Шукри хар. Зинда бод хар!

Иҷтимоъ 14.11.2011 09:08

Парчамро 165 метр боло бардоштему Нишонро ҳайкал гузоштем

Shukri_khar._Zinda_bod_KharҲеч гоҳ дар умрам ба идораи нашрияе мактуб ё мақолае нанавиштаам ва хоҳиши навиштан ҳам надоштам, вале ростӣ, дигар тоқатам намонд ва маҷбур шудам, ки қалам ба даст бигирам. Медонам, ки гуфтану навиштани камбудиҳо дар ҷомеъаи мо як кори беҳуда аст, вале хомӯш нишастан ҳам гуноҳ аст. Ман баъд аз муҳоҷирати даҳсола аз Русия бо сад умеду орзу ба Ватан омадам, аммо сад афсӯс, ки чун ин ҷо омадам, ба зудӣ пушаймон шудам. Тайи як соли ахир радио, телевизионҳо ва газетаҳои ҳукуматӣ ҳама аз бистсола шудани Истиқлоли Тоҷикистон мегуфтанд. Ҳама мансабдорон аз хурд то бузург аз соҳибистиқлолӣ, аз озодиҳои мардум, аз бунёдкориву созандагиҳо, аз демократия, аз муҳайё шудани ҳазорон ҷои кор, аз боло рафтани сатҳи зиндагӣ бо ифтихор сӯҳбат мекарданд. Мо 20 солагии Истиқлоли кишварамонро бисёр бо шукӯҳу ҳашамати берун аз меъёр ҷашн гирифтем. Парчами Тоҷикистонро 165 метр боло бардоштему Нишони давлатро ҳайкали боҳашамат гузоштем. Аз ҷашни Истиқлол дар ёди ман танҳо лазер- шоъуи шаҳрдории Душанбе боқӣ монд. Ва тайи шаш моҳи қабл аз Истиқлол фақат базм буд, рақс буду сурудхонӣ. Ҳар ноҳия рӯзҳои шанбеву якшанбе аз роҳҳои дуру дароз бо харҷи масрафҳои буҷаи давлат меомад ба пойтахт ва ин ҷо базм мекард.

Дастовардҳои мо дар 20 соли Истиқлол; дӯку чархаву чоплусӣ

Шаб дар телевизион базм буду рӯз дар боғоти Душанбе. Гӯё дастоварди бист соли мо фақат ҳамин рақс буду сурудхонӣ. Ва картошкаву тарбузу себу нок ва мурғу гӯсфанду кӯзаву куртаҳои чакану кӯзаҳои сафоливу дӯку чархаи аз раҳматии бибиам мондаро ҳам чун дастоварди миллат дар намоишгоҳҳои оростаи шаҳру навоҳӣ пешкаши шаҳриён мекарданд. Шаҳриёне, ки ҳама аз қишлоқҳо омадаву ба қавле аз ҳамин кӯзаву чойники кӯҳнаву чакану чарха гурехтаанд. Чизи дигаре, ки дидему нороҳат шудем ва "дастоварди бузург"-е, ки дар бист сол ба он соҳиб шудаем ва имсол онро ба авҷи аъло расонидем, ин чоплусиву тамаллуқзании мардум ба мансабдорон, хусусан ба роҳбари давлат буд. Президент дар остонаи таҷлили Истиқлол ба шаҳру навоҳии мухталифи кишвар сафар дошт, дар як ноҳия мағозаро боз мекарду дар дигаре бозорро ва дар саввумӣ мактабро. Роҳбарони ҳар шаҳру навоҳӣ кӯшиш мекарданд, ки дар тамаллуқу чоплусӣ ва хушомадгӯӣ ба сардори давлат аз якдигар пешӣ дошта бошанд. Як миллат, шояд миллат гуфтан хато бошад, зеро миллат хушомадгӯву чоплус будан наметавонад, як халқи ҳафтмиллионаро мансабдорони мо чоплусу тамаллуқзан кардаанд. Ба ҷои он ки аз хушомадгӯиву бардагӣ мардумро наҷот диҳем ва ба як миллати боғуруру сарболо бадал шавем, ин мансабдорони мо ба хотири дарёфти ризои сарвар ҳамаро даст пеши бар ва ба қавли русҳо "падхалим" кардаанд.

