Хонаи ҷопонӣ паноҳгоҳ аз зилзила, хонаи ларзонаки тоҷикӣ чӣ?

Иҷтимоъ 17.10.2011 09:27

Кишвари офтобхез ва зилзилахез

Japonija4Ҷопон дар ҷаҳон аслан бо номи "кишвари офтобхез" маъруф аст. Аммо ин кишварро ҳамчунин метавон сарзамини зилзилахез унвон кард. Ҷопон дар рӯи қабатҳои тектоникии Уқёнуси Ором, ки бо номи "ҳалқаи оташофар" маълум аст, ҷой гирифтааст ва аз ин рӯ дар марзҳои ин кишвар пайваста заминларзаҳо сурат мегирад. Марказҳои зилзилашиносии Ҷопон иттилоъ медиҳанд, ки замин дар саросари ин кишвар ҳар соату ҳар дақиқа меларзад, вале шиддати аксари кули онҳо кам аст ва эҳсос намешавад. Ҳамзамон заминларзаҳои шадид дар таърихи Ҷопон кам нестанд, ки яке аз онҳо моҳи марти соли ҷорӣ рух дод ва дар пайи он тӯфон садҳо шаҳру навоҳӣ дар шарқи ин кишварро ба харобазор табдил дода, ҷони беш аз 15 ҳазор нафарро гирифт. Хисороти ин зилзила беш аз 300 миллиард доллар баровард шудааст.

Тоҷикон бояд аз ҷопониҳо ёд бигиранд

Зилзилаҳои пайваста ҷопониҳоро водор кардааст, ки тайи даҳсолаҳо чораҳои муассиреро барои пешгирии пайомадҳои нохуши заминларзаҳо роҳандозӣ кунанд ва то ҷое бар офатҳои табиӣ дастболо шаванд. Таҷрибаи ҷопониҳо барои дигар кишварҳо, ба хусус Тоҷикистон, ки низ сарзамини зилзилахез аст, қобили омӯзиш аст. Дар ҳоле ки бархе аз марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон аз эҳтимоли акси садои заминларзаи шадиди Ҷопон тайи солҳои наздик дар Осиёи Марказӣ иттилоъ медиҳанд.

Яке аз хусусиёти ҷопониҳо ин аст, ки мардуми ин кишвар ҳамеша барои ҳолатҳои зилзилаи шадид қаблан омодаанд. Ҳар як хонавода дар ҷои дастрасе як халтаи иборат аз маводи зарурии аввалия, аз қабили либосҳои гарм, доруворӣ, оби нӯшиданӣ ва озуқавории хушку консервшуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва чароғу радио дорад. Агарчи бисёре аз мардум аз ин маводҳо боре истифода накарда бошанд ҳам, доштани ин маводҳо барои ҳама зарурӣ дониста мешавад. Таърихи зилзилаҳо дар дигар кишварҳо нишон медиҳад, ки пас аз заминларзаҳои шадид мардуми зиндамонда то расидани кумаки зарурӣ аз камбуди ғизо ва доруворӣ ранҷ мекашанд ва аз ин рӯ омодагии ҳамешагии ҷопониҳо барои зилзилаҳо хеле оқилона аст.

Илова бар ин дар ҳар як шаҳраку ноҳия ва нуқтаҳои аҳолинишини Ҷопон марказҳои махсус барои ҳолатҳои изтирорӣ вуҷуд дорад, ки кори аслии онҳо омӯзонидани усулҳои наҷотёбӣ ҳангоми заминларза ба мардум аст ва ин марказҳо ҳамчунин барои расонидани ёрии тиббии аввалия дар ҳама гуна ҳолатҳои зарурӣ истифода мешаванд. Ин марказҳо пайваста бо мардум дар тамосанд.

Хонаи ҷопонӣ паноҳгоҳ аз зилзила, хонаи тоҷикӣ чӣ?

