед, он қадар сармоя ба Тоҷикистон аз сармоягузорону давлатҳои хориҷӣ, ки то кунун аз низомиёни рус тарс доштанд, ворид мешавад, ки дигар ба муҳоҷирати дастаҷмаъӣ ҳоҷат намемонад. Пас, дер нашудааст, илтимос муҳоҷиронро пеш кунед!

Абдулмуъмини Шерхонд

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97