Масъулин ё рӯзнома намехонанд, ё ҷуръат надоранд

Ва мо сахт дурӯғгӯ ҳам шудаем, ҳатто бешармона пеши сардори давлат мансабдоронамон дурӯғ мегӯянд. Ҳақиқати реалии зиндагии мардумро ба президент намегӯянд, то ӯ чора биандешад. Дар "Миллат" ҳамон шабу рӯзи таҷлили Истиқлол мақолаеро хонда будам, ки зери унвони "Ба Президент нагӯед!" ба нашр расида буд. Ва на фақат дар Мӯъминобод, балки дар дигар навоҳӣ ҳам аксари вақт мансабдорон дурӯғ мегӯянд, дидаву дониста камбудиҳоро рӯпӯш мекунанд, то ин ки сардори давлат аз кор сабукдӯшашон накунад. Ҳайронам, ки чаро масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президент ва мушовирон ва мудирони шӯъбаҳои дастгоҳ ин ҳама дурӯғгӯии раисонро ба сардори давлат намерасонанд?! Рӯзномаҳои мустақил менависанд ва масъулини таҳлилу иттилооти дастгоҳ ё газета намехонанд ё ҷуръати ба Эмомалӣ Раҳмон расонидани он ҳама ҳатулкориву камбудӣ рӯпӯшкунии мансабдорони поёниро надоранд. Агар мерасониданд, бояд он раисон аз кор озод мешуданд ва дар ҷомеъа, дар рӯзгори мардум пешравиҳои чашмрас дида мешуд. Барои он ки инсон соҳиби зиндагии шойиста бошад, ӯ бояд соҳиби ҷои кор ва маъоши хуб бошад. Вале дар Тоҷикистон аксар мансабдорон ва наздикони онҳо соҳиби ҷои кори хуб, маъоши олӣ ва тиҷорату зиндагонии бароҳату хушу гувороянд. Бо бовар метавонам бигӯям, ки беш аз шаст дар сади мардуми мо зиндагии хуб надоранд, аксари аҳолии кишвар ё бекор аст ё коре дорад, ки дастмуздаш ба зиндагиаш намерасад.

Хайрият Русия ҳаст!

Хайрият, ҳамин Русия аст. Ҳатто ришсафедони ҳамватанамро дар Русия медидам, ки бори муҳоҷиратро мекашанд, ба ҷои он ки дар Ватан нишаста давлати пирӣ биронанд, ба анҷоми корҳои сангине дар он мулки ғариб банданд. Ва бадбахтӣ он аст, ки ҳуқуқҳои муҳоҷирони кории мо аз ҷониби давлат ҳимоя намешаванд. Бо вуҷуди он ки ниҳоде ҳам бо номи Хадамоти муҳоҷират ин ҷо дар ҳукумат таъсис додем, вале ҳамоно он муздурони тоҷики ғариби мо ҳоли сангине доранд, таҳқир мешаванд, лату кӯбашон мекунанд, ҳаққи корашонро намедиҳанд ва ҳатто онҳоро мекушанд. Ва боз гунаҳкорашон мекунем, ки ҳаққу ҳуқуқашонро намедонанд. Давлат бояд дар тамоми нукоти олам аз табааи хеш дифоъ бикунад. Ва асли давлату мавҷудияти давлат ҳам барои ҳамин аст. Ва ин муҳоҷирони тоҷиканд, ки бо вуҷуди азобҳои алим доштан ҳар сол аз буҷаи ҷумҳурӣ бештар ба Ватан маблағ роҳӣ мекунанд. Ва кишвар дар пояи пули муҳоҷирон рост истодааст.