Аммо беҳтарин чораи пешгирии ҷопониҳо аз харобиҳои заминларзаи шадид мустаҳкам ва қавӣ будани манзилҳои зист аст. Хона барои ҳар як ҷопонӣ ба мисли истеҳкоми ӯст. Чи иморатҳои якошёна ва чи биноҳои осмонбӯс бо як ҳунари хоси меъморӣ сохта шудаанд, ки ҳатто дар баробари заминларзаҳои шадид тобоваранд. Ба фарқ аз Тоҷикистон, ки ба ҳангоми заминларза ҳама худро ба беруни манзил меандозанд, дар Ҷопон ҳангоми зилзила даруни биноҳо ҷои аз ҳама бехатар аст. Рӯзҳои аввал, ки ман барои таҳсил ба ин кишвар омадам, барои мо донишҷӯёни хориҷӣ қабл аз ҳама шеваҳои бехатарӣ ба ҳангоми заминларзаро фаҳмонданд ва оддитарин қоида дар таги мизҳо паноҳ бурдан аст, то ки аз сақфи хона ашёе ба сар нахӯрад. Дар ҳар хонае мизе бо пояҳои оҳанин мавҷуд аст. Аз ҷумла дар синфхонаҳои донишгоҳи мо мизҳо бо пояҳои мустаҳками оҳанин ба замин маҳкам карда шудаанд ва ҳангоми заминларзаҳои моҳи март мо дар таги ин мизҳо паноҳ мебурдем.

Одамон аз заминларза не, аз сунамӣ мурданд

Japonija5Дар Ҷопон аз мустаҳкамии биноҳо ҳатто аз заминларзаҳои шадид хеле талафоти ками ҷонӣ медиҳанд. 15 ҳазор нафаре, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Ҷопон кушта шуданд, ҳама қурбониёни тӯфон ё сунамӣ буданд, на заминларза. Тибқи иттилои сарчашмаҳои ҷопонӣ, то сар задани тӯфон хисороти заминларза, ки шиддати он дар баъзе минтақаҳо то 8 балл мерасид, чандон зиёд набудааст. Масалан, дар заминларзаи бузурги соли равон дар Тохоку - маркази заминларза овезаҳо аз биноҳо афтиданд, аммо биноҳо танҳо дакка хӯрда, фурӯ нарафтанд.

Асрори меъмории Ҷопон

Асрори мустаҳкамӣ ва тобоварии биноҳо дар Ҷопон, ба назари ман, дар баробари ҳунари волои меъморӣ, ҳамчунин дар дуруст истифода бурдани симчӯб ва ё арматура дар сохтмонҳост. Ҷопон дар бахши оҳангудозӣ дар ҷаҳон яке аз пешрафтатаринҳост ва мутахассисон барои беҳтар кардани сифати арматура ва дигар маводи сохтмонӣ ҳамеша навовариҳо ворид мекунанд. Масалан, пули дарозтарини овезони ҷаҳон, ки ҷазираи Авачиро бо шаҳри Кобе - маҳалли иқомати ман мепайвандад, бо хушсифаттарин ва қавитарин оҳан сохта шудааст. Ҳамчунин мақомоти мухталиф ҳангоми сохтмон ба бехатарии биноҳо аҳамияти зиёд медиҳанд. Дар биноҳои истиқоматии сохташуда касе ҳақ надорад, ки сохтори хонаро дигар кунад ва ё хиште илова кунад.

Хонаҳои ларзонаки мо

Аммо дар Тоҷикистон одатан ҳангоми сохтани биноҳои нав имкони заминларзаҳои сахт ба назар гирифта намешавад. Маълум ҳам нест, ки дар сохтмони биноҳои баландошёнаи нав аз кадом арматура истифода мешавад. Ҳамчунин дар дохили хонаҳои баландошёна мардум худсарона сохтори ҳуҷраҳоро тағйир медиҳанд; яке деворро канда дари нав мекушояд, дигаре айвони хонаи худро канда бо хишт васеътар мекунад. Аммо ҳама бехабар, ки манзили зисти худро ба макони пурхатар барои заминларза табдил медиҳанд. Ва ягон ниҳоде низ аз ин худсариҳо ҷилавгирӣ намекунад.

Ҷопониҳо миллаташонро хеле дӯст медоранд

Аз дигар сӯй мардуми Ҷопон ҳувияти баланди ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ доранд ва нисбат ба ҳамдигар ва ватани худ бисёр ғамхоранд. Ҳангоми вуқуъи заминларза ва дигар офатҳои табиӣ ҳар касе миёни ҳимат мебандад ва ба зарардидагон кумак мекунад. Дар ҳар кӯчае марказҳои хайрияи мардумӣ барои ниёзмандон боз мешавад, ҳарчанд ки ҳукумат саривақт ба ёрии зарардидагон мерасад ва камбудиҳоро бартараф кардаву он маконро обод месозад. Дар мо чӣ? Суоле, ки боз мегузоремаш.

Манучеҳри Султон - унвонҷӯи бахши амрози дохила,Донишгоҳи Кобе, Ҷопон

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97