Вақте ҳукумат мардумӣ аст…

Иҷтимоъ 17.11.2011 11:05

Turajonzoda_05Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, руҳонӣ

Ҳукумати Русия муҳоҷирони моро ба хотири зиндонӣ шудани шаҳрвандашон берун мекунад ва болояшон фишорҳо меорад ва ман ин ҳамаро маҳкум мекунам. Набояд кишвари бузурге чун Русия мисли ҳамун бачаҳои сарҳуй ва кучагӣ ту ҳамин тавр кардӣ, ман ба ту нишон медиҳам гуфта муомила кунанд.

Пас ҳеҷ фарқе байни ду тараф намемонад, як тараф бояд вазнин шуданаш лозим буд. Мо бояд, қабул кунем, ки камбудиро аввал тарафи Тоҷикистон кард, намебоист ба халабонҳои онҳо чунин муддати тӯлонӣ ҷазо медодем. Ҳарчанд панҷ солу ҳашт сол барои судҳои мо мӯҳлати кам аст. Онҳо ба содир намудани ҳукмҳои 27- 28 ва 30 сол одат кардаанд. Ва бубинед акнун баъди ин ҳама корҳо боз прокуратураи вилояти Хатлон бо далели он ки ин муҳлат бисёр аст ва онро кам кардан даркор ба суди шаҳри Қӯрғонтеппа эътироз овардааст. Охир ин як шармандагӣ аст, яъне ин маънои онро дорад, ки дар системаи судии мо тасмимҳоро бо таҳлилу омӯхтани тамоми паҳлӯҳо ва ҷузъиёт намегиранд. Хулоса ин маънои онро дорад, ки ҳокимияти судии мо мустақил нест. Ҳарчӣ буд мо ба ҳамин проблема рӯ ба рӯ шудем. Акнун роҳи ҳал куҷост, роҳ он аст, ки мо аз Русия вобаста ҳастем ва вобастагиамонро бояд эътироф кунем. Дар ҳоли ҳозир ин ҳамаро дида ва коре кардан даркор аст, ки Русия ором шавад. Баъди ин бо Русия мавқеъамонро ҷиддитар сӯҳбат бикунем, ки то дигар ба чунин шароитҳо дубора рӯ ба рӯ нашавем. Воқеъан вақте, ки ҳукумат ва мардум якҷо ҳастанд ва ҳукумат мардумӣ аст, ҳеч хатаре моро ба ваҳшат намеорад, вале агар ҳукумат ва ҳукуматдорон аз мардум дуранд, ҳар кишвар метавонад болои мо таҳдид бикунад ва фишор биорад. Вақте ваҳдати ҳақиқӣ нест, ҷониби Русияву ҳар кишваре дигар метавонад, ки чунин муомиларо бо мо раво донад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97