Дар назди Президент аз проблемаву мушкилот намегӯянд

Нафақае, ки пирони мо мегиранд, хандаовар аст. Нафақа бояд ҳадди ақал ба андозае бошад, ки он пири бечора ғизои 30 рӯзаашро харидан битавонад. Дар бораи ба истироҳатгоҳҳо рафтан ва табобат ҳоло ҳоҷати гап нест. Ин нафақае, ки имрӯз пирони боиззати тоҷик мегиранд, базӯр ба як ҳафтаи зиндагиашон намерасад. Оё ин таҳқири пирони мо, таҳқири падарону бобоёни мо нест, ки чиҳил солу панҷоҳ сол барои пешрафти кишвар заҳмат кашидаанду имрӯз музди нафақаашон барои се рӯзи зиндагиашон мерасад?! Вале мансабдорони мӯҳтарами мо ғами нафақаи худро хуб фикр кардаанд ва дар пирӣ ҳам мисли замони дар мансаб будан дар айшу роҳат хоҳанд буд? Куҷост адолату ҳақиқат?! Ба ҳангоми мулоқоти сардори давлат бо мардум ҳеч як масъалаву мушкилоти муҳим ба миён гузошта намешавад. На мақомдорони шаҳру навоҳӣ, на он сухангӯёне, ки пеши раҳбари давлат гап мезананд, ба ҷуз он хушомадномаи қаблан аз ёд кардаашонро тутивор қироат кардан, аз ҳеч проблемаву дарду ниёзе лаб намекушоянд. Гӯё ҳама чиз сад фоиз аст. Касе нагуфт, ки бо 80 сомонӣ нафақа ва ё бо 130 сомонӣ музди заҳмат он пири бечора ё ҳамшираи шафқат чӣ гуна метавонад як халта орд, ки 130- 150 сомонӣ арзиш дорад, барои аёлу кӯдаконашро ақаллан нону чой хӯрондан бихарад. Гӯштро дидем, ки ваъда карда буданд, қиматаш аз 23 сомонӣ боло намеравад ва ҳам амр шуда буд, ки аз Данғараву Восеъ биёранд, имрӯзҳо як килояшро озоду бемалол дар бозорҳо 30 сомонӣ мефурӯшанд. Як кило равған аз 12 то 15 сомонӣ нарх дорад.

Раис, гар намедонӣ, бидон; бо 200 сомонӣ наметавон зиндагӣ кардан!

Дирӯз буд, ки рӯзи қабули Сарқонун таҷлил шуд. Шаҳр пур аз шиору овезаҳо дар ситоиши Сарқонун буд. Вале мардум аз иди Қурбон мегуфту идгардак дошт. Ҳарчанд ҳеч шиоре дар васфу ситоиши ин иди муҳими муслимини олам надидам, ба ҷуз як табрикоте дар болои мағозаи "Тавҳид" дар рӯ ба рӯи Сирк, вале ҳама ҷо гапи ид буд. Иди Қурбон ҷашни Сарқонунро зери соя гузошт. Сарқонун ҳуҷҷати муҳимми давлатдорӣ аст. Риояи он барои ҳама фарз аст, чӣ барои мансабдор, чӣ барои бемансаб, чӣ барои сарватманду чӣ барои камбағал. Дар Сарқонуни кишвари мо навишта шудааст, ки таҳсилот ва табобат ройгон аст ва давлат шаҳрвандонашро аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя мекунад. Ва барои зиндагонии мардум шароити хубу арзандаро муҳайё месозад. Вале дар асл, дар ҳаёт оё ин нишондоди Қонуни асосии кишвар иҷро шудааст? НЕ! Кӣ ва дар кадом касалхона бепул рафта худро табобат кардааст? Оё шумо медонед касеро, ки бе супоридани маблағ ва бе тағову шинос ба донишгоҳе дохил шуда бошад?! Ман шахсан надидаам. Дар бемористон ҳатто ташхисгар пул мепурсад. Чӣ кор кунад, он хоҳари "лабарантка", агар аз ман пул напурсад, ки охир ҳамагӣ 130 сомонӣ маъош мегирад. Ва ман аз куҷо барои он хоҳар пул бидиҳам, ки бемораму ҷои кор надорам. Ва масъулини мақомоти давлатӣ нишондоди Сарқонуни худ навиштаро иҷро намекунанд. Ва гӯё намедонанд, ки бо 120- 200 ва 300 сомонӣ наметавон зиндагӣ кардан.

Шукри Хар. Зинда бод Хар!

Мо дар бораи манбаъи бузурги об будани Тоҷикистон зиёд мегӯем ва ин масъаларо дар сатҳи ҷаҳонӣ бардоштаем, вале то ҳанӯз мардуми шаҳру деҳоти худамон аз камбуди оби нӯшокӣ азият мекашанд. Даҳ сол боз мардуми деҳоти Марғедар, Гулистон ва Воруи ноҳияи Панҷакент оби заҳбурро нӯши ҷон мекунанд ва оби тозаро бо хар аз роҳи дур мекашонанд. Шукри ҳамин хар, ки ҳаст ва зинда бод хар, ки мушкилосонкуни мардум аст. Мардуми ин деҳоти номбурда дар бораи ин мушкили хеш ба куҷоҳое, ки навиштанд ва муроҷиат карданд, вале ба қавли устод Турсунзода "рӯди ман олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон."

Аз бебарқӣ беҳтараш нагӯем. Беш аз 15 сол аст, ки деҳоти кишвар, ки аксари мардум он ҷо мезияд, дар фасли сармо мубталои бебарқист. Ва бо дар торикӣ зистану хунук хӯрдан қариб мардум одат кардааст. Куҷост он нишондоди Сарқонун, ки давлат шаҳрвандонро аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳимоя мекунад?! Ва имрӯз касе аниқ ҳам гуфта наметавонад, ки кай, баъди чанд соли азобу мушкилот кашиданҳо деҳоти кишвар дар чаҳор фасли сол чароғон хоҳад шуд. Як вақт се сол қабл гуфтанд, ки боз ду- се соли дигар монда ва ин бебарқиҳо дар назар мисли афсона менамоянд. Вале боз имсол гуфтанд, ки се соли дигар бояд тоқат кард. Мардум интизори ҳамон афсона шудани бебарқӣ аст, вале то афсона шудани бебарқӣ бояд афсонаи дарозеро мисли "Ҳазору як шаб" аз масъулинамон бишнавем, ки моро мегӯянд, сабр ва шукронаи ҳамин обу хок бояд кард. Сад бор шукронаи ин обу хок мекунем, ки не обаш барқе мешавад то манзили камбағал рӯшан шаваду не аз хокаш ҳосиле мехезад, ки рӯзу рӯзгори деҳқони хокпош беҳӣ ёбад. Ва он барқе ҳам, ки аз обаш истеҳсол мешавад ва он ҳосили хокаш низ боз дар чаҳор фасли сол бар коми мансабдорону сарватмандон аст. Ва ҳамин шукрона кардан аз будани ин обу хок ба камбағал насиб шудааст, ки боз ҳам ҳазорон бор шукр.

Гову гӯсфандони Панҷакентро кӣ хӯрд, раисон ё гург?

Нирӯгоҳи "Сангтӯда- 1"- ро сохтем, чархаи якуми "Сангтӯда- 2"- ро ба истифода додем, аз телевизион хабарамон медиҳанд, ки дар мавзеъоти мухталифи кишвар нирӯгоҳҳои зиёди хурди барқӣ сохтаем. Вале боз ҳам барқ нест. Ва оё мешавад, ки мардумро дар фасли зимистон солҳо дар ҳоли торикиву сардӣ нигоҳ дошт ва афсонаи ширини боз ду- се соли дигар сабр кунедро мисли аллаи модар дар гӯшашон хонд. Инак имсол аз бахти бади тоҷики камбағал дар ибтидои моҳи ноябр барф омадаву сардӣ, вале он бечора намедонад сари хешро ба кадом гӯр занад. Ва боз ҳам ба такрор мегӯям, ки нишондоди Сарқонун нодида гирифта мешавад, мардум аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифз намешаванд. Баъд аз соати 8- и бегоҳӣ ҳатто дар шаҳри Душанбе нақлиёти мусофиркаш ба зӯр ва аҳёнан равуо мекунад. Чун болотар аз мушкилоти беобии бархе аз деҳоти Панҷакент гуфтам, ин нуктаро ҳам бояд бигӯям, ки дар солҳои ахири даврони Шӯравӣ дар хоҷагии "Зарафшон" беш аз се ҳазор гов ва 16 ҳазор гӯсфанд буд, ки модаговҳояш ҳар рӯз севуним тонна шир медоданд. Хуб бигирем, ки гову гӯсфандҳои Хатлону Тавилдараро дар замони ҷангу ноамнӣ боевику муҷоҳиду қумондонҳо хӯрданд, вале ҳазорон чорпои хурду бузурги Панҷакентро кӣ хӯрд? Кадом гурги хонасӯхта буд, ки он ҳамаро кушту бурду касе надид? Ва чаро ягон раиси ноҳия ё шаҳр барои ин ҳама бесарусомонӣ ба додгоҳ кашида намешавад, пушти панҷара рафта се- чор сол "истироҳат" намекунад? Чаро бачаи як камбағал барои дуздидани телефони мобилӣ муҷозот мешавад ва барои нест шудани ҳазорон сар чорпои ҷамъиятӣ касе муҷозот намешавад? Адолат куҷост?!

Мехоҳем захираи ҳафтсолаи ғизоӣ дошта бошем, вале…

Дар бораи дар як сол аз замин гирифтани се ҳосил зиёд мегӯянд. То куҷо ин ҳақиқат дорад ва оё рост мегӯянд ё дурӯғ, ман намедонам, вале ҳамсояи мо, ки деҳқон аст, ҳосили дуюмро ба зӯр меғундорад. Ва ҳазорон гектар замин ҳар сол бекор хобанд, ҳатто як бор ҳам кишт намешаванд. Ин чӣ маънӣ дорад дар бораи се ҳосил гирифтан бо ифтихор гуфтану даҳҳо гектар заминро кишт накардан? Бароямон мегӯянд, ки захираи дусолаи озуқаамонро бояд дошта бошем. Вале намегӯянд, ки аз куҷо ва чӣ тавр? Оё бо 200 сомонӣ маош метавонем дусола маводи ғизоиамонро захира созем? Ҳар қадар кӯшиш кардам, ки захираи як моҳаи ғизои тифлонамро муҳайё созам, натавонистам. Бовар дорам, ки ҳазорон, садҳо ҳазорон чун ман натавонистаанд ва наметавонанд барои як ҳафтаву як моҳи хеш ғизо захира намоянд. Гуфтан осон аст ва мо ҳам мехоҳем, ки захираи ду солаву ҳафтсолаи ғизоиамонро дошта бошем, вале илоҷ надорем, наметавонем.

Ту шукрона кун раис, ки қаср дориву барқу мошину ғизои бистсола

Аз боло то поён ҳама дар фасод ғӯтидаанд, махсусан мақомоти судӣ ва интизомӣ. Аз ин хусус ҳама хабар доранд. Ҳама медонанд. Ашхоси нолоиқу тасодуфӣ аксар дар идораҳои давлатӣ бо роҳи хешу таборчигӣ ва маҳалбозӣ рӯи кор омадаанд, ки донишу дарку фаҳмишу ҳувияти миллӣ надоранд. Бисёр мехостам, ки мансабдорони мо дурӯғ нагӯянд, зеро умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва дурӯғгӯӣ баракатро аз байн мебарад. Агар раисони мо рост бигӯянд, мардум мефаҳманд, бовар мекунанд, дар бари онҳо рост меистанд, вале гапашон дигару корашон дигар аст. Вақте мардум мебинад, ки дар хонаи раис барқу ангишту ҳезум ҳаст ва писари мансабдор мошинсавор мегардад ва манзили ин камбағал сард асту торик ва ангишту ҳезум надорад ва пул ҳам надорад, ки ин ҳамаро бихарад ва писари бечорааш бо калӯшу попӯши «дермантин» мегардад, магар метавон ӯро тасаллӣ дод, ки ду- се сол баъд барқ мешавад ва шукрона бояд кард. Шукрона бояд раису ҳамсараш ва писаронаш бикунанд, ки дар кушку хонаҳои рӯшану гарму барҳаво зиндагӣ доранду захираи бистсолаи озуқаашонро ҷамъ овардаанд ва на парвои хӯрока доранду не аз пӯшоку либос.    

Шаҳидов Саъдулло, шаҳрванди Тоҷикистон